Мактаби сотсиологии сиёсатшиносӣ ва « Сотсиологияи ҳуқуқ»

1.Мактаби сотсиологии сиёсатшиносӣ ва мақоми вай дар
танзими муносибатҳои сиёсии ҷомеа.

Ҳаёти сиёсӣ қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар бисёр ҳолатҳо инъикоскунандаи воқеаю ҳодисаҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо мақоми дар ҷомеа доштаи худро одамон хеле ҳам равшан баён месозанд. Ҳаёти сиёсӣ бештар дар ирода, қавл, ҳаракатҳои одамони алоҳида, ҳизбҳо, созмонҳо, онҳое, ки нисбати вазъи сиёсии ҷомеа аз ҷиҳати маърифати хеле обу тоб ёфта, дараҷаи аклониашон дар ин кисмат ташакул ефтааст, инъикос меёбад.

Ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсӣ дошта инъикоси давлату давлатдорӣ, адолату беадолатии фаъолияти системаҳои гуногуни

органҳои муайяни давлат, раванди ҳаракатҳои мухталифу зиддиятноки синф ҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгӯи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Агар дар ҷомеа то қадри имкон адолат ҳукмрони кунад, одамон то андозае аз мақ омоти органҳ ои идоракунандаи давлатию ҷамъиятӣ қаноатбахш гашта, дар фаъолияти онҳое, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро ба зиммаи худ гирифтаанд ғамхории ҳақиқиро ҳис намоянд, ҳамон қадар вазьият хуб шуда, ҷомеа орому тин ҷ мешавад. Ҷомеа ҳ амеша тавассути фаъолияти аъзоёнаш дар тараққӣ, пешравӣ, дигаргуншав ӣ буда, низоми муътадили сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва ахлоқиро дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мардум мувофиқи мақсад таъмин мекунад. Чи тавре маълум аст, ҳамеша дар кадом шакли ҷомеадорие, ки набошад, норозигиҳои сиёсӣ вуҷуд доранд ва онҳо ҳамчун ченаки вазъи замонаи ҷомеа амал мекунанд. Зиддиятҳои ба миён омада, чи аз ҷиҳати мақсаду маром ва чи аз ҷиҳати доираи ишғол кардаашон, хеле ҳам васеъ ва доманадор буда, онҳо на ин ки дар дохили як мамлакати алоҳидаю ҷудогонаи мустақилгардида, масалан, Тоҷикистон, балки дар байни ҳамаи давлатҳо, халқу миллатҳои собиқ Шуравӣ то рафт авҷ гирифта, зина ба зина нуфузи худро бештар гардонида истодаанд. Чунин авҷгирии пуртуғёни ихтилоф ҳои сиёсӣ, бешубҳа сабабҳои худро доранд. Сабабҳое, ки чунин вазъиятро ба миён овардаанд, аз диди мо ҳият ва мазмунашон асосан ба сабабҳои а) объективӣ ва б) ба сабабҳои субъективӣ тақсим кардан мумкин аст. Донистану муайян сохтани мақоми чунин сабабиятҳо имкон медиҳанд, ки ҳар чи бештару тезтар сари роҳи тасодуфҳо гирифта шуда, шаклҳои мухталифи ба миён омадаи мубориза ҳои сиёсӣ ба мақсади беҳбудии омма мувофиқ кунонида шаванд ва аз он (натиҷагириҳои хуби онҳо) орзӯю умедҳои мардум ҳарчи тезтар ҷомаи амал пушанд.

Сотсиологҳо бояд аз ҳама бештар нисбати воқеаҳои ба миён омада ҷавобгуй бошанд. ин маълум аст ва хуш аст, ки он ҳо низ инро ҳис мекунанд.

Онҳо вазифадоранд, ки нозукии касби худро хуб истифода бурда, ба муаммоҳои ба миён омадаи и ҷтимоию сиёсӣ то ҳадди имкон ҷавобҳои амиқу равшан диҳанд. Ба таҷрибаи ҷаҳонии сотсиологҳою сиёсатшиносон такя намуда, назарияҳои ба ҷанбаҳои ҳаёти идеологӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналмилал ӣ дахл доштаро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил карда, вазъиятҳои ба миён омадаи ҳаёти имрӯзаро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, тавсияҳое бояд пешниҳод намоянд, ки дар ҳалли масоили ба миён омада кумак расонида, муно қишаҳои сиёсию идеологии пайдо шуда боиси таркиш (револютсия, шӯриш, задухӯрдҳои байни гурӯҳҳо, давлатҳо ва ғайраҳо) нагарданд. Хуб аст, ки имрӯз баҳсу муноқишаҳо, талошҳои ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳои гуногун бо роҳи гуфтушунидҳои дипломатӣ, вохӯриҳои роҳбарони ҳизбу идораҳои сиёс ӣ, арбобони сиёсатмадор, масъулони давлат ҳои системашон гуногун ҳаллу фасл мешаванд. Дар ин ҷода шарт он аст, ки нисбати ҷанбаҳои ба миён омада объективона баҳо дода шаванд.

Чи тавре мебинем, дар шароити демократикунонии ҷомеа аз ҳама бештар сиёсатмадорон баҳсу талошҳо доранд. ин бесабаб нест. Ҳалли бештари масъалаҳои зиндагӣ, бехатар сохтани ҳаёти иҷтимоӣ ба он зич вобастагӣ дорад, ки то кадом дараҷа дар ҷомеа оромию осоиштагии мардум таъмин карда шудааст.

Сотсиологҳо хуб мефаҳманд, ки нисбати вазъияти ба миён омада бо хунукназарона рафтор намудан натичаи дилхо ҳ нахоҳанд дод. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бояд нисбати манфиат ҳои сиёсию идеологии аҳли ҷомеа босаброна, аз диди илму маърифат муносибат карда шавад. Яъне агар муаммоҳои ба миён омада сари вақт, аз назари илм баҳо дода шаванд, натиҷагирӣ аз он ҳамон қадар хуб анҷом хоҳад ёфт. Дар ин ҷода қасосгирӣ, бологузории мақсадҳои ғаразнок, якравӣ ва ғайраҳо басо зарарнок мебошанд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар зери ин ва ё он ақидаҳои сиёсӣ миллионҳо одамон истодаанд ва дар ҳаракатҳои онҳо орзую умед, мақсаду ниятҳояшон инъикос ёфтаанд. Вақте ки сотсиолог ин ва ё он проблемаи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба идеология дахлдоштаро мавриди таҳлил қарор медиҳад бояд дар пеши назараш чунин вазъи ба миён омадаи ҷомеа, майлу хо ҳиши одамон, ма қсаду мароми онҳоро ҷилвагар намуда, ҳис кунад, ки дар ҳаллу фасли дурусту нодурусти онҳо тақдири ҷомеа ва давлату давлатдор ӣ истодааст. Албатта, ба даст даровардани натиҷаҳое, ки ҳамаро, аз ҷумла мухолифинро низ пурра қонеъ кунонда тавонад корест басо мушкил. Вале кушиш бояд ба харҷ дод, ки мақсадҳои тарафайн боадолатона амалӣ гарданд. Сотсиолог аз уҳдаи чунин вазифаи басо мураккаб, вале ниҳоят зарур ҳамон вақт бо хуби баромада метавонад, ки агар нисбати ҳ амаи афкору ақида, нияту орзу ҳ ои ба миён омадаи хеш ба хуби бохабар бошад, объективона рафтор карда, таҷрибаи мусбати ҷаҳониро ба кор бурда, онҳоро бо тавсияҳои илмӣ умедбахшона осуда гардонида тавонад. Барои ин сотсиолог бояд ба тамоми нозукиҳои проблемаи идеологӣ ва сиёсӣ хуб сарфаҳм равад. Боиси таззакур мебошад, ки он ҷабҳаҳое, ки сотсиолог нисбати масъалаи зикр ёфта даст мезанад ва он қисматҳое, ки дигар ҷомеашиносон, ба хусус файласуфон, ҳуқуқдонон, сиёсатшиносон сару кор доранд, фарқ мекунанд. Сотсиолог масъаларо ба таври мушаххас дар шакли воқеӣ, дар пайвастагии кулли тарафҳои ҳаёти иҷтимоӣ дахл доштаи иқтисодӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ ва ғайраҳо омӯхта, таҳлил карда чун системаи тому ягона баён намуда, баҳо медиҳад. иқтисодшинос ва ё ҳуқуқшинос бошад, масалан, фақат масъалахои соф дахлдоштаи соҳаи худро (соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ) омӯхта, таҳлил карда нисбатан хулосае мебарорад, ки аз доираи тахассусиашон (соҳа) дур нестанд. Сотсиологҳо на ин ки ин ва ё он тарафи (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ) ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро, балки кулли ҷабҳаҳои ба ин соҳа вобаста ва пайваста бударо мавриди омӯзиш, таҳлил қарор дода, хулосаҳои ҷамъбасткунанда мебароранд. Сотсиолог бештар ба во қеияти зиндагии серпаҳлудошта сару кор дорад. Тарзу усул ҳои сотсиологии омӯзиш, таҳлили воқеият мушаххасанд (анкета, сӯҳбат, мушоҳида ва ғ…). Вобаста ба он ки кадом масоили иҷтимоӣ мавриди омӯзиши сотсиологӣ қарор дорад аз чунин тарзу усулҳ ои зикр ёфта истифода бурда мешавад. Барои ҳамин ҳам хулосаҳои ба даст овардаи намояндагони дигар илмҳо дастури амал ба ҳисоб мераванд. Масалан, иқтисодиётшинос ва дигарон барои баҳо додан ба вазъи соҳавиашон аз тарзу усул ва дастовезҳои сотсиологҳо васеъ истифода бурда, вазъи илмиашонро мустаҳкам менамоянд. Сотсиологҳо бошанд, вазъи идеологиро ом ӯхта истода, тамоми тарафҳои ба он марбутдоштаро, ки ба ҳаёти иҷтимоии мардум таъсир мерасонанд, муоина менамоянд. Яъне тарзу усули сотсиологии омӯзиши масъалаҳо хеле ҳам васеъ буда, тамоми тарафҳои (ҷиҳатҳои) ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологиро дар пуррагӣ фаро мегирад. Вале мушкилот ва мураккабии тадқиқоти алоҳидаи масъалаҳои алоҳид, аз ҷумла идеология аз он бар меояд, ки дар он (идеология, сиёсат – О.Ғ.) мақсаду мароми ҷиҳатҳои иқтисодӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ ва ғайраҳои иҷтимоии мардум баъзан кушоду равшан баён намеёбанд. Сотсиолог тавассути истифода аз тарзу усулҳои хосаи худ чунин ҷиҳатҳоро равшани меандозад.

Дуруст аст, ки дар илми сотсиология кайҳо боз мактабҳои гуногун, аз ҷумла мактаби равияи хосаи ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ бо номи “Сотсиология соҳаи идеология”, “Сотсиологияи ҳуқуқ”, ки проблемаҳои актуалии сотсиологии со ҳаи идеологи, ҳуқуқиро меомӯзад, амал дошта, тадқиқотчиёни ин соҳа, чи аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ ва чи аз чи ҳати амал ӣ (во қ еӣ) нати ҷагири ҳои зиёде ба даст меоваранд. Аз ин лиҳоз омӯхтани чунин дастовезҳо барои сотсиолог, мутахассисе, ки ҷанбаҳои идеологию ҳуқуқии ҷомеаро мақсаду мароми омӯзиши худ қарор додааст, аз фоида холи нест. Боиси қайд ҳам мебошад, ки ҳатто дар баъзс мактаб ҳо сотсиологияи соҳаи идеологӣ, сотсиология ҳуқуқ ва ғ… дигар чун фан ҳои махсус таълим дода мешаванд. Мақсад аз он ҳар чи бештар ва беҳтар намудани ҳаёти маънавии одамон, дурусту гуворо сохтану ташаккул додани афкору ақидаҳои гуногуни сиёсӣ буда, имконият фароҳам меояд, ки дар аҳли оламиён фаъолияти бисёртарафа ташаккул ёбанд. Дар даврае, ки ҷомеаи демократӣ бунёд шуда истодааст, маърифати сиёс ӣ пайдо кардан, ба во қеаҳои ба миён омада ба ҳ ои дурусти объективона додан, на ин ки барои роҳбарону муттасадиёни ин соҳа, балки барои ҳамаи равшанфикрон, аҳли фаъоли ҷомеа амри зарурист. Пас ом ӯтан, донистан, аз бар кардани донишҳои сотсиологии соҳаи идеологӣ вобаста ба талаботе, ки дар шароити имр ӯза ба миён омадаанд хеле ҳам муҳим гардида истодаанд. Агар 10—15 соли пешинро мо ба имруза муқоиса намоем хуб дида метавонем, ки майлу хо ҳиши кулли одамон, ҳатто шахсони оддӣ, ки ба сиёсату идеология на он қадар сару кор доштанд, вазифаеро дар ин соҳа ҳам дар ҷомеа ба ӯҳда надоранд, нисбати сиёсати имрӯзаи давлату давлатдорӣ, моҳияти қонунҳои қабул шудаи давлат, иҷроиши онҳо, сохти давлатдорӣ, фаъолияти ҳукумат, Маҷлиси олӣ, намояндагони халқ ва ғайраҳо баҳс мекунанд, фикру андешаҳоялшонро баён менамоянд, хеле зиёд шуда истодааст. Акнун ки мардуми зиёде ба ин со ҳаи ҳаёт ин қадар ҳисси таваҷҷӯҳ зоҳир карда истодаанд, мебоист ба он ҳо кумак расонид, то ин ки он ҳо нуқтаи ҳ ақи қии ҳаллу фасли муаммоҳои ба миён омадаро дурустар фаҳмида гиранд, муносибаташонро нисбати ҳаёт бошууронатар ба роҳ монанд.

Тафаккури сиёсии мардум бе шуб ҳа ба дигар ҷанбаҳои ҳаёти онҳо зич алоқаманд мебошад. Агар чунин тафаккур аз диди маърифат қарор гирад натиҷаҳо дар ҷомеаю ҷомеадор ӣ ҳамон қадар хубтар мешаванд.

Чи тавре маълум аст, тавассути дигаргунсозиҳои азими даврон, пеш гирифтани бунёди сохти нави ҷомеадорӣ, ба миён омадани тарзу усулҳои нав ба нави идораи ҷомеа, ташаккули муносибатҳои истеҳсолӣ, васеъ ривоҷ ёфтани шаклҳои мухталифи моликиятдор ӣ, демократигардонии фаъолияти мардум ва монанди онҳо як зумра проблемаҳои ҳаётан муҳими иқтисодию сиёсӣ, маънавию ахло қиро ба миён овардаанд. Дурустии ҳаллу фасли онҳо талаб менамояд, ки дар қатори истифодаи тарзу усулҳои дигар фаъолгардонии одамон, бедор сохтани онҳо нисбати талаботҳои рӯз, инчунин аз ҷиҳати сиёсӣ, идеологӣ омода сохтани мардум, алалхусус зиёиён, ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, то рафт аҳамияти бештаре пайдо менамоянд.

Дар ҷомеа зиндагй карда сиёсат, идеологияи онро дуруст нафаҳмидан пешравиеро ба даст даровардан имконнопазир аст.

Пӯшида нест, ки тезу тундшавии вазьият дар ҷомеа, ба миён омадани ҳар гуна гур ӯҳҳои сиёсӣ, авҷ гирифтани афкору ақидарониҳои идеологӣ, гузориши даъватҳою дархостҳо, таблиғи шиорҳои сиёсӣ бештар асосан аз коста шудани аҳволи иқтисодию и ҷтимоии мардум дарак меди ҳанд. Чунин вазъият нишонаи он аст, ки ҷомеа дар ин қисмат ба иллатҳои зиёде роҳ додааст. Дар ин ҷо мо ҳамоно алоқамандии бевоситаи сиёсию, идеологӣ ва иқтисодиёти давлату давлатдориро пай мебарем. Дар баъзе шиору даъватҳо, ки ба чашм мерасанд, асосан баҳодиҳиест ба фаъолияти давлату давлатдорон, сиёсати и қтисодию иҷтимоии ҷомеа нисбати мардум. Ба миён омадани чунин даъвату шиорҳо далели нишонаи суст шудани қувваю қудрати сиёсию идеолог ӣ дар ташкилу танзими иҷтимоиёти мардум мебошад. Давлате, ки сиёсат (бо маънои аслиаш) надошта бошад пояндадор шуда наметавонад. Вазъияти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, ки тавассути ҷанги гражданӣ чандинсоли петттин хеле ҳам вазнин гашта буд, одамони зиёдеро ба арсаи сиёсат оварда, водор месохт, ки ҳар чи тезтар буҳрони ба миён омада бартараф карда шавад, хубтар шуда истодааст. Дар ин ҷода агар қувваю дониши сиёсатмандон, ҳуқуқшиносон, сотсиологҳо, олимон, зиёиён, устодони касбу ҳунарҳои гуногун, роҳбарони масъулини давлатию ҷамъиятй, хуллас ҳамаи онҳое, ки дар ин ва ё он ҷода шахсони мутасаддӣ шуда кор мекунанд, ба одамони зиёде сару кор доранд, самаранок истифода бурда мешуданд, ҳамон қадар камбуди ҳои ҳоло ҳамҷон дошта бо тези ислоҳи худро меёфтанд. Маҳз ҳалли чунин масъалаҳо метавонанд (агар ки одамон аз сид қи дил, покви ҷдонона, дилсузона рафтор намоянд) ба “касали ҳои” руз тезтар даво бахшанд. Бо усули сотсиологӣ (анкета, суҳбат) муайян кардани сабаб ҳои ба амал омадаи мушкилотҳои сиёсию идеологии ҷомеа ва роҳҳои ҳар чи тезтар бартараф сохтани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Шояд бо истифодаи ташкил ва гузаронидани анкетаи сотсиологӣ ва ё сӯҳбатҳои хоса фикру ақидаҳои одамон нисбати ҳаёти сиёсӣ, вазъи идеологии ҷомеа равшантар аён карда шаванд. Набояд фаромӯш сохт, ки аз ҳамаи риштаҳои иҷтимоӣ дида соҳаи сиёсатшиносӣ, идеологӣ мураккабтар аст. Ҳақиқати ҳолро дар ин ҷода дуруст муайян кардан корест мехнатталаб. Дар ин ҷо ҳам таҷрибаи бой, ҳам қобилияти кордонӣ, ҳам ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ, фалсафӣ зарур аст. Донистани доираи масъала ҳои марбута ва моҳ ияти онҳоро пайваста муайян сохтан фаҳмиши чуқурро талаб менамояд.

Хурсандибахш аст, ки сотсиолог ҳ о ба ом ӯ зиши масъала ҳ ои гуногуни ҳ аёти иҷтимоии мардум солҳои зиёде сару кор доранд ва тавассути истифодаи тарзу усулҳои омӯзиши хосаи ин соҳаи басо муҳими ҷомеашиносӣ таҷрибаи бое ҳам ҳосил кардаанд. Сотсиологи сиёсатшинос бояд аз моҳияту мазмун ва маънои ҳар банду басти хусусияти сиёсӣ дошта хуб бохабар бошад. Дар омӯзиш, таҳлил ва хулосабарори ҳо фақат ба далелҳои амиқу равшан, ҳақиқати воқей такя намояд. Нагузорад, ки ҳатто масъалаи оддитарин ҳам фақат аз баҳри манфиатҳои кадоме аз гуруҳҳо, табақаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ҳаллу фасл гарданд. Объективона, аз диди ақли солим баҳо додан ба вазъияти ба миён омада, муайян сохтани тараф ҳои мухталифи соҳа аз рӯи усули аниқ, адолати иҷтимоӣ натиҷаи хуб мебахшад. Барои вай (сотсиолог—О.Ғ.) манфиату мароми халқу миллат, имрузу фардои ҳаёти онҳо, тақдири давлату давлатдор ӣ бояд дар ҷои аввал истад. Далел ҳоро на як бору ду бор, балки да ҳҳо маротиба

санҷида, хулосаи аниқ бароварданро асоси фаъолияти худ қарор диҳад. Сотсиолог бояд хуб сарфаҳм равад, ки асоси {мо ҳияти} фаъолияти корҳои идеологии муассиса, идора, корхона, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо, табақаҳои гуногун ва дигар органу ташкилотҳои дар ҷомеа амал доштаро чи ташкил меди ҳад, то кадом дараҷа онҳо ба идеологияи ҳукмрони ҷомеа мувофиқат мекунанд? Оё аз диди ҳақикат саъю кушишҳои онҳо ба талаботҳои сиёсату сиёсатдор ӣ ҷавоб дода метавонанд ё не? Проблема ҳо дар ин ҷо кам нестанд. Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқ бунёд, дунявию ягона дар ин ро ҳ боз даҳҳо, сад ҳ о муаммо ҳ ои нав ба навро ба миён хо ҳ ад овард. Ҳар чи васеъ ав ҷ гирифтани демократикунонии мамлакат, озодандешию озодфикрй, дар одамон бедоршавии афкору ақидаҳои дорои характери сиёсӣ доштаро метезонад. Чи тавре иттилоотҳо нишон медиҳанд, одамони синну соли гуногун, касбу корҳои ҳархела аз вазъияти ба миён омада

истифода бурда, баъзан ба маъною моҳияти масъала, масалан, ба демократия, ҳуқуқбунёд зуд сарфа ҳм нарафта, ҳар хел фикру андеша ронданашон аз гумон дур нест. Ба давлату давлатдорӣ ғалатҳои ҷойдоштаи сиёсиро пеш гузошта, ҳуқуқҳои сиёсиашонро ҳамаҷониба истифода кунанд ҳам, вале кулли одамон баъзан вазифаҳояшонро фаромӯш мекунанд ва ё ҳатто шояд донистан ҳам намехоҳанд. Кашмакаши ҳои сиёсӣ, муноқишаҳои идеологӣ, муборизаи байни тарафҳои бо ҳам зидди идеолог ӣ ҳамон вақт хуши ба хуши ҳаллу фасл

мегиранд, ки агар роҳҳои дурусту объективонаи гузашти тарафҳо баҳри мақсади ягона — ояндаи дурахшони ҷомеа, давлату давлатдор ӣ дарёфт

карда шаванд. Дар ин ҷода таҷрибаи талҳи аз ҳад зиёд идеологиякунонии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияту зиндагии мардуми давраи собиқ Шуравиро, ки яке аз сабабҳои шикасти он ҳам ҳамин вазъият гардид, чун сабақ омӯхта, таҳлил карда, хулосаҳои илмӣ бояд баровард. Набояд фаромӯш сохт, ки афкору ақидаҳои сиёсӣ дар хаёли мардум хеҷ гоҳ тасодуфан, нохост пайдо намешаванд Фикри он ки г ӯё онҳо ба дигар тарафҳои ҳ аёти и ҷтимоии одамон вобастагие надоранд, низ хато мебошад. Ҳаёти иҷтимоӣ бо тамоми тараф ҳои буду нобудаш, пухтагию хомаш, костагию ғаниаш ба тафаккури инсон таъсир расонида, дар шуури вай чун хулосаи а қли солим фикр ҳои ҷамъбастие пайдо мекунад, ки чунин хулосабарор ӣ аз ҳама бештар ба амали сиёсати давлат, идеологияи ҳукмрон буда марбут мебошад.

Дар системаи (сохтори) ҳаёти маънавии одамон мақоми ҷахонбинии сиёсию идеологӣ калон аст. Аз оне ки инсон ба сохти ҷомеаю ҷомеадорӣ, раванди ҳодисаю воқеаҳо чи тавр баҳои сиёсӣ дода метавонад, фаъолияти ҷамъиятиаш маълум мегардад. Дар болоравии фаъолияти сиёсии одамон, алалхусус равшанфикрон, бешуб ҳа як зумра омилҳои объективию субъективӣ таъсир расонида метавонанд. Омилҳои обективй (тарзи истеҳсолот ва вазъи инкишофи он, вазъи демограф ӣ, экологӣ, илму маърифат ва ғ…) ба омилҳои объективию субективӣ (майл, рағбат, завқ, хоҳиш, орзу, фаъолият ва ғ..,) бо ҳам ҷур шуда, ба ҳаёги иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Аз ин р ӯ, ба ҳар яке аз он ҳо баҳо дода тавонистан муҳим буда, онҳоро инкишоф додан боиси пешрафти корҳо хоҳанд гардид. Вазифаи му ҳ ими сотсиолог ҳо ҳам аз он иборат аст, ки чунин омилҳоро ёфта, бо тавсияои худ баҳри танзимгардонии ҳаёти осоиштаи одамон фикреро пешкаш намоянд.

Дар омодагии сиёсии ҷомеа мақоми маърифатнокии одамон ҳ амоно ҳ ис карда мешавад. Одамони бомаърифат моҳияти сиёсату сиёсатмадориро хубтар дарк карда, фаъолияташонро мақсаднок ба роҳ мемонанд. Аз оне, ки диалектикаи вобастагии онҳо то кадом дараҷа асоси ҳаллу фасли кулли проблемаҳо шуда метавонанд, далелҳои зиёди илмию фар ҳангӣ вуҷуд доранд. Бо вуҷуди чунин ягонагӣ, пайвастагию вобастагии ҷиҳатҳои сиёсй, илмию маърифатӣ ҳар кадоме доираи масъала ҳои хосаи худро доранд.

Чи тавре мебинем, демократикунии ҷомеа боиси ба миён омадани афкору ақидаҳои зиёде гардида истодааст. Набояд фаромӯш сохт, ки дар қафои ҳар кадоме аз афкору ақидаҳо гурӯҳҳои муайяни (табақаҳои) одамон истодаанд. Онҳо мақсад, маром, манфиатҳои иқтисодию сиёсӣ, ҳ у қ у қ ии маънавии худро ба воситаи чунин афкору ақидабаёнкуниҳо ба миён гузошта, баҳри амалӣ шудани орзӯҳои хеш мубориза мебаранд. Боиси қайд аст, ки ба ма қсади зиёд кардани тарафдорони гурӯҳҳо (табақаҳо) онҳо иттиҳодия, махфил, ҳизбу ячейкаҳои махсуси сиёсию иҷтимоиро созмон дода, аз ҷиҳати қонуни амалиёташонро асоснок менамоянд. Ҳамин аст, ки ҳоло дар ҷумдурии мо созмону гуруҳҳои зиёди сиёсӣ вуҷуд доранд ва дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири худро расонида истодаанд. Ҳар кадоме аз ин ҳизбҳои сиёсӣ низомномаи қонунии худро дошта, фаъолияташонро қатъиян аз рӯи он ба роҳ мемонанд. Намояндагони сершумори ин созмон ҳои сиёсӣ дар танзими идораи сиёсию ҳуқуқии ҷомеа, ҳаллу фасли муаммоҳои ба миён омадаи давлату давлатдор ӣ, хоҳ но хоҳ, ба ҳ ар роҳ (кушоду равшан, баъзан пинҳонӣ) таъсир мерасонанд. Хуш аст, ки ғояҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ахлоқию фарҳангии онҳо асосан манфиату мароми бештари хал қро ташкил меди ҳанд. Таъсири нуфузи чунин ҳизбҳо дар ҷомеа бараъло ҳис карда мешаванд. Сотсиологҳо бошанд бояд равшан маълум намоянд, ки тамоми тамоили фаъолияти онҳо чи гунаанд? Фақат бо чунин тарзу усул имконият пайдо мешавад, ки ваҳдати халқу миллатҳо то рафт дилпурона таъмин карда шуда, қувваю матонати онҳо баҳри таъмини пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии одамон равона гардад.

Сотсиологияи соҳаи сиёсат чун мактаби хосаи омӯзиши ҳаёти иҷтимоии ҷомеа масъалаҳои (вазифаҳои) худро дар асоси (ба назардошти) методологияи илмӣ, ки дар ин ҷода таҷрибаи хуби ҷаҳонӣ пайдо карда шудааст, ба ҷо меоварад. Сотсиологҳои соҳа раванди ҳодисаҳои сиёсӣ, таносуби пажуҳишҳои сиёсии ҷомеа, маърифату фарҳангӣ, сиёсии одамон, гурӯҳҳо, табақаҳо, ташаккулу фаъолияти онҳоро дар муносибат ба ҳаёти иҷтимоӣ омӯхта, таҳлил карда истода,хулосаҳо мебароранд.

Объекти тадқиқотиҳои сотсиологияи сиёсат ин асосан доираи афкору ақидаҳои (ҳаёти) сиёсии одамон, гурӯҳҳо, табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа, алоқамандӣ, пайвастагӣ, зиддиятнокӣ ва ба миён омадану инкишоф ёфтани майлу хоҳишҳои нав ба нави афкору ақидаҳои мардум дар ҷомеа мебошанд.

Предмети сотсиологии идеология бошад фаъолияти гуногуни сиёсии ташкилоту муассисаҳо, ҳизбу гурӯҳҳо, ҷанбаҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад. Ҷанбаҳои сиёсӣ, идеологӣ, ки мақоми умумӣ-назариявӣ, методологӣ, илмӣ, соҳавӣ ва фарҳангию ҷузъиро доранд, вобаста ба ҳамин зинаҳои (дараҷаҳои) омӯзиши онҳо низ фарқ мекунанд. Дар адабиёти ба ин масъалаҳо бахшида шуда асосан се зина: а/ Дараҷаи умуминазариявии омӯзиши масъала (ҳаёти сиёсии ҷомеа, таъсири вай ба муносибати умумии ҷомеаю ҷомеадорӣ): б/ дараҷаи пажуҳишгоҳҳои сиёсӣ, синфӣ (муносибатҳои сиёсие, ки дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд доранд, ба миён меоянд, ташаккул мешаванд): в/ дараҷаи таҷрибавӣ, эмпирикӣ (он муносибатҳо, манфиатҳои сиёсие, ки дар ҳаёти реалӣ, дар раванди зиндагии ҳаррӯза дар шууру рафтори одамон ба миён меоянд) ҷудо карда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки сотсиологҳои соҳаи сиёсат нисбати дигар мактабҳои мушаххаси сотсиологӣ дар иҷрои вазифаҳои ба миён омада фаъолтар буда, ҳар чи бештар серкоранд. Онҳо дар ин ҷода метавонанд аз тамоми тарзу усулҳои хосаи сотсиологӣ васеъ истифода баранд.

2. Мактаби сотсиологии ҳуқуқ ва доираҳои фаъолияти он.

Сотсиологияи соҳаи ҳуқуқ яке аз соҳаҳои муҳимтарини тадқиқотҳои илмии бахши иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯи моҳият, мақсад ва он вазифаҳое, ки ҳаллу фаслашон ба миён меоянд, дар таъмини пешрафти ҳаёти мардум, такмили тарафҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва умуман зисту зиндагии онҳо мақоми муҳимро мебозад. Сотсиологияи ҳуқуқӣ ҳанӯз дар давраҳои аввалини пайдоиши худ {мактаби сотсиологии ҳуқуқӣ дар миёнаи асри XIX дар Америка, Франсия ва ғайраҳо пайдо шуда буд), то имрӯз, тавассути бомуваффақият ба ҷо овардани вазифаҳои худ аз тарафи ҳамаи олимони ҷомеашинос, алалхусус ҳуқуқшиносон ва сотсиологҳои ҷаҳони шинохта шутааст. Вазифаҳои асоситарини ин мактаб асосан дар асоси ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ нисбати фаъолияти ҳуқуқӣ, давлатдорӣ, муайян сохтани мақоми системаи ҳуқуқӣ (ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ ва ғ.), танзими ҳуқуқии низоми одамон дар ҷомеа, таъмини мақсадноки рафтору кирдори онҳо нисбати иҷрои нормаҳои ҳуқуқӣ, муайян сохтани сарчашмаҳои иҷтимоии пайдоиш, қабул ва ба амал баровардани қонунҳо, зарурати ҳаётию эҷодии ин ва ё он соҳаи нормаи ҳуқуқ, вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ва самаранокии амали он дар зиндагӣ ва ғ., муайян сохтани мақоми қонунҳо дар ҷомеа, вазъи ҳуқуқии одамон бо ҳамин ба вазъи шуурнокии ҳуқуқии одамон, гурӯҳҳои (табақаҳои) гуногунро (одамони касбу кори гуногун, ҷавонон, зиёиён ва ғ…) дар ҷомеа: афкор, ақида, фикр, андешарониҳо ва баҳоҳои онҳоро нисбати қонунҳои амал карда истода равшанӣ андохтан мебошанд. Таносуби ахлоқ ва нормаҳои қонунгузорӣ, мантиқӣ дуруст ва ё нодурустии қонунҳои қабул карда шудаи органҳои қонунбарор нисбати талаботҳои объективию субъективии зиндагӣ, ки бояд моҳияти амали чунин қонунҳоро ифода намоянд нишон дода, раванди онҳоро таъмин мекунад. Масъалаҳои мақоми сиёсат, ҳуқуқ, идеология ва фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ, сабабҳои руҳ додани қонуншиканиҳо, ҳолати ҳимоя, ҳурмат ва эҳтироми нормаҳои ҳуқуқиро месанҷад Вазифаи ин мактаб инчунин ба танзим даровардани тартиботи ҳуқуқӣ дар байни омма, амиқ намудани дараҷаи фаҳмиши нормаҳои ҳуқуқӣ, муайян кардани ҳолати тайёрии касбии ҳуқуқшиносон, баҳо додан ба самараи ҷазоҳои пешбинишудаи системаи ҳуқуқӣ, таъсири ин ва ё он қонунҳои қабул шуда дар ислоҳи ахлоқ, дарки ҳисси масъулият, зарурати иҷро шудани нормаҳои ҳуқуқӣ, алоқамандӣ, вобастагии ҳолати иҷроиши қонунҳои меҳнатӣ дар коллективҳои меҳнатӣ, адолати судӣ ва ғайраҳо низ мебошанд. Албатта чунин вазифаҳоро сотсиологҳо ҳамеша дар ҳамкорӣ бо ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба иҷро расонда метавонанд. Мақсади асосии ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои соҳаи ҳуқуқ инчунин ин омӯхтан, таҳлил кардан ва хулоса баровардан нисбати вазъи ҳуқуқии ҷомеа ва вобаста ба он андешидани чораҳои мушаххас дар соҳа мебошад.

Доираи омӯзиши масоили сотсиологии ҳуқуқӣ (объект ва субъекти тадқиқот) хело ҳам васеъ буда, тамоми табақаҳои аҳолӣ, фаъолияти меҳнатӣ, корӣ, зиндагӣ, маишию маданӣ, оилаю оиладорӣ ва ғайраҳоро дар бар мегиранд. Ҳолати кунунии воқеаю ҳодисаҳоро омӯхта, таҳлил карда истода, бояд хулосаҳое бароварда шаванд, ки дар ҷомеа қонуну қонуният мустаҳкам гардад, эҳтироми софдилонаю бошууронаи омма нисбати қонунҳои вуҷуд дошта баланд шуда, онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳояшон аз диди талаботи қонун ҳидоят намоянд.

Тадқиқотҳои сотсиологӣ на ин ки фақат бо мақсади ислоҳи қонуншиканиҳо, инчунин барои пешгирии онҳо, яъне роҳ надодан ба вайрон кардани низоми ҳуқуқӣ низ гузаронида мешаванд.

test

Добавить комментарий