Шунаванда кист ва ҳадафи ӯ чист?

 

Инсон дар иртибот бо дигарон ҳамеша ду нақшро иҷро мекунад. Яке сухангуй ва дигаре шунаванда (сомеъ). Шахс дар баробари он ки сухан мегуяд, бояд ҳарфи дигаронро низ шунавад. Ҳар яки ин нақшҳо ҳадду андозаи худро дорад. Ба қавли мардум: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад».

Шунаванда, ки дар ҷаласаву маҳфилҳо фарди асосӣ ба шумор меравад, бояд худро барои шунидани матлаби суханвар омода созад. Дидагони муштоқи шунавандагон ҳаяҷону эҳсосе, ки аз таъсири сухан бар чеҳраашон намоён мешавад, муҳимтарин ва беҳтарин мужда барои суханвар аст. Шунаванда аз сухани нотиқу Гуянда он чиро мехоҳаду интизор аст, аз гуфтори суханвар дарёбад. Ҷаласаи нутқ мактаби иршоду истифода ва мубодилаи афкор аст. Бояд шунаванда дар андешаи баҳрабардорӣ ва касби донишу таҷриба бошад. Ҳеч касро наметавон маҷбуран ба шунидани он чи нотиқ мегуяд, водошт. Танҳо шури қалб, тамоюли ботинӣ ҳозиронро ба суханвар мепайвандад ва роҳи баҳрабардориро мекушояд.

Дарвоқеъ, равиши гуфтор, арзи афкор ва матлабе, ки бар забон ҷорӣ мешавад (лаҳни баён, зеру бам, садои бомавқеъ, басират, мавқеъшиносиву дарбаргирии мавзуъ) ба шунаванда таъсири мусбат боқӣ мегузорад ва нақши муфиди ин байтро наметавон инкор кард:

Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Вале акси ин матлаб ҳам дуруст аст, яъне агар барои касе ҳарфи суханвар бефарқ ва ҳаваси у ба ҷойҳои дигар мутаваҷҷеҳ бошад ва ё бо ҷанҷолу арбадаи бемаънӣ хотири дигаронро барҳам занад, аз у ба гуфтаи Шайх Саъдӣ бояд амал намуд:

Фаҳми сухан гар накунад мустамеъ,

Қуввати табъ аз мутакаллим мацуй.

Фусҳати майдони иродат биёр,

То бизанад марди сухангуй, гуй.

Касе, ки битавонад мақсади худро дилписанду дурусту мафҳум адо кунад, оҳанги садоро ба таносуби мавзуъ баланду паст созад, гоҳе эҳсосоте нишон диҳад ва пайваста барои андешаҳои худ ифодаҳои муносиб ба кор барад, бешак, суханвар аст. Чунин афрод дар байни мардум мақому манзилати волое доранд ва хоҳу нохоҳ ба онҳо тақлиду пайравӣ мекунед. Ва баръакс, шунаванда аз суханваре, ки дорои маълумоти кофӣ несту гуфтораш дуруст шунидаву адо намешавад, дурӣ меҷуяд ва атояшро ба лиқояш мебахшад.

Бинобар ин, шунавандаро лозим аст, ки дар маҷлису маҳфили сухангуйӣ бо таваҷҷуҳ ҳозир шавад, ба суханвар имкон бидиҳад, ки суханашро ҳамон тавре ки мехоҳад, баён намояд. Пас, маълум мешавад, ки нукта ё нукоти бадеъ ва тозае суханвар барои шунаванда ироа намудааст ё на. Ин амал аз фарҳанги инсондустии шунаванда ва одобу ахлоқи у гувоҳӣ медиҳад.

ОЗАРДУХТИ ЗАНДӣ

ГУЛ

Гуле сурхи зебо ва ваҳшӣ буд, лабони хандон ва диле пурмеҳр дошт, дар баробари насими баҳорӣ оҳиста ба худ замзама мекард:

-Эй насими тароватбахши баҳорӣ, барои чӣ шодобу шодон бошам, ту бо қатраҳои осмонӣ шабнами маро навозиш мекунӣ ва мехоҳӣ, ки руҳи маро ба нишот орӣ, вале ғофилӣ, ки замони пажмурдагӣ ва афсурдагии ман расида, боди хазон ба зудӣ баргҳои маро хоҳад пажмурд ва ба атроф хоҳад пароканд. Ва замоне дигар парвонаҳои зебое, ки маро ба шодобӣ ва дилфиребӣ шинохта буданд, дар ин дашти пурхасу хошок бо дидагони худ маро ҷустуҷу хоҳанд намуд? Вале аз ман ҷуз тудаи барге хушкида чизе нахоҳанд ёфт.

Чун шаб бар ин дашту саҳро соя бифканад ва бод бар руйи ин алафҳо бигзарад, тароват ва атри вуҷуди ман ба дунболи он хоҳад буд….

Эй насими баҳорӣ, баъд аз ман ҳар бомдод, ки бар фарози ин дашт ва саҳро вазидӣ, ба ёд ор он рузҳоеро, ки ман дар ин дара табассум менамудам ва атр меафшондам. Сипас ба гури кучаки ман, ки алафҳо ва сабзаҳои атрофи он аз вазиши ту ларзон аст, назаре биандоз.

Шаби завол фаро расид, гули зебо бо нолаи пасте, ки аз даруни дили ғамзадааш илҳом мегирифт, мегуфт: Эй бод, лаҳзае хомуш бош, бигузор садои ман дар ин дашт ва саҳро бипечад ва парвонаҳои зебое, ки маҳбуб ва маликаи дилҳояшон будам, садои маро бишнаванд ва қабл аз заволи ман лаҳзае маро бубинанд.

Эй маликаи шаб, бар фарози ин дашт соя бияфкан. Эй ситорагони фурузон, ба дашт бингаред, то партави шумо дустони маро ба назди ман раҳнамоӣ кунад.

Эй парвонаҳои кучак, ман дар зери ҳамон хасу хошоки биёбон ва дар зери ҳамон ситорагони фурузон ва дар сояи ҳамон алафҳои ларзон ва биёбонӣ қарор дорам.

Хазони зард уро даррабуд. Парвонаҳои сафед ҳамоне ки бар фарози у расиданд, бар мазораш ашк бориданд ва ҳангоми бозгашт болҳошон ёрои ҳаракат надоштанд ва ҳамагӣ бо худ мегуфтанд:

Ин гули ваҳшӣ бар хилофи ҳама моҳруён дили пурмеҳр ва отифа дошт, моро бисёр дуст медошт. Ҳар бомдод чашм ба ин дашт медухт ва интизории моро мекашид.

Ва ҳангоми бозгашт ҳамагӣ мегуфтанд: Гули ваҳшӣ маҳбуби мо буд ва хоҳад буд..

Баҳорон пайиҳам меоянд ва мегузаранд ва гулҳои бешумор дар дашту саҳро меруянд, вале мо ҳеч вақт маҳбуби худро дар миёни онҳо намеёбем. Дар дунё дигар гуле ба зебоии сурхгули ваҳшии мо нахоҳад омад ва сурхгули ваҳшӣ барои ҳамеша маликаи гулҳо буда ва маҳбуби дили мо мебошад.

Зебоии маҳбуби моро хазон даррабурд, вале оё меҳру отифа ва вафои у ҳам аз хотири мо фаромуш мешавад? Зеборуён фаровонанд ва ҳар руз ҳазорон гули зебо дар боғу бустон меруянд, вале афсус, ки ҳеч яке меҳру отифа ва сафову вафои маҳбуби моро надоранд, зеро ки зебоии у бар дили мо ҳукумат намекард ва танҳо қалби поки мову меҳрубони у буд, ки уро маҳбуби дилҳо карда буд.

ДАР АДАБ

Ҳар кӣ дар у сирати неку бувад,

Одамӣ аз одамиён у бувад,

Некии мардум на накуруйӣ аст,

Хуйи наку мояи некуӣ аст.

Адаб сиёнати (муҳофизат) нафс аст аз қавли нописандида ва феъли носутуда, худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан. Обруйи худу дигарон нарехтан.

Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамеи аҳвол ва ақвол роҳи рост дошта бошӣ. Адаб аз ҳама кас неку мемонад, хусусан, аз мулуки ҷаҳондор ва салотини бузургвор, ҳар гоҳ эшон бар ҷодаи адаб истиқомат варзанд, мулозимони эшонро низ риояти адаб лозим бошад. Пас, улуми мамлакат мунтазам гардад ва дар масолеҳи аҳли олам вақфи ҳикмат муҳайё шавад.

Акобир гуфтаанд: беҳтарин сармоя ва хуштарин пирояи мурод одамро таҳсили адаб аст. Дар ахбор омада, ки султони Миср бо подшоҳи Рум тарҳи мувосилат андохта, духтари уро аз баҳри писари худ хутба кард ва ҳам духтари худро дар аҳди никоҳи вай даровард. Сабаби ин вусулат расулу расоил аз ҷонибайн мутавосил гашт ва бо тифоқи ин ду соҳибдавлат ҳар ду мулк бо якдигар оростагӣ пазируфт ва дар умури куллӣ ва ҷузъӣ муроҷиат барои якдигар намудӣ ва бе машварату тадбири ҳам дар ҳеч муҳим шуруъ нафармуданд. Рузе малики Миср ба қайсари Рум пайғом фиристод, ки писарон зубдаи ҳаёт ва умдаи зиндагониянд ва номи мо баъд аз вафот ҷуз ба ҳаёти эшон боқӣ намемонад:

Зиндааст касе, ки дар диёраш,

Монад халафе ба ёдгораш.

Пас, ҳиммат бар интизоми ҳол ва фориғболии эшон масруф бояд дошт ва инони иноят ба тарафи ҷамъият ва вусъати маишати эшон маътуф (омода сохтан) бояд сохт ва ман ба ҳикмати писари худ чандин захираҳо ва бар даҳ дастур обу замин муҳайё кардам. Аз он тараф ройи ҷаҳонорои он ҳазрат дар ҳусни эҳтиром бо ҳоли писари худ чӣ иқтизод будааст?

Чун ин пайғом ба самъи қайсар расид, табассум карду гуфт: «Мол ёри бевафо ва маҳбуби нопойдор аст. Аз у ҳисобе набояд гуфт ва ба матлаи фанни он фирефта набояд, шуд. Ман писари худро ба ҳимояи адаб биёростам ва хазинаҳои макорими ахлоқ барои у захира ниҳодам. Мол дар маърази фанову завол аст. Адаб эмин аз тағйиру интиқол». Чун ин хабар ба мулки Араб расид, гуфт: «Рост мегуяд».

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.

Бузургон накарданд парвои мол,

Ки амволро ҳаст рузе завол.

Имон суйи илму адаб тофтанд,

Ки номи наку аз адаб ёфтанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.