Фасоҳати сухан

 

Лафзу иборат бояд фасеҳ бошад ва ҳарчанд ин марбут ба илму адаб аст, аз ҷиҳати аҳамияташ наметавонем аз зикру усули он худдорӣ кунем. Фасоҳат, чи дар лафзи муфрад ва чи дар иборати мураккаб, аз панҷ шарт иборат аст:

1. Холӣ будан аз танофур.

2. Дуруст ва беғалат будан ва мувофиқат бо қавоиди забону истеъмоли он.

3. Лафз маъниро ба дурустӣ бирасонад.

4. Дур будан аз ғайбат.

5. Холӣ будан аз печидагӣ ва ниҳон доштани маънӣ.

Парҳез аз нафрат-ҳуруф ва калимоте, ки шарти аввал фасоҳат аст, он аст, ки лафз ва иборат мушкил набуда, бар забон ба осонӣ ҷорӣ шавад ва гушро озор надиҳад ва ин корест ҳис ва завқи ташхиси он чандон душвор нест.

Дурустии сухан бар ин аст, ки алфозаш як-як дуруст бошад, он гуна қиссаҳо ба кор бурдан ва мутобиқи дастури сарфу наҳви забони ноби форсии тоҷикӣ оварда шавад ва таркиби калимоту ибораҳо ба хилофи қавоиди забон набошад. Бузурге дар ин маврид фармуда:

Ҳаким он кас, ки ҳикмат нек донад,

Сухан маҳкам ба ҳукми хеш ронад.

Таъкид дар дурустии сухан шояд зоид ба назар ояд, аз он ки на касе лузуми сухан гуфтани ғалатро мункир аст ва на гумон меравад, ки дурустии сухан гуфтан душвор бошад, чаро ки форсии тоҷикӣ забонест бисёр осон ва то он дараҷае ки медонем, дар дунё камтар забоне аст, ки монанди забони модарии мо сода ва қоидаву лаҳни гуфтораш аз тул ва тафсил дур бошад. Бо ин ҳама, тоҷикони имруза нисбат ба забони худ то як андоза бетафовут ва аҳли қалам низ ғалатнависанд. Сабаби ин он аст, ки забон ҳар қадар сода ва осон бошад, қоидаҳо, равишу табиати хос дорад, ки ҳар касе бихоҳад ба он забон сухан бигуяд ва бинвисад, бояд қоидаву табиати онро бидонад ва ин натиҷаи барои аҳли забон аз муошират бо ҳамзабонон ва маъонист бо осори адабӣ, омухтани қоидаҳо, машқу варзиш дар сухангуйӣ ҳосил мешавад ва имруз тоҷикон на эҳтимоме дар омухтани забони худ доранд, на дар сухангуйӣ ба қадри кифоят машқ мекунанд ва на эътиное ба осори адабии қавми худ менамоянд. Ва илова бар ин, аксар касоне, ки ба таҳсили улум мепардозанд, ё дар кишварҳои хориҷ ё ба забони бегона дониш меомузанд ва ба ин восита гузашта аз ин ки ба забони худ шинос намешаванд, равиш ва табиати забонро ҳам ки аз муошират бо ҳамзабонон ва муносибат бо осори адабӣ бояд таҳсил кард, аз даст медиҳанд.

Аммо ёфтан ва ташхиси лафз, ки хоси маъонӣ аст, диққат ва эҳтимом мехоҳад ва ҷуз ба мутолиаи бисёр дар иборати фусаҳо ва татабуъи комил ва фарогирии илми луғат муяссар намешавад. Зеро алфоз, ки маъонии онҳо ба якдигар наздиканд, агар дар ташхиси маънии саҳеҳи ҳар як мусолиҳа кунед, фиреб мехуред ва лафзи муносибро ба кор намебаред ва сухан аз фасоҳат ва равонӣ меафтад. Барои парҳез аз печидагии сухан нуктаҳои зерин бояд риоя шавад:

1. Таъбироте набояд кард ва киноёте набояд овард, ки маънии онҳо аз зеҳн дур бошад ва ибороте набояд гуфт, ки маъонии печида бидиҳад ва бори маънӣ манзур надошта бошад.

2. Такрори бисёрро раво набояд дошт. Баъзе гумон мекунанд барои он ки муродашон ба хубӣ равшан ва мафҳум шавад ва дар зеҳни шунаванда ҷо бигирад, бояд як маъниро чанд бор такрор кунанд, валекин натиҷа баръакс аст. Такрори матолиб зеҳни шунаванда ё хонандаро хаста мекунад ва озурда месозад ва аз таваҷҷуҳ боз медорад ва Шайх Саъдӣ мефармояд:

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад,

Сазовори тасдиқу таҳсин бувад.

Чу як бор гуфтӣ, магу боз пас,

Ки ҳалво чу як бор хурданд бас.

3. Дигар аз сабабҳои печидагии сухан дароз будани ҷумла ва иборатест, ки мубтадову хабари он фаромуш шуда ва муқаддимот аз даст рафта.

4. Каломи зиёд будани лафз аст бар маънӣ. Бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки лафз ва ибораҳо қолаби маънӣ бошад, ҳамчунон ки кафш барои по ва ҷома барои тан, агар хурд ё калон аз андоза бошад, тан ба ранҷ аст.

Сухан бояд ба табиати ҳолу мақом бошад. Суханвар вазифадор аст, ки синну сол, шахсият, мақоми иҷтимоии худро фаромуш накунад ва таносуби парвариш, фикру моҳияти зиндагии шунавандаро низ аз ёд набарад. Бояд суханвар пайваста завқи хушро ба кор андозад ва ба хотир дошта бошад, ки сухан маъмулан, ба се сурат ҷилва мекунад:

-Сода: бидуни ҳеҷ гуна ороиш инъикос меёбад ва танҳо барои огоҳии дигарон (чун гузориши корҳои оддӣ ва рузмарра) ба кор меравад, сухани сода бояд равшан, фаҳмо ва холӣ аз печидагӣ бошад.

-Ороста: бояд дилпазир ва дар руҳи шунаванда муассир бошад, шуру ҳол ва шодӣ ё иборате ба вуҷуд оварда, монанди достонсароӣ ва баёни матлаби оддӣ.

-Воло ва ҳамосӣ: маъмулан, ба манзури

барангехтани эҳсосот, ба ҳаяҷон даромадани шунавандагон эрод мегардад ва сабаби пайдоиши шаҳомат ва гоҳе мояи фидокорӣ мешавад. Ин навъи сухан бештар дар мавзуъҳои динӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва ватанпарастӣ ба кор меравад.

Дар ҳамаи ин тақсимот ва усулан дар кор суханронӣ ва баҳрагирӣ аз сухани ҳар кас бояд пас омода сохтани муқаддимоти кор дар маҷлисҳои суханронӣ ширкат кунад. Суханвар бояд афкору гуфтор ва кирдору саранҷоми баёни худро дар хидмату фаҳми шунавандагон қарор диҳад. Ҳолу ихтилоф, пиндори умумро дар назар гирад ва агар ба ҳофизаи худ эътимод надорад, ҳамаи матолиби худро қаблан омода созад.

Ва ҳар гоҳ ба суханварӣ шуҳратёб гардид ва дар ҷаласае ҳозир шуд ва аз у хостанд суҳбат биёрояд, бояд у қаблан чанд мавзуъ дар масоили адабӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ дар хотири худ омода намояд ва дар мавриди зарурӣ ё пас аз даъват ба суханронӣ аз мавзуе, ки дар хотир дорад, ба хости соҳиби маҷлис наздик мебошад, истифода ба амал оварад ва бомаҳорате онро ба он чӣ интизоранду муддаои дили онҳост, баён намояд.

Бояд ашъори муносиби зиёд, калимаҳои зебо, тамсилҳои мувофиқ, хотироти ҷолиб дар зеҳн омода бошад ва дар мавқеи муносиб ба кор барад. Дар сурате ки дар равиши сухан ба фаромушӣ дучор шавад, бояд бо маҳорати тамом худро аз ин банд халос намояд ва дар зеҳн дунболи матлаби фаромушшуда нагардад. Коре бар хилофи урфу одат анҷом надодан, шодоб ва омода будан аз шартҳои суханварӣ ва кушиш ба суйи соҳибназарон аз ҳадафҳову усули сахт аст. Шайх Саъдӣ дар ин маврид мефармояд:

Ҳар кӣ тааммул накунад дар ҷавоб,

Бештар ояд суханаш носавоб.

Ё сухан орой чу марди баҳуш!

Ё бинишин ҳамчу баҳоим хамуш!

Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонанд, ки доност, бидонанд, ки нодон аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.