Мактабҳои сотсиологии демографи ва муҳитизист (экологи)

  1. Проблемаҳои сотсиологии соҳаи демографи (ба ҳиссобгирии аҳоли).

Демография, ки маънояш ба ҳисобгирии аҳолӣ (аз Юнонӣ— “демос”— халқ ва «графия»-идора гирифта шудааст) буда, қонуниятҳои тараққиёти ҳамаҷиҳатаи ба аҳолӣ дахл доштаро (сохтор, ҳодисот, афзоиш ва ғ…) меомӯзад, бори аввал аз ҷониби (мувофиқи иттилоотҳои таърихӣ ) олими франсӯз А.Гийар соли 1855 дар асараш “Унсурҳои статистикаи (оморӣ) аҳолӣ ё демографияи муқоисавӣ» истифода мешавад. Аммо демография ҳамчун илм ба ҷиҳатҳои иҷтимоии ҷомеа низ сару кор дорад. Зеро раванди тағйирёбии ин ҷабҳаро вобаста ба фаъолияти иҷтимоии одамон (гурӯҳҳо, коллективҳо, оила ва ғ…) муоина карда, таъсири онҳоро ба иқтисодиёт, сиёсат ва проблемаҳои муҳимтарини дигари ҳаётии одамонро аз он нишон медиҳад. Масалан, дар дохили ҷумҳурӣ (ноҳияю вилоятҳо, шаҳру деҳотҳо) шумораи аҳолӣ ба ваҷҳи

мигратсияи (ҷойивазкунии) аҳолӣ зиёд ва кам мешаванд. Чунин тағйирёбй албатта, ба дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ бе таъсир намемонад. Агар пешгӯиҳои демографӣ вазифаи муҳимтарини демографҳо бошанд ва тавассути чунин пешгуиҳо ҳаёти 20—30 соли ояндаро равшанӣ андозанд, сотсиологҳо вазъи таъсири мусбату манфии чунин пешгӯиҳои демографиро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ муайян карда метавонанд. Аз ин чунин бар меояд, ки демография ва сотсиология ду тарафи як масъала: ҳаёти инсон ва иҷтимоиёти онро чун раванди доимоинкишофёбанда омӯхта, дар якҷоягӣ баҳри танзими кулли масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илму маърифатӣ равона карда шудаанд . Дурусту мақсаднок интихоб кардани ҷои муқимии зисту зиндагй вобаста ба шароитҳои географӣ, сарҳадӣ, заминадорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо, ҷо ба ҷокунии аҳолӣ, таъмини муътадили ҷои кор, омӯзонидани касбу ҳунар, таъмини хизматрасонии тандурустӣ, илму маърифат, нақлиёт барин даҳҳо дигар ҷиҳатҳои ба аҳолӣ дахл дошта аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки илми демография пайваста мавриди омӯзиши доимии худ қарор додааст.

Маълум аст, ки шумораи одамон, зисту зиндагии онҳо дар ҷои муқимии ишғол кардаашон ҳамеша як хел намемонад. Тавассути сабабҳои объективию субъективии ба миён омада шумораи онҳо кам ва ё зиёд мешаванд, ҷои истеҳсолот ва фаъолияташон тағйир меёбад. Чунин равандҳо тез—тез рӯй медиҳанд. Ҳамаи онҳо бояд ҳамеша дар мадди назар бошанд. Вобаста ба тағйиротҳое, ки ба миён омаданашон аз гумон дур нест (зиёд шудани шумораи аҳолӣ, тағйир ёфтани ҷои кори онҳо, кам шудани аҳоли, бекор мондани ҷои кор, таъмини аҳолӣ бо кор ) бояд чораҳо андешид. идораи шуғли касбу кори одамон, зисту зиндагии онҳо, муҳайё сохтани фаъолияти корхонаҳою идора, ташкилоту муассисаҳои ба аҳолӣ хизматрасон ва монанди инҳо, ки аз ҷумлаи вазифаҳои илми демографӣ мебошад, бояд дар маркази диққат истанд.

Сотсиология чунин масъалаҳои иҷтимоиро дар пайвастагию вобастагии тамоми тарафҳои мансубдошта таҳлил карда, баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани кор дар ҳамаи самтҳо тавсияҳо медиҳад. Маълум месозад, ки дар ин ва ё он ноҳия, вилоят, умуман маркази аҳолинишин чи гуна проблемаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд (аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ нарасидани ҷои кор, танқисии ташкилоту муассисаҳои хизматрасони ва ғайраҳо) ва барои пешгирии муаммоҳои ба миён омада ва ё руҳдиҳанда чи чораҳо бояд андешид. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳолати мақсаднок ҷойгир кучонидани шумораи муайяни аҳолӣ (бо назардошти ҷои зист, таъмини ҷои кор, нуқтаҳои хизматрасонӣ, мактабу маориф ва ғайраҳо) иқтисодиёти ноҳия бурд карда, кулли муаммоҳои иҷтимоӣ аз байн бардошта хоҳанд шуд.

Оид ба ҷанбаҳои сотсиологии демографӣ сухан ронда, фарқияти кулли онро аз илми демография низ набояд фаромӯш сохт. Зеро баъзан чунин менамояд, ки гӯё демография ва сотсиология як масъаларо меомӯзанд. Вале агар чуқуртар назар кунем ҳамоно маълум мегардад, ки объекту субъектро, чи сотсиология ва чи демография аз диди (назари) худ меомӯзанд. Масалан, сотсиология сабабҳои иҷтимоии рух додани ҷанг, ба миён омадани нохушиҳо (шӯру ғавғо) ва ғайраҳоро дар назорати аз тарзи идораи давлату давлатдорӣ, гуруснагӣ, вайрон кардани ҳуқуқҳои сиёсию иҷтимоии одамон ва ғ… медонад. Демографҳо бошанд бо тарзу усули илмии (амалии) худ шумораи фавт шудагон, кам шудани аҳолӣ, таъсири чунин ҳолатҳоро ба ҷанбаҳои демографии ҷомеа ва ғайра муайян мекунанд. Дар якҷоягӣ, тавассути натиҷагирӣ аз тадқиқотҳои сотсиологӣ ва демографӣ масъалаҳои дигари ҳаётӣ низ ҳаллу фасл мешаванд.

Сотсиологҳо на ин ки фоиданокии ҷиҳатҳои иқтисодӣ {молию пулӣ), инчунин таъсири ҳар як чорабиниро ба иҷтимоиёт муайян мекунанд. Масалан, тайёр кардани мутахассисони маълумоти олиро гирем.

Соҳаи дигаре, ки сотсиология бештар ба он сару кор дорад ин омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориҳо нисбати муҳити зист (экология) ва алоқамандии он ба ҳаёти иҷтимоии мардум мебошад. Ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати инсон, шароити муьтадили зисту зиндагӣ ва фаъолияти беҳтар муҳайё намудан, то ҳадди имкон кумак расонидан ба одамони синну солашон гуногун, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумлаи маводҳои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлиле мебошанд, ки сотсиология соҳаи муҳити зист ба ӯҳда гирифтааст. Оқилонаю одилона ба роҳ мондани чунин самтҳои фаъолият дар ҷомеа аз диди илм зарурати таъмини пешрафти ҳаёт мебошанд. Дар қисмати идораи илмии муҳити зисти мардум сотсиологҳо масъалаҳоеро мавриди омӯзиш, таҳқиқу таҳлил ва хулосабарориҳо қарор медиҳанд, ки бе ҳаллу фасли мусбати онҳо ҷомеаро обод сохтан, тараққӣ додани ҳаёти мардум ғайри имкон аст. инсон ва табиат, инсон ва ҷомеа, инсон ва муҳити зист, муҳити табии ва иҷтимоӣ, алоқамандии (вобастагии) инсон ба муҳит, муҳити зист ва мақоми инсон дар он, омилҳои инсонӣ дар муътадилгардонии муҳит, идораи муҳити зист ва шуурнокии инсон, объект ва субъекти муҳити зист, ҷиҳатҳои объективй ва субъективй дар танзими муҳити зист, омилҳои фаъолгардонии инсон дар ташкилу танзими мақсадноки муҳити зист, мақоми таълим, тарбия, илм, маърйфат дар фаъолияти инсон ва боз даҳҳо дигар масъалаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки проблемаҳои муҳити зистро ташкил медиҳанд.Сотсиологҳо пайвастагии онҳоро муайян карда, тавсияҳо медиҳанд.

2.Нақши намояндагони мактаби сотсиологии «экологи» (муҳити

зист) дар ҳалли проблемаҳои соҳа.

Дуруст аст, ки табиат новобаста ба майлу хоҳиш, орзую умедҳои инсон хушию нохушиҳои зиёдеро ба миён меоварад (обхезӣ, заминҷунбӣ, вайроншудани боду ҳаво ва ғ…). Вале хурсандиовар он аст, ки нисбати чунин ҳодисаю воқеаҳо инсон хеҷ гоҳ бетарафӣ (бепарвоӣ) зоҳир накарда, то дараҷае, ки имкон дорад, баҳри бартараф сохтани онҳо мубориза мебарад. Аммо ҳодисаю воқеаҳоеро низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки рух додани онҳо бевосита ба худи инсон, ба дараҷаи ақлу тафаккур, ҳисси масъулиятшиносӣ, дарки зиндагӣ, маърифатнокии ӯ зич вобастагӣ доранд. Ҳаминаш ҳам тааҷубовар аст, ки аз вокеаю ҳодисаҳои ба таври табиӣ рух диҳанда дида баъзан руй додани ҳодисаҳои нохуш аз тарафи аҳли ҷомеа, худи одамон бештар ба чашм мерасанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд. Маҳз онҳо водор месозанд, ки аз ҳама бештар сари чунин масъалаҳо фикру андеша ронем. Бо истифодаи тарзу усулҳои гуногуни тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла сотсиологияи соҳа (омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмию ғайрирасмӣ, ки дар ин бора иттилооти амиқ дода метавонанд, сӯҳбат кардан ба онҳое, ки шоҳиди чунин воқеаҳо шудаанд, шиносои ба мавзеҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм, техника, санъат, фарҳанг, соҳаи табиатшикосӣ ва ғайраҳо) равшан бояд намуд, ки чаро, баҳри кадом мақсадҳои ғаразнок чунин ҳодисаҳо руҳ додаанд? Кадом аст роҳҳои пешгир намудани онхо? Оқибатҳои нохуши рух дода шуда чи қадар талафот, зарарҳои моддию маънавӣ расонидаанд?

Замин, инсон, муҳити табиат, иҷтимоёт—ҳамаи онҳо аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ҳаёти моро метавонанд (дар сурати хуб ташкил намудан) гуворо созанд. Риоя кардани талаботи ҳифзи табиат, боақлона ташкил намудани фаъолияти меҳнатӣ, оилаю оиладорӣ, таълиму тарбия, рӯхи хираду заковати умумибашарӣ, ба роҳ мондани ташаккули ҳамаҷонибаи одамон, ҳар чи бештар дар ин ҷода ба илм такя кардан, аз таҷрибаи ба даст овардаи таърихи ҷаҳонӣ баҳрамандона истифода бурдан, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, тарзи ташкил демократияи давлату давлатдорӣ, сулҳу амнияти халқу миллатҳо, дӯстию ҳамкории беғаразонаи давлатҳо, аз хазинаи табиат оқилона истифода бурдан ва даҳҳо ҷиҳатҳои дигареро мисол овардан мумкин аст, ки фақат боиси танзими хуби муҳити зист ва осудагии ҳаёти мардум хоҳанд гардид. Дар беҳшавии ҳамаи ин масъалаҳо бешубҳа сотсиологҳо ҳамеша бояд кӯмак расонанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.