Ҷанбаҳои (соҳаи) сотсиологияи амалӣ

1.Методология ва методикаи (усули) омузиш, таҳлил ва
хулосагирӣ аз объект ва предмети тадқиқот.

Объекти тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳаёти мушаххаси ҳодисаҳое мебошанд, ки тарафҳои гуногуни фаъолияти шахсони алоҳида, коллектив, гурӯҳҳоро ифода менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки ҳамаи ҳодисаю воқеаҳо сабабҳои асосӣ ва ғайриасосӣ, заминаҳои моддию маънавӣ ва воқеии ба амал омадани худро доранд. Вазифаи асосии сотсиология низ аз он иборат аст, ки ба чунин проблемаҳо аз диди илм равшанӣ андозад. Чунин вазифаро фақат ДАР асоси методологияи ягонаи илмӣ, назарияҳои амиқи ҳаётӣ ва усули муайяни тадқиқотӣ ҳал кардан мумкин асту халос. Методология ба метод, яъне ба маҷмӯи услубҳои муайяни назариявӣ ва амалӣ такя намуда, дар омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи масъалаҳои вуҷуд дошта кумак мерасонад. Фалсафа чун ҷаҳонбиниӣ мақоми олӣ дошта ва ҳамчун методологияи илмӣ дар омӯзишу таҳлили олами чунин ҳодисаю воқеаҳо хизмат мерасонад. Моҳияти асосии онро бошад материализми диалектикӣ ташкил медиҳад. Сотсиология чун дигар илмҳо ба ҷаҳонбинии фалсафӣ такя карда, ҳаёти воқеаиву, (амалан) мушаххасро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор медиҳад.

Принсипҳои асосии методологии тадқиқотии сотсиологй чунинанд:

  1. Аз рӯи (объективияти) вокеъбинона рафтор намудан нисбат ба ҳаллу фасл ва интихоби объект, субъект ва предмети тадқиқот;
  2. Ҳодисаҳои иҷтимоии ҷомеаро дар пайвастагӣ, ягонагӣ, мутаносиби омӯхтан ва таҳлил кардан;
  3. Ба ҷанбаҳои ба миён омада холисона муносибат доштан;
  4. Ҳодисаю воқеаҳоро дар ҳаракат, тағйирёбй, дигаргуншавӣ, гузариш, қатъшавӣ, инкори куҳна ва зухури нав мавриди баррасию таҳлил қарор додан ва ғ…

Амалия ва назария вазифаҳои методологии худро дошта, баҳри мақсади муайяне хизмат мекунанд. Чи тавре ки маълум гардид, се зинаи методологии донишҳои сотсиологй вуҷуд дорад: Зинаи болоӣ —фалсафа, зинаи мобайнӣ — сотсиологияи назариявӣ, зинаи поёнӣ—донишҳои алоҳидаи (соҳавии) сотсиологӣ. Боиси тазаккур аст, ки фалсафа чун илми назариявию методологӣ барои ҳамаи илмҳо, аз ҷумла сотсиология, хизмат менамояд. Дар навбати худ мактабҳои сотсиологӣ ҳар кадоме вобаста ба самт ва ҳудуди фаъолияташон дорои донишҳои махсуси иҷтимоӣ мебошанд. Барои ҳар тадқиқотчӣ, кадом масъалаеро ки мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор надиҳад, зарур аст, ки ба маъною моҳияти он хуб сарфаҳм равад, дониста гирад, ки масъалаи тадқиқотшаванда чи гуна проблемаҳо мегузорад ва решаи ҳалли асосии он проблемаҳо дар чист? Агар дар омӯзиши масъалаҳои мушаххас методологияи дуруст интихоб карда шавад ва тарзу усули (техникаи) тадқиқоти мувофиқ ояд, кор бо муваффақият анҷом хоҳад ёфт. Барои тадқиқотчӣ пешакӣ бояд равшан маълум бошад, ки ҳадафи ӯ аз ин тадқиқот дар чи аст? Натиҷагарӣ аз он чи гуна истисноҳоро ҳал мекунад. интихоби кадом усули мушаххаси тадқиқоти сотсиологӣ (анкета, саволу ҷавоб, мушоҳида ва ғ.) аҳамияти муҳимро мебозанд ва ғ.

Ҷанбаҳои тадқиқшаванда тарафҳои зиёде доранд. Дар ҳар кадоме аз ин тарафҳо риштаҳои устувору ноустувор, асосӣ ва ғайриасосӣ, ҷиҳатҳои муҳим ва “номуҳим” барин даҳҳо, шояд чунин «ришта”-ҳои аёну ноайён, ошкорою пинҳон, ба чашм маълуму номаълум ҷой гирифта бошанд. Муҳаққиқ бояд ба ҳамаи чунин ҷиҳатҳо аҳамият дода истода, мебоист барои ҳалли масъалаи тадқиқшаванда чизҳои барои худ даркориашро муайян созад.

Ба ин мақсад дар сотсиология, алалхусус қисмати амалии он, давраҳои ташкил ва иҷрои тадқиқотҳои сотсиологӣ кор карда баромада шудаанд ва боиси қайд мебошад, ки чунин тарзу усули методологӣ афзалиятнокии худро аллакай дар амал исбот кардааст.

2.Банақшагирии ташкил ва гузаронидани тадқиқот.

Дар аксари адабиёти сотсиологии нисбати ин масъала бахшида шуда асосан чунин давраҳо: тайёрӣ, ташкилӣ, корҳои саҳроӣ (омӯзиши

объективии тадқиқот), ба даст даровардани далелҳои зарурӣ, ҷо ба ҷо гузоштани далелҳо, кор ба далелҳои (ҳуҷҷатҳои) ҷамъ шуда ва ҷамъбасти натиҷаҳо маълуманд. Баъзан давраҳои тадқиқоти амалии сотсиологиро ба тайёрӣ дар ташкил ва гузаронидани тадқиқот, тадқиқоти санҷишӣ, гузаронидани тадқиқот, кор кардани натиҷаҳои ба даст овардашуда тақсим карда мешаванд. Дар ҳар кадоме аз ин давраҳо силсилаи тадбирҳои мушаххаси илмию назариявӣ ва амалӣ андешида шуда, онҳо барои ташкил ва гузаронидани тадқиқот омода карда мешаванд. Мисол гирем, зинаи аввали ташкил ва иҷрои тадқиқот – давраи тайёрии онро. Дар ин зина одатан интихоби мавзӯъ, муайян намудани қисматҳои объектҳои тадқиқотӣ, таҳррезии барномаи корӣ, тайёр намудани дастурҳои тадқиқотӣ, воситаҳои истифодабарӣ дар раванди гузаронидани тадқиқотӣ, ташкили гуруҳҳои корӣ, муайян сохтани вазифаҳои мушаххаси онҳо, маблағгузорӣ, вақту муҳлати гузаронидани тадқиқот ва ғайраҳо ҳаллу фасл меёбанд.

Давраи минбаъда аз ташкили корӣ бевосита дар объектҳои тадқиқоти (коллектив, гурӯҳ ва ғ.), шиносоии бевоита ба вазъи кунунии объект, ба роҳбарони объектҳои тадқиқотӣ иборат мебошад. Шиносоии онҳо ба вазъи кунунии объект, ба роҳбарони объектҳои тадқиқотӣ (коллективҳои меҳнатӣ: завод, фабрика, муассиса ва ғайраҳо), фаҳмонида додани мақсад, вазифаи гузаронидани тадқиқот, аҳамиятнокии (фоидабахш будани) тадқиқот, ҳамкории тарафҳо дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо, ташкили лексияҳо, суҳбатҳо, нисбати фаҳмондадиҳии тарзу усули гузаронидани тадқиқот ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Қадами дигари ташкил ва гузаронидани тадқиқот ин тартиб додани нақшаи гузаронидани он мебошад. Нақшаи мушаххаси вақту соати ташкил ва гузаронидани тадқиқот, ҳаҷми корҳои иҷрошаванда бояд реалӣ ва қатьӣ нишон дода шуда бошанд. Вақте ки мувофиқи нақша корҳо ба анҷом расонида мешаванд давраи дигари ташкил ва гузаронидани тадқиқот — кор карда баромадани далелҳо, омӯхтани ҳуҷҷатҳои ба даст даровардашуда шурӯъ мегардад. Мувофиқи нишондоди (нақшаи) пешакии ташкили (ба ҷо овардани) тадқиқот ҳуҷҷату далелҳое, ки аз ин ва ё он тарзу усули сотсиологӣ ( анкета, сӯҳбат, мушоҳида ва ғ…) ба даст дароварда шудаанд ё ба воситаи мошинҳои ҳисоббарорӣ (ЭВМ) ва ё дастӣ кор карда баромадани онҳо дар шакли муайян ба система дароварда мешаванд, нишон дода мешаванд.

Баъди дар пуррагӣ кор карда баромадани далелҳо (ҳуҷҷатҳо) зинаи ба расмият даровардани натиҷаҳои ҷамъбастӣ, яъне тартиб додани корҳои хаттӣ: хулосаҳо, таклифҳо, пешгӯиҳо ба миён меоянд. Дар ин қисмат муайян карда мешавад, ки то кадом дараҷа масъалаҳои гузошта шудаи тадқиқот муаммоҳои ба миён омада ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Натиҷаҳо дар шакли ҳисобот, хулосабарориҳои илмӣ, иттилоотӣ, тавсияномаҳо, дархостҳо, пешниҳодотҳо, маърӯза, дастнавис ва ғайра бо тартиби муайяни мантиқан гирд оварда мешаванд. Чунин натиҷагирии ҷамъбасти мумкин аст нисбати ҳар кадоме аз қисматҳои ҷудогонаи тадқиқот алоҳида – алоҳида тартиб дода шаванд. Ҳисоботҳои тартиб дода шуда ба онҳое дастрас гардонида мешаванд, ки чунин вазифаро дар назди сотсиологҳо гузошта буданд. Одатан аз натиҷаи ҳисобот бо баробари ҷамъбаст ёфтани тадқиқот дар яке аз ҷаласаҳои сершумори коллективи меҳнатие, ки чун объекти тадқиқоти интихоб шуда буд, ба маълумоти аъзоёни он баррасӣ карда мешавад. Мумкин аст, ки аз руи натиҷаи ҳисобот конфронсия баргузор гардад, китоб ва ё мақолае интишор карда шавад.

Дар ташкил ва иҷрои тадқиқотҳои сотсиологӣ равшанӣ андохтан, баҳои илмӣ додаи ба вазъи (мақоми) паҳлӯҳои объективӣ ва субъекттивии объектҳои тадқиқотшаванда аҳамияти илмӣ— назариявӣ ва ҳам амалӣ доранд.

Чи тавре маълум аст, сотсиолог бештар ба фаъолияти одамон сару кор дорад. Дар баробари омӯхтан, таҳлил намудан, баҳо додан ба шароити кор, ҳолатҳои илмӣ-техникӣ, моддию истеҳсолотӣ, музди кор, фишангҳои дигар: иқтисодию иҷтимоӣ ва афкору ақида, майлу рағбат, хоҳишу дархост, ҳисси таваҷҷуҳ ва ғайраҳои одамон оид ба омилҳои дар боло зикр шуда низ бояд аҳамият диҳад. Маҳз бо истифодаи тарзу усулҳои сотсиологии тадқиқот (саволу ҷавоб, сӯҳбат, мушоҳида, пурсу пос) масалан, бисёр ҷиҳатҳои ташкили меҳнат ва вазъи истеҳсолот аз ҷониби касбу кори гуногун маълум карда мешаванд.

З.Барномасозии тадқиқот ва қисматҳои асосии он.

Барномаи ташкил ва гузаронидани тадқиқот аз ҷумлаи ҳуҷҷати муҳимтарин ба ҳисоб рафта, вобаста ба он ки вай то кадом дараҷа, чӣ аз ҷиҳати илмию назариявӣ ва чӣ аз ҷиҳати ба даст таровардани мақсадхои хеш, дуруст ва ё нодуруст сохта шудааст, ҳамон қадар афзалиятнокии худро нишон дода метавонад. Дар барнома бояд масъалаҳои тадқиқшаванда равшан баён ёбанд. Вай бояд ба саволҳои: Гузаронидани тадқиқот бо кадом мақсад? Баҳри кӣ? Барои чӣ? Чӣ тавр? Бо истифодаи кадом тарзу усули сотсиологӣ ба даст даровардани иттилоотҳои зарурӣ имкон вуҷуд дорад? Объект, предмети тадқиқотшаванда кадомҳоянд? Чаро маҳз зарурати ташкил ва иҷрои чунин тадқиқот ба миён омад? Дар инкишофу такоммули назария ва амалия чунин муаммоҳо тадқиқот чи мебахшад? Ва ғайраҳо ҷавобҳои амиқу мушаххас даҳад. Барои чунин мақсадҳоро соҳиб гаштан албатта меҳнату заҳмати зиёдеро ба харҷ додан лозим меояд. Пеш аз тартиб додани барнома нисбати масъалаҳои омухташаванда маълумоти кофӣ доштан лозим аст. Лоиҳаи тахминии пешакии барнома, тарзу усули ба даст даровардани ҳучҷат, далелҳои зарурӣ ва ғайраҳо бояд фикр карда баромада шаванд. Баъди он ки масъалагузориҳо боварибахшона аён гардиданд барномаи амиқу мушаххаси ташкил ва иҷрои тадқиқотиро тартиб додан имкон мегардад. Набояд фаромӯш сохт, ки тақдири тамоми қисматҳои кор ба мазмуннокии барнома вобастагӣ дорад. Асоснок кардани мавзӯи тадқиқот, объекту предмети он, қисматҳои ҷудогонаи мавзӯъ ба нишон додани тарзу усулҳои тадқиқотӣ, интихоби тарзу усул кор, масъалагузорӣ (пешбиниҳо) ва дарёфти роҳҳои санҷишу амиқ гардонидани онҳо, мантиқи ҷо ба ҷо гузории қисматҳои асосии тадқиқот, пайдарҳамии иҷроиши кор, сари вақт истифодаи ҳар кадоме аз дастурҳои лозимӣ ва дигар ҷиҳатҳои ба ташкил ва иҷрои тадқиқот дахл дошта аҳамиятнокии худро ҳамоно нишон медиҳанд. Аз ин хотир барномаи ташкил ва гузаронидани тадқиқот бояд тамоми чиҳатҳои фаъолиятро: назариявӣ, методологӣ, техникӣ-илмӣ, истифодаи тарзу усули тадқиқот ва ғайраҳоро дар назар дошта бошад. Барнома ин роҳнамо мебошад. Вақте, ки роҳнамо дуруст, бе хато омодаи кор бошад, натиҷагирй низ ҳамон қадар хубтар хоҳад гардид. Тартиб додани барнома, чи тавре мебинем, кори саҳл набуда, дониш, малака, таҷрибаи зиёдеро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ба накшагирии он на ҳар кас ҷуръат менамояд. Фақат маҳсулиятнокии баланд, дониши хуби касбӣ, ки таҷрибаи чандинсолаи корӣ, зеҳни хуб дошта метавонад муваффақияти корро таъмин намояд. Агар барнома дар ҳақиқат ҳам пухта, мақсаднок, аз ҷиҳати илмӣ—назариявӣ, методологӣ ва интихоби тарзу усули тадқиқотӣ ба тартиб дароварда шуда бошад вай метавонад чандин солҳо паи ҳам хизмат расонад. Ҳамин аст, ки одатан барномаҳои тадқиқотиро мутахассисони соҳибтаҷриба, ҳатто гурӯҳҳо, колективҳои пажуҳишгоҳҳои илмӣ—тадқиқотии соҳавӣ таҳррезӣ карда, роҳбарӣ менамоянд.

Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ асосан аз ду қисм: — Методологӣ (назариявӣ) ва амалӣ (ташкили қисматҳои корӣ) иборат мебошад. ин қисматҳо яке дигареро пурқувват намуда, дар якҷоягӣ тамоми ҷиҳатҳои ташкил ва иҷрои тадқиқотро ба сомон расонида метавонанд.

Дар қисмати методологӣ чунин масъалаҳо ба нақша гирифта мешаванд: таърифи мавзӯъ, муайян сохтани ҷанбаҳои тадқиқотӣ, предмет, объект, мақсад ва вазифаҳои тадқиқот, равшани андохтан ба он мафҳумҳо, ибораҳои илмию назариявие, ки дар тадқиқот истифода мешаванд, пешбиниҳои (пешгуиҳои) масъалаҳои ба миён омада, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо. Дар қисмати амалӣ (фаъолияти кори) бошад ҳаҷми кор, интихоби объектҳои бевоситаи тадқиқотшаванда, техникаи ҳисоббарорӣ, маблағгузорӣ, вақту соати гузаронидани чорабиниҳо, шумораи тадқиқотшавандагон, навиштани ҳисоботи ҷамъбастӣ ва ғайраҳо нишон дода мешаванд. Қисмати муҳимтарини методологии барномаи тадқиқотиро муайян сохтани предмети (мавзӯи) тадқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз он ки дар ҳақиқат ҳам мавзӯи интихоб карда шуда то кадом дараҷа проблемавӣ мебошад ва аз ҳалли ҷанбаҳои ба миён омадаи он то чӣ андоза пешрафти кор (истеҳсолӣ, вазъияти зисту зиндагӣ, шароити меҳнат, вазъи психологӣ ва ғ…)-ро таъмин хоҳанд намуд, натиҷаи ояндаи ташкил ва иҷрои тадқиқот муайян мегардад. Агар нисбати мавзӯи интихоб шуда проблемаҳо на он қадар маълум бошанд, мақсаду мароми ташкил ва иҷрои тадқиқот равшан набошад, он гоҳ тадқиқот хеҷ гоҳ ба касе ҳам фоида оварда наметавонад. Баръакс, чунин тарзи муносибат боиси рух додани зарари моддию маънавй гаштанаш аз гумон дур нест. Пас, пеш аз он ки барнома таҳрезӣ ёбад проблема бояд муайян бошад. Маълум сохтан лозим аст, ки дар раванди ташкил ва иҷрои тадқиқот асосан кадом вазифаҳои мушаххаси илмӣ-назариявӣ (методологӣ) ва ё амалӣ бояд ҳаллу фасл гарданд. Вазифаҳо вобаста ба проблемаҳои ба миён омада метавонанд гуногунмақом бошанд (дар доираи як корхона, дар доираи як маҳал, дар миқёси ҷумҳурӣ ва ғ…). Новобаста ба ҳалли ҳар кадоме аз вазифаҳо ба тадқиқотчиён лозим аст, ки оид ба вазъи кунунии онҳо малумоти муфассали илмӣ-назариявӣ дошта бошанд. Онҳо мебоист хуб донанд, ки аз доираи проблемаҳои ба миён омада кадом қисматҳо баҳсталабанд ва чӣ тавр онҳоро ҳаллу фасл намудан имкон дорад. Масъалаҳои ҷудогонаи фардиро, ки ба миён омадааст, ҳал карда истода, алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии онҳоро бо дигар тарафҳои кулли проблема набояд фаромуш сохт. Зеро хар як проблемаи хурду калонро фақат дар назардошти диалектикии тарафҳои он омӯхта, таҳлил карда, хулоса баровардан имкон асту халос.

Дар таҳррезии барнома аниқ намудани объект ва предмети тадқиқот мақоми муҳимро дорад. Одатан ба объекти тадқиқоти сотсиологӣ фаъолияти гуногунмақомдоштаи одамон, вазъи ишғолкардаи онҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеа, аҳволу авзои иҷтимоии гурӯҳҳо, табақаҳо, инсонҳо, одамони алоҳида, шарту шароите, ки фаъолияти одамон, коллективҳои (гурӯҳҳои) меҳнати мақомот доранд, дохил мешаванд. Дар навбати худ ҳар кадоме аз тарафҳои фаъолияти инсон, чӣ дар дохили коллектив (гурӯҳ) ва чӣ берун аз он, нишонаҳои фардӣ (зан, мард), касбӣ (коргар, колхозчӣ, интеллигенсия), ноҳиявӣ (маҳал), этникӣ ва ғайраҳоро дорост. Дар ташкил ва иҷрои тадқиқоти сотсиологӣ ба назару эътибор гирифтани онҳо зарур мебошанд. Объекти тадқиқоти сотсиологӣ дар шаклҳои: умумӣ (мамлакат, ноиҳа), махсус (коллективҳои меҳнатӣ) ва фардӣ (коргарон, оила ва ғ.) зоҳир мешаванд. Ҳолатҳои алоҳидаро (фардиро) омӯхта ба воситаи ҳолатҳои махсус қонуниятҳои умумӣ, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ амал доранд, муайян карда мешаванд. Дар ин ҷо албатта мақоми масъалаҳои тадқиқшаванда роли муҳимро мебозад.

Предмети тадқиқоти сотсиологӣ ин ҳамон ҷиҳатҳои (риштаҳои пайваста) мушаххаси объект мебошад, ки мавриди омӯзиш қарор

гирифтааст. Тарафҳои ҷудогонаи (алоҳидаи) объект чун предмети омӯзиш интихоб шуда, дар ҷамъулҷамъи кулли муаммоҳои ба обьект дахл дошта ҳаллу фасл меёбанд.

  1. Дурнамосозии сотсиологй аз натиҷаҳои тадқиқот.

Дурнамоӣ роҳи беҳтарини санҷиш ва хулосабарориҳо аз рафти тадқиқот ба ҳисоб меравад. Дурнамоӣ бояд тарзе мақом гирад, ки ба ҳаллу фасли ҳам ҷиҳатҳои баҳсноки илмӣ—назариявӣ ва ҳам ба такмили қисматҳои амалӣ кӯмак расонад. Дурнамоӣ, ки аз маълумоти кофӣ доштан нисбати объект ва предмети омӯзиш ба миён меояд, бояд характери илмиро дошта бошад. Дурнамоӣ ҳамон вақт пайдо мешавад, ки кадоме аз тарафҳои объект ва предмети омӯхташаванда ноаёнанд, сади роҳи ҳаллу фасли кадоме аз муаммоҳо гаштааст ва тадқиқотчӣ ба воситаи пешбинии худ роҳҳои ҳалли ояндаи масъаларо пеш мегузорад. Маълум аст, ки асоси ташкил ва иҷрои тадқиқоти сотсиологй ин таҳлили далелҳои (ҳодисаю воқеаҳои) гуногуни иҷтимоӣ мебошад. Далелҳои гуногунро таҳқиқу таҳлил карда истода, сотсиолог ба мушкилие вохурданаш аз гумон дур нест. Масьалаҳоро ҳал карда истода, дар калом қисмате, ки ин ва ё он муаммо пайдо мешавад, бояд онро ҳал намуд. Чӣ тавр? Бо кадом роҳ? Ба ин саволҳо сотсиолог бояд ҷавоб дарёбад. Ба ӯ лозим меояд, ки аз руи донишҳои назариявию идмии ҳосил кардааш нисбати кушоиши муаммо пешгӯие кунад. Дурнамоиашро дар амалия санҷида, шояд боз дурнамоии наве пайдо намояд. Маҳз дар чунин диалектикаи истифодаи назария (пешбинӣ) ва санҷиши амалӣ ҳақиқат кушода мешавад. Аз рӯи характер, моҳият, мазмуннокиашон дурнамоиҳо (пешгӯиҳо) метавонанд: илмӣ, тадбиқӣ, аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа, асосӣ ва ғайриасосӣ шаванд. Намудҳои дурнамоӣ аз объект ва предмети таҳқиқшаванда вобастагии зич доранд. Масалан, ба ҷумлаи дурнамоиҳои асосӣ чунин пешгуиҳое дохил мешаванд, ки масъалаҳои муҳимтарини ҷанбаи омӯхташавандаро дар бар мегиранд. Барои он ки дурнамоӣ исбот гардад вай мебоист ҳамаҷиҳата омӯхта, таҳлил ёбад. Яъне ҳар як дурнамоӣ аз ҷиҳати илмӣ бояд сарчашмаи исботи худро дошта бошад. Вай набояд мухолифи вазъияти ба амал омада гардад. Баръакс, вай чун воситаи кушоиши гиреҳи ба миён омада хизмат расонад. Дурнамоӣ мебоист амиқ, равшан, фаҳмо, асоснок бошад. Азбаски масъалаҳои бахсталаб хеле ҳам бисёранд дурнамоиҳо низ метавонанд, чӣ аз ҷиҳати моҳият ва мазмун ва чӣ аз ҷиҳати характерашон гуногун мақом бошанд. Ба миён омадани дурнамоӣ нишонаи он аст, ки муаммоҳо дар объект ва предмети тадқиқшаванда басо васеъ вуҷуд доранд ва онҳо бояд зина ба зина ҳаллу фасл гарданд. Дар тадқиқотҳои сотсиологӣ, чун дар дигар илмҳо, мақоми дурнамоиҳо бузурганд. Дар асоси онҳо муаммоҳо ҳаллу фасл гардида, таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ муттасилан давом хоҳад ёфт, Тарз ва усули санҷиш ва амали сохтани дурнамоиҳо гуногунанд. Ҳар кадоме вобаста ба истифодабарии тарзу усул ва моҳияташон муносибати хосаи тадқиқотро талаб менамояд. Санҷиши онҳо ба воситаи тарзу усулҳои гуногуни мушаххаси сотсиологӣ (анкета, муқоиса, сӯҳбат, мушоҳида, мукотиба ва ғ.) ба ҷо оварда мешаванд. Асоси сотсиологии санҷиши дурустию нодурустии дурнамоиҳои ба миён гузошта шуда ин амалияи инсон, фаъолияти ҷамъиятию меҳнатии ӯ мебошад. Тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологй ба он нигаронида шудаанд, ки дар раванди интихоби объект ва предмети тадқиқотӣ ҷиҳатҳои номаълум, вале зарур гаштаю баргашта таҳлил карда шуда, ҳарчи бештар онҳо ҳаллу фасли худро дарёбанд. Дурнамоиҳое низ ҳастанд, ки кулли ҷанбаҳоро ташкил медиҳанд. Ҷанбаҳои ҳал наёфта бошанд одатан дурнамоиҳои навро ба миён меоваранд ва ин сотсиологҳоро хеҷ гоҳ на бояд ором гузорад. Мақсади асосии ташкил ва иҷрои тадқиқоти сотсиологй низ ҳамеша равшанӣ андохтан ба муаммоҳои мавҷуда ва ҷавоб дарёфтан ба пешгӯиҳо, исботи дурнамоиҳои гузошта шуда мебошанд.

test

Добавить комментарий