Ҳунари сухан гуфтан

 

Шайх Саъдӣ дустонро ба се навъ тақсим намудааст:

Дило, ёрон се қисманд, ар бидонӣ,

Забонианду нонианду ҷонӣ,

Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш!

Навозиш кун ба ёрони забонӣ!

Валекин ёри ҷониро ба даст ор!

Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, ар метавонӣ.

Пас аз таъмини саломатӣ ва дарёфти дустони ҷонию рафиқони нонӣ, омили дигари хушбахтӣ муносибати наку, суҳбати гуворо, пеш овардани каломи зебост, ки боиси бо риштаҳои ногусастанӣ ин дустиро пайванди қавӣ додан аст. Огаҳ ва ҳушёр бошед, ки як сухани хато ва беҷову бемаврид гоҳе миёни дустон ҷудоӣ меандозад. Дар ин бобат Абдулқодири Бедил барҳақ фармуда:

Бетамизиҳои мардум дар сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад,, расво шавад.

Ё ба ҳамин маънӣ дар осори Соиб омада:

Дар сухан гуфтан хатои ҷоҳилон пайдо шавад,

Тир каҷ чун аз камон берун равад, расво шавад.

Вақте Искандар барои фатҳи мамлакатҳо сафар мекунад, дар аснои сафар дар ақсои Мағриб ба шаҳре мерасад, ки боду ҳавои мусоид дошт. Насими он дар сафо аз доғи субҳгоҳӣ муаттар ва пурсафотар буд. Оби зулол ва шаффофаш гуё аз чашми чашмаи ҳайвон мерехт, бустонҳояш чун фирдавс ва дарахтонаш монанди хулди барин, яъне биҳиштосо буданд. Искандар бифармуд, то дар он ҷо таваққуф намоянд ва бо ҷамъе хосон дар ноҳияҳои атрофи он сайру гашт мекард ва аз накҳати бустонҳою нафосати майдонҳои он ҷо тааҷҷуб менамуд. Ногаҳ ба қабристони он ҷо расид, дид бар гуре навиштаанд, ки умри соҳибаш як сол буд ва бар болои дигаре навиштаанд, ки умри соҳибаш панҷ сол буд. Ҳарчанд, ки ҷустуҷу кард, умри касеро надид, ки ба даҳ расида бошад, аз ин ҳол дар ҳайрат афтоду гуфт:

– Чунон гумон барам, ки дар чунин обу ҳаво тағйири фано сурат бандад ва худ дар ин шаҳр умри мардум кутоҳтар аст.

Бифиристод то аъёну мардони машҳури шаҳрро ҳозир карданд ва аз сирри он маънӣ бипурсид. Онҳо баъд аз мадҳу дуои хайр дар ҳаққи Искандар, гуфтанд, ки умри зиёд он миқдор аст, ки дар суҳбати олимон, ҳакимон, адибон ва зарифон бигузаронанд ва ҳар он чи дар ғайри онҳо сарф шавад, онро зоеъ шуморанд ва ба эътибор нагиранд. Пас ҳар касе аз мо даргузарад, ҳамон миқдор замонро ҳисоб кунанд ва дар қабри у нависанд. Ин сухан бағоят ба Искандар писандид омад. Баъд аз он ҳакимони замон ва зарифони ҷаҳонро ҷамъ карда, пайваста ба онҳо суҳбат медошт.

Одами оқил ва аҳли адабу фарҳанг на танҳо дорои ин гавҳари нодир, балки шогирди мактаб, як фарди ҳалим ва одии имруз ҳам агар аз каломи зебо ва лафзи ширину гуворо бархурдор бошад, ба чӣ миқдор тану руҳи хеш ва дигаронро ҳузуру ҳаловат ва оромӣ ато менамояд. Дар ҳаққи чунин шахсон мегуянд: «хушсухан аст», «боодоб аст», «зираку оқил аст».

Донистан ва азбар кардани каломи зебо худ як ҳунар аст. Бигузор ин саньату ҳунар бошад, вале сабаб чист, ки аз ин ҳунари воло гуруҳе бархурдоранду дигарон не? Оё ин ҳунар қуллаи дастнорас аст? Оё ин санъату истеъдоди модарзодист?

Барои донистани каломи бадеъ, сухандониву хушгуфторӣ чиҳоро бояд омухту донист?

Пушида нест, ки аз байни ҳамсинфон ё ҳамкурсон низ шахсони наздики худро пайдо кардаед. Онҳо аз кадом ҷиҳат ба шумо писанд афтодаанд? Шояд аз ҷиҳати лутфу меҳрубонӣ ва ширингуфторӣ маъқули шумо гардидаанд. Оё шумо пайхас намудаед, ки аз суҳбати гуворои бархе касон ҳатто сер намешавед? Ва баръакс, шахсоне ҳастанд, ки ҳарчанд шуморо дуст доранд, вале аз суҳбаташон лаззат намебаред ва майли дидорашон надоред, сабаб дар чист? Шояд дар суханони дурушти онҳост? Унсурулмаолии Кайковус ба фарзандаш гуфтааст:

«Аммо бидон, ки сухан аз чаҳор навъ аст: Яке надониставу нагуфтанӣ ва яке ҳам дониставу ҳам гуфтанӣ. Ва яке гуфтанисту надонистанӣ ва яке аз донистаниву ногуфтанӣ.

Ва он ки ҳам донистаниву ҳам гуфтанист, сухане бувад, ки салоҳи диниву дунёии у бад-он баста аст ва ба ҳар ду ҷаҳон ба кор ояд, аз гуфтану шунидани он гуянда ва шунавандаро нафъ бувад. Ва он ки донистану ногуфтанӣ чунон бувад, ки айби муҳташаме ё айби дусте туро маълум шавад, то аз тариқи ақл ё аз кори ҷаҳон туро тахайюле бандад, ки он на шаръ бувад. Чун бигуйӣ ё хашми он муҳташам туро ҳосил ояд, ё озори он дуст, ё бими шуридани ғавғову омма бувад бар ту, пас он сухан донистанӣ буваду ногуфтанӣ.

Аммо аз ин чаҳор навъ, ки гуфтам беҳтарин он аст, ки ҳам донистанисту ҳам гуфтанӣ. Аммо ин чаҳор навъ сухан ҳар якеро ду руест: яке неку ва яке зишт.

Сухан, ки бар мардумон намоӣ, накутарин намой, то мақбул бувад. Мардумон дараҷаи ту бишиносанд, ки бузургону хирадмандонро ба сухан бидонанд, на суханро ба мардум, ки мардум ниҳон аст зери сухани хеш. Ва сухан бувад, ки бигуянд ба иборате, ки аз шунидани он руҳ тоза шавад ва ҳамон сухан ба иборате дигар битавон гуфт, ки руҳ тира гардад».

Ҳикояро хонда, мазмунашро нақл намоед.

ҲИКОЯТ

Шунидам, ки Ҳорунаррашид хобе дид бар он ҷумла, ки пиндоштӣ, ки ҷумлаи дандонҳои у аз даҳон берун афтодӣ ба якбор. Ба имдод муаббиреро бихонд ва пурсид, ки таъбири он хоб чист?

Муаббир гуфт:

-Зиндагии амирулмуъминин дароз бод! Ҳама ақрабои ту пеш аз ту бимиранд, чунонки кас аз ту намонад.

Ҳорунаррашид гуфт:

-Ин муаббирро сад чуб бизанед, ки вай ин чунин сухани дарднок чаро гуфт дар руйи ман. Чун ҷумла ақрабои (хешу табори) ман пеш аз ман бимиранд, пас он гоҳ ман кӣ бошам?

Хобгузори дигарро фармуд оварданд ва ин хобро бо вай бигуфт.

Хобгузор гуфт:

-Бад-ин хоб, ки амирулмуъминин дидааст, далел кунад, ки амирулмуъминин дароззиндагонитар аз ҳама ақрабо бошад.

Ҳорунаррашид гуфт:

-Далел-ул-ақли воҳидун (далели хирад якест). Таъбир аз он берун нашуд, аммо аз иборат то иборат бисёр фарқ аст. Ин мардро сад динор фармуд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Иштирокунандагони ҳикоя киҳоянд? Касбу

ҳунари онҳо чист?

2. Сирри баёни матлабро дар гуфтори ду хобгузор

ба ҳам қиёс намоед.

3. Сабаб чист, ки хобгузори дувум сазовори мукофот гардиду муаббири якум сазовори ҷазо?

4. Ҳикояро ҳифз намоед.

ҲИКОЯТИ АШҲАБ

Султон Ҳусайн Мирзоро Ашҳаб ном аспи тозинажод (арабинажод) буд ва дар ҳаққи у ин байтҳо рост меомад:

Агар мард бар пушти у пой задӣ,

Нахустин қадам бар Сурайё задӣ.

Савор аз хироми вай огоҳ нагашт,

Чу умре, ки дар шодмонӣ гузашт.

Ба сони ду гушаш ду пайкон кӣ дид?

Ду пайкон ба як тири паррон кӣ дид?

Қазоро он асп бемор шуд ва дар он вақтҳо вабои асп омада буд ва мирохур ҳар руз ба подшоҳ хабари марги асперо меовард.

Чун подшоҳ хабари бемории он аспи сарсархиромро шунид, бемор шуд ва гуфт: «Ҳар касе, ки хабари марги ин аспро меорад, аз миёнаш ду ним мекунам».

Иттифоқо ҳамон руз он асп мурд ва мирохур ба назди Бобо Маҳмуд омада гуфт: «Ашҳаб ҷон ба ҷонофарин супурд. Агар ман ин хабарро ба подшоҳ расонам, бешак, руҳи маро бар равони Ашҳаб савор карда, маро ба сарҳади адам (нестӣ) равон хоҳад кард. Ба ғайр аз шумо касе ин хабарро ба гуши подшоҳ расонида наметавонад. Акнун ихтиёр ба дасти шумо аст».

Бобо Маҳмуд пеши подшоҳ даромад ва дар ҷойи муқаррарии худ нишаст. Подшоҳ аз вай аҳволи Ашҳаб пурсид. У аз ҷойи худ бархост ва дар ру ба руйи подшоҳ зону зада нишаст ва гуфт:

-Шоҳо, ҳамеша Рахши давлатат дар зери зини виқор ва ҳашаматат бод! Иттифоқо бар дари саисхона мегузаштам. Ашҳабро дидам, ки аҷаб ҳолате ва одате пайдо карда ва ғариб тариқае ихтиёр намуда, ки коҳу ҷаву об асло намехурад ва чунон хуфта буд, ки ҳеч ҳаракат намекард ва нафас намезад…

Подшоҳ хандакунон сухани уро бурид ва гуфт:

-Эй бадбахт, Ашҳаб мурд, гуй-чӣ?

Бобо Маҳмуд гуфт:

– Ҷаҳонпаноҳо! Шумо расонидани ин хабарро бо таҳдиди куштан манъ карда будед. Алҳамдуллилоҳ, ки оқибат худ бо забони муборак аз ин маънӣ хабар дода, бандагонро аз ин душворӣ баровардед.

Подшоҳ аз ин ширингуфторӣ ва суханварии Бобо Маҳмуд хурсанд ва хандон шуд ва Ашҳабро гуронид.

Пас пушту руйи сухан нигоҳ бояд дошт ва ҳар чӣ гуйӣ, ба некутарин ваҷҳе бояд гуфт, то ҳам сухангуй бошиву ҳам сухандон. Ва агар сухане гуиву надонӣ, чӣ ту бошӣ ва чӣ он мурғ, ки уро тутӣ хонанд, ки вай низ сухангуй аст, аммо сухандон нест. Ва сухангую сухандон он бувад, ки ҳар чӣ у бигуяд, мардумонро маълум шавад, то аз ҷумлаи оқилон бошад, вагарна чунин бошад, баҳимае (чорпо, ҳайвон) бошад, на мардум.

Аммо суханро бузург дон, ки аз осмон сухан омад. Ва ҳар суханро, ки бидонӣ, аз ҷойгоҳ он суханро дареғ мадор ва ба ноҷойгоҳ зоеъ макун, то бар дониш ситам накарда бошӣ.

ҲИКОЯТ

Шунидам, ки ба рузгори Хусрав зане пеши Бузургмеҳр омад ва аз вай масъалае бипурсид. Ва дар он ҳол Бузургмеҳр сари он надошт, гуфт:

– Эй зан, ин ки ту мепурсӣ, ман он надонам.

Зан гуфт:

– Пас агар ту надонӣ, неъмати худойгони мо ба чӣ мехурӣ?

Бузургмеҳр гуфт:

– Бад-он чиз, ки донам. Ва бад-он чиз, ки надонам, малик маро чизе намедиҳад. Ва агар тавонӣ, биё ва аз малик бипурс, то худ бад-он ки надонам, маро малик чизе ҳамедиҳад ё на?

Яке аз омилҳои асосии сухандонӣ машқи гуфтор аст ва он ҳам дар пайваста ва муттасил омухтан асос меёбад.

Пеш аз ҳама боварӣ ба худ, ки ақида ва андешаро бе ягон душворӣ ва парешонӣ баён карда тавонистан зоҳир мешавад.

Омухтан ва машқ омилҳоеанд, ки шахсро қодир ба нутқ кардан таҳрик намояд.

Ҷавоне аз ҳакими донишманде пурсид:

– Дар фарҳанги зиндагӣ судмандтарин калима чист?

Ҳаким посух дод:

– Омухтан.

Ҷаҳон саршор аз афкору андешаҳои нав аст ва барои пай бурдан ба онҳо китоб бояд хонд. Ҳеч кас наметавонад танҳо бо дониш ва ҳофизаи худ қонеъ бошад ва хешро аз андешаҳои пурарзиши дигарон бениёз бидонад.

Одамӣ ҳарчӣ донотар бошад, бештар ба дунболи донистаниҳои тоза меравад. Танҳо бехирадон ва сиёҳдилон аз дониш ва доноӣ гурезонанд. Ҳар чӣ бештар бидонед, афзунтар ба арзиши бекарони дониш пай мебаред.

Ҳеч кас набояд аз бисёр андешидан ва бештар донистан биҳаросад, зеро ба гуфтаи Вилям Ҷеймс «Магз ҳар чӣ бештар кор кунад, тавоноии анҷоми корҳои бузургтарро пайдо мекунад».

Доктор Борис Садис яке аз бузургтарин пизишкон мегуяд: «Дар саросари давроне, ки бемориҳои равониро дармон мекардам, ба як нафар низ барнахурдам, ки аз зиёд андешидан ё бисёр хондан бемор шуда бошад, балки ҳамаи бемориҳои равонӣ аз нороҳатии фикрӣ, хашм ва дил набастан ба кор буд».

Низомии Арузии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола», дар бахши дабири ростин ва воқеӣ чунин навишта: «Аммо сухани дабир бад-ин дараҷа нарасад, то аз ҳар илм баҳрае надорад ва аз ҳар устод нуктае ёд нагирад ва аз ҳар ҳаким латифае нашнавад ва аз ҳар адиб турфае иқтибос накунад».

Ё дар мавқеи дигар чунин оварда: «Калимоти Аҷам ва мутолиаи кутуби гузаштагону китобҳои писандида. Ва ҳар котиб, ки ин кутуб дорад ва мутолиаи он фуру нагузорад, хотирро ташхис кунад ва димоғро тозагӣ диҳад ва табъро афрузад ва суханро ба боло кашад ва дабир бад-у маъруф шавад».

Дар ҳадиси Пайғамбар алайҳиссалом омадааст: «Зебоии сухан ба кутоҳй ва ихтисор аст».

ҲИКОЯТ

Мегуянд, ки дар рузгори Анушервони одил ду мард биёмаданд ва ба дари боргоҳи у биистоданд. Яке бо овози баланд гуфт:

-Бад макуну бад маяндеш, то бадат н-ояд пеш.

Ва дигаре гуфт:

-Некӣ куну нек андеш, то нек бинӣ беш.

Нушервон фармуд, то марди аввалро ҳазор динор оварданд ва бидоданд ва марди дувумро ду ҳазор динор доданд. Наздикону надимони Нушервон аз у савол карданд, ки ҳарду ба як маънӣ сухан карданд, чаро эшонро инъоми гуногун додӣ?

Г уфт:

-Ин ки инъоми бештар гирифт, зикри нек гуфт ва он дигар бадӣ гуфт. Ва ҳеч некӣ беҳтар аз дустии некон нест ва ҳеч бадӣ бадтар аз дустии бадон нест.

ҲИКОЯТ

Оварданд, ки шабе модаре аз фарзанди худ кузаи об хост. Чун кузаи об биёвард, модар дар хоб рафта буд. Фарзанд, бар пой истоду куза то бомдод дар даст гирифта. Набояд, ки модар бедор шаваду ман ғоиб бошам. Бомдод куза дар дасти у аз сармо фусурда буд. Худои таоло уро давлати пайғамбарӣ дод.

Қитъа:

Дон, ки чӣ гуфт Ҳақтаоло,

Он кун, ки ризои модар он аст.

Бо модари худ адаб нигоҳ дор,

Зеро ки ризои мо дар он аст.

Ҷаннат, ки сарои ҷовидонист,

Зери кафи пойи модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ, биҷуйӣ,

Он кун, ки ризои модар он аст.

Дар мавриди суханронӣ набояд калимаҳоро дароз кашида, фикр парокандаву ба таваққуфҳои барзиёд роҳ дода шавад. Баъзан зур зада луғатҳоро шумурда, баён кардан номураттабии фикрро ба вуҷуд меоварад ва қисмати зиёди афкор ва ҳофизаи шумо сарфи мураттаб сохтани луғат ва ҷумлаву ибораҳо шуда, аз асли матлаб, ки баёни он воҷибу муҳим аст, дур меравад. Чунин суханронӣ натиҷаи матлуб ва дилхоҳ намедиҳад. Гоҳе аз мавқеи бекорӣ, масалан, лаҳзаҳои роҳ рафтан, пеш аз хоб ва амсоли он истифода намоед. Ва ҳатто дар ҷойҳои

 

хилват бо имову ишора ва бо садои нисбатан баланд нутқ кунед. Барои омухтани ҳунари суханварӣ зирак ва мушоҳидакор будан шарт аст. Сухангуйӣ ва тарзи гуфтори устодони санъатро омузед ва дақиқкорона ба мушоҳида бигиред. Бисёр мавридҳо барои худ ҷойҳои хилват ихтиёр кунед ва бо садои баланд гап занед. Ҳар шахсе агар дар як шабонаруз аққалан ду соатро ба машқи гуфтор сарф намояд, суханрони хуб хоҳад гашт. Огоҳ бошед, ки ҳангоме ба комёбиҳо ноил гардидед, худи шумо аз суханрониятон лаззати маънавӣ мегиред

ва қаноатманд мешавед.

МАТН БАРОИ ҚИРОАТ:

Бузург он касе, к-у ба гуфтори рост,

Забонро биёросту кажжӣ нахост.

Чу бахшоиш орад ба хашм андарун,

Сари ростон хонадаш раҳнамун.

Ниҳад тахти хушнудӣ андар ҷаҳон,

Биёбад ба дод офарини меҳон.

Дили хеш агар дур дорӣ зи кин,

Меҳону кеҳонат кунанд офарин.

Ҳар он гоҳ, ки шуд подшо кажгуй,

Зи кажжӣ шавад зуд пайкорҷуй.

Суханро бибояд шунидан нахуст,

Чу доно бувад, посух орӣ дуруст.

91

 

Чу донанда мардум бувад озвар, Ҳаме дониши у наёяд ба бар.

Ҳар он гаҳ, ки доно бувад пуршитоб, Чи дониш мар уро, чи дар шура об.

Тавонгар куҷо сахт бошад ба чиз, Фурумоятар шуд зи дарвеш низ.

Чу дарвеши нодон кунад бартарӣ, Ба девонагӣ монад ин доварӣ.

Чу айби тани хеш донад касе,

Зи айби касон барнагуяд басе.

Сутуни хирад бурдборӣ бувад,

Чу тезӣ кунӣ, тан ба хорӣ бувад.

Чу хурсанд гаштӣ ба доди Худой, Тавонгар шавӣ якдилу покрой.

Гар озода дорӣ танатро зи ранҷ, Тани марди беоз беҳтар зи ганҷ.

Ҳама сарбасар дасти некӣ баред, Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

 

-Суханронӣ бояд аз руйи нақшаи пешакӣ омода

гардад.

-Барои таҳияи гуфтор наметавон як услубу шакли ягонаро пешниҳод кард, ҳар кас бояд барои худ услуби муайян ва хосро пайдо намояд.

-Бояд ҳар як матлаб ва мақсадро вобаста ба мавзую мундариҷа қисмат намуд ва бар мизони ақл баркашид.

-Ҳақиқатро бояд гуфт ва ба дигарон талқин намуд.

-Барои ҳар як матлабе, ки мавриди гуфтор қарор мегирад, далелу исбот ва мушкилот пеш овар, то ки суханрониат хушку сода ва берабт набошад.

-Ду мушкилотеро ба шунавандагон пешниҳод кунед. Ҳалли яке аз онҳо ки нуктаҳои ғалат дорад, ифшо намоед ва ҳалли дурусти онро бо далелу бурҳонҳои қотеъ баён кунед. Дар чунин маврид ақидаву андешаҳои шунавандагонро низ ба инобат гиред.

ҚИТЪАИ ЗЕРИНРО ҲИФЗ НАМОЕД:

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,

Дигар ҳар чӣ бошад, намонад ба кас.

Сухан гуфтани нағзу кирдори нек,

 

Бимонад чунин то ҷаҳон аст, рек [1] ,

Зи хуршеду аз обу аз боду хок Нагардад табоҳ ному гуфтори пок.

ҲИКОЯТ

Шофеӣ шашсола буд, ки ба дабистон мерафт ва модараш зоҳиде буд аз бани Ҳошим, ки мардум амонат ба у месупурданд.

Рузе ду кас омаданд ва ҷомадоне бо у супурданд. Баьд аз соате яке аз он ду омад ва ҷомадон хост. Ба хуйи хуш ба у дод. Баъд аз чанде он дигаре омад ва ҷомадонро талабид.

Модари Шофеӣ гуфт:

-Ба ёри ту додам.

Г уфт:

-Магар на қарор кардем, ки то ҳар ду ҳозир набошем, ҷомадонро боз надиҳӣ?

Г уфт:

-Бале.

Г уфт:

-Акнун чаро додӣ?

Модари Шофеӣ малул шуд. Дар ин ҳангом Шофеӣ даромад ва гуфт:

-Эй модар, чаро малул шудаӣ?

Ҳол боз гуфт. Шофеӣ гуфт:

-Ҳеч бок нест, Муддаӣ куҷост, то ҷавоб гуям? Муддаӣ гуфт: «Манам!»

Шофеӣ гуфт:

-Ҷомадони ту барҷост. Бирав ва ёри худ биёвар ва биситон!

Он мардро аҷаб омад ва рафт.

test

Добавить комментарий