Мактаби сотсиологии оилаю оиладори ва тарбия

1.Оила – қисми таркиби, ячейкаи асосии ҷомеа.

Оила аз ҷумлаи проблемаҳои илмию назариявӣ ва амалие мебошад, ки диққати олимони зиёди ҷомеашинос, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, рӯҳшиносон, педогогҳо, сотсиологҳо, файласуфон ва ғайраҳоро ба худ ҷалб кардааст. Намояндагон ҳар кадоме аз ин илмҳо, вобаста ба предмет ва мавзӯи соҳавии худ, ин ва ё он ҷиҳати баҳсноку ҳал нашудаи проблемаи мазкурро мавриди омӯзиш, таҳлилу таҳқиқ ва хулосагирии илмию назариявӣ қарор дода истода, аз татқиқотҳояшон хулосаҳои ҷолибе мебароранд. Дар ин ҷода сотсиологҳо низ ба масъалаи басо муҳими иҷтимои назар афканда, проблемаҳоеро ҳаллу фасл менамоянд, ки ба дастовезҳои дигар олимон, ки дар ин соҳа ноил гаштаанд, восилаҳои навине ҳамроҳ кунанд. Вақте, ки оилаю оиладорӣ пайдо гардид ҳамоно маълум шуд, ки вай наинки иттифоқи ду нафар марду зан, инчунин ячейкаи (асоси) мустаҳкамсозандаи ҷомеа, омили ба иқдом даровардани қариб ҳамаи муносибатҳои иҷтимои, воситаи тарбия ва ба камолрасии одамон, худшиносию худогоҳӣ, зина ба зинагии инкишофёбии ҳар нафаре, ки дар он (оила-О.Ғ.) шомил аст, ба ҳисоб меравад.Ҳоло қариб, ки сад дар сад фисади одамон дар оила таввалуд мешаванду ба камол мерасанд (ба ғайр аз он шумораи хеле ҳам ками кӯдаконе, ки берун аз муҳити оила таввалуд шуда, дар хонаҳои ятимон ба воя мерасанд). Шояд касеро ҳам ёфтан мушкил бошад, ки мақому мароми дар ҷомеа доштаи оилаҳоро инкор кунад ва ё нафаҳмад. Дар ҷомеа ячейкаҳои иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ба монанди ҳамсолон, гурӯҳҳои коргарӣ, ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳамзабон, ҳамсабақон, инчунин коллективҳои меҳнатӣ, клубҳои ҷавонон, клубу ҷамъиятҳои варзишӣ, ҳунармандӣ, эҷодӣ ва ғайра хело ҳам бисёранд. Вале оилаю оиладорӣ аз ҷумлаи ячейкаи ҷамъиятие мебошад, ки мақому мароми доштаи онро ҳеҷ ягон дигар ячейкаҳои дар боло зикр ёфта ба ӯҳда гирифта наметавонад. Агар гӯем, ки фаъолиятмандии ҳамаи дигар ячейкаҳои зикр шуда пеш аз ҳама аз оилаю оиладорӣ, тавониста ба ҷо овардани вазифаҳое, ки дар назди онҳо истодааст, зич вобастагӣ доранд, хато намекунем. Дурустаст, ки мақому мароми оила дар давру замонҳои гуногун вобаста, ба сохти ҷомеаю ҷомеадорӣ, давлату давлатдорӣ ҳархела буданд ва аз ин рӯ вақте, ки сухан дар бораи мақому мароми доштаи оила меравад мебоист ҳатман чунин ҷиҳат дар назар дошта шавад. Характери тарихӣ доштани оила аз он ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки амали он таърихи дуру дарози тӯлониро дорад ва ҳар кадоме аз он давраҳо нақши хосаи худро дар ташкилу таъмин ва пешрафти оила гузошта тавонистааст.

Оила яке аз пажуҳишгоҳи хосаи иҷтимоӣ, қисми таркибии дигар пажуҳишгоҳои ҷамъиятӣ (сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтимодӣ ва ғ.) ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, пеш аз он ки ба ҳолати оилаю оиладорӣ баҳо дода шавад ва хулосаи аниқе гирифтан имкон гардад, чун ин зарурате пеш меояд, ки ҳатман ҳамаи чунин қисмҳои таркибии оилаю оиладорӣ, дараҷаи алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии онҳо омӯхта шаванд. Дуруст аст, ки оид ва бештари ин паҳлӯҳои тадқиқотчиёни соҳа баъзе хулосагириҳои ҷолиберо пешкаш намудаанд. Аммо риштаҳои баҳсноку ҳалнаёфтаи ин ҷабҳаҳои муҳими соҳа ҳоло ҳам кам нестанд ва омӯзиши наву тозаеро талаб менамоянд.

Мавзӯи оилаю оиладориро омӯхта истода, такя ба сарчашмаҳои фаровон ва муаммои мавҷуда зарурате ба миён меояд, ки давраҳои таърихии қоматросткардану инкишофёбии онро хуб диди назар намоем ва фаҳмида гирем, ки чунин як масъалаи басо муҳимтарини илму фарҳангӣ то кадом дараҷа ҳаллу фасли худро дарёфтааст. Зеро сотсиолог пеш аз он ки дар бораи ҷиҳатҳои бевоситаи иҷтимоии ин масъала ҳарфе занад ва муайян созад, ки мақоми иҷтимоии оила дар ҷомеа, дар иҷтимоишавии инсон, тарбияю ташаккули ҳар нафаре, ки дар оила ба дуне меояд, чӣ гуна аст, ҳатман бояд ба таърихи пайдоиш, давраҳои тӯлонии инкишофёбии он аз наздик шинос бошад. Ба моҳият, мазмун, мақсад, мақому маром ва дигар паҳлӯҳои чунин як ячейкаи асоситарини ҷомеа хуб, аниқ, гувороҳ сарфаҳм рафтан, хулосагирии аниқ намудан аз тадқиқотчии масъала талаб менамояд, ки дар ҳақиқат ҳам саршори чунин донишҳо бошад. Боиси тазаккур мебошад, ки оила ба он масъалаҳои доманадор, мураккаб, серпаҳлӯдоштаи иҷтимоӣ ва ғ., ки дар бар мегирад, нозукиҳои худро дорост. Донистану хулосагирии дурусту аниқ кардан ба он муҳаққиқе насиб мегардад, ки ҳам донишҳои васеи ҷаҳоншиносӣ дошта бошад ва ҳам таҷрибаю малакаи хубу босамараи зиндагӣ.

Пажӯҳиши оила боз дар худ пажӯҳишҳои: никоҳ, падару модарӣ, қавму авлодӣ, ҳуқуқӣ, молумулкдорӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои волидайн ва фарзандон, фарзандхонӣ, васият, парасторӣ, ва патронат ва ғ.масъалаҳоро муттаҳид сохтааст. Пас лозим меояд, ки дар мустаҳкаму бардавом ёфтани оила алоқамандии чунин пажӯҳишгоҳоро низ омӯзем ва бубинем, ки то кадом дараҷа ҳар кадоме аз онҳо дар ин системаи тому ягона вазифаҳои доштаи худро иҷро карда истодаанд, кадом аст он мушкилот дар раванди амали гардонидани фаъолияти оилаю оиладорӣ дар ҷомеа ?

Оилаю оиладорӣ на ин ки ба системаи қонунҳои дар ин соҳа қабул гардидаи давлат, санадҳои зериқонунӣ, инчунин ба расму усул, ахлоқ, оинҳои то ҳол дар ин соҳа амалкардаистода низ такя мекунад (ба ғайр аз никоҳи қонунӣ, боз никоҳи шариатӣ, ба иҷро расонидани қоидаю расму усулҳои ҳалқии пеш ва баъди никоҳ ва ғайра).Чи тавре, ки таърихи ба миён омадани никоҳ, оилаю оиладорӣ нишон медиҳад, то ин дам шаклҳои гуногуни оилаю оиладорӣ ба монанди консаигвинали (ҳамхунӣ, хешу таборӣ), хоҳ аз тарафи домод (патрилинӣ), хоҳ аз ҷонибӣ хешу тавории зан (матрилинӣ). Конюгиали (зану шавҳарӣ, бе хешу таборӣ) амал доранд. Оилаҳо инчунин аз рӯи шумораи кӯдакон: якфарзандӣ, бефарзандӣ, бисёрфарзандӣ тақсим мешаванд. Дар оилаҳо масъалаи, ки будани

саркалони оила низ баҳснок аст. Дар ин ҷода ё зан, ё мард ё бародарон ҳарду (демократӣ) амал карда метавонанд. Саркалони оила бештар аз рӯи дороии тарафҳо мақом мегирад. Оилаҳо аз рӯи шумораашон ба оилаҳои хурд, миёна ва калон тақсим мешаванд.

Аз ҷиҳати ба миён омадану такоммулёбиашон оилаҳо ба давраи якум – зану шавҳари ҳоло кӯдак наёфта; давраи дуюм – зану шавҳар ва соҳиби кӯдак шуда; давраи сеюм – зану шавҳар кӯдаконӣ то сини мактабӣ; давраи чорум – зану шавҳари соҳиби мактабҳои буда, давраи панҷум – кудакони аз 13 то 20 сола дошта, давраи шашум – аз оилаҳо ҷудо шудани фарзандон (бо сабабҳои ба балоғат расидан, хонадор шудан ва ғ.,) давраи ҳафтум – давраи танҳоии оила ва давраи ҳаштум – давраи нафақахӯрӣ, интизорӣ аз зиндагӣ тақсим карда мешаванд. ин ба он хотир аст, ки ҳар кадоме аз ин давраҳо вазифаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои оиларо муайян месозанд.

Дар сарчашмаҳо оид ба давраи пӯхта рисидану ба камолрасии ҷавонон, барои ташкили оила омода шудани онҳо фикрҳои ҷолибе оварда шудаанд. Масалан, барои нигоҳ доштани он ҷавононе, ки баъди хатми мактаби миёна (17- 18солагӣ) ҳамоно хонадор мешаванд, бо сабабҳои гуногун гӯё оилаҳои онҳо на он қадар мустаҳкам ва давомдор мешаванд, баҳснок мебошанд. Ҳамин аст, ки баъзе аз онҳо зуд ё дер ҳаваси ба дигар кас гаштанро карда, ба роҳҳои каҷ мераванд.Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки агар аз сини 20-25 солагӣ оила ташкил шавад оилаи мустаҳками давомнок мешавад.

Дар бораи риштаҳои оилаю оиладоршавӣ чунин фикрҳо вуҷуд доранд. Аз ҳама бештар оилаҳо дар ҳолатҳои якҷоя кор кардан (15%), хондан (11%), шабнишиниҳо (13%), саёҳатҳо, истироҳатгоҳо (8%) ба миён меоянд ва нисбатан мустаҳкаманд. Ҳолатҳои хостгорӣ рафтан, бастани ақди никоҳ, гирифтани қалинг низ дар адабиётҳо таҳлил ёфтаанд (А.и.Кравченко Социология, учебник М., 2003, саҳ. 292 – 344).

Дар бораи шаклҳои таърихии оиладорӣ( бастани ақди никоҳ) низ фикрҳое дода мешаванд, ки боиси диққатангезанд.( то ҳол вуҷуд доштани хонадоршавии якчанд нафарон якҷоя, гурӯҳи (як мард чандин зан), полиоизарӣ (як зан чандин мард). Моноголӣ – полигинӣ – як зану як мард ва ғ..) Масалан, дар Ҳиндухитой, Австралия оиладории гурӯҳи вуҷуд доранд ва проблемаҳои муайянеро ба пеш меоваранд. Сарфи назар аз ҳамаи ин ҳоло дар дунё, мамолики тараққиёфта шакли хеле ҳам ташаккул ёфтаи оилаю оиладорӣ созмон дода шудаанд ва маҳз бо ёрию кӯмаки онҳо ҷомеа мақсаднок инкишоф меёбад ва рӯ ба ояндаи умедбахш нигарон аст.

Ташкили оилаҳо дар шаклҳои а) оиладоршавӣ аз рӯи муҳаббат; б) оиладоршавӣ аз рӯи ҳисобу китоби муайян; в) оиладоршавӣ аз рӯи тавсияҳои хешу таборӣ; г) оиладоршавӣ аз диди шиносоӣ, вохӯриҳо;д)оиладоршавӣ ба тариқи дуздӣ (Закавказия), Туркманистон; е) оиладоршавии шартӣ – омавӣ (иМА 2-5%); и) оиладоршавии бармаҳал (кӯдакона), яъне то сини никоҳи; з) оиладоршавии такрорӣ ( дар собиқ )

СССР (солҳои 80-ум 73,6%; дар иМА – 75% чунин шакли оиладоршавӣ дида мешавад); к) оиладоршавии нобаробарӣ (сину сол, дороӣ) ва ғайраҳои дигар низ вуҷуд доранд.

Новобаста ба ҳамаи ин намудҳои ташкили оила асосан намудҳои зерини оиладорӣ амал доранд: 1) классикӣ – анъанавӣ; ва 2)

ҳозиразамонӣ.Чунин шаклҳои оиладорӣ гувоҳи медиҳанд, ки аз рӯи анъанаҳои боло қадима ва бо роҳи такмили замонавии онҳо созмон додани оила аз ҳама бештар мустаҳкаманд.

Оила, сарфи назар аз дастовезҳои фаровони илмию фарҳангии соҳа ва ҳамешагӣ аз ҷумлаи мавзӯи баҳсу талошҳои муҳаққиқони ҷомеашинос буд ва боқӣ мемонад. Мо ба дигар ҷиҳатҳои илмии соҳа дахолат накарда (зеро, ки мақсади мо танҳо аз диди сотсиологӣ таҳлилу таҳқиқ кардану хулосагирӣ намудан аст), такя ба дастовардҳои сотсиологҳои соҳа, яъне мактаби сотсиологии оила равшание андохтанием, ки мақому мароми гуногун ячейкаи ҷамъиятӣ, риштапайвасти ҳаёти серпаҳлӯдоштаи иҷтимои ҳоло ҳозир дар кадом ҳолат қарор дорад.

2.”Ҷиҳатҳои сотсиологии оилаю оиладори ва таҳлили

сотсиологии онҳо.

Омӯзиши сотсиологии оила ҷиҳатҳои хосаи худро дорад. Ба ин масъала сотсиологҳо кайҳо боз диққат дода, тавассути ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ба зумра паҳлӯҳои баҳсноки он равшание андохтаанд. Вале ҳоло дар ин ҷода проблемаҳои ҳал нашуда кам нестанд. Созмонёфтани мактаби хосаи сотсиологӣ «Мактаби оилаю оиладорӣ» имкон медиҳад, ки проблемаҳое ҷой дошта пеш дар пеш омӯхта, таҳлил кардашуда хулосагирии илмӣ ёбанд.

Ба ин проблема асосгузори сотсиологияи позитивисти О.Конт диққат дода истода, қайд карда буд, ки оила аз ҷумлаи падидаи ҷамъиятиест, ки вай дар пайдо шудани давлат ва таъмини пешрафти он сабаб гардидааст (назарияи потриархалии ҷомеашиносӣ мисол шуда метавонад). Дар ҳақиқат, фикрҳои зиёде вуҷуд доранд, ки маҳз ташкили хуби оила, ҳарчи васеъ шинохта гирифтани он имкони созмон додани давлат гардидааст. Дар ин бора асари Ф.Энгелс «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» низ гувоҳӣ медиҳад. Чи тавре, ки аз таҳлили таърихии ин масъала маълум мегардад, оила вазифаҳои зиёдеро ба дӯши худ гирифта, тавассути бомуваффақият ҳаллу фасл сохтани онҳо ҳаёти иҷтимоии одамон зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ меоварад.Ҷомеа пеш меравад, тавассути пешрафти ҷомеа оила низ инкишоф ёфта, доираи амалиёташ васеътар мегардад. Алалхусус чунин вазъиятро дар охирҳои асри ХХ ва авалҳои асри XXI бештар мушоҳида кардан мушкил нест. Вазъияти пешомада аз ҳар ҷиҳат водор месозад, ки ба чунин ячейкаи муҳимтарини ҷомеа ҷиддан рӯ оварда шуда, баҳри мақсаднок сохтани пешрафти он чораҳои заррурӣ андешида шаванд. Дар қатори омӯзиши ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, ахло қӣ, и қтисодию сиёс ӣ, инчунин таҳлили сотсиолог ӣ низ имкон меди ҳад, ки он ало қамандӣ, пайвастагӣ, вобастагие, ки оила ба дигар ячейкаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, ташкилоту созмонҳо ва ғ. дорад равшание андохта шуда, камбудию норасогиҳои ҷойдошта муайян карда шаванд ва баҳри ҳарчи тезтар бартараф сохтану мӯътадилона ба роҳ мондани оилаю оиладорӣ дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Оила объекти махсуси тадқиқоти сотсиологӣ ба ҳисоб меравад. Сотсиологҳои шинохтаи бисёр мамолик, аз ҷумла давраи сохти Шӯравӣ ба ин масъала диққат дода, асарҳои зиёди сотсиологӣ эҷод кардаанд. Ҳамчун объекти тадқиқоти сотсиологӣ оила ҷиҳатҳоеро дар худ ниҳон медорад, ки танҳо бо истифода аз бурду бохти усулҳои сотсиологӣ, масалан, ташкил ва гузаронидани анкетаи сотсиологӣ, сӯҳбати сотсиологӣ, мушоҳидаи сотсиологӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои ба ин масъала дахл дошта ва ғайра онҳоро аниқ намудан имкон мегардад. Дар шароите, ки ҷомеа рӯ ба демакратикунонии ҳамаи паҳлӯҳои давлату давлатдорӣ нигаронида шудааст, мардум ҳар чӣ бештар худро озоду хушҳол ҳис мекунанд, давлати ҳуқуқбунёд ҳар чӣ бештар реша давонда истодааст, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлогардида тағйиротҳои ҷиддии иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ба миён меоянд, мақому мароми инсон баланд мегардад, ҷавонон, ки бештари аҳолии мамлакатамонро ташкил медиҳанд, басо фаъол шуда, дар ҳалли зумра проблемаҳои ҷамъиятию давлатӣ ҳиссагузориҳо доранд ва боз дигар пешомадҳо водор месозанд, ки дар ташкили оилаю оиладорӣ ва фаъолиятмандии он низ бештар диққат дода шуда, роҳҳои солим гардонидани оилаҳо дарёфт карда шаванд. Зеро солим будани оила, фаъолу мазмуноктар сохтани он боиси солимии ҷомеа, таъмини мақсадноку боварибахшона пеш бурдани он хоҳад гардид. Дар ҳақиқат, агар ба сарчашмаҳои илмию назариявӣ ва амалие, ки дар бораи оилаю оиладорӣ солҳои пешин ба табъ расонида шуда буданд назар намоем, дар муқоиса ба давру замонаи имрӯза ҳамоно равшан дидан мумкин аст, ки таи даҳсолаҳои охир дар оилаю оиладорӣ тағйиротҳои зиёде ворид гаштаанд. Сафи оилаҳои демакратӣ афзун шуда, боиси ҳарчи камтар ҷудошавии оилаҳо мегарданд. Тавассути соҳибистиқлол гардидани мамлакатамон мақому мароми оила боз ҳам баланд шуда, падидаҳое ба миён омада истодаанд, ки боиси мустаҳкамшавии оилаҳо хоҳанд шуд. Оила дар маркази диққати сиёсати давлату ҳукумат истодааст. Он ғамхориҳое, ки пеш дар пеш нисбати солим гардонидани оилаҳо аз ҷониби давлат ва ҳукумат андешида мешаванд, худ гувоҳи онанд, ки дар кишвари тоза истиқлоли мо оила чӣ мақоме пайдо карда истодааст. Сарфи назар аз он, ки дар ҳақиқат ҳам ҳоло оила дар ҷомеаи демократӣ мақому мароми хосаеро пайдо кардааст ва ҳаллу фасли бештари проблемаҳо маҳс ба солимии оилаҳо, тарбияи фарзандон ва ба камол расонидани онҳо вобастагии зич дорад, норасогиҳо, камбудию иллатҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки боиси костагии оилаю оиладорӣ шуда истодаанд. Аз ин рӯ аз диди сотсиологӣ омӯхтану равшанӣ андохтан ба онҳо талаботи давру замон буда, имкон медиҳанд, кибаҳри ҳарчи тезтар аз байн рабудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Кадом аст он проблемаҳои оилаю оиладорӣ, ки ба ҷумлаи предмети омӯзиши сотсиологӣ дохиланд? Тазаккур бояд дод, ки бешубҳа чунин

проблемаҳо хеле ҳам бешуморанд. Ҳамаи онҳоро як ба як номбар кардан, мисол овардан ҳам мушкил аст. Аз ин рӯ, мо дар ин ҷо ба он масъалаҳое даст заданием, ки дар шароити имрӯза хеле ҳам муҳим ва ҳалли онҳо басо зарур гаштаанд. Чи тавре, ки маълум аст, ба оилаю оиладорӣ ҳуқуқи оилавӣ аз ҳама бештар сару кор дорад. Пайдо шудани ҳуқуқи оиладорӣ ва пойдор кардани он водар месозад, ки аввало қувваи ҳуқуқӣ пайдо кунад ва баъд аз ин мо гуфта метавонем, ки оила пайдо шуд. Ва ба зиммаи вай ҳамаи ҷиҳатҳои ҳуқуқию ахлоқӣ, ҷамъиятию давлатӣ вогузор карда мешавад. Чи таре , ки аз ҳуқуқи оила бар меояд, аз диди нищондодҳои он системаи (маҷмӯи) меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳамаҷиҳатаи дар оила вуҷуд дошта ва ё пайдо шуда ба монандӣ: муносибатҳои шахсӣ ба молу мулкӣ, талаботҳо аз қайди никоҳ ба вуҷуд омада, таваллуди кӯдакон, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон, ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон ва аъзоёни оила, шартҳои қатъ гардидани ақди никоҳ ва ғ. дигари ба ин масъалаҳо дахл дошта ба танзим дароварда мешаванд. Ҳамаи ин риштабандиҳо дар ҷамъулҷамъ предлмети ҳуқуқи оила ба ҳисоб мераванд. Сотсиологҳое, ки оиларо чун объекти тадқиқотии худ қарор додаанд, пеш аз ҳама бояд, хуб донанд, ки оё дар пайдо шудани оила, мустаҳкаму устувор нигоҳ доштани он чунин талаботи қонуни соҳа риоя карда шудаанд ё не. Сотсиолог дар оила предмети омӯзиши худро дорад. Бе муайян кардани он ба омӯзиши масъалаҳои дахлдошта гузаштан ноимкон аст. Дар ин ҷода диди сотсиологӣ мебоист вазъи кунунии оила, то кадом дараҷа риоя карда шудани талаботи оилаю оиладорӣ, чӣ аз диди қонун ва чӣ аз диди ахлоқ, расму усулҳои халқи, миллӣ, устуворрӣ ва ё ноустуворрии риштаҳое, ки оиларо ташкил додаанд ва дар ҷамъулҷамъ моҳият, мазмун, мақсади оиларо ташкил карда метавонанд ва боз дигар паҳлӯҳои ба масъалаи тадқиқот дахл дошта ба ҷумлаи мавзӯи омӯзиш, таҳлилу таҳқиқ ва хулосагирӣ дохил мешаванд. Мақсади асосии омӯзиши сотсиологии оила аз омӯзиши ҳуқуқии он ба он фарқ мекунад, ки сотсиолог аз диди қонун аллакай вуҷуд доштан, амал кардани онро меомӯзад. Вобаста ба он, ки кадом ҷиҳати оилаю оиладорӣ омӯхтан зарур гаштааст (тарбияи фарзандон, сабабҳои ҷудошавии ҳамсарон, иҷро наёфтани вазифавҳое, ки оилаю оиладориро ташкил медиҳанд ва ғ.дигар), сотсиолог масъалаҳои баҳсноки тадқиқотиро ба нақша гирифта, пеш аз шурӯъ кардан ва ба тадқиқот объекти дохил кардани оила предметҳои омӯзиши онро равшанӣ меандозад. Масъалаҳои омӯхташавандаро, ҳам аз ҷиҳати илмӣ – назариявӣ ва ҳам амалиӣ, аниқу равшан сохта, тарзу усули ҳалли онҳоро (ба воситаи кадом тарзу усули сотсиологӣ: анкета, сӯҳбат, мушоҳида, омӯхтани ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳои дигар) ба қалам медиҳад. Агар ҳуқуқшинос, масъалан аз диди қонун донистан ва ё надонистани оиларо муоина намояд, сотсиолог бошад, такя ба қонуҳои амал кардаистода масалан, устуворию ноустувории вуҷуд доштан, амал кардани оиларо тавассути омӯхтан, таҳлил кардан, хулосагирӣ кардан аз риштаҳои бо ҳам пайвасту вобаста дар оила ҳукумрон будан муайян менамояд. Диди ҳуқуқӣ бо диди сотсиологӣ ҷӯр шуда, иллату камбудиҳое, ки дар пайдошавӣ ва мақсадноки ташкил намудани оила вуҷуд доранд, муайян мегарданд. Ҳар чӣ тезтар дарёфтани роҳҳои судмандонаи ҳалли онҳо, ҳам ба манфияти оила аст ва ҳам ба манфияти ҷомеа. Аз он давру замоне, ки бори нахуст мактаби сотсиологии оила (солҳои 60-уми асри XIX) то имрӯз ҳазорҳо ҳазор тадқи қоти сотсиологии со ҳ а гузаронида шуда бошанд ҳам ва махз ҳ амин тарзу усули ом ӯзиш ба мустаҳкамшавию инкишофёбии самаранокии оилаҳо асос гузошта, ҳ ар чи бештар имр ӯз оилаҳои замонавӣ қомат рост карданро пайдо намуда бошанд ҳам, аммо, чи аз ҷиҳати илмӣ – назариявӣ ва чӣ амалӣ ҳолатҳоеро дидан мумкин аст, ки ҳоло ҳам боиси ташвишанд. Алалхусус, солҳои баъди шикасти даврони собиқ Шӯравӣ, соҳибисти қлол гардидани давлат ҳои хурду калон, чи дар итти ҳоди он буда ва чӣ дар шаклҳои сиёс ӣ, идеологӣ тобеъ Буда, оилаҳо ба мушкилоти зиёде р ӯ ба рӯ шудаанд. Бо сабабҳои гуногуни объектив ӣ ва субъектив ӣ дар ташкили оилаю оиладор ӣ ҷунбишҳои навине ба миён омаданд ва ма ҳз ҳамин ҷунбишҳо «бедоршави» -и оилаҳо проблемаҳоеро пеш гузоштанд, ки бе ҳаллу фасли аниқи ҳуқуқӣ ва сотсиологии онҳо ба ҳалли муваффақиятноки кулли проблемаҳои дигар (исте ҳсолӣ, фарҳангӣ, илму маърифат, идоракунии ҷомеа ва ғ. дигар) расидан ноимкон мебошад. Ҳамин боис шудааст, ки дар ин ҷода нуқтаҳои баҳснокӣ нави илмӣ ба миён омаданд ва аз ҷиҳ ати методологӣ аниқ сохтани онҳо хеле ҳам муҳиманд. Чи тавре, ки маълум аст, дар замони Шӯравӣ ба ин масъала хеле ҳам диққати зиёд дода мешуд. Оилаҳои муста ҳкаму устувор бисёр буданд; Мақому мароми оила дар ҷомеа шинохта шуда буд. Дар назди ассотсиатсияи сотсиологии собиқ СССР оид ба омӯзиши проблемаҳои оилаю оиладорӣ махсус сексия созмон дода шуда буд (1966) ва ин то соли 1993 хуб амал дошт. Бо роҳбари сотсиолог А.Г.Харчев сексия дар ин ҷода хизматҳои зиёде карда тавонист. Аз солҳои 1968 то солҳои 1983 зиёда аз се ҳазор корҳои хурду калони илмии соҳа ба табъ расонида шуда буданд. Аз солҳои 1980 -ӯм ва минбаъд (то солҳои 90-ум) раванди омилҳои ташаккулёбии оилаю оиладорӣ, мустаҳкаму тавоно гаштани он мавриди омӯзиши сотсиологҳо қарор гирифта буданд. Аммо масъалаҳо дар ин давра қариб, ки танҳо аз диди сиёсати КПСС ҳаллу фасл меёфтанду халос. Озодӣ, демократия дар ташкили оилаю оиладорӣ характери сиёсиро пайдо карда буд. Тадқиқотҳои супоришӣ гузаронида мешуданд. Қашшоқии минбаъдаи ҷомеаи давраи Шӯравӣ боиси хеле ҳам паст шудани оилаю оиладорӣ гардиданд ва то ҳол аз он ҷомеаи имрӯза дар пуррагӣ раҳоӣ наёфтааст (фоишагарӣ, кӯдакони бе падару сағира монда, булҳавасона оиладор шудану сабукандешона ҷудо шудан, оилаҳои ноустувор, мақсадҳои ғаразнок дошта ва ғ.). Ҳамаи ин ва дигар проблема ҳое, ки аз созмон додани оила ҳои нав ба миён меоянд, имрӯз дар маркази диққати тадқиқотчиёни соҳа истодаанд. Вале нарасидани мутахассисони со ҳа – сотсиологҳо ҳ амоно ҳис карда мешаванд. Вақти он расидааст, ки ба оилаю оиладор ӣ аз диди нав назар карда шавад. Дар ин роҳ мақсаднок ташкил карда гузаронидани тад қиқотҳои бардавоми сотсиологӣ муваффақияте бахшида метавонанд. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯ овардани он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳар чӣ бештар иҷтимоишавии фаъолияти одамон, характери глобалӣ пайдо намудани оилаю оиладорӣ ва боз дигар проблемаҳо тақозо менамоянд, ки чунин масъалаҳои муҳими созмон додани оилаҳои устувори замонавӣ ва нигоҳ дошта тавонистани онҳо пеш дар пеш омӯхта хулосагирии ҳамаҷиҳатаи илмию амалӣ ( воқеӣ) карда шаванд:

  • Тайёр будани тарафҳо (писару духтар) ба ташкили оила ва пеш бурдани он;
  • Мақсаду мароми он ҳое, ки оиларо созмон меди ҳанд мувофи қ будан ба ташкили оила;
  • Мақоми волидайн дар омода сохтани фарзандон ба оилаю оиладории мустақилона;

-Муҳ айё сохтани шарту шароитҳое, ки баъди созмон додани оила барои нигоҳ доштан, муста ҳкам намудани оила заруранд ва ма ҳз ба назару эътибор нагирифтани онҳо дар бисёр ҳолатҳо боиси ҷудошавии оилаҳо мегарданд (манзилгоҳ, асбобу ан ҷомӣ рӯзғори хона, таъмини и қтисодӣ ва ғ.);

  • Муътадилсозии вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии оиладоршавандагон;
  • Қобилияти тавониста ба дуне овардани фарзандон, тарбия карда ба камол расонидани онҳо;
  • Дараҷаи дарки ҳисси масъулият доштани тарафҳо нисбати оилаю оиладорӣ;
  • Аз ҷониби давлат, ҷомеа, падару модарон му ҳ айё сохтани шароитҳо барои пеш бурда тавонистани оила ҳои камбизоат, расонидани он к ӯмакҳое, ки онҳо ба ин эҳтиёҷманданд;
  • Дар зери назорати доимӣ нигоҳ доштани вазъи оилаю оиладор ӣ аз ҷониби падару модарон, а ҳли хешу таборон, наздикони онҳо;
  • Ташкили нуқтаҳои маслиҳ атдиҳӣ, тар ғиботӣ ба оилаҳои ҷавон ва ғ. дигар.

З.Оила ва тарбия аз назари сотсиологи.

иҷрои муваффақиятноки вазифаҳое, ки оила дорад ин ба он вобаста аст, ки оила аз аввал ( аз ҷиҳати ҳуқуқӣ) чӣ тавр ба расмият дароварда шудааст ва тарафҳо то кадом дараҷа ҳуқуқу вазифаҳои худро дар назди ҷомеа, аҳли коллективи хонавода, давлат дарк карда тавонистаанд. Агар масалан ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон, ки аз нишондоди қонунҳои соҳавии оила бар меоянд: ҳурмату э ҳтироми самимии тарафҳо, дуруст та қсим кардани иҷроиши корҳо аз доираи оилаю оиладорӣ пайдо шуда, баробар ғамхорӣ кардан ба тарбияи фарзандон, кӯмаки якдигарро дар ҳолатҳои пеш омада дареғ надоштан, аз ҷониби мард бештар аҳамият додан ба таъминоти иқтисодӣ, иҷтимоии оила, хушмуомилагӣ, софдилона, меҳрубонона ба ҷо овардани вазифаҳо аз ҷониби тарафҳо ва ғ. дигар дуруст маслиҳатомезона, тавассути якдигарфаҳмӣ ба ҷо оварда шаванд, оилаю оиладорӣ хеле ҳам мустаҳкам шуда, боиси хушбахтию хушнудии ҳам ҳамсарону ҳам фарзандон ва ҳ ам падару модарон, аҳ ли ҷомеа хо ҳад гардид.

Яке аз вазифаҳои аввалине, ки оила дар души худ дорад ин чун ячейкаи ҷамъиятӣ дар и ҷрои вазифаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии ба миён омада фаъолона кумак расонидан аст. Кӯмакрасонӣ бошад ба восита ва бевосита шуданаш мумкин аст.Тарзи бевосита кумак расонидан ин масалан иштирок дар иҷрои вазифаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, тарбия ва ба камол расондани фарзандон, кӯшиш ба харҷ додан дар амалӣ сохтани стратегияи давлатии ташкили оилаю оиладор ӣ ва дигар масъала ҳо ба ҳисоб мераванд. Тарзу усули бавосита бошад ин ҳиссаи маъсулиятнок доштан нисбати солим гардонидани оилаҳо; ба воситаи ба камол расонидани фарзандони хуб таъмини бехатарии оилаҳо, ҷомеа, давлат, ро ҳ надодан ба ҳаргуна бесару сомони ҳо; гирифтани пеши роҳи нохалафон; ба ҷамъиятҳои гуногуни созмондода шудаи оилаю оиладорӣ ва тавассути маслиҳату пешниҳодотҳои муфиди онҳо мустаҳкам сохтани оилаҳо, тайёр кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ ва ғ. дигар иборатанд.

Агар иқтисодчиён оиларо аз диди хоҷагидорӣ, пеш бурдани корҳои таълимии оила аз хӯрока, либос, ба даст даровардани воситаҳои асосии зиндагӣдорад; педагог – психолог (равшаншиносон) оилаҳоро чун субъектони тарбия дар назар дошта бошанд, демографҳо – ба дуне овардани наслҳои имрӯзу оянда ва дуруст ҷо ба ҷо намудани оиларо мавзӯи тадқиқотӣ интихоб карда, ба кулли муаммоҳои соҳа равшанӣ андозанд, сотсиологҳо бошанд бо назардошти чунин ҷиҳатҳо он муносибатҳо, ҳаракату ҷумбишҳоеро ба ҷумлаи предмети тадқиқотӣ қарор доданд, ки аз ташкил ва ба амал баровардани ҳамаи вазифаҳои оилаю оиладорӣ ба миён меоянд. Агар оила баъди коллективи меҳнатӣ дуюмин ячейкаи асосии ҷомеа ба ҳиссоб равад, пас вай ба ҳамаи он ҷанбаҳое ҷавобгӯ мебошад, ки аз доираи фаъолияти оилаю оиладорӣ бар меоянд. Вазифаи оила нисбат ба ҳамаи дигар ячейкаҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла коллективи меҳнатӣ васеътар Буда, иҷроиши онҳо метавонанд мавқею мақоми доштаи онро боз ҳам баландтар бардоранд. Набояд фаромӯш сохт, ки бо дигар шудани сохти ҷамъиятию ҷомеадорӣ, пеш рафтану ташаккул ёфтани ҷомеа вазифаҳое, ки оила дорад низ васеътар шуда, талаботи зиёде ба миён меоянд. Масалан, дар ҷомеаҳое, ки дар онҳо асосан дин ҳукумрон аст, вазифаҳои оилаю оиладорӣ аз он давлатҳое, ки қонун ҳукумрон аст, фарқ мекунанд. Вазифагузорӣ дар чунин сохти ҷомеаю ҷомеадорӣ дар назди оилаҳо як хел нестанд. Дар чунин ҳолатҳо муносибатҳо дар оила, вазифаю иҷроиши онҳо низ фарқкунандаанд, масалан, ки будани «хӯҷаини» оила, ки тобеи кӣ будан дар он, ки аз ҷумлаи баҳсноктарин масъалаҳои соҳа ба ҳисоб меравад. Сохти оилаю оиладорӣ дар ҳамаи давру замонаҳо як хел нестанд. Дар он ҷое, ки масалан, оилаи демократии амал менамояд сардори оилаҳо низ ба таври демократӣ интихоб шуда, амал доранд. Дар чунин оилаҳо вазифаҳо, муноқишаҳо, проблемаҳо ба таври демократӣ ба ҷо оварда мешаванд. Тарзу усули тарбияи кӯдакон, вазъи занон дар оила, иштироки онҳо дар корҳои оилавӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ низ аз сохти ҷомеаю ҷомеадорӣ вобастагии зич доранд. иҷроиши ҳақиқии он вазифаҳое, ки аз оила бар меоянд ба он ҳам вобастааст, ки ҷомеа дар кадом ҳолат (вазъ) қарор дорад ( иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғ.). Омилҳои объективию субъективие, ки дар ҷомеа ҳукумрон мебошанд, хоҳ нохоҳ ба иҷрои вазифаҳои оила таъсир (ё мусбат ва ё манфӣ). Вобаста ба ҳамаи гуфтаҳо, чи тавре, ки аз баъзе сарчашмаҳои ба ин масъала бахшида шуда бар меоянд, чунин вазифаҳои онро (оиладор) хотиррасон кардан ҷоиз мебошад:

-ба дунё овардани кӯдак, нигоҳ доштани наслҳо, давом додани риштаи ҳаёти инсонӣ ба воситаи оилаҳои солими ҷомеа;

  • тарбия ва ба воя расонидани фарзандони солим;
  • вазифаҳои хоҷагидорӣ ва маишӣ – маданӣ дар оила (ташкили фаъолияти меҳнатӣ, зиндадорӣ ва ғ.) вуҷуд доштаро такмилу ташаккул додан;
  • ташкил намудани шароити хубу мӯътадил дар оила, ба роҳ мондани фароғати аъзо, гузаронидани чорабиноҳои маданӣ ва ғ.
  • шароит муҳаё кардани оила баҳри қаноатмандии моддӣ, маишӣ, маданӣ ва ғ., талаботи аъзоёни оила ва боз дигар масъалоҳои оилаю оиладорӣ, ки аз он бар меояд.
  1. Омилҳои устувор сохтани оила ва баланд бардоштани мақоми вай дар ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд.

Созмон додан, нигоҳ доштан, мустаҳкам сохтан ва давра ба давра баландмақом намудани мақому мароми оилаю оиладорӣ дар ҳамаи давру замонаҳо дар маркази бунёдкунандагони вай, аҳли ҷомеа, роҳбарони мақомоти дахлдори давлатию ҷамъиятӣ меистанд. Вобаста бо ҳамин, пеш дар пеш баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳои хеш тараддудҳои зиёде андешида мешуданд то ин, ки дар воқеиёт ҳам оила воситаи ягонаю асосии ба дуне овардани фарзандони солим, тарбия ва ба воя расонидани ворисони бонангу номуси падару модарон, бунёдкунандагону созандагони ҷомеаю ҷомеадорӣ ва ғ. дигар пояндаю устувор бошад. Ҳамин аст, ки оила то рафт мақоми баланди созандагӣ ва хушҳолиро пайдо намуда, дар қатори дигар ячейкаҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаю давлатии имрӯза аз ҷумла мақоми хеле ҳам муҳими одамон гардидааст. Оилаҳои зиёдеро мисол овардан мумкин аст ки « Боғи дили гармӣ» бисёриҳо шудаанду имрӯз ифтихори ҳамагонанд. Вақти он расидааст, ки чунин «Боғи дил» -ро ободу зебо гардонида, мақоми якумраи гарму ҷӯшон, хонаи умедбахши хурду калони ҷомеа гардонем. Дар ин роҳи муроду мақсад, тавассути хубу гуворо, давра ба давра, бо таври системанок ташкил карда гузаронидани тадқиқотҳои мушаххасси сотсиологӣ дарёфт намудани оилаҳои боз ҳам ободу зебо ва мустаҳакам намудани оилаю оиладорӣ мақоми муҳимро бозида метавонанд. Тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки барои мустаҳкаму пуриқтидор шудани оила, ҳар чӣ бештар бунёд сохтани шумораҳои оилаҳои солиму намунавӣ қатъиян риоя кардани тарзи озодонаи ташкили оила ба хонадоршавандагон сари вақт додани маслиҳатҳои муфид, дар зери назорати доимии падару модарон, хешовандон, дӯстон будани оилаҳои ҷавонписарону духтарон, риоя кардани нишондодҳои қонун дар бораи ташкили оилаю оиладорӣ, кӯмаки ҳамешагӣ расонидан аз ҷониби созмону ташкилотҳои соҳа, дар ғамхории беназири давлат ва ҳукумат қарор доштани оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон ва боз дигар омилҳо аз ҷумлаи роҳҳое мебошанд, ки оилаю оиладориро мустаҳакам намуда, мақому мароми ҷамъиятӣ, сиёсӣ доштани оилаҳоро боз ҳам баланд месозанд. Ба ин хотир он таҷрибаи бое, ки оилаҳои намунавӣ ба даст дароварданд ва онҳо кам ҳам нестанд, роҳнамо сохтан аз манфият холи нахоҳад буд. Дар сарчашмаҳои ба ин масъала бахшида шуда баъзе роҳҳои мустаҳкам сохтани оилаҳо хуб нишон дода шуданд. Баъзе муҳаққиқон, масалан чунин таҷрибаҳоро аз ҷумлаи мустаҳкам нигоҳ доштани оила медонанд:

  • ҳавасманд сохтан, кумаки моддӣ, маънавӣ расонидан ба оилаҳое, ки ба ин эҳтиёҷ доранд: аз манзил, хонаю ҷой таъмин сохтани оилаҳои ҷавон, кумаки молӣ, пулӣ расонидан ба онҳо, ба таври ройгон қабул кардани фарзандони онҳо ба боғча, мактаб ва ғ;

-назорати давлатӣ нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамсарон, пешгирии ҳар гунна беандешагиҳо дар оила, ҳимояи ҳуқуқи модарон, фарзандон ва ғ.;

  • дастгирии маънавӣ – ахлоқӣ, идеявӣ – сиёсӣ ва рӯҳӣ (аз ҷониби ҳамсоягон, комитети кор бо занон, вакилони мардумӣ, шӯроҳои занон, шахсони рӯзғордида гузаронидани вохӯриҳо, шабнишиниҳо, тарғиботҳои шакли тарбиявӣ дошта, ташкили мавзӯъи намоишҳои телевизионӣ ва ғ.);

-дар таҳти ғамхории ҷомеа, давлат будан оилаҳои ҷавони камбизоат

ва ғ.;

  • ҳар чӣ бештар иттилоот расонидан аз рӯзғори оилаҳои намунавӣ ва ғ.дигар.

Мушоҳидаҳои сотсиологӣ, шиносшавӣ ба баъзе оилаҳо ва сӯҳбатҳои самимӣ бо онҳо нишон медиҳанд, ки дар мустаҳкам шудани оилаю оиладорӣ дар ҳақиқат ҳам омилҳои зиёде вуҷуд доранд. Боиси тазаккур аст, ки бештари ин омилҳо баъди ҷудошудани онҳо маълум мегарданд. Вале сад афсӯз, ки пушаймонӣ аз онҳо дигар суде надорад. Аз он хотир, агар сотсиологҳои ин мактаб дар якҷоягӣ бо дигар мактабҳои сотсиологӣ, мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ пеш дар пеш тадқиқотҳо гузаронида, роҳҳои пешгирии вайрон шудани оилаҳоро ( алалхусус оилаҳои ҷавон, ки шумораашон кам нестанд) равшан аниқ месохтанд, муваффақиятҳо дар ин ҷода зиёдтар мешуданд. Сабабҳои ҷудо шудани оилаҳо низ хеле ҳам гуногунанд:

  • камбизоатӣ, булҳавасӣ дар ташкили оила, рост наомадани характери якдигар, нодуруст ба роҳ мондани вазифаҳои ҳамсарон дар оила, якдирро нафаҳмидан, созмон додани оила дар асоси мақсадҳои ғаразноки яке аз тарафҳо, аз рӯи дорои ризогӣ додан ба ташкили оила, баъзан надидаю надонистани тарафҳо созмон ёфтани оила, каммаърифатии тарафҳо, ҳифз наёфтани ҳуқуқи зан дар оила, бе ҷои кор, бе макон будани мард ва ғ. дигар. Шояд боз дигар сабабҳои ҷолибе низ вуҷуд дошта бошанд. Аммо масъалаи асосӣ дар он аст, ки бо назардошта ҳамагуна сабабҳое, ки вуҷуд доранд ва ё пеш омаданашон аз гумон дур нестанд, вале онҳоро пешгӯӣ кардан имконе ҳаст, мебоист чораҳо андешид. Агар, ки хоҳем дар ҷомеаи солим кор ва зиндагӣ хушҳолона умр ба сар барем мо ҳамагон, хурду калон бояд дар ин кор кӯмакрасон бошем.

Дар роҳҳи мустаҳкаму тавоно сохтани оилаю оиладорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ пеш дар пеш ҷораҳои зарурии сарвақтӣ андешида мешаванд. Солимии оила дар маркази диққатӣ сарвари кишварамон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмон истодааст. Маҳс бо кӯмаку ғамхориҳои доимии ӯ имрӯз дар ҷомеа сафи оилаҳои солим хеле ҳам афзуда, мақому мароми оила дар ҳамаи он самтҳое, ки вай бояд худро нишон диҳад, боз ҳам тавонотар мешаванд. Такмилсозии системаи қонунгузории оила, мустаҳкам намудани мақомоти оила дар ҷомеа, баланд бардоштани мақоми зан дар идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ, ғамхориҳои зарурии ба фарзандон, кӯдокони сини то мактабӣ ва мактабӣ, он кӯмакҳои пулиҳо, моддӣ ва маънавие, ки давлат ва ҳукумат ҳар сол баҳри ободу зебо шудани зисту зиндагии оилаҳо равона сохтааст, худ гувоҳи чунин гуфтаҳо мебошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.