Фардияти суханвар

 

Дар санъату маҳорати суханварӣ ба ҷуз таҳия намудани гуфтори хуб омили муҳимтарин фардияти сухангуй аст. Шарҳу тафсир ва рушанӣ андохтан ба он ки шахси сухангуй (нотиқ) чӣ гуна хусусиятҳои фардӣ дошта бошад, то андозае мушкил аст, зеро фардият аз тамоми хусусияти як инсон: ҳолатҳои руҳӣ, ҷисмӣ, шуур ва ҳолати мухталиф, майлҳои олии неруҳои ахлоқӣ, қудрат, таҷриба ва амсоли он иборат аст.

Фардияти инсон қабл аз ҳама тобеи омилҳои ирсӣ аст, ки он ҳануз дар батни модар будани тифл ба вуҷуд меояд. Пас аз таваллуд имкон дорад, баъзе тағйироти мухтасаре дар он руй диҳад. Дар ҳар сурат ирсиятро як омили ғайри тағйирёбанда бояд донист. Бо вуҷуди он ки табиати инсонро камтар метавон тағйир дод, бинобар ин, он тағйироти мухтасаре, ки дар он қобили иҷро аст, барои мо ниҳоят муфид аст. Агар хоҳиш дошта бошед, дар мавриди суханронӣ аз фардияти худ истифода намоед, бояд комилан истироҳат карда, бидуни хастагӣ пушти минбари суханварӣ равед. Фарди хаста наметавонад касеро ба хеш ҷалб созад, ё ҳарфи у дилнишину марғуб ба шунавандагон бирасад. Бинобар ин, таҳияи гуфтори хешро барои охирин соати фурсат нагузоред, дар акси ҳол хастагӣ ва самуме, ки дар натиҷаи он дар бадани шумо ба вуҷуд меояд, неруи ҳастии шуморо коста ва мағзу асабҳоятонро хаста мекунад.

Пеш аз суханронӣ истироҳати хуб низ ба табъи болида ва неруи ҳофизаи шахсияти сухангуй (нотиқ) кумаки калон мерасонад. Масалан, агар маҷбуред, дар соати чаҳори баъд аз зуҳр дар ҷамъомаде суханронӣ кунед, зуҳр ҳар чӣ зудтар ба хона омада, наҳории сабуке бихуред, пас аз он ба қадри кофӣ истироҳат намоед.

Хонум Нурдика гуфтааст, ки агар инсон бихоҳад як сарояндаи дараҷаи аввал бишавад, бояд аз ҳар гуна лаззатҳои дунё, аз қабили муоширати зиёд, хуроки хуб, зиёд хурдан парҳез намояд.

Ҳонри Вард Пичер рузе, ки ба суханронӣ омодагӣ медид, соати панҷ миқдоре панир ва шир мехурд ва то мавқеи суханронӣ дигар чизе намехурд.

Хонум Малбо гуфтааст: «Ман ҳар шабе, ки бояд сарояндагӣ бикунам, хуроки шом намехурам. Фақат соати панҷ каме ғизои асрона мехурам».

Кори Малбо ва Пичер бисёр оқилона буда, ин матлаб борҳо дар таҷриба санҷида шудааст. Фаразан, агар нишаста ва миқдори зиёди гушт ва картошка ва тухми мурғ бихуред ва пас аз он фавран ба суханронӣ шуруъ намоед, хуне, ки бояд дар мавқеи суханронӣ доимо ба мағзатон омада, онро шустушу намояд, дар атрофи меъда ва руда ҷамъ шуда, аз назари суханронӣ беистифода мемонад. Бинобар ин, наметавонед нутқи хуб ва бурро намоед. Саъй бинамоед, неруи худро беҳуда сарф накунед, зеро ба таҷриба маълум шудааст, ки ашхоси дорои неруи хуб ба ҷушу хуруш шунавандагонро ба худ бештар ҷалб мекунад; Шайх Саъдӣ фармуда:

Бас бигардиду бигардад рузгор,

Дил ба дунё дарнабандад ҳушёр.

 

Эй, ки дастат мерасад, коре бикун, Пеш аз он к-аз ту наёяд ҳеч кор…

Эй, ки вақте нутфа будӣ бехабар, Вақти дигар тифл будӣ ширхор.

Муддате боло гирифтӣ то булуғ, Сарвболое шудӣ, симинузор.

Ҳамчунон то марди номовар шудӣ, Фориси майдону сайду корзор…

Ин ҳама ҳеч аст, чун мебигзарад, Тахту бахту амру наҳю гиру дор.

Номи неку гар бимонад з-одамӣ, Беҳ, к-аз у монад сарои зарнигор…

Сурати зебои зоҳир ҳеч нест,

Эй бародар, сирати зебо биёр.

Ҳеч донӣ, то хирад беҳ ёравон?

Ман бигуям, гар бидорӣ устувор.

Одамиро ақл бояд дар бадан,

В-арна ҷон дар колбад дорад ҳимор.

Ганҷ хоҳӣ, дар талаб ранҷе бибар, Хирмане мебоядат тухме бикор.

Чун забардастит бахшид осмон,

Зердастонро ҳамеша нек дор.

Номи неки рафтагон зоеъ макун,

То бимонад номи некат пойдор…

Бо бадон бад бошу бо некон наку Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор.

Дев бо мардум наёмезад, матарс,

Бал битарс аз мардумони девсор.

ҲИКОЯТ

Подшоҳе писареро ба адибе дод ва гуфт:

-Ин фарзанди туст, ҳамчунон яке аз фарзандони худ тарбияташ кун.

Соле чанд бар у саъй кард. Ба ҷое нарасид. Писарони адиб дар фазлу балоғат (суханварӣ) мунтаҳо шуданд. Подшоҳ донишмандро муохаза кард ва гуфт: -Ваъдаро хилоф кардӣ ва шарти вафо ба ҷо наовардӣ.

Муаллим гуфт:

-Малик, тарбият яксон аст, лекин истеъдод мухталиф.

Гарчи симу зар зи санг ояд ҳаме,

Дар ҳама санге набошад зарру сим.

Бар ҳама олам ҳаметобад Суҳайл,

Ҷое анбон мекунад, ҷое адим.

ҲИКОЯТ

Яке аз фузало таълими маликзодае ҳамедод ва зарби бемуҳобо задӣ ва заҷра беқиёс кард. Боре аз бетоқатӣ шикоят пеши падар бурд ва ҷома аз тани дардманд бардошт. Падарро дил ба ҳам баромад, устодро бихонду гуфт:

-Писарони оҳоди раиятро чунин ҷафову тавбих раво намедорӣ, ки фарзанди моро. Сабаб чист?

Г уфт:

-Сабаб он, ки сухан андешида гуфтан ва ҳаракат писандида кардан ҳама халқро, алалумум ва подшоҳонро, алалхусус. Ба муҷиби он ки дасту забони эшон ҳар чӣ рафта шавад, ҳароина ба афвоҳ бигуянд ва қавлу феъли авомунносро чандон эътиборе набошад:

Агар сад нописанд ояд зи дарвеш,

Рафиқонаш яке аз сад надонанд.

В-агар як базла гуяд подшоҳе,

Аз иқлиме ба иқлиме расонанд.

Пас воҷиб омад муаллими подшоҳзодаро дар тағзиби ахлоқи худовандзодагон:

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунад,

Дар бузургӣ фалоҳ аз у бархост.

Чуби тарро, чунон ки хоҳӣ, печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

Маликро ҳусни тадбири фақеҳ ва тақрири ҷавоби у мувофиқи рой омад, хилъату неъмат бахшид ва пояи мансаб баланд гардонид.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.