Таҳияи нутқ

 

Омодагии комил барои суханварӣ бар манбаи асосии имон, алоқа ба сират, маълумоти кофӣ, азм, иродаи қавӣ, машқ устувор аст. Касе, ки бихоҳад бар маснади суханварӣ такя занад, ба парвариши фикру зеҳн пардозад ва рисолати худро дар ҳамин заминаи ҳаққу ҳақиқат амалӣ созад: нахуст аз худ шунавандаи солиму алоқаманд бисозад, яъне моҳҳо дар маҷлису маҳфилҳои суханронии суханвари бузург бо тамоми вуҷуд ширкат кунад, ба равиши гуфтору кайфияту рафтори суханварони машҳур ошно гардад, аз суханронии онҳо бо ҳам муқоисаҳое ба амал оварад ва нуктаҳои судманд ва заруриро ба хотир бигирад, ёддошт кунад ва дар хона машқ намояд.

-Кори нутқро аз дуруст, фасеҳу возеҳу расо хондани ашъор оғоз намояд, бояд бар калимаҳои муҳим такя кунад ва бо равиши табиӣ ба хондани байте бипардозад ва бикушад маънии он аз калимаҳо, ҷумлаҳо, тарзи қироат ба хубӣ ошкор гардад.

-Пас аз эҳсосу варзидагӣ дар хондани абёт аз гуфтугу бо наздикон сар боз назанад, саъй кунад барои исботи назари худ, далел биёварад, тарафи муқобилро бо далелҳои мантиқӣ қонеъ созад.

– Нутқ барои панҷ дақиқа дар мавзуе, ки ба он алоқаманд ва дар он соҳибназар аст омода кунад, барои ноил гардидан ба ин кор бояд нахуст дар бораи он бияндешад. Вақте ки пиндорҳои гуногунро дар бораи он матлаб дар замири худ гирд оварад, дар се таъриф тавзеҳи мусбату дилчаспро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад ва барои муддате маҳдуд, ки дар ихтиёр аст, он матолибро дар зеҳни худ омодаву ҳамаи нуктаҳоро баррасӣ намояд ва пас аз машқу такрор дар ҳузури шунавандагон баён созад.

-Офариниши сухан ба таҳияи сохтмоне барои маҳалли сукунат монанд аст. Ҳамон гуна ки дар эҷоди бино нахуст лузуми корро ҳис мекунем, бо кумаки меъмор ба вуҷуд меёварем, масолеҳу маводи лозима барои эҷоди сохтмон омада месозем, мекушем, ки пояи мустаҳкам, беайб, иморати бо усули муҳандисӣ мутобиқ бошад. Сипас бо эътимод аз истеҳком, ки чизе фаромуш нашудааст, бо зоҳири он даст меёзем, то аз лиҳози шахсӣ мояи дилгармӣ, оромишу осоиши мо ба шумор ояд ва барои бинандагону наздикону меҳмонон низ хуш ояд, аз завқи маҳорат ҷилва намояд. Дар таҳияи нутқ ҳам, ки меъмори вуҷуд, намудори қудрати иршоди дастёбӣ ба дилҳост, кор ба ҳамин тарз аст. Норасоиҳоро пеши худ бояд дар мизони ақл бисанҷем ва аз миён бардорем.

Эътимодбахштарин роҳ барои омода кардани нутқ ин аст, ки суханвар андешаҳо ва матолиби худро дар бораи ҳар мавзуъ руйи коғаз биёварад ва сипас матолиби зарурӣ ва муҳимро баргузинад, дар бораи онҳо бештар андешаву фикр кунад ва он гоҳ бубинад, ки агар нуктаи мубҳаму торик дар мавзуи суханронӣ ҳаст, онро равшан намояд ва саранҷом посуху пурсишҳои эҳтимолӣ шунавандагонро омода намояд. Дар сурати навкорӣ якбора ҳамон нуктаро аз руйи соат, бо лаҳне, ки дар ҷаласаи суханронӣ ба кор хоҳад бурд, адо кунад ва ҳаракати сару даст ва чеҳраро бояд бо машқ ислоҳ намояд. Назму тартиб, тозагии либос, намуди зоҳирӣ, риояи нуктаҳои дигар ҳама метавонанд комёбии суханронро таъмин кунанд ва уро чун суханвари забардаст ба камол расонанд.

Дар хотима бояд ба назар гирифт, ки барои муваффақияти қатъии суханвар вақт ҳатмӣ аст, ки аз худ нисбат ба мавзуъ он чӣ дарёфтааст, мехоҳад барои ҳозирин бар забон биронад, бо тамоми вуҷуд муътақид ва алоқаманд бошад, зеро шунаванда аз лаҳни калом ва асаре, ки дар гуянда ба вуҷуд овардааст, ба мизони ростӣ, дурустӣ, эътиқод, шефтагӣ ва ба сурати суханвар ба хубӣ пай мебарад ва интизороти худро дар вуҷуди у меёбад пайваста дар бораи у ва гуфтораш меандешад ва бо ҳарорату дилбастагии тамом барои дигарон бозгуй мекунад.

Бузургон ва пиронро ба мартабаи падарон бояд шинохт ва ҳурмату эҳтиром намуд. Бо онҳо ҳамеша бо тариқи ҳурмат ва хизмат муносибат намуд. Дар ҳақиқат, суҳбат бо пирон бар ваҷҳи хизмат бувад. Бо хешу табор, дустону дигар наздикон ба ҳайси бародар бояд муносибат намуд, то ки азизу маҳбуби эшон бошӣ. Махсусан, зимни муносибати самимона шарти иҷрои адаб аз ҷумлаи макорими ахлоқ бошад. Хоҷа Ҳофиз дар ин маврид барҳақ мефармояд:

Дар маҳфиле, ки андар он хуршед зар аст,

Худро бузург шумурдан шарти адаб набошад.

Ҳакимон гуфтаанд: рағбати хурдон ба суҳбати бузургон нишонаи ақл ва ба мақсад расидану саодатмандии онон аст ва рағбати бузургон ба суҳбати хурдон ҷаҳлу аблаҳист.

Як рукни адаби инсон қабули насиҳат аст. Агар азизе аз руйи шафқат ва марҳамат шахсеро насиҳате кунад ва ваъз гуяд, онро бояд қабул кард ва миннатпазир бошад. Зеро ҳеч неъмате ва саодате баробари он нест, ки шахсе аз айби ниҳонии у иттилоъ диҳад, сифате, ки дар нафси шахс пушидааст, вайро воқиф созад, то он норасоиро бартараф созад ва насиҳати азизон ба ҷон қабул фармояд, дар сидқ ва иродат устувор бошад.

Рукни дигари адаб парҳез аз суҳбати сифлагону ҳасудону курдилон аст. Дар ин бобат гуфтаанд:

Бо ҳар кӣ нишастӣ, ки нашуд ҷамъ дилат,

В- аз ту нараҳид заҳмати обу гилат.

Лз суҳбати вай агар табарро накунӣ,

В- арна накунад руҳи азизон биҳилат.

Дигар ин ки ҳангоми суҳбат хоб кардан ва пинак рафтан далели зоҳир аст, дар он ки аз асар ва файзи суҳбат асло мутаассир нашудааст, балки он суҳбат ба воситаи одами муносиб сабаби маломати он шахс хоҳад

ш уд.

Адаби дигар хомуш будан дар вақти гапзании дигарон мебошад. Агар яке аз дустон дар анҷуман дар сухан гуфтан бошад, дигар дустон хомуш ва мутаваҷҷеҳи вай бошанд, то каломи худро ба анҷом расонад ва дар он сухан яке мухотаб бувад. Бояд ки ёрон дар он анҷуман ба сухан кардан ё бархостану қатъи каломи вай нанамоянд, ки он ғояту беадабӣ ва бемурувватӣ бошад. Ва дар калом омада, ки аблаҳтарини мардумон касе аст, ки сухан дар миёни сухани дигарон дарорад ва чандон сабр накунад, ки дигарон аз сухан фориғ шаванд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.