Тарзи баёни афкор

 

Пас аз пайдо шудани малакаи аввалини суханронӣ ин ҳунарро бояд такмил ва сайқал дод. Маҳаки асосии суханронӣ пас аз саводи дуруст ҳосил кардан донишу таҷриба аст. Сухан бояд бо тарбия тавъманд бошад ва дар ҳамин поя устувор гардад.

Донистан ва фаҳмидани ҳама чиз имкон надорад. Наметавон дар тули кутоҳи умри одамӣ ҳама чизро хонд, дид ва шунид. Вале ба парвариши фикру дониш ва такмили савияи фарҳангии хеш ҳамеша бояд ҷидду ҷаҳд намуд. Масалан, риёзиёт (математика) соҳаи басе доманфарох аст, ки касе ба ҳамаи мушкилоти масоили он роҳ наёфтааст, вале агар ҳисоб кардан надонем, айби азимест дар зиндагӣ.

Теъдоди донишмандону ҳунармандоне, ки дар роҳи касби дониш ва ҳунар заҳмат кашидаанд, зиёд аст. Эшон аз умури одии зиндагӣ низ басо чизҳо медонанд, вале ҳеҷ гоҳ ба донистани он фахр намекунанд. Масалан, агар шогирде, ки шарҳи ҳоли Ҳофиз ё Саъдиро медонад, агар аз дарки лутфи як ғазал оҷиз бошад, бечорае беш нест. Бояд камтар донист, вале беҳтар шинохт, зеро он кас, ки ҳама чизро медонад, бидуни он ки хурдтарин маърифате ба он пайдо кунад, ба китобхона монанд аст, ки миқдоре китоб дар он чинда шудааст, вале дастрасӣ ба он надорад.

Чунонки зикр кардем, Дейл Корнеги сифатҳои фанни суханвариро бар чаҳор рукн устувор намудааст: муҳаббат, матонат, диққат ва ҳавсала.

Агар аз диди равоншиносӣ бингарем, инсон қодир аст, ҳар чизро хоҳад ёд мегирад. Дар марҳалаи аввал, ки таъҷилист, пешрафту фаъолияти хуб зоҳир менамояд, баъди чанд ҳафта сукун хоҳад кард. Пас аз он дубора шуруъ ба инкишофи босуръат ворид мегардад.

Бисёр шахсон толиби онанд, ки аксари чизҳоро донанд ва ҳифз намоянд. Вале азбаски равандҳои равоншиносӣ: эҳсос, идрок, хотир, тафаккур ва амсоли он хеле суст инкишоф ёфтаанд, матлабро зуд азхуд карда наметавонанд.

Инсон ҳар қадар дар соҳаи суханронӣ машқ намояд ҳам, ҳеч вақт он тарсро, ки дар ду-се сонияи аввали шуруи суханронӣ дучор мешавад, пешгирӣ ва бартараф карда наметавонад. Вале ин тарсу ҳарос пас аз чанд лаҳза аз байн меравад ва шумо метавонед суханронии худро ба итминон ва роҳати комил идома диҳед.

Зимни парвариши фикр он донишҳоеро, ки ҳифз мешавад, набояд дар майнаи хеш чун дар қафасчае ҷой бидиҳад. Ин донишҳо бояд ба вуҷуд, тану руҳ ва ҳаёти ҳаррузаи воқеии мо роҳ ёбад ва сару кор дошта бошад.

Парвариши фикр иборат аз фаро гирифтани маълумот ба «миқдор»-и муайяне набуда, балки «кайфият»-и он чӣ медонему ҳифз кардаем, аҳамият дорад. Агар дониши азхуднамударо пайваста вирди забон оварему аз он лаззати маънавӣ гирем ва дар вақти лозима ба самъи дигарон низ расонем, ин ба тақвияти фикри мо кумак расондан ва сайқал бахшидан аст. Аз он чизҳое, ки медонем, бояд фоида бигирему танҳо ба ёд гирифтани он қаноат накунем.

Дониш ба маънии том моддаи аслии парвариш аст. Парвариш иборат аст аз боз кардани фикру истеъдод ва омода кардани онҳо барои касби маълумоти тоза. Фикру тани хешро ба заҳмат кашидан пайи омухтан омода созед, кори шумо, бешубҳа, барор мегирад. Дар лаҳзае, ки як мусиқии форам ва дилнишин мешунавед, ё худ ғазали марғубе аз Хоҷа Ҳофизи малакутӣ қироат мекунед, таваҷҷуҳ кунед, то дар он осор акси руҳи мардумӣ бубинед.

Китобе, ки аз чигунагии сухан гуфтан баҳс мекунад, қодир ба пур кардани як майнаи холӣ нест. Зикри қоида ва дастур дар ин маврид бад-он монад, ки бихоҳем барои шахси ланг пойи сунъӣ бисозем. Ҳама чиз аз худи мо шуруъ мешавад. Касе, ки фикраш парвариш ёфта, ҳеҷ гоҳ аз пушаймонии «сухан» маҳрум нахоҳад монд. Агар мавзуъро надонад, ҳамонро васила қарор медиҳад, то ба доноии худ биафзояд ва фикри худро парвариш диҳад. Фикри ғанӣ ҳеҷ гоҳ матои беарзиш нест, вале бояд бикушем, ки ин сарватро худ ба даст оварем, на ин ки аз дигарон биталабем. Аз сармояи фикр холӣ будан ё чашмдошт шудан, камоли беақлист.

Ба бозӣ набурдам ҷаҳонро ба сар,

Ки шуғле дигар буд ҷуз хобу х(в)ар.

Нахуфтам шабе шод бар бистаре,

Ки накшодам он шабзи дониш даре…

Сухан гуфтани бикр ҷон суфтан аст,

На ҳар кас сазои сухан гуфтан аст…

Зи чандин сухангу сухан ёд ор,

Суханро манам дар ҷаҳон ёдгор.

Сухан чун гирифт истиқомат ба ман,

Қиёмат кунад, то қиёмат ба ман…

Ҳазор офарин бар суханпарваре,

Ки бар созад аз ҳар ҷаве ҷавҳаре.

(Низомии Ганҷавӣ)

ҲУСАИН ВОИЗИ КОШИФӣ

ҲИКОЯТ

Оварданд, ки шахсе гурбае дошт ва ҳар руз ба вай он миқдор гушт, ки оташи гуруснагии уро фуру нишонда тавонад, муқаррар карда буд. Аммо гурба аз гурусначашмӣ ба ин миқдор қаноат намекард.

Рузе аз пеши кабутархона мегузашт ва аз садои диловези кабутарон иштиҳои гурба дар ҳаракат омада, худро ба он кабутархона афканд. Посбони кабутархона гурбаро дастгир карда кушт ва ба пусташ коҳ ҷой карда, ба болои кабутархона овехта монд. Иттифоқо, гузари соҳибаш ба он ҷо афтод. Гурбаи худро дар ин ҳол дида гуфт: «Эй шухчашми ҳарис, агар ба он қадар гушт, ки ба ту мерасид, қаноат мекардӣ, пусти туро намекашиданд».

Яке гурба дар хонаи зол буд,

Ки баргаштаайёму бадҳол буд.

Равон шуд ба корвонсарои амир,

Ғуломони султон задандаш ба тир.

Бурун ҷасту хун аз танаш меравид,

Ҳамегуфту аз тарси ҷон медавид,

Агар ҷастам аз дасти ин тирзан,

Ману мушу кунҷи вайронаи пирзан.

ДАР ОДОБИ ҶАВОНӣ

Агарчи доно бошӣ, худро нодон шумор, то дари омухтан бар ту кушода гардад. Ҳеч суханро машикан ва маситой, то нахуст айбу ҳунари онро маълум нагардонӣ.

Сухан ягона гуй-бо хос хосу бо ом ом, то аз ҳадди ҳикмат берун нагардӣ ва бар шунаванда гарон наояд ба ҷуз ҷое, ки дар сухан гуфтан аз ту ҳуҷҷату далел ҷуянд.

Агар дар ҷойгоҳе аз ту дар сухан гуфтан ҳуҷҷат ҷуянд, сухан ба ризои эшон гуй, то ба саломат аз миёни эшон берун ойӣ.

Агарчи сухандон бошӣ, камтар аз он намой, ки донӣ, то вақти гуфтор пиёда намонӣ.

Бисёрдону камгуй бош, на камдону бисёргуй, ки хомушӣ дувумӣ саломатист ва бисёр гуфтан дувумӣ бехирадӣ.

Ва ҳарчанд поку порсо бошӣ, хештанситой мабош, ки гувоҳии туро бар ту кас нашунавад.

Бикуш, то сутудаи мардумон бошӣ, на сутудаи хеш. Сухангуй бош, на ёва гуфтан, дувумӣ девонагист. Бо ҳар ки сухан гуйӣ, бингар, то сухани туро харидор аст ё на.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.