Фанни Суханвари (риторика)

Таърихи пайдоиши суханвари

 

Барои фанни суханварӣ оғозу анҷоме нест, вале низ равшан нест, ки кадом шахсони муайян нахустин суханварони ҷаҳон шинохта шудаанд. Баъзе падидаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оғоз барои иртибот таъсири худро ба ҷамъият расонидан, бартарӣ доштан аз дигарон бар башарият эҳтиёҷи сухандонӣ ва суханварӣ пайдо шудааст. Маҳз ҳамин омилҳоро мо дар осори бостонии Ҳинду Чину Эрону Миср ва чанд кишвари дигар дучор меоем. То имруз асли мушаххас, ки нутқ аз он ҷо сарчашма гирифта ва дунёро фаро гирифта бошад, вуҷуд надорад. Танҳо метавон гуфт, ки суханварӣ дар ибтидо чандон маъмул ва дархури замон набуда, монанди дигар самтҳои иҷтимоӣ кам-кам роҳи камолро паймудааст. Шояд ҳар яке аз ин мулкҳои бостонӣ дар пайдоиш ва такомулоти санъати суханварӣ саҳме дошта бошанд. Мавзуъҳои асосии мавриди муҳокима қарор гирифтаи он давр: дар бораи охират, дар хусуси зиндагонӣ, панду андарз ва одаму одамгарӣ будааст. Куҳнатарин осори суханварӣ дар Мағрибзамин ба Юнони бостонӣ ва ба қарни панҷуми қабл аз милод иртибот дорад. Бинобар ин, таърихи суханвариро боист аз Юнон оғоз намуд. Мардуми ин кишвари бостонӣ дар илму амали ин фан варзида ва сармашқи дигарон будаанд. Юнон бо он ки сарзамини васеъ набуда ва нест, дар аҳди бостон дорои чандин давлат будааст. Яъне, юнониён натавониста будаанд бо якдигар иттифоқе дошта бошанд, ки дар як давлат мутаҳид гарданд. Ҳар шаҳре аз шаҳрҳои он сарзамин бо деҳистонҳои атрофаш давлате барои худ буд ва аҳли он диёр шаҳри худро меҳану ватани хеш медонистанд ва юнониёни дигарро бегона мехондаанд.

Дар қарни панҷум ва чаҳоруми пеш аз милод, ки давраи ҳукмронии подшоҳони сулолаи

Ҳахоманишиёни Эрони қадим аст ва аз аҳволи юнониён нисбатан бештар огаҳӣ доштаанд. Дар шаҳру рустои ин сарзамин ҳукуматҳои миллӣ амал мекардаанд. Онҳо анҷуманҳо меоростаанд ва мушовара ба амал меовардаанд. Дар ин машварат ва гуфтугуйҳо табъан, касоне, ки донотар ва хирадмандтар будаанд, оро ва афкори эшон ба савоб наздиктар ва мавриди таваҷҷуҳ қарор меёфт ва махсусан, агар дар тақрир ва баён зердаст меёфтанд ва ба раёсату зимомдории кишвар мерасиданд ва азбаски ин мақому манзалатро ба воситаи таъсири калом дарёфта буданд, суханвар номида мешуданд. Чунонки дар қарнҳои панҷум ва чаҳоруми пеш аз милод аз юнониён ҳар касро суханвар биноманд, равшан аст, ки марди сиёсӣ буда, дар зимомдории амирони кишвар дахолат доштааст. Валекин ҳақ ин аст, ки мардуми Отин аз ҷиҳати илм, ҳикмат, адаб, шеър ва жанрҳои дигар бар дигарон бешӣ ва пешӣ доштаанд ва аз ин ҷиҳат ҳар вақт Юнон гуфта мешавад, шаҳристони Отин ба ёд меояд. Фанни суханварӣ ҳам монанди фунуни дигар дар Отин дар

ҳамин айём ба камол расид ва нахустин суханваре, ки дар он ҷо дар ин фан маъруф гардид, Париклас ном дошта,аз мардони сиёсии бузург ба шумор меравад ва у муддати чиҳил сол ба воситаи хирадмандӣ, беғаразӣ ва суханварӣ дар Отин фармонравоӣ кард. Дар бораи у қиссаҳо бисёр аст, ки мавриди баён нест. Вале ҳаминаш мусаллам аст, ки дар бораи у гуфтаанд, ки аввал касест, ки гуфтореро, ки мебоист дар анҷуман адо намояд, қаблан таҳия намуда, навиштааст. Аммо аз гуфторҳои у чизе дар даст нест.

Дар бобати суханварӣ дар Машриқзамин ҳамин нуктаро бояд таъкид намуд, ки чун осори қадимии мо тақрибан аз миён рафта, аз ин ҷиҳат дар торикӣ қарор дорем. Ҳамин қадар медонем, ки дар ин сарзамин низ суханварӣ мекардаанд ва суханварони мумтозе будаанд, зеро мумкин нест, қавме ки қарнҳо зиндагӣ карда, донишмандони бузургро парварида, сухангу ва суханвар надошта бошад. Баъзан дар асарҳои нависандагони араб, сухан ва ишораҳо аз суханварони мумтози Эрон меравад. Бар замми ин, дар китобҳои таърих, осори назмӣ ва насрӣ низ сухан аз бузургони Эронзамин нақл ҳаст, валекин на ба он андоза ва дараҷае, ки битавонем бар суханварони ин сарзамин ошно шавем ва танҳо руҷуъ ба Юнон мекунем, ки дар байни он қавм суханварони бисёре ба камол расидаанд.

Дар ин кишвари бостонӣ аксари корҳо дар анҷуманҳои миллӣ ва маҳаллӣ ҳаллу фасл мешудааст ва барои дифоъ аз аҷнабиён ва таъқиби таҷовузкорон аз суханварони моҳиру варзида истифода мекардаанд.

Ба он ишора меравад, ки дар оғози кор ҳама ба дараҷаи қудрату истеъдоду таҷриба сухан мегуфтаанд. Тадриҷан бо бархурдорӣ аз қоидаҳои илми мантиқ, фанни баён, оид ба ҳифзи ҳуқуқи худ ва дигарон дуруст андеша кардану нигоҳдории лафз, бурҳон аз хато мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Аз чеҳраҳои машҳури суханварӣ дар Юнон Бриклес ҳамзамони Хашиёршо (шоҳи машҳури сулолаи Ҳахоманишиёни Эрони бостон) аст, ки бо нутқҳои муассири худ дифои давлати Испорт (Спарта)-ро барои муддате маҳдуду пирузӣ кард. Испортиҳо суханони худро бо ҷумлаҳои бисёр кутоҳ адо мекарданд ва Плутарх, ки таърихи онҳоро навишта, намунаҳое аз ин тарзи баён ҷамъ оварда, аз ҷумла гуянд: «Хашиёршо — подшоҳи Эрон ба Леонидос — подшоҳи Испорт навишта, ки аслиҳаи худро таслим кун!Леонидос ҷавоб дод: «Биё бигир».

Бриклес сипаҳсолор ва ҳокими маъруфи он шаҳр дар зимни нутқе, ки дар маҷлиси омма эрод намуд, ҳукумати Отинро чунин тавсиф кард: «Ҳукумати мо дар вазъи хоси худ аз касе тақлид накарда, балки худ сармашқи дигарон мебошад. Ҳукумати мо, ҳукумати омма аст. Мо бояд пайваста даври якдигар гирд омада ва дар бораи кишвар баҳс кунем ва раъй бизанем. Онҳое, ки моро мардуми пурҳарфу бекора мехонанд, бояд бидонанд, ки ҳарф монеъи кор нест».

Суқроти ҳакими маъруф, ки дар ҳақиқати чизҳо назари амиқ дошт, ба муқобили суханварони сафсаттагу камар баст. Вале мардум ба у душман шуданд ва саранҷом ба туҳмати бединӣ ба муҳокимааш кашиданд ва маҳкум ба марг гардид.

Шогирди Суқрот — Афлотун, ки саромади ҳакимони ҷаҳон шинохта шудааст, ақидаҳои устодашро ҷонибдорӣ намуда, дар асарҳои безаволи худ, ки тариқи муколама (яъне суолу ҷавоб) аст, ҳақиқати суханвариро равшан сохт.

Саромади суханварони Юнон-Димустанис ном дошт. Димустанис дар кудакӣ аз падар ятим монда, вале мероси бузурге ба у расидааст. Дустони падараш амволи меросиро беҳуда сарфу харҷ карданд, ки дар синни камолоти фарзанд чизе боқӣ намонда буд.

Димустанис дар оғози ҷавонӣ баромадҳои суханваронро шунида, ба он шавқу завқи беандоза зоҳир менамуд. Бахусус, мушоҳида мекард, ки мардум ба суханварон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамоянд. Чанд соли умри хешро дар шогирдии суханварон гузаронида, нозукиҳои ин фанро омухт. Дар оғоз суханрониҳои у ба мардум писандида набуд, зеро лаҳни гуфтораш заиф, нафасаш кутоҳ ва таъбироташ номуносиб буд. Дустонаш ноумедии вайро пайхас намуда, уро бештар ташвиқ ва руҳбаланд намуданд, айбҳои уро ошкоро гуфтанд. У сахӣ ва кушиши зиёде ба харҷ дода, ба мақсуд расид ва дар боби суханварӣ доир ба у нақлу ривоятҳои бешуморе ҷой дорад. Аз ҷумла навиштаанд, ки манзиле зери замин барои худ муҳайё сохта, танҳо он ҷо мерафт ва машқи суханварӣ мекард. Худро маҷбур мекард, ки ранҷу машаққат кашад. Нимае аз ришашро метарошид ва нимаи дигарро мегузошт, то натавонад аз хона бадар ояд. Барои ислоҳи лаҳҷа ва талаффузи худ рег дар даҳон мегирифт ва бо овози баланд шеър мехонд.

Барои тақвияти нафас ру ба боло медавид ва фарёд мекард ё манзумаҳои калонҳаҷмро кушиш мекард бо як нафас хонад. Ба канори дарё рафта, машқи сухан мекард, то дараҷае, ки овозаш бар садои мавҷҳои дарё ғалаба кунад ва дар баробари ойина гуфтугу менамуд, то аҳволи чеҳраашро зимни суханронӣ дарёбад ва ислоҳ намояд.

Ин ривоятҳо ҳама рост бошад ва ё набошад, вале як чиз мусаллам аст, ки Думистанис дар ҷодаи суханварӣ заҳмати беандоза ба харҷ дода, раёзат кашидааст. Аз ин сабаб аст, ки у нахустин суханвари ҷаҳон шумурда шуда аст. Натиҷа он шуд, ки Думистис дар ин фан забардаст шуда, дар корҳои сиёсӣ мудохила менамуд, дар ҷаласаҳои миллӣ суханрониҳои оташин мекард. Давраи зимомдорӣ ва сиёсатмадории Думистис тақрибан ба замони подшоҳии Файлақус (Филиппус) рост меомад. Филиппус-падари Искандар ҳариф ва рақиби Доро, шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ аст. Филиппус, ки дар бистушашсолагии Димустанис ба подшоҳӣ расида буд, табиатан шахси ҳавобаланд, зирак мутакаббир, дар муддати кутоҳе салтанатро ба даст гирифта, кишварро мустаҳкам намуда, ба ҷаҳонгирӣ пардохт. Хуллас, дар тули ҳабдаҳ соли подшоҳии худ тамоми кишварҳои ҳамсояи хешро бо ҳар роҳ ғасб намуд ва қасди ҳамла ба Осиё, бахусус, ба давлати Эронро мекард, валекин умраш вафо накард ва анҷоми он корро писараш Искандар амалӣ намуд.

Пас аз он ки истиқлоли миллати Юнон аз миён рафт, суханварӣ дар ин сарзамин ру ба таназзул ниҳод, ҳамчунин илму ҳикмат, адаб ва санъати эшон низ.

Дигар Арастуи философи маъруф аст. Вай як фасле аз китоби «Мантиқ»-ро «Суханварӣ» ном дод ва робитаи ногусастании нутқу мантиқро ошкор сохт. Барҷастатарин чеҳраи суханварии Юнон Димустанис аст. У фарзанди марди ботамкин ва аз ашрофони Отин буд. Дар бораи кори у матолиби мухталиф навиштаанд, ки аз иғроқу достонсароӣ холӣ нест. Масалан, ҷамъе муътақиданд, ки дар зери замин, дар хонаи шахсе муддатҳо ба риёзиёт пардохт ва назди суханвари маъруфе фанни баён омухт.

Пас аз Юнон равшанфикрони кишвари Рум, ки вориси тамаддуни ин диёр буданд ба суханварӣ иноят варзиданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *