Мактаби сотсиологии ҷавонон. Сотсиологияи илму маърифат ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон

1. Мактаби сотсиологии ҷавонон ва ҷанбаҳои омӯзиши он.

Ҷавонон дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мақоми хосае доранд. Онҳо бонуфузтарин қисми аҳолии мамлакатро ташкил намуда, дар системаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии ҷомеа қувваи ҳалкунанда мебошанд. Аз ин рӯ омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи сотсиологии ҷавонон аз ҷумлаи ҷанбаҳои хеле ҳам муҳимтарини илмӣ—тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, ҳаллу фасли амиқу равшани тарафҳои ҷудогонаи он дар таъмини пешрафти ҳаёти ҳамаҷонибаи ҷомеа кӯмаки калон хоҳад расонид.

Ҷавонон яке аз мафҳумҳои махсуси иҷтимоӣ мебошанд. Дар он як давраи муайяну мушаххаси ҳаёти инсонӣ, камолоти фаъолияти инсон ифода ёфтааст. ин давра бо як қатор характеру хусусиятҳои фаъолияти рӯхӣ, интеллектуалӣ, сиёсӣ ва ғайраҳо, ки дар ҳаёти инсон рух медиҳанд, аз дигар давраҳои ҳаёти вай фарқ мекунад ва хеле ҳам диққатналбкунанда мебошад. Мақсад аз мушаххасан ҷудо карда омӯхтани давраи ҷавонию ба камолотрасии инсон ҳам ҳамин аст, ки моҳият, мазмун, мақсад, мароми чунин давра дар ҳаёти иҷтимоии вай равшантар баён карда шавад.

Ба мафҳуми ҷавонон инчунин мафҳумҳои шахс, шахсият, зиёиён низ хеле наздиканд ва мутоби қи якдигар инкишоф меёбанд. Аз ин рӯ лозим меояд, ки аввало, пеш аз он ки ҷанбаҳои сотсиологии ҷавонон ва тарбияи ташаккулёбии онҳо таҳқиқу таҳлил қарор ёбанд, мебоист бояд моҳият мазмун, маънои мафҳумҳои шахс, шахсият, зиёиён кушода шаванд. Зеро равшани андохтани чунин мафҳумҳо диалектикаи ба камолрасии ҷавонон ва ташаккули онҳоро равшантар муайян месозад.

Дар ба камолрасии ҷавонон на ин ки омилҳои объективӣ: табиат, ҷомеа, муҳит, инчунин ҷиҳатҳои субъективӣ, ба монанди афкору ақида, нияту орзу, майлу хоҳиш, таълиму тарбия дар оила, (мактаб, донишкадаю донишгоҳҳо), коллектив, касб, кушишу ҳаракат ва ғайраҳо низ таъсир мерасонанд. Вобаста ба он ки дар кадом давру замон (муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, маънавй), дар кадом оила, коллектив, ҷавонон чигуна таълиму тарбия гирифтаанд, риштаи фаъолияташон ба коллектив, оила, ҷомеа, то кадом дараҷа пайваст будаанд, яъне ҷавонии шахс чи тавр гузаштааст, ҳамон тавр минбаъд он дар ҳаёти вай нақши худро пайдо мекунад. Сухан, фикр, рафтор, амалиёт, фаҳмиши онҳо тағйир ёфта, дар байни дигар табақаҳои иҷтимоӣ фарқ мекунанд. Ҷавонон нишонаи асосии чунин натиҷагириест, ки одам дар давраи ба камолрасиаш дар системаи мутақобилаи ҳамаи қувваҳои табиату ҷомеа фаъолият намуда ва дар зери таъсири онҳо (қувваҳои табиату ҷомеа — О.Ғ.) ба тарзҳои гуногуни хаёг рӯ ба рӯ мешаванд. Вале азбаски инсон, мавҷудоти ҳам табиат ва ҳам иҷтимоиёт мебошад, унсгирии тамоми ҷиҳатҳои табиӣ (физиологӣ, психикӣ) ва иҷтимоияш зодаи чунин ҷиҳатҳо мебошанд. Дар давраи ташаккулёбӣ ӯ (одам, ҷавонон) ҳар чи бештар мақоми иҷтамоӣ доштаашро инкишоф меди ҳад. Ҳатто ба табақаҳои гуногуни и ҷтимоӣ ва касби ҷудо шудану инкишоф ёфтани одамон низ ба ҳамин давраи ба камолрасиашон вобастагӣ дорад. Дар зери таъсири омилҳои гуногуни объективию субъективии табиату ҷамъият яке аз ҷумлаи деҳқон, дигаре ба коргар, сеюмин бошад ҳамчун интеллектуалӣ тарбия ёфта, дар ҷомеа мақоми худро интихоб мекунад. Дар навбати худ, ҳар кадоме боз ба маҷрои иҷтимоиёт: деҳқони заминдор, деҳқони чорводор, боғпарвар, зироаткор ва ғайраҳо коргари оддӣ (дар корхона, идора, муассиса ба иҷрои вазифаи оддие машғул аст), коргари соҳаи касби инжинерӣ, техникӣ, савдогар, менеҷмент, броккер, маъмурӣ (роҳбари корхона, цех, бригада ва ғ…), интелегенсияи эҷодкор (шоирон, нависандагон, олимон), инчунин кормандони техник ӣ ва гӯруҳҳои донишҷӯён ва ғайраҳо ҷудо мешаванд. Чи тавре мебинем, ҷавонӣ давраи махсуси ташаккулёбии инсон буда, аз вай тамоми давраҳои ҷамъиятӣ гардидани минбаъдаи одамон дар шаклҳои: иттиҳодия, табақаҳои сиёсй, илмию техникӣ ва умуман сохти ҷомеа пайдо шуда, ташаккул меёбанд. Азбаски ҳар кадоме аз ин макро ва микро тақсимотҳои иҷтимоӣ ба худ вобаста ба синну сол, мақоми оилавӣ, таъсири коллектив ва ғайраҳо хусусиятҳои нотакрори физиологӣ, биологӣ, генетикӣ (таъбу завқ, афкору андеша, майлу рағбат) ва ғайраҳои иҷтимоӣ доранд, омӯзишу таҳлили мушаххасонаи онҳо ниҳоят шарт ва заруранд. Яъне ҷавонон на ин ки умуман дар назар дошта мешаванд, балки ба таври мушаххас хусусиятҳои ҳар яке аз онҳо ба мақсад мувофиқ омӯхта мешавад. Ба ин хотир агар масоили ба ҷавонон марбут дар шакли иҷтимоии ҷомеа, ҷавонон чун объект ва субъекти муносибатҳои иҷтимоӣ; ҷавонон ва маълумотгирии онҳо; зиёи ва ҷавонон; ҷавонон ва ҷабҳаҳои тарбияю ташаккулёбии онҳо; ҷабҳаҳои алоқамандии шахс, шахсият, коллектив; фарҳанг ва ҷавонон; оилаю оиладорӣ ва мустақилияти ҷавонон; ҷавонон ва мақоми ҷанбаҳои онҳо; мақоми ҷавонон дар давраи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва ягона, ҷавонон дар макро ва микроиҷтимоиёти ҷомеа ва ғайра омӯхта, таҳлил карда мешуданд, натиҷаҳои дилхоҳро пайдо кардан имконнопазир мебуд.

Сотсиологияи ҷавонон ҳамеша, алалхусус дар бештари адабиёти ба ин масъала бахшидашуда дар вобастагӣ ба сотсиологияи шахс, агар боз ҳам равшантар баён созем, тавассути таҳлили проблемаҳои ба шахс, равшанфикрони эҷодкор мансуб буда, мавриди омӯзиши сотсиологӣ қарор гирифтааст. Агар хоҳем, ки ин ва ё он гурӯҳҳои ҷавононро (донишҷӯён, касбомӯзон оиладорон, идоракунакдагони ҷомеа, фарҳагшиносон ва ғайраҳоро) хуб фаҳмида гирем решаи онро дар камолоти шахсй чустан лозим меояд. Зеро дар фаъолияти он ҳо моҳият, мақом, раванд, ҷиҳатҳои устувору ноустувор, зарурию нозарурӣ, аслию ғайриаслии тамоми риштаҳои муносибатҳои байни одамон (гуруҳҳо, коллективҳо, табақаҳо), ки ҷомеа ном гирифтааст, ифода меёбанд. Вақте ки сотсиалог ҷавононро чун объект ва субъекти бевоситаи тадқиқотии худ интихоб мекунад, гӯё, ки як давраи (фосилаи муайяни) мушаххаси ҳаёти инсонро аз фаъолияти ҳамаҷонибаи шахс (инсон) ҷудо карда истода, характеру хусусиятҳои ба вай хос бударо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳад. Набояд фаромӯш сохт, ки проблемаҳои ба ҷавонон дахл дошта, чи тавре аллакай дар ин бора ишора рафт, хело бешуморанд. Ҳамаи онҳоро дар як вақт омӯхтану таҳлил кардан бешубҳа аз имкон дур аст. Аз ин рӯ, вобаста ба он ки кадоме аз ҷиҳатҳои фаъояияти иҷтимоии онҳо чун муаммои зиндагӣ ба миён омадааст сотсиолог мушаххасан онро, бо назардошти гарафҳои марбута интихоб карда, тарзу усули таҳлилашро ба нақша мегирад. Ҷавонон бояд аз диди мақоматашон дар иштироки корҳои ҷамъиятӣ, фаъолияташон дар мактабҳои донишомӯзӣ; кору борашон дар корхона (ташкилот), вазъи зисту зиндагиашон дар оила; завқу шавқашон ба илм, маърифат ва ғайраҳо омӯхта шаванд. Албатта, ин вобаста ба он аст, ки мавзӯи тадқиқотӣ аз чи иборат аст. Сотсиолог чи мақсадеро дар назди худ гузоштааст? Мурод аз таҳқиқи масъалагузорӣ дар чист? Бо вуҷуди он ки проблемаҳои ба ҷавонон дахл дошта хеле ҳам бисёр бошанд ҳам, вале муҳимтарини онҳоро мебоист дарёфт карда, омӯхтан тақозои давру замон аст. Хурсандибахш аст, ки бештари онҳо аллакай

мавзӯи бахсу андешарониҳои кулли олимони соҳа гардидаанд. Сотсиологҳо низ ба як зумра масоили иҷтимоии ҷавонон диққат дода истода, дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони худ (ҷомеашиносон) саъю кӯшиш ба харҷ дода меоянд, то ин ки дар ҳаллу фасли муаммоҳои ба миен омада ҳиссагузорие намоянд. Ба ин хотир онҳо мавзӯьҳои халталабро интихоб намуда, тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологй

мегузаронанд.

Таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза масъалаи таълиму тарбияи онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Зеро ҷомеа ҳамеша ба қувваи бешумори умедбахши интеллектуалии ҷавонон такя дорад ва зарур мешуморад, ки бе ба низоми муайян даровардани ҷабҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷавонон муаммоҳои мавҷударо ҳал кардан мумкин нест.

Пӯшида нест, ки ҳоло ҳам раванди имрӯзаи ташаккули маънавию маърифатӣ ва иҷтимоии ҷавонон касеро қонеъ кунонида наметавонад. Зеро ҷавонони зиёде аз паи ташкили зиндагӣ шуда, нисбати баланд бардоштани маърифатнокиашон хунукназариҳои зиёде зоҳир карда истодаанд. Дилхунукии онҳо нисбати таълимомӯзӣ, касбу ҳунаргирӣ боиси он гашта истодааст, ки як зумра ҷавонон берун аз таълимгоҳҳо мондаанд. Онҳое, ки дар омӯзишгоҳҳо, донишкадаю

донишгоҳҳо машғули таълимгирианд, ба таври бояду шояд вазифаи

худро иҷро намекунанд. Ҳафтаҳо ба дарсҳо наомада, бо ҳар роҳ баҳо мегиранд. Шояд бе донишу хониш соҳиби унвони касбӣ, дипломи мактаби олӣ ҳам шаванд. Лекин чунин мутахассисон ба ки лозиманд? Сотсиологҳо бояд ба кушоиши гиреҳи чунин муаммоҳо кӯмак расонанд. Муайян созанд, ки чаро ҷавонон нисбати илму маърифатгирӣ дилхунуканд? Чи бояд кард, ки дар онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба маърифат зиёд гардад? Ма қоми онҳо, коллективи муаллимон, калонсолон, онҳое, ки дар ин ҷода аллакай шинохта шудаанд барои баланд бардоштани ҳисси таваҷҷӯҳи ҷавонон нисбати соҳибмаърифат гаштани онҳо бояд васеъ истифода шаванд. Бо ҷавонон ҳар чи бештар кор бурда, онҳоро пурра бовар кунонидан лозим аст, ки ҷомеа бе илму маърифат оянда надорад. Бе ташаккули маънавиёт, ки асоси илму маърифат мебошад, ба мақсадҳои хеш расидан амри маҳол аст. Онҳо бояд хуб дарк кунанд, ки баланд бардоштани нҷтимоиёт ҳамон вақт муяссар мегардад, ки агар ҳар чи бештар дар ҷомеа меҳнати фикрӣ, ақлӣ, илму техника тараққӣ ёбанд. Ҷавонон бошанд асоси моддию маънавии онро (илму техникаро – О.Ғ.) ташкил медиҳанд.

Дар ҷомеа ҳамеша эҳтиёҷ ба зиёиёни эҷодкор, махсусан, олимони соҳаҳои техникӣ, ннжинерон, онҳое, ки бевосита дар системаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ бо қувваҳои техникӣ, электронӣ сару кор доранд зиёд аст. Маҳз тавассути фаъолияти бобаракатонаи онҳо дар истеҳсолот имкониятҳои истифодаи илму техника васеъ гардида, шароити кор, маҳсулнокии меҳнат,истифодаи вақти корӣ хеле беҳтар мешаванд ва баръакс, дар он нуқтаҳое, ки то ҳол меҳнати дасти ҳукмрон мебошад, меҳнат барои одамон бори гарон, дилгиркунанда буда, натиҷагирӣ аз он боиси дилхунукӣ мегардаду халос. Сотсиологҳо дар асоси омӯзиш, таҳқиқу таҳлил ва хулосабарориҳои худ аз фаъояияти ҳамаҷиҳатаи ҷавонон тавсияҳое бояд тайёр карда пешниҳод намоянд, ки иллатҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ҳар чи камтар гарданд. Муносибаҳои иҷтимоии онҳо низ моҳиятан ифодакунандаи вазъи иҷтимоиёти ҷомеа (иқтисодй, сиёсӣ, идеологӣ ва ғ.) буда, аз омилҳои мавҷуда вобастагии зиёде доранд. Дар ин ҷода мақоми ҳалкунандаро бешубҳа тарзи истеҳсолот мебозад. Тарзи истеҳсолот бо тамоми самтҳои фаъолияти ҷавонон таьсир расонида, дар онҳо нисбати тарафҳои чудогонаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фикреро бедор месозад.

Зарурате ба миён омадааст, ки ташкили тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ нисбати ҷавонон характери доимамлкунандаро дошта бошанд. Онҳо мебоист тамоми ҷиҳатҳои зисту зиндагии мардум, аз ҷумла ҷавононро омӯхта, таҳлил намуда, дар ба низом даровардани ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, идеалогию маънавии онҳо кӯмак расонанд.

Омилхои таъсирбахши тарбияю ташаккули ҷавононро дарёфта, тарзу усули истифодаи он ҳоро муайян бояд сохт. Вазъиятро одилонаю о қилона баҳо дода, чораҳое андешидан лозим аст, ки он ҳо дар хақиқат ҳам ба дилу дидаи ҳамагон, аз ҷумла ҷавонон роҳ ёбанд. Объект ва субъекти тадқиқотро, аз ҷумла проблемаҳои ба ҷавонон дахл доштаро интихоб намуда, бо истифода аз тарзу усули омӯ зиш ва та ҳ лили сотсиолог ӣ масъалаҳоро ҳаллу фасл бояд намуд.

Ҷомеаи мо роҳи иқтисоди бозоргониро пеш гарифтааст. Объективана вай (иқтисоди бозоргонӣ) талаб менамояд, ки тамоми қувваи қобили меҳнат доштаи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон зарурати онро хуб дарк карда, нозукиҳои чунин тарзи нави хоҷагидориро дониста гиранд. Қонун ҳои бозор, принсипҳои ташкили кор, мақсаду мароми он фаъолияти бошууронаю мақсадноки фоидабахшро мехоҳанд. Барои ин ҳамагон бояд омодаи чунин тадбирҳои кор бошанд. Қувваю қобилияти ҷавонон дар амалӣ гардонидани мақсадҳои хеш васеъ бояд истифода ёбанд. Барои ин тамоми шароитҳоро фароҳам овардан зарур аст.

иқтисоди бозоргон ӣ категорияҳ ои нав ба нави ме ҳнатию касбӣ, фарҳангию илмии ба ҷавонон тааллуқ доштаро ба миён мегузорад. Талабот, орзу, ният, мақсадҳои онҳо вобаста ба чунин раванд ташаккулу тағйир ёфта, ҳар чи бештар фаъолтар шудани ҷавононро водор месозад. Ҷавонони асри XXI ҷавононе мебошанд, ки ба э ҷодкорӣ бештар майл дошта, фаъолияти мақсадноки хешро дар асоси имкоииятҳои ба миён омада ҳарчи бештар мутобиқ месозанд. Аз ин рӯ, таҳлилу таҳқиқи фаъолияти онҳо дар шароитг нави иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ боз ҳам муҳимтар гашта, тарзу усулҳои нав ба нави корбариро тақозо мекунанд. Сотсиологҳо бояд омодаи ҷавоб ёфтан ба муаммоҳои дар ин ҷода ба миён омада бошанд. Ба ин хотир зарур аст, ки ба чунин ҷанбаҳои ҳаёти ҷавонон чун гурӯҳи иҷтимоии махсус; ҷавонон объект ва субъекти фаъоли ҷомеа; ҷавонон ва маърифатнок гардондани онҳо; ҷавонон ва омили оилаю оиладории он ҳо; омилҳои фаъолгардонии ҷавонон; ҷавонон ва сиёсат ва ғ. дар ҳамешигӣ диққати махсус дода шаванд. Сари вақт воқиф будан аз чунин доираи масъалаҳо имконият меди ҳанд, ки танзими ҷомеа, иҷтимоии онҳо то дараҷае мақсаднок ба роҳ монда шаванд.

Оиди сотсиологияи дониш (маърифат) равияхои гуногуни тадқиқотӣ вуҷуд доранд. Дар мамлакатҳои бештари ҷаҳон ба ин соҳа даққати зарурӣ дода, баҳри омӯзишу таҳлили масъалаҳои зикр шуда мутахассисон- сотсиологҳои касбӣ ҷалб карда шудаанд. Қариб дар ҳамаи адабиёти сотсиологӣ, ки дар солҳои мухталиф эҷод карда шудаанд, нисбати сотсиологияи маърифат бевосита боб ва ё қисмати алоҳидае ҷудо карда шудааст. Ба ин масъала дар

давраи собиқ Шуравӣ низ бештар диққат дода мешуд. Дар назди баъзе кафедраҳои таълимии мактабҳои олӣ, дар пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии сотсиологӣ ва пажӯҳишгоҳи сотсиологии АУ собиқ СССР махсус шӯъба, гурӯҳҳои тадқиқотӣ—илмӣ амал мекарданд ва соле даҳҳо мақ олаю рисолаҳо аз натиҷаи тадқиқотҳои муҳаққиқон нисбати ҷанбаҳои гуногуни ҳолати маьрифатомӯзии ҷавонон, одамони касбу кори гуногун ба табъ расонида мешуданд. имрӯз ҳам аз диди нав, вобаста ба тақозои ба миён омадаи азнавсозии системаи маориф, ки аз талаботи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва ягона бар меояд, таваҷҷӯҳ ба сотсиология бештар гардида истодааст. Дар ин бора аз ҳаёти илму маърифати ҷумхурии тозабунёдамон низ мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Дар ҳақиқат, мақому мароми маърифат, дониш дар ҷомеа хеле бузург аст. Аз дараҷаи инкишофи он қ ариб тамоми ришта ҳ ои зиндагии мардум вобастагии зиёде дорад. Аз ин р ӯ, маърифатнокии мардум, алалхусус ҷавононро мавриди омӯзиш, таҳлилу таҳқи қ қарор додан лозим меояд, ки алоқамандӣ, таъсиррасон ӣ, вобастагии онҳоро ба тамоми риштаҳои марбутаи фаъолияти инсон ҳар чи бештар муайян намуд. Ба ин мақсад гузориши мавз ӯьҳои зерин хеле ҳам муҳим аст: Ҷомеа, ҷавонон ва маърифат; таҳлили мақоми дониш, касбу ҳунар дар камолоти онҳо; системаи маълумотгир ӣ дар ҷумхурӣ чун омили иҷтимоигардонии ҷавонон (ба сохти иҷтимоии ҷомеа мутобиқ намудани фаъолияти касбию ҳунарии ҷавонони таълимомӯз); мақоми мактабҳои касбию ҳунарӣ ва донишкадаю донишгоҳҳои олӣ дар раванди қобилияти ақлонаи ҷавонони боистеъдод; вазифаҳои асосии иҷтимоию фарҳангӣ, сиёсию маърифатии системаи маълумотдиҳӣ; мутобиқсозии вазъи таълим ва касбомӯзии ҷавонон (мактаби миёна—мактабҳои касбию ҳунарии махсус—мактабҳои олӣ); арзиши иҷтимоии маърифат; вобастагии системаи таълиму тарбия ва сохти иҷтимоии ҷомеа; бозсозии системаи омӯзиш ва мақоми он дар тайёр намудани касбу ҳунарҳои ба ҷомеа зарур; ҳар чи бештар баланд бардоштани мақоми инсонпарварӣ ва адолатнокии маърифат, риво ҷи

компютеркунонии маърифат ва таъсири он ба ҳаёти оқилонаи иҷтимоии ҷомеа; таъсири илму маърифат, прогресси техникӣ ва компютеркунонии истеҳсолот дар ривоҷи иқтисодӣ бозоргонӣ ва бунёди сохти нави ҷомеадории демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ; ҷанбаҳои нави омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлили сотсиологии маърифати ҷавонон ва ақлонигардонии ҷомеа ва ғ.

Албатта дар рафти омӯзиш ва таҳлилу хулосабарориҳои масъалаҳои гузошта шуда ҷанбаҳои наву тарафҳои ба мавзӯъ дахл дошта ба миён омаданашон аз гумон дур нест. Сотсиолог тамоми тарафҳо, ҷиҳатҳо ва ҷанбаҳоро дар назар дошта, объект ва субъекти тадқиқотро муайян месозад, проблемаҳои таҳлилшавандаро ба миён мегузорад, фикру андеша, дархостҳои худро баҳри то ҳадди имкон амал ӣ гардонидани он ҳо баён менамояд.

Хоҳ ем, ки ҷавонон дар ҳақиқат ҳам мувофиқи мақсаду мароми хеш роҳи зиндагиро дуруст интихоб кунанд зарур аст, ки дар якҷоягӣ: мактаб, падару модарон, калонсолон онҳоро ба ҳаёти мустақилона тайёр намоянд. Дар касбитихобкунии ҷавонон бояд зарурати маҳал, но ҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ низ ба назар гирифта шавад. Таъмини касбу ҳ унар ҳои ба миён омадаро ба на қша гирифта истода, имкониятҳои ҷавононро низ дар ин бора набояд фаромӯш сохт.

Зеро, тавре ишора рафт, на қшаи тайёр намудани мутахассисон ғамхори зоҳир кардан нисбати имрӯзу фардои ҷомеа ва одамон дар шахсияти ҷавонон мебошад.

Вале чунин тарзи интихоби касб, ки таваккалан, тасодуф ӣ мебошанд, сабаби тайёр кардани мутахассисони нодаркор гардида, о қибат ба он оварда мерасонад, ки бештарашон баъди хатми мактаби олӣ ҷои кор намеёбанд. Аз ин рӯ бояд зарурати ҳар касбу ҳунар дар ҷомеа хатман ба ҳисоб гирифта шавад ва вобаста ба он талаботе, ки дар ҷомеа нисбати ин ва ё он касб ба миён омадааст ва омаданаш аз гумон дур нест, мутахассисонро тайёр кардан лозим. Дар ҷавонон бешуб ҳа қувваи ақлонии зиёде ниҳон аст. Устодон дар раванди таълиму тарбия бояд зина ба зина, ма қсаднок дар онҳо чунин қувваро бедор созанд. Танбалӣ, бекоргардӣ, ба хондан бепарвоёна муносибат кардан барин хислат ҳо, ки ҷавононро ба ҳар роҳ бурданаш мумкин аст, бояд сари ва қт ислоҳ шаванд.Талабот ба ин ва ё он касбро одатан икишофи ҷомеа, зарурати таъмини пешрафти қувваҳои истеҳсолкунандаи он ба миён мегузорад. Ме ҳр пайдо кардан ба ин ва ё он касб, зав қу шавқ аз бар намудани он бошад аз тайёрии худи ҷавонон, дарки ақлонии онҳо ва ба чунин фаъолият омода буданашон вобастаг ӣ дорад.

2.Сотсологияи илму маърифат ва омилҳои омадасозии ҷавопоп дар

интихоби касбу ҳунар.

илму маърифат дар ҳар давру замон аз ҷумлаи омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар нигоҳ доштан, танзим намудан, таъмин кардани пешрафти ҷомеа, тарзи истеҳсолот ва инкишофи ҳаёти моддию маънавии одамон мақоми ҳалкунандаро мебозанд. Маҳз илму маърифат имконият медиҳанд, ки одамон, новобаста аз мавқеи иҷтимоиашон, мақоми худро дар ҷомеа тағйир диҳанд. Чи тавре маълум аст, асосан давраҳои гуногуни таърихии инсоният ҳам бо он фарқ мекунанд, ки дараҷаи инкишофи тарзи истеҳсолот, алалхусус қисми муҳимтарини он қувваҳои истеҳсолкунандаи он: олоти меҳнат, предмети меҳнат, воситаҳои истеҳсолот ва худи одамон-истеҳсолкунандагони нозу неъматҳои моддию маънавии ҷомеа дар кадом зинаи тараққиёти илму фарҳанг истодаанд. Гузариш (ивазшавии таърихии) аз як сохти ҷомеадорӣ ба сохти дигари ҷомеаю ҷомеадорӣ масалан, аз давраи феодалӣ ба буржуазӣ, барои он ҳам рух доданд (ба амал омаданд), ки дар қисми асоситарини истеҳсолот- қувваҳои истеҳсолкунанда, тавассути бозёфтҳои нав ба нави илму техника ва маърифатнок гардидани одамон: ҷорӣ гардидани тарзу шакли нав ба нави ташкили илмии истҳсолот, бунёди корхонаҳои калонтарини истеҳсолӣ, авҷи автаматикунонӣ ва техникии равандҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо ба миён омадаанд. Ҳамаи ин албатта талаботи ҷомеа аз ҷумла зарурати пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давру замон буд, ки бе ҳаллу фасли муваффақиятноки онҳо минбаъд ҷомеаро нигоҳ доштан, танзим намудан, пеш бурдан ғайри имкон буд. Бо шарофати ҳар чи васеъ такмил додани илму маърифат ва натиҷагирӣ аз он, зина ба зина, тавассути илму техника, такомул додани системаи истеҳсолот ҷомеаи буржуазӣ, масалан, дар пуррагй исбот карда тавонист, ки дар ҳақиқат ҳам мақоми илму маърифат нисбати таъмини пай дар паи инкишофи ҷомеа чи гуна будааст. Ҳамин боис гардид, ки дар як қатор давлатҳои ҷаҳони сармоядорӣ ба монанди: Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Франсия, Англия, Германия ва ғайраҳо аз ҷумлаи аввалин мактабҳои (равияҳои) сотсиологии илму маърифат пайдо гардидаанд. Масалан, сотсиологи шинохтаи Франсия Эмил Дюркгейм (1858-1917), аввалин маротиба, сотсиологияи маърифатиро чун фанни (предмети) алоҳидаи (мустақили) иҷтимоиётшиносӣ шинохта, исбот карда буд, ки мақоми маълумотгирӣ (донишомӯзӣ) дар қисмати меҳнат, сохтори иҷтимоии ҷомеа, инкишофи иҷтимоии одамон, касбу ҳунаромӯзии онҳо, баландмақом гардидани ҷомеа ва ғайраҳо бешубҳа хеле ҳам калон аст. Чунин ақидаро дигар сотсиологҳо, ба монанди: П.Бурде (Франсия), К.Дженке (Америка), Дж. Флауд (англия), дар Россия М.Казакович, Б. Суходолский, Я. Шепанский, Л.Н. Коган, М.Н. Руткевич, Л.Я.Рубин, М.Х. Титма, Ф.Р.Филипов, В.и.Шубкин, Е.А. Якубова ва дигарон васеъ истифода намуда, дар ин ҷода ба шарофати ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологии ҷанбаҳои гуногуни маърифатгирии ҷавонон ба натиҷаҳои диққатҷалбкунандаи соҳа мушарраф гардидаанд. Ба ҳамаи ин он асарҳои илмӣ-тадқиқотие, ки ба табъ расидаанд, гувоҳӣ дода метавонанд. Оид ба сотсиологияи маърифат махсусан дар собиқ Шуравӣ хело ҳам дикққати ҷидди дода мешуд. Аз соли 1970 сар карда кумитаи махсуси “Сотсиологияи маърифатомӯзӣ” амал мекард ва бо дастгирию ғамхории кормандони он садҳо корҳои аҳамиятноки ташкилию тадқиқотҳои сотсиологӣ, гузаронидани симпозиуму конференсияҳои илмию назариявӣ ва ғайраҳо баргузор гардиданд. Ҳуҷатҳое, ки аз чунин ҷаласаҳо ба даст оварда шудаанд, ба ҷумлаи сарчашмаҳои муҳимтарини соҳа дохил шуда, таҳлил ва хулосабарориҳо аз онҳо имконият медиҳанд, ки кас оид ба тарафҳои гуногуни масъалаҳои басо заруритарини алоқаи илму техника ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва идеологию маънавӣ маълумотҳои амиқу равшан дошта бошад ва аз онҳо ҷанбаҳои нави омӯзиш, таҳлил, хулосагирӣ, таҳлилу натиҷагирӣ ва тадқиқотӣ, мавзӯьҳои илмию назариявиро дарёфт карда тавонад.

Сотсиологияи маърифатомузӣ (донишгирӣ) дар давоми мавҷудияти худ зинаҳои гуногуни пайдоиш, инкишофёбиро паси сар карда, ҳоло яке аз равияҳои (мактабҳои) асоситарини сотсиологӣ ба ҳисоб меравад. Боиси қайд мебошад, ки чунин мактабҳои сотсиологӣ дар бештари мактабҳои олӣ, назди шуъбаҳои маорифт, вазорату идораҳои ба ин соҳа дахл дошта таъсис дода шудаанд ва мутахассисон он корҳои васеи омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориҳои илму маърифатро пеш бурда истодаанд. Проблемаҳое (ҷанбаҳое), ки сотсиологияи маърифатомӯзӣ ба онҳо сару кор дорад гуногун буда, ҳар кадоме аз онҳо омӯзиши системанок, таҳқиқу таҳлил ва хулосабарориҳои илмиро талаб менамояд. Масъалаҳоеро, ки дар назди ин мактаб истодаанд аз руи моҳият, мақом ва аҳамиятнокиашон ба ҷанбаҳои методологӣ (умуминазариявӣ), назариявй ва эмпирикӣ (таҷрибавӣ) тақсим кардан мумкин аст. Ба ҷумлаи масъалаҳои методологӣ асосан он ҷанбаҳое дохил мешаванд, ки дар давоми тамоми давру замонҳо, барои тамоми соҳаҳои сотсиологияи маърифатгирӣ (маърифатомӯзӣ) ҳамеша чун дастури амал ба кор бурда мешаванд. Масъалаҳое, ки вобаста ба талабати рӯз, вазъияти ба миён омада, талошҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ пайдо мешаванд ва ё пайдо шуданашон аз гумон дур нестанд, ба ҷумлаи ҷанбаҳои таҷрибавӣ (амалӣ) дохил мешаванд.

Таҷрибаи чандинасраи давлатҳои системаашон гуногун далели онанд, ки дар ҳақиқат ҳам давлату давлатдорӣ бе поягузории мустаҳками илму маърифат хеч аст. Сиёсати давлату давлатдорӣ ҳамеша ба идоракунии илмӣ зарурат дорад. Сиёсатмадорон дар амалиёти худ бояд ба илм такя карда, ҷанбаҳои ба миён омадаро таҳлил намоянд. Натиҷагирӣ аз он дар пеш бурдани сиёсати давлат ҳамеша мувваффақиятҳоро интизор аст. Таъмини муваффақиятноки тамоми ҷанбаҳои сохтори давлатӣ, аз ҷумла истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тарзи истеҳсолот, молу мулкдорӣ, ба даст даровардани боигарӣ, аз ҷиҳати иқтисодию молӣ пурқуввату тавоно гардонидани давлат, системаи иҷтимоиёт, фарҳанг, оилаю оиладорй, касбу ҳунар ва ғайраҳо аз вазъи илм дар ҷомеа зиҷ вобастагӣ доранд. Намояндагони ин мактаби сотсиологӣ дар асоси тадқиқотҳои гузаронидаашон нисбати ин ҷабҳа ва тавсияҳое, ки оиди тарзу усули ба роҳ мондани илму маърифат пешниҳод кардаанд, гуфтаҳои болоро тақвият дода метавонанд. Комитети байналхалқии сотсиологии «Сотсиологияи маърифатомӯзӣ», ки аз соли 1970 инҷониб амал дорад дар ин роҳ боз ҳам далелҳои бештари илмию маърифатӣ ба даст даровардааст. Аз солҳои 50-уми асри XX инҷониб дар собиқ Давлати Шуравӣ ба ин масьала диққати махсус дода, ба таври хеле ҳам васеъ тадқиқотҳои гуногуни сотсиологӣ гузаронида мешуданд. Олимони ботаҷрибаи соҳаи сатсиологӣ, ба монанди Л.Н.Коган, М.Н.Руткевич, ЛЛ.Рубин, М.Х.Титма, В.и.Турченки, Ф.Р.Филипов, В.и.Шубкин, Е.А.Якуба, Ф.Г.Кумба, Осипов Г.В., В.и.Бестужев-Лада ва дигарон дар равшанӣ андохтани кулли проблемаҳои соҳа асарҳои зиёде ба табъ расонидаанд. Аз таҳлили асарҳои ба масъалаҳои илмӣ-маърифатомӯзӣ бахшида шудаи олимон чунин бар меояд, ки ҷанбаҳои методологии он пеш аз ҳама муайян сохтани мақоми илму дониш (маърифат) дар таъмини пешрафти ҷомеа, ба ҷанбаҳои экологй, демографии он, дигар гардидани афкору ақида, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тавассути илму маърифат ба миён омадаи тарзи нави дарккунии идеологӣ, фаҳмиши дурусти раванди ҳаёт ва ғайраҳо иборат мебошанд. Нуқтаҳои методологии маърифатомӯзӣ ин таъсири бевосита доштаи маърифат ба мақоми ҳаёти иҷтимоии одамон, тавассути он дигаргун сохтани тамоми тарафҳои ҳаёти зисту зиндагии мардум, ба даст даровардаии тағйиротҳои ҷиддӣ дар фаъолияти сиёсию идеологии одамони касбу кори гуногун ва монанди инҳо ба ҳисоб рафта, паи ҳам пешрафти моҳияту мақсад, маъною зиндагй, мароми давлату давлатдориро инъикос менамояд. Боиси қайд аст, ки қариб дар ҳамаи сарчашмаҳои илмии бахшидашудаи олимон-сотсиологҳо як нуқта: пайвастагй, таносуби диалектикии байни системаи маълумотгирӣ ва шароитҳои иҷтимоии ҷомеа махсусан қайд карда мешаванд. Бо далелҳои зиёде исбот карда мешаванд, ки барои хубу гуворо, мақсаднок ташкил намудани маърифатомузӣ шароитҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо заруранд ва аз тарафи дигар барои чунин қисматҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро дуруст ба роҳ мондан системаи маълумотгириро ( донишомӯзиро) хубтар ташкил бояд намуд. Яъне маълумотгирй боиси баланд шудани ҳаёти иҷтимои шуда, имконият фароҳам меоварад, ки илму маърифат ҳарчи тезтар инкишоф ёбанд. Дар ҳақиқат ҳам, мақсаду мароми илму маърифат ин асосан беҳтар сохтани зиндагист. Маҳз талаботи (вазъи) зиндагй водор месозад, ки одамон аз паи «баланд» гардонидани илму маърифати худ шаванд. Омили ба илму фарҳанг дилбохтагии одамон бошад асоси харчи беҳтар ташкил намудани ҳаёти иҷтимоии худи онҳо мебошад. илму маърифат хусусияти нисбатан мустаҳками худро дошта, нишондиҳандаи вазъи имрӯзу ояндаи ҷомеа мебошанд. илму маърифат бояд ба ояндаи дуру наздик назар карда, фаъолияти мардуми ҷомеаро баҳри ба даст даровардани орзӯҳои хуш равона созад, боварии онҳоро нисбати оянда хубтар сохта, дар дили онҳо дилгармиеро ҷо намояд. ин талаботи обективии ҷомеа, зурурати нигоҳ доштан ва таъмини пешрафти он ба ҳисоб мераванд. Зиддият, норасогиҳо, иллату камбудаҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд ва ё рӯх медиҳанд ҳаллу фасли бештарашон ба илму маърифатнокии одамон вобаста аст. Барои он ки ноқисӣ, иллату камбудиҳои ҳам соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳам соҳаи илму маърифат, рафъ карда шуда, роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян шаванд, зарур аст, ки тадқиқотҳои сотсиологии чунин системаҳои нисбатан мушкилу,— вале ҳоло ҳам лозим, ба роҳ монда шаванд.

интихоби касб лаҳзаи басо муҳим дар ҳаёти минбаъдаи ҳар як хатмкунандаи мактаб ба ҳисоб меравад. Вайро агар тақдирсози ҳаёти онҳо ҳисоб намоем, хато намекунем. Аз оне ки то кадом дараҷа хатмкунандагон дуруст ва ё нодуруст (таваккалй, бе назардошти қувваю қобилият, завқу шавқ, имкониятҳои обективию субективӣ ва ғайра) ин ва ё он касбро интихоб мекунанд, ҳам барои хатмкунандагон ва ҳам барои ҷомеа (мактаб, системаи маориф, органҳои соҳавӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ) аҳамият дорад. Агар ҷавонон дар ҷомеа ҷои худро дуруст (бе хатогӣ) ёфта бошанд аз он ҳам худи онҳо ва ҳам ҷомеа бурд хоҳад кард. Пас кадами нахустине, ки баъди хатми мактаби ҳамагонӣ ҷавонон ба ҳаёт мегузаронанд, ин ва ё он касбро интихоб мекунанд ва ё ба ин ва ё он донишгоҳу донишкадае дохил мешаванд ва ё бевосита ба кори амалй камар мебанданд, бояд амиқу равшан ва боварибахшона бошад. Кор бояд тавре сурат гирад, ки ҷавонон аз қадами гузоштаи худ як умр ризо бошанд. Мактаби ҳамагонӣ мактабест, ки бачагонро нисбати тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ омода месозад, Шиносоии мактаббачагон дар раванди таълим бо илмҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ мебоист дар онҳо рағбати аз бар намудани ин ва ё он касбу ҳунареро бедор созад. Сотсиологҳо дар ҳамкори бо рӯҳшиносон, омӯзгорони касбӣ метавонанд дараҷаи хатогиҳои хатмкунандагонро ҳар чи камтар намоянд. Самараи фаъолияти коллективи омӯзгорон низ дар он зоҳир меёбад, ки ояндаи дастпарварон чи гуна хоҳанд шуд, то кадом дараҷа шогирдон аз таълим қаноатманд мегарданд. Набояд фаромӯш сохт, ки мақсаду мароми мактаб ин омода сохтани ҷавонон ба фаъолияти минбаъдаи мустақилонаи ҳаёт (зиндагӣ) мебошад. Чунин вазифаи басо мураккаб, ҷиддӣ, тақдирсоз, вале ниҳоят зарурро ба дӯш гирифтану онро бомуваффақият ба ҷо овардан аз коллективи омӯзгори меҳнату заҳматҳои зиёдеро талаб менамояд. Нисбати ин масъала лаҳзае ҳам бепарво шудан мумкии нест. Коллективи омузгорӣ, ки дастпарваронашонро хеле хуб мешиносанд, бояд ҳар чи мушаххастар амалҳои роҳҳои беҳбудии натиҷагириро ёбанд. Ҷавонон тақдирсозӣ имрузу ояндаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум ба ҳисоб рафта, бо меҳнату заҳматҳои хеш ва тавассути ҳаллу фасли муваффақиятиоки кулли муаммоҳои зиндагӣ ҳиссагузори рушди ҷомеа мебошанд.

Масъалаи мухимтарини омӯзиши сотсиологии илму маърифат ба ҷо овардани вазифаҳои иҷтимоӣ мебошад. Яъне омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу хулосабарориҳо аз фаьолияти илму маърифат нисбати тағйиротҳои иҷтимоии мардум бояд асоси омӯзиши обекту предмети тадқиқоти қарор гирад. Сотсиолог дар чунин раванди таҳлил илман бояд асоснок намояд, ки илму маърифат ба фаҳмиш, идрок, ақл, муносибат, рафтори ҳар кас нисбати зиндагӣ: меҳнат кардан, ташкили оилаю оиладорӣ, интихоби касбу ҳунар, эҷодкорӣ, афкору ақидаронӣ, тарбияи фарзандон, иштироки кас дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ғайраҳо чи таъсире расонида метавонад.

Э.Мақоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ва мактаби оли дар тайёр кардани мутахассисони баландмақом.

Як ҷомеа аз ҷомеаи дигар, давраҳои гунгуне, ки инсоният то имрӯз аз сар гузарнида дилпурона сохти нави ҷомеаю ҷомеадориро пеша гирифтааст аз он фарқ мекунанд, ки дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои истеҳсолӣ, пешрафти илму техника, онҳое, ки ба истеҳсолот ҷалб карда шудаанд ва машғули истеҳсоли нозу неъматҳои моддию маънавии ба аҳли ҷомеа хеле ҳам зарур мебошанд, дар кадом зинаи пешравӣ, тараққиёт қарор доранд. Таъмини дараҷаи баланд, ташкили самараноку мақсадноки чунин ҷиҳатҳо барои ҷомеаю инсон зарур бошанд пеш аз ҳама аз дараҷаи ба роҳ мондани илму маърифат, тайёр кардани мутахассисони баландмақом дошта, ташкил ва идораи илмии истеҳсолот, ташкили меҳнат ва дигар қисматҳои ҷузъие, ки дар ҷамъулҷамъ моҳияту мазмуни тарзи истеҳсолотро ифода менамоянд вобастагиҳои зиёде дорад. Бадин хотир пеш дар пеш ба таври системанок (доимӣ, пай дар пай) ба роҳ мондани омӯзиши илмию амалии онҳо ва хулосагириҳои аниқ баровардан аз чунин тадқиқотҳо аҳамиятнок буда, имкон медиҳад, ки сари вақтӣ камбудию иллатҳо, норасогию нуқсонҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд. Роҳҳои судбахшонаи ҳалли чунин масъала бешубҳа ташкил кардан ва гузаронидани тадқиқотҳои мушахасси сотсиологӣ мебошад. ин вазифаро мактаби сотсиологии илму маърифат, мактаби сотсиологии мактаби олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ ба дӯши худ гирифта, аз он рӯзе, ки ба ин кор омодаанд (аввали асри ХХ), то ин дам дар ин роҳҳи муроди хеш муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд. Такя ба чунин таҷрибаҳои соҳа имрӯз имконе пайдо шудааст, ки фаъолияти чунин мактаби сотсиологӣ такмилу ташаккул дода шуда, ҳиссагузории он нисбати ҳаллу фасли мақсадноки проблемаҳои ба миён омада ва ё пешоянда боз ҳам баландтар бардошта шавад. Мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ аз ҷумлаи марказҳое мебошанд, ки ояндаи илму маърифат, фарҳанг, пешрафти ҷомеа, афзуншавии қувваҳои зеҳнии одамон, илму техника, ҷаҳонишавии қувваю қудрати доштаи инсонӣ зич пайвастагие доранд. Омӯзиши ин масъалаҳо кайҳо боз дар доираи мактабҳои зикршудаи мамолики тараққиёфтаи ҷаҳони имрӯза мавриди ҷиддии омӯзиш, таҳлилу таҳқиқи мақсаднок қарор дода шудаанд ва дастовезҳои диққатҷалбкунанда низ ҳосил гардидаанд. Дар замони ҳукмронии сохти давлатдории Шӯравӣ низ ба ин масъала бештар диққат дода мешуданд. Акнун ки давлатҳои мустақил ба миён омадаанд ва онҳо мустақилона метавонанд бо назардошти имкониятҳои доштаи худ ин масъаларо ба роҳ монанд, зарурате пеш омадааст, ки дар ҳамаи макотиби олӣ ва мактабҳои зинаҳои дигар нуқта, маркази тадқиқоти сотсиологии соҳаро созмон диҳанд. Агар чунин нуқтаҳои (марказҳои) тадқиқотӣ хуб фаъолият кунанд, бешубҳа дар ояндаи хеле ҳам наздик дар сотсиологияи илму маърифат, тайёр кардани мутахассисони олимақом дошта, такя ба онҳо таъмин намудани пешрафти хуби истеҳсолот, илму техника ва дигар масъалаҳои ба ин марбута ба нишондиҳандаҳои ҷолибе ноил гаштан аз гумон дур нестанд. Макотиби сотсиологие, ки дар омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқу хулосагириҳо аз фаъолиятмандии аҳли хело ҳам сершумори устодан, муаллимон, кормандони илму маориф, тарбиятдиҳандагони ҷавонон иборатанд, ҳиссагузориҳо карда метавонанд, аз ҷумлаи бонуфузтарини мактабҳои сотсиологӣ ба ҳисоб рафта, мақоми худро амалан ҳам нишон дода тавонистааст. Он дигаргуниҳои азиме, ки дар ин соҳа тайи даҳсолаҳои охир ба даст оварда шудаанд худ гувоҳи чунин суханонанд. Дуруст аст, ки ҳоло масъалаҳои дар ин соҳа омӯхташуда, таҳлил наёфта хело ҳам бисёранд. Он камбудию иллатҳо, норасогиҳое, ки дар соҳа то ҳол вуҷуд доранду ташвиши ҳам падару модарон ва ҳам аҳли маърифатчиён гардидаанд, талаб менамоянд, ки ҳар чи тезтар, ҳалли самарабахши худро ёбанд. Набояд фаромӯш сохт, ки илму маърифатнок шудан ва соҳиби касбу ҳунари воло гардидан кори саҳл набуда, аз бисёр омилҳои объективию субъективӣ, сараввал, вазъиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва пешрафти илму техникаи худи ҷомеа вобастагии зиёде дорад. Сониян, тавонист аҳли мардумро бедор сохтан, фаъол гардонидан ба чунин соҳаи басо муҳими ҷамъиятию давлатӣ низ хеле заруранд. Дигар он аст, ки қадамҳои нахустини илму маърифатомӯзӣ яъне аз боғча, мактаб сар карда, то ба охирин нуқтаҳое, ки ҳар фард вобаста ба имкони доштааш дар ин роҳи муроди хеш ба мақсад расиданаш аз имкон дур нест, бояд тавре амали ёбанд, ки маҳсулнок, самарабахш бошанд. илму маърифат омӯхтан, соҳибкасб шуда зинаҳои гуногуни ташкилӣ, ба амал баровардани як зумра чорабиниҳоро дар бар мегиранд ва дар ҳар зинаи он (боғча, оила, макбаби ҳамагонӣ, мактаби олӣ, истеҳсолот ва ғ.), вобаста ба давраҳои гуногуни ташкилию амалӣ гардонидани мақсадҳо аз мутасаддиони он ҳисси масъулиятнокӣ, ташкилотчигӣ, идоракунӣ ва ғ.дигари ба ин соҳа зарур бударо талаб менамояд. Агар кору фаъолият аз зинаҳои аввал: оила, боғча, мактаб хубу мақсаднок ба роҳ монда шаванд ва ин зинаҳо пурмаҳсул бошанд кор дар зинаҳои боло, алалхусус дар макотибӣ олӣ, яъне касбазбаркунӣ натиҷаҳои ҷолиберо дода метавонанд.

Вобаста ба ҳамин дар назди чунин мактаби сотсиологӣ вазифаҳои хеле ҳам масъулиятнок, вале басо муҳим истодаанд. Кадомаст онҳо?

  • омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи вазъи тарбия дар боғча, маркази кӯдакистонҳо;
  • омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи вазъи (ҳолати ) таҳсил дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ;

-таҳлил ва хулосагириҳо аз тарзу усули таълим дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ;

  • омӯзиши табъу завқи дарсдиҳии устодон;
  • муайянсозии дараҷаи азбар намудани донишҳое, ки устодон ба шогирдон медиҳанд;
  • ҳолати фаро гирифтани мактаббачагони ба таҳсил ва дараҷаи завқмандии онҳо ба омӯзиш, азбаркунии дарсҳо;
  • алоқамандии оила, боғча, мактаб дар ташкили маърифатомӯзии мактаббачагон;
  • шароити таҳсили мактаббачагон;
  • сабабҳои камфаъол, дилхунук будани як зумра муаллимон ба дарсдиҳӣ;
  • сабабҳои камзавқманд будани хонандагон ба иштирок дар дарсҳо ва суст азхудкунии дарсҳо ва ғ.

Тазаккур бояд дод, ки проблемаҳо дар ин ҷода хеле ҳам бисёранд. Сарфи назар аз он ки таи чанд соли охир дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ вазъият каме ҳам бошад, рӯ ба беҳбудӣ андохтааст, вале ҳоло ин ҳолат қаноатмандона нест. Бо сабабҳои гуногун мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро ҳоло ҳам 40-45 % хеле ҳам суст ба итмом мерасонанд. Дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактаби олӣ аз саҳлсавод буданашон мушкилотҳои зиёде мекашанд. Дар сӯҳбат ба зиёда аз 26%-и онҳо дар чанд мактаби олӣ маълум гардид, ки сабаби камсавод будани онҳо асосан бо айби муаллимони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва падару модарони худи онҳо рух додаанд. Баҳамзистии падару модар ба вазъи ҳаррӯзаи дарсхонии фарзандон, беназорат мондани натиҷаҳои ҳама рӯза дарсазхудкунии онҳо, ҳам аз диди муаллимон ва ҳам аз назари волидайн, серталаб набудан ба дараҷаи азхудкунии дарсҳо аз ҷониби як зумра муаллимон нисбати хонандагон, нарасидани муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷриба, рӯякӣ баҳо гузоштан ба ҷавобҳои шогирдон, хеле бепарво будани хонандагон дар ҷамъбасти чорякҳои соли таҳсил ва бемасъулиятона ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои аз синф ба синф гузаронӣ, тайёрии хуб надидан ба имтиҳонҳои хатмкунӣ ва боз даҳҳо норасогиҳое, ки дар системаи таълимии мактаби миёна ҷой доранд, ба он оварда расонидаанд, ки имрӯз аз ҷумлаи хатмкунандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ тайёр намудани мутаҳассисони баландмақом басо мушкил гардидааст. Аҷибтар он аст, ки аз ҷумлаи онҳое, ки насибашон дохилшавии мактаби олӣ мегардад, кам нестанд. Чи тавр ин нияти хуби хеш, ки нисиби бисёр ҷавонон – довталабони мактаби оли мегардад, хеле ба ҷумлаи муаммоҳои сарбастаеро мемонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тарзу усули қабули довталабон ба мактабҳои олӣ камбудиҳои зиёде ҷой доранд. Довталабони зиёде беягон мушкилоте номи бошарафи донишҷӯиро гирифта, дар давоми таҳсил дар донишгоҳ ва ё донишкада ба устодон мушкилотҳои зиёдеро пеш меоваранд. Проблемаҳое, ки дар макотиби олӣ ҷой доранд дучанд шуда, сифати тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби чунин донишҷӯён доғ меоваранд. Устодони касби, ки аз кори худ хело ҳам мефахранд ва дар тайёр намудани шогирдони болаёқат саъю қушишҳо ба харҷ медиҳанд, дар макотиби олӣ хеле ҳам бисёранд. Вале нафарҳоеро ёфтан мумкин аст, ки бо ҳар баҳона нисбати касби худ беитиноӣ зоҳир менамоянд.

Аз чунин рафтори устодони бепарво баъзе шогирдон истифода бурда, ба роҳҳои гуногун даст мезананд. Вақти он расидааст, ки дар байни муаллимону устодон низ «конкурс» гузаронида шавад. Устоде, ки масалан аз имтиҳони санҷишӣ ба кор қабул карда мешавад, вай ифтихормандона ҳис кунад, ки ӯ кӣ аст ва чӣ вазифае дар дӯши худ дорад.

Дар хубу мақсаднок тайёр намудани мутахассисони ҷавон мақому мароми ташкили дарсҳои таълимӣ, амалӣ, санҷишӣ, қабули имтиҳонҳо ва ғ.дигар хеле ҳам калон аст. Агар чунин қисматҳои ташкилии тайёр кардани мутахассисони ҷавон хуб ба роҳ монда шаванд бисёр дигар мушкилот ҳалли худро ёфта метавонанд. Ба он устодоне, ки дар ҳақиқат нисбати иҷрои вазифаҳои хеш хеле ҳам бомасъулиятона муносибат мекунанд, ғамхору дилсӯзи шогирдон мебошанд, роҳҳои хуби зарурии беҳтар сохтани таълиму тарбияи онҳоро андешида меояд, бояд сазоворона боҳо дода шаванд.

Чанд солест дар баъзе мактабҳои олии ҷумҳурӣ системаи нави таълимӣ – тарзи «кредитӣ» ба роҳ монда шудааст. ин системаи таълимӣ, ки бурду бохташ дар мамолики Аврупо аллакай маълуму машҳур мебошад, имкон медиҳад, ки ҷавонони мамлакатамон, тавассути пайдо кардани донишҳои васеъ, ба дунёи илму фарҳанг дилпурона қадам гузоранд. Вале аз қадамҳои аввалини он маълум шуда истодааст, ки дар ин ҷода низ баъзе камбудию иллатҳо ҷой доранд (нарасидани устодони соҳибтаҷриба, маводҳои ёрирасони таълимӣ, наҳамеша тавониста дуруст ба роҳ мондани тарзу усули ташкили дарс, қабули баъзе довталабони камсаводу беҳавсала, манфиатдори ҳақиқӣ набудани баъзе устодон дар гурӯҳои таълимӣ, қабул намудани шумораи зиёд, ки ташкили дарсро мушкил мегардонанд ва ғ. дигар ). Умед аст, ки чунин камбудиҳо оҳиста – оҳиста бартараф хоҳанд гардид ва тарзи нави таҳсил музаффариятҳои наву тозаеро пеш хоҳанд овард.

Омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи ҳолати таълиму тарбия дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва макотиби олӣ нишон медиҳанд, ки танҳо тавассути мақсаднок, моҳирона ташкил карда гузаронидани тадқиқотҳои мушахасси сотсиологӣ имкони сари вақт даёфтани норасогиҳо, бартараф сохтани онҳо ва мувофиқи талаботи имрӯза ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои илму маърифатгирӣ ва соҳибкасб шудан имкон асту халос. Пас зарурате ба миён омадааст, ки дар ин кори наҷиб Вазорати маориф, шӯъбаҳои дахлдори вай дар вилояту ноҳия ва шаҳрҳо, роҳбарони масъулини макотиби Олӣ ташабус нишон дода, ҳар чӣ тезтар роҳҳои кушоиши масъалаҳоро дарёбанд. Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт, ки «ҳамаи корҳоро мутахассисони болаёқату кордон ҳал карда метавонанд». Пас, тамоми чораҳоро бояд андешид, ки чунин мақсад ҳарчӣ тезтар ҳалли худро ёбад. Дилпурона, бо муваффақиятона бунёд сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, ки мардуми диёри мо пеша кардааст, аз бисёр ҷиҳат ба он вобастагӣ дорад, ки идоракунии илмии он чӣ тавр ба роҳ монда шудааст ва чӣ гуна мутахасисонро дорад.

test

Добавить комментарий