Мактабҳои сотсиологии фарҳангшиноси, таъмини сулҳу амният ва ваҳдати милли

1.Моҳият, мазмун ва фаҳмиши илмии фарҳанг.

Ба омӯзиши сотсиологияи фарҳанг шурӯь карда, мо вориди бойтарину бонуфузтарини ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ, тарафҳои гуногуну мураккабтарини фаъолияти одамон, гурӯҳҳо, табақа ва синфу ҳизбҳои дар ҷомеа амал карда истода мешавем, ки мислашро дарёфт кардан ғайри имкон аст. Кор, зиндагии одамон, системаи истеҳсолоту истеъмолот, вазъи иқтисодӣ, илмию техникии он, муносибатҳои иҷтимоӣ, системаи идора, корбарӣ, соҳаи системаи сиёсӣ, идеологӣ, маънавй, маърифатй, оилаю оиладорй, интихоби касбу ҳунар, манфиатҳои моддӣ, маънавӣ, дараҷаи маҳорат, қобилият, истеъдод, завқу шавқ, вазъи ахлоқ, одоб, рафтор, кирдор, гуфтор, пиндор, саъю кӯшиш, ҳаракат ва ғайраҳо аз ҷумлаи он фаъолиятҳоянд, ки мазмуну моҳият ва сохтори фарҳангии одамонро ифода мекунанд.

Надонистан ва беаҳамиятӣ зоҳир кардан ба чунин нишонаҳои фарҳангӣ боиси каҷфаҳмиҳо нисбати инсону ҷомеа, ҳаёти иҷтимоии одамон гардида, касро аз дарки ҳақиқати зиндагӣ дур месозад. Маҳз ҳамин мураккабӣ, серчабҳагии паҳлӯҳои мухталифи фарҳангй мебошанд, ки таърифи мушаххасу аниқро нисбати фаҳмиши илмию назариявии он баён сохтан то хол дар адабиётҳои ба ин соҳа бахшида шуда имкон нагардидааст. Аз ин рӯ, вақте ки мо ба сарчашмаҳои бою фаровони ба соҳаи фарҳанг (маданият) бахшида шуда менигарем, ҳамоно дида метавонем, ки муҳаққиқон ҳар кадоме аз рӯи фаҳмиши худ маъною мазмуни фарҳангӣ (маданият)-ро баён кардаанд. Агар ҳамаи онҳоро ба тарзи муайяне ҷо ба ҷо гузорем тахминан зиёда аз 150 таърифотро дида метавонем.

Дуруст аст, ки маданият таърифи уневерсалӣ надорад. Бо вуҷуди ҳамаи гуногунрангиҳо дар фаҳмиши маданият бояд ба яке аз нуқтаи муҳими методологие диққат дода шавад, ки дар он аз бисёр ҷиҳат маъною мазмун ва моҳияти фарҳангӣ (маданият) пурратар ифода ёфта бошад.

Тазаккур бояд дод, ки мавзӯи фарҳангшиносӣ барои сотсиология нав набуда, баъзе масъалаҳои он ҳанӯз аз миёнаи асри ХУШ мавриди таҳқиқ қарор ёфта буданд. Мафҳуми сотсиологияи маданиятро, масалан, иҷтимоиётшиноси Аврупоӣ М.Адлер ба кор бурда, оид ба баъзе тарафҳои он тадқиқотҳо гузаронида буд. М. Адлер чунин мешуморид, ки мавзӯи омӯзиши сотсиологияи фарҳанг (маданият) ин таҳқиқу таҳлили омилҳои иҷтимоӣ, таъсиррасонии онҳо ба муносибатҳои гуногуни фарҳангӣ, муайян намудани арзишҳои (қимматҳои) умумибашарии фарҳангӣ дар системаи ҳаёти маънавию иҷтимоии омма, нуфузи ин ва ё он шакли фаъолияти фарҳангӣ ба давраи амалиёти нормаҳои иҷтимоӣ, муносибатҳои гуногуни одамон дар ҷомеа мебошад. Аммо чунин таърифи М.Адлер аз ҷониби дигар ҷомеашиносон, аз ҷумла Л. Уайт, дастгирӣ наёфта, боиси ба миён омадани фикру ақидаҳои дигар мешаванд. Сабаби асосӣ дар он буд, ки дар Европаи

Ғарбӣ мафҳумҳои «ҷомеа», ва “маданият” ҳаммаъно (синоним) истифода мешуданд ва аз ин хусус тадқиқотчиёни соҳаи фарҳангӣ (маданият) ба ҷудо кардану дар алоҳидагӣ фаҳмидани мафҳумҳои зикр ёфта зид баромада буданд. Л.Уайт, масалан, чунин меҳисобид, ки сотсиологияи маданият ин як қисми риштаҳои ҳаёти иҷтимоӣ буда, маданияту сотсиология, ки ҳаёти иҷтимоиро меомӯзанд, чун ҳаммаъно ҷудонашавандаанд, онҳоро ҳамчун қисмҳои таркибии соҳа набояд ҷудо кард. Ҳамчунон боз дигар фикру андешаҳои мухталифу зиддиятнокро низ пайдо кардан мумкин аст, ки ҳатто баъзеи онҳо то ба дараҷаи таъсис додани равияҳои (мактабҳои) хосаи худ ҳам расидаанд.

2.Фарҳанг ва қисматҳои сотсиологии омузиши он.

Фарҳангшиносӣ низ илм аст. илмест чун илмҳои дигар, алалхусус илмҳои ҷомеашиносӣ. Вай кайҳост, ки мавзӯи хосаи омӯзиши худро дарёфт кардааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки сотсиологияи фарҳанг ҷабҳаи (шоха, мактаб, равия, қисми таркиби) асоситарини сотсиология ба ҳисоб рафта, мавзӯи муайяни омӯзиши худро дорад. Алоқамандии сотсиологияи фарҳанг ва умуман сотсиологияи маданӣ дар он зоҳир меёбад, ки масъалаҳои ҳаёти маданӣ бо ҳаёти иҷтимоӣ ҷӯр шуда, дар алоқамандӣ ва пайвастагӣ баъзе ҷиҳатҳои моҳияти ҳаёти инсониро ифода мекунанд. Ҳаёти инсонӣ, ташкилу ташаккули тарафҳои мухталифи он, ки аз дараҷаи камолоти маънавии худи инсон зич вобастагӣ дорад, маъною моҳияти маданиятро низ ифода мекунад. Ҳатто худи одам ҳам натиҷагирии маданият аст. Маданият ин як нав лаҳзаест, ки тамоми мавҷудоти олам ба воситаи он ба одам наздик (дастрас) мешавад. Маданият ин усули эҷодии ҳаёти шахс дар зиндагӣ (ҷамъиятӣ) маҳорат, қобилият, рафтори муайяни одамист. Маданият ин санъат аст, санъатест, ки бо эҷоди худ касро дар ҳайрат мемонад. Фаъолияти инсон, натиҷагирӣ аз он ташаккулёбӣ, маъною мазмуни маданиятро бой гардонида, доираи фаҳмиши ӯро нисбати табиат, ҷомеа, нисбати байни якдигарии одамон (гурӯҳҳо) мукаммал менамояд. инсоният одатан маданиятро маҷмӯи сарватҳои моддию маънавӣ, ҳамчун тарзҳои офаридаи инсон, маҳорату қобилият, бахши таъмини пешрафти инсоният, истифода кардани санъати идора, аз насл ба насл гузаронида тавонистани тамоми боигариҳои (сарватҳои) офаридашударо қабул намудааст ва ташаккул медиҳад.

Сотсиологияи фарҳангшиносӣ аз чунин муаммоҳои фалсафии ҳаёт хулосаҳои зарурии илмӣ бароварда, бо истифодаи аз тарзи усулҳои мушаххаси тадқиқоти он ҷиҳатҳо, тарафҳои фарҳангии ҷомеаро мавриди омӯзиш, таҳлил ва таркиб қарор медиҳад, ки таъсирашон ба ҳаёти иҷтимоӣ бештар ба чашм мерасанд.

Боиси тазаккур аст, ки фарҳанг на ин ки маъною мазмуни фалсафӣ дораду фақат таҳлили фалсафиро металабад. Вай ҳамчунон он қисматҳоеро низ фаро гирифтааст, ки таҳлили дигар фанҳоэ аз ҷумла сотсиологияро низ талаб менамояд. Адабиёти сотсиологии фарҳангшиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар муаммоҳои ин соҳа проблемаҳои соф сотсиологӣ кам нестанд. Чи тавре ки зикрашон рафт, ягон соҳаи ҳаёти инсониро дарёфт кардан мумкин нест, ки он бе алоқамандӣ ба маданияту фарҳанг ривоҷ дошта бошад. Сотсиология, ки асосан ба омӯзишу таҳлил, хулосабарориҳои фаъолияти иҷтимоии ҷомеа сару кор дорад, чунин масъалаҳоро дар робита ба ҳаёти иҷтимоии одамон (гурӯҳҳо) омӯхта, пайвастагию вобастагии тарафайни онҳоро муайян менамояд. Аз бозе, ки ҷомеаи инсонӣ пайдо шудааст ва то оне ки вуҷуд дорад, ҷанбаҳои соҳаи фарҳангӣ, алоқаю пайвастагии онҳо ба иҷтимоиёти мардум амал хоҳанд намуд.

Вобаста ба он қисматҳои нишон дода шуда чунин равияҳои (самтҳои) асосии тадқиқотҳои сотсиологии фарҳангшиносиро ташкил ва тараққй додан мумкин аст:

а/. Дар соҳаи маданияти моддӣ: омӯзиш, таҳқиқу таҳлили фаъолияти меҳнатии одамон, шарту шароитҳои кори онҳо; Ташкили кор ва тақсимоти меҳнат, интихоби касбу ҳунар, идораи самтҳои гуногунсоҳаи фаъолияти меҳнатии одамон ва ғ…

б/. Дар соҳаи маданияти сиёсӣ: омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи вазъи сиёсию идеологӣ, ҳуқуқию маърифатии одамон, таъсири онҳо ба ташкили ҳаёти иҷтимоӣ, низомии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, раванди демократиконии идораи ҷомеа, тарзу усули ба ҳалли масъалаҳои давлатӣ бештар ҷалб кардани одамон, мақоми ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа, омилҳои таъсиррасон дар ташаккули маданияти сиёсию ҳуқуқии одамон ва ғ….

в/. Дар соҳаи маданияти иқтисодӣ: омӯзиш ва таҳлили дараҷаи фарҳангии (маърифатии) иқтисодии одамон ва мардум, фишангҳои баланд

бардоштани шуурнокӣ ва маданиятнокии одамон дар ташкил ва такомули ҳаёти иқтисодӣ, дар одамон парваридани хислатҳои нави хоҷагидорӣ, ба самти иқтисодӣ бозаргонӣ равона сохтани фаъолияти онҳо, омодагии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ғ…

г/. Дар соҳаи ҳаёти маънавӣ: омӯзиш ва таҳқиқи шаклҳои гуногуни ҳаёти маьнавии одамон, муайян сохтани вазъи маънавиёти онҳо дар ҷомеа, мавқеи муассисаҳои фарҳангӣ дар инкишофи ҳаёти маънавии аъзоёни ҷомеа, омилҳои таъсиррасонӣ ва пешбурди шаклҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ, диалектикаи ҳаёти маънавй-моддй—илмй—техникӣ ва фаъолияти иҷтимоии одамон ва ғ..

Мақсаду мароми тарзу усулҳои тадқиқоти сотсиологии соҳа асосан ба фаъолгардонии инсон, мақсаднок ташкил карда тавонистани ҳаёти фарҳангию иҷтимоии онҳо равона карда шудаанд.

Мақсад ва мароми омӯзиши сотсиологии соҳаи фарҳанг низ ҳамчунон муайян сохтани вазъи кунунии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти фарҳангию иҷтимоии одамон, гурӯҳҳо, табақаҳо мебошанд. Тавассути чунин тадқиқот таъсири ҳаёти гузаштаи фарҳангиро дар ҳаёти иҷтимоӣ нишон додан, тамоили ояндаи қисматҳои зисту зиндагии мардумро то ҳадди имкон равшан кардан асос мегардад.

З.Вазифаҳои мактаби сотсиологияи таъмини сулҳу амният

ва ваҳдати миллӣ.

Дар дунё давлатҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳар кадоме аз онҳо дорои системаҳои муайяну хосаи идоракунии сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодии худро қабул кардаанд ва дар асоси он амал менамоянд. Онҳо (давлатҳои ҷаҳон -О.Ғ.) субъектҳои мустақилу соҳибистиқлоланд. Дар қабули Қонуни Асоси (Конститутсияҳояшон) ва дигар санаҳои ҳуқуқии иқтисодӣ, идеологӣ, системаи таълимии худ метавонанд озодона амал намоянд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ягон давлати ҷаҳон, ҳатто бузургтарини он наметавонад, ки бе ба назардошти дигар давлатҳо, алалхусус ҳамсояҳои дуру наздики худ чи тавре, ки хоҳад ҳамон хел амал кунад. Пӯшида нест, ки ягон давлат, дар кадом зинаи тараққиёте, ки набошад ҳеҷ гоҳ, дар ягон давру замон, сад ба сад, аз уҳдаи пурра каноат кунонидани талаботи моддию маънавии халқу миллати худ баромада тавонад. Ғайр аз ин, ҳар як давлат албатта, дар ҳамсоягӣ бо дигар давлатҳо амал дорад. Чунин ҳамсоягиро одатан зарурати табий (табиат) — хатҳои дарёҳо, баҳру уқёнус, кайҳон, роҳҳои наклиёт ва ғайраҳо ба миён мегузорад. Боз бисёр дигар омилҳои (сабабҳои) характери объектквию субъективӣ доштаро номбар кардан мумкин аст, ки зарурати пайдо шудану инкишоф додани муносибатҳои гуногуни давлату давлатдории ҷомеаро талаб мекунанд. Маҳз ҳамин зарурати таърихӣ водор месозад, ки усулҳои муҳимтарини алоқаҳои тарафайни давлатҳои системаҳояшон (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ) гуногун кор карда шуда, танзими одиланаю оқилонаи байни онҳо аз диди ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин карда шавад. Чунин муносибатҳоро илмҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалӣ омӯхта, таҳлил карда, вобаста ба вазъи ба миён омада ва ё вуҷуд доштаи идоркунии ҷабҳаҳои мухталифи давлатҳоро низом мебахшад. Мактабҳои гуногуни сотсиологияи омӯзиши байналмилалӣ низ пеш аз ҳама ҳаминро ифода менамоянд. Хурсандибахш аст, ки сотсиологҳои омӯзиши муносибатҳои байналмилалӣ дар давоми чанд соли фаъолияти мутахассисони соҳа ба як зумра муваффақиятҳои илмию методӣ, тадқиқотию амалӣ ноил гардида, дар орому осоиштагии мардуми ҷаҳон ҳиссаи босазое мегузоранд. Муносибати байни давлатҳо гуногун буда, зина ба зина, давра ба давра инкишоф меёбад. Робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ, ҳуқуқӣ, дипломатӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣ ва боз чанде дигар намудҳо аз ҷумлаи ҷиҳатҳое мебошанд, ки моҳият, мақсад ва тарзу усули алоқаҳои тарафайни мамлакатҳои гуногунро дар арсаи байналмилалӣ муайян месозанд. Чунин муносибатҳо вобаста ба шароити таърихӣ, вазъи иқтисодию сиёсӣ, идеологию ҳуқуқӣ, дипломатӣ давра ба давра тағйир меёбанд. Муносибатҳои байналмилалӣ чун ифодакунандаи манфиатҳои субективии онҳо (муносибатҳо —О.Ғ.) бештар ба омилҳои субъективӣ (майлу рағбати роҳбарони давлату ҳукуматҳо, руҳ додани кадом як воқеа ва ё ҳодисаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва ғ…) такя карда тағйир меёбанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки чунин ҳолатҳо

пешаки омӯхта шуда, то хадди имкон рух додани онҳо пешгир карда шаванд. Ба кадоме аз ҷанбаҳои ба муносибатҳои байналмилалӣ дахл дошта: ҷанг ва сулх, тиҷорат, сиёсат, идеология, илму фарҳанг, тайёр кардани мутахассисон, истифодаи боигариҳои табиӣ, муҳити зист, демография, миллӣ, синфӣ, ҳизбӣ, риштаҳои дипломатӣ, сохтмон, таъмини нозу неъматҳои моддию маънавӣ нанигарем ҳатман дида метавонем, ки дар онҳо майлу рағбат, мақсаду маром, хоҳишу орзӯ ва дигар ҷиҳатҳои иҷтимоии одамон, гуруҳҳо, коллективҳо, ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, давлату давлатдории ҳукуматдорон ифода ёфтаатд. идораи илмии чунин ҳодисаҳои иҷтимоӣ, аз назари илм ҳаллу фасл кардан, ба танзим даровардани онҳо барои намояндагони (субектҳои) муносибатҳои байкалмилалӣ аҳамияти ҳаматарафа доранд. Аз рӯи адолат аз диди ҳақиқати объективӣ дарёфт намудани роҳҳои ҳалли ҳар кадоме аз муаммоҳои ба миён омада имкон медаҳанд, ки риштаҳои алоқаи тарафайни давлат ва халқу миллатҳои гуногун устувор гарданд.

Ҷомеа дар тараққиёт аст. Вазъи қувваҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ НиЗ тағйир ёфта, таъсир байни ҳамдигарашон бештар мегардад. Асри XXI асре бояд гардад, ки ҳар чи бештар орзую умеди инсонӣ будани одамон ҷомаи амал пӯшад. Сотсиологҳо аз истифодаи тарзу усулҳои сотсиологӣ: анкета, мушоҳида, сӯҳбат, шиносоии бевосита ба вазъи ҳол, омӯхтани ҳуҷҷатҳо ба кулли проблемаҳои ба миён омада илман бояд ҷавоб гардонанд. Хуб мешуд, ки омӯзиши сотсиологии проблемаҳо доираи васеи иштироки сотсиологҳои ҷаҳонро фаро мегирифт. Зеро, омӯхтани онҳо ҳар чи бештар ба нафъи ҷомеа, инкишофи илму фарҳанг, таъмини сулҳу амният, ташаккулу тафаккури аҳли оламиён омода мегардад.

test

Добавить комментарий