Илми маонӣ

 

Улуми балоғатро донишмандон ду навъ тасниф кардаанд. Донишмандони аҳди қадим, то асри XV илмҳои маонию баёнро мансуб ба балоғат медонанд ва бадеъро тобеи илми фасоҳат кардаанд. Сабаби ин тасниф ба маънии калом дахл доштани маъонию баён ва ба шакли сухан мансуб будани бадеъ мебошад. Баъдҳо баён ва бадеъро ба ҳам тавъам сохта, дар якҷоягӣ илми бадеъ ё санооти бадеъ, ё санъатҳои бадеӣ гуфтаанд.

Илмҳои балоғат дар натиҷаи омўхтани қонуну қоидаи назму наср ташаккул ёфта ва ба шўъбаи махсуси таҳқиқи сухани адабӣ мубаддал гашта, ба соҳаи дониши махсуси адабиётшиносӣ, шинохту таҳқиқи каломи бадеъ тахассус ёфтаанд.

Таърифи илми маонӣ чунин аст: Маърифат кардани таркибҳои гуфтор (ҷумлаҳо) аз ҷиҳати хубию некӣ , то ба воситаи огоҳӣ дар он эмин бошанд дар татбиқи калом ва муқтазои ҳол. Аз таркиби калом, яъне ҷумлаҳо маъние маърифат мешавад ва дурустию ҳусни он ба мувофиқаташ ба талаби мавриду ҳолат вобаста аст. Маъно, дар ин ҳолат маънои калом аст, на маънои воқеии дар нисбати шахси гуянда мавҷуд. Мақсад аз ҳол амру сабабҳоест, ки даъвии сухан гуфтанаш бо сабаби махсус ба муқтазои ҳоли мақом ва мувофиқи он бошад. Масалан, кассе ба дигаре мегўяд: «Аҳмад ба дарс омад». Дар ин ҷо сухан барои он мувофиқи талаби ҳолат аст, ки шунаванда дар ҳақиқати ифшои ў шубҳае надорад ва мақсади гўянда хабар додан аст. Ба муқтазои ҳол қазия шакли хабарӣ гирифтааст. Агар шунаванда нисбати ин хабар шубҳае дошта бошад, гўянда онро таъкидан мегўяд. Дар ин ҳолат ҷумла шакли хитобиро мегирифт, ба монанди «Аҳмад ба дарс омад!» Дар мавриде, ки шунаванда аз омадани Аҳмад огоҳ бошаду гўянда на, ҷумлаи хитоб ҳатман шакли суолро мегирад, яъне “Аҳмад ба дарс омад ?” Аз ин мисол тамоман равшан аст, ки сохти маънӣ мувофиқи ҳолат амалӣ мегардад.

Вақте сухан мувофиқи муқтазои ҳол гуфта намешавад, саҳли ислоҳнашавандае рўй медиҳад. Масалан, агар кассе дар мавриди шукру қаноат ба шикояту норизоӣ пардозад. Масалан, Ҷалолиддини Румӣ масали касеро ки гўши кар дошт ва ба аёдати ҳамсояи бемоораш рафта, ҳамдардии беҷо намудааст, хеле хуб ба назм оварда, мефармояд:

Он кареро гуфт афзунмояе,

Ки туро ранҷур шуд ҳамсояе.

Гуфт бо худ кард, ки бо гўши гарон,

Ман на дарёбам зи гуфти он ҷавон.

Хосса ранҷуру заифовоз шуд,

Лек бояд рафт он ҷо, нест буд.

Кар даромад пеши ранҷуру нишаст,

Бар сари ў хуш ҳамемолид даст.

Гуфт:”Чунӣ?”. Гуфт:”Мурдам” Гуфт: “Шукр”.

Шуд аз он ранҷур пурозору нукр,

К – ин чӣ шукр аст – ин адуи мо будаст,

Кар қиёсе карду он каҷ омадаст.

Баъд аз он гуфташ:”Чӣ хўрдӣ?” Гуфт:”Заҳр”

Гуфт:”Нўшат бод!” Афзун гашт қаҳр.

Баъд аз он гуфт: “Аз табибон кист ў,

К – ў ҳамеояд ба чора пеши ту?”

Гуфт:”Азроил меояд, бирав!”

Гуфт: “Пояш бас муборак, шод шав!

Ин замон аз назди ў оям барат,

Гуфтам ўро, то ки гардад ғамх(в)арат”.

Кар бурун омад, бигуфт ў шодмон:

“Шукр, ки кардам муроот ин замон”.

Худ гумонаш аз карӣ маъкўс буд,

Ин миёни маҳзро пиндошт суд.

Барои он ки сухан дар ҳадди камоли маънӣ, мутобиқи завқи мухотаб бошад, бояд ин сифатҳоро дошта бошад: дониши мувофиқи хоҳиш, ақлу дониш ва завқи мухотаб, алфози мувофиқ. Бунёди илми баён дар улуми мантиқ, сарф, наҳв, луғат ва баён гузошта шудааст. Ба ғайр аз ин, истиноди илми маъонӣ бар илми нафс аст ва аз ин ҷиҳат ба қааоиди ақл, қувваи шуур ва ирода такя менамояд. Вазифаи ақл дар он аст, ки алфозу маониро ба беҳтарин ваҷҳ ба самъи мухотаб бирасонад. Далоили ақлӣ барои масоили илмӣ ва мубоҳисавӣ заруранд.

Қувваи шуур барои тахаюл ва тамиз кардан лозим аст, то ки ангезаҳои шавқиро биҷунбонад, ба сўи некию бадӣ, ҳяҷону тахаюл ва ғайра инфиолоти мардумӣ.

Қувваи ирода фикр ва ақидаро ба кор меандозад, то ки шахсро ба мавзўъ мўътақид ва дар сари амал омада гардонад.

Барои маънии латифу дилкаш лафи хушу гуворо, калимоти шинаму мувофиқ лозим аст. Калима хишти девори бинои маъонии сухан аст:

Чу Қанъонро табиат беҳунар буд,

Паёмбарзодагӣ қадраш наяфзуд.

Ҳунар бинмой, агар дорӣ, на гавҳар,

Гул аз хор асту Иброҳи аз Озар.

Маънии хуб вақте ба даст меояд, ки дар сухан ҳашви зоид, калимоти носуфта набошад. Барои ин калимотро хушоянду салис ва мазмункушодаю боз ва ба фаҳм наздик сохтан даркор аст. Азбаски шарти асосии илми маъонӣ ба муқтазои ҳол сухан гуфтан аст, ҳар мақом, ҷойгоҳро Сухане ҷудогона ба кор бурдан лозим меояд. Намунаи ҳамин гунна сухани балоғӣ бо калимоти салису ҳама ба ҷо, тасвирҳои нотакрор ин ғазали шево аз халлоқулмаонӣ Ҳофизи Шерозӣ шуда метавонад:

Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,

Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.

Гуфтам: “Эй бахт, бихуфтидаю хуршед дамид”,

Гуфтам: “Бо ин ҳама аз собиқа навмед машав”.

Гар равӣ поку муҷаррад чу Масеҳо ба фалак,

Аз чароғи ту ба хуршед рассад сад партав.

Такя бар ахтари шабдузд макун, к – ин айёр,

Тоҷи Ковус бибурду камари Кайхусрав

Гўшвори зару лаъл арчи гарон дорад гўш,

Даври хубӣ гузарон аст, насиҳат бишнав …

Оташи зўҳду риё хирмани дин хоҳад сўхт,

Ҳофиз, ин хирқаи пашмина бияндозу бирав.

Таълимоти илми маонӣ бо услуби сухан пайваста мебошад. Ҳар адибе тариқи сухан, таҳриру баёни худро дорад. Тафовути услуб аз тариқи ифодаи маъно вобаста аст. Як маъноро бо чандин услубу тариқаи сухан ба таҳрир овардан мумкин аст, ки яке лазизу дилчасптар, дигаре каммаънию номақбултар буда метавонад. Ин қитъаҳоро устод Абулҳақи Бетоб барои намоиши як маъно бар услубҳои гуногун мувофиқ дидааст.

Аз Мантиқии Розӣ:

Маҳи гардун магар бемор гашта,

Ки болиду танаш бигрифт нуқсон.

Ба сони гўи симин буду акнун,

Баромад бар фалак чун нўки ҷавгон.

Ту гуфтӣ хинги Соҳиб тохтан кард,

Фиганд ин наъли заррин дар биёбон.

Анварӣ гўяд:

Дўш султони чархи оинафом,

Он ки дастури моҳрост ғулом.

Аз канори набардгоҳи уфуқ,

Чун ба дасти ғуруб дод зимом.

Дидам андар саводи турраи шаб,

Гўшвори фалак зи гўшаи бом.

Гуфтам: Ин наъли хинги дастур аст,

Қурратулъайну фахри оли низом.

Заҳири Форобӣ:

Чун бар замин талиаи шаб гашт ошкор,

Офоқ кард кисвати Аббосиён шиор.

Пайдо шуд аз каронаи майдони осмон,

Шакли ҳилол чун сари чавгони шаҳриёр.

Дидам зи зари пухта бар ин тахти лоҷвард,

Нуне, он ба хати хафӣ буд ошкор …

Масъалаҳои асосии баҳси илми маонӣ аз инҳо иборат мебошанд: аҳволи исноди хабарӣ, аҳволи маснад ва маснадилайҳ, аҳволи мутааллиқоти феъл, каср ва иншо, фаслу васл, эҷоз, итноб ва мусовот.

Исноди хабарӣ дорои эҳтимоли сидқ (дурустӣ, ростӣ) ва кизб (дурўғ, носаҳеҳ) аст. Агар гўем, ки “Зайд фозил аст”, эҳтимоли ҳарду мавҷуд аст. Агар нисбати калом бо хориҷӣ мутобиқ , ояд рост аст ва ило кизб.

Мисол аз Низомӣ:

Дари каҷравӣ бар ҷаҳон бастаем,

Зи Дуне бад – ин ростӣ растаем.

Хабар ба эътимоди мавқеи мухотаб гуногун мешавад, ки аз зарурати таъкид, таъкиди зиёд иборатанд. Дар забони тоҷикӣ (форсӣ) мақооми таъкид аз як зиёд нест. Таъкид мусбат (ҳамоно) ва манфӣ (ҳеҷ, ҳаргиз) буда метавонад ва баъзан муштараки миёни ин ду.

Мисол:

Гуфтам: “Даҳанат ҳеҷ бувад!” Ранҷа шуд аз манн,

Гуфто ки: “Бигў боз”. Бигуфтам: “Ба худо, ҳеҷ”.

Вазъи хабар ҳам барои ду ғараз аст: якум, вақте мухотаб аз қазия огоҳ набошад ва мутакаллим баҳри огоҳии ў илқои хабар мекунад.

Гуфт ёр: “Аз ғайри мо пўшон назар”. Гуфтам:

“Ба чашм”,

В – онгаҳе дуздида дар мо менигарад. Гуфтам:

“Ба чашм”.

Дувум, мухотаб аз қазия огоҳ аст, аммо мутакаллим аз огоҳ будани худ изҳор менамояд, ба монанди мазмуни ин байт:

Аз ин оҳиста рафтанҳо в – аз ин баргашта

диданҳо,

Туро, ҷоно, ҳарифе дар қафо будаст, донистам.

Агар илқои хабарӣ ба ғаразу фоидае бошад, ки аксар чунин аст, пас, вай аз маънои аслӣ берун баромада, ба ғарази дигар истеъмол шудааст. Машҳуртарини он ғаразҳо аз инҳо иборатанд: 1.И с т и ф ҳ о м, ки маънояш талаби раҳм кардан, меҳрубонӣ хоста наст:

Мани рўсияҳ ба пешат гунаҳи азим дорад,

Нахурам ғами гунаҳро, ки чу ту карим дорам.

  1. Т а ҳ а с с у р ; ҳасрат доштан бар чизе наздику маҳбуб:

Гузашт вақти ҷавонию инбисотам нест,

Кунун чӣ сўд, ки сармояи нишотам нест.

(Бетоб)

  1. И з ҳ о р и з а ъ ф у н о т а в о н ӣ :

Пирӣ расиду мавсими табъи ҷавон гузашт,

Заъфи ман аз таҳаммули ратли гарон гузашт.

  1. Ф а х р:

Маликулмулуки фазлам ба фазилати маонӣ,

Замию замон гирифтам ба мисоли осмоне.

Нафаси баланди савтам ҷараси баланди сите,

Қалами ҷаҳоннавардам алами ҷаҳонситоне.

  1. П а н д у н а с и ҳ а т :

Дурўғ одамиро кунад шармсор,

Дурўғ одамиро кунад бевиқор.

Ҷумлаи иншоия он аст, ки ғунҷоиши содиқу козиб вобаста ба гўяндаи он нест. Ҷумлаи иншоия ду навъ мешавад: талабӣ ва ғайриталабӣ.

Дар ҷумлаи талабӣ рўйдод амрест, ки панҷ қиисм мешавад.

  • А м р талаби феъл аст аз мухотаб, ки ба нишондоди Бетоб дар арабӣ чаҳор сиға дорад:1) Сиғаи феъли амр, ки гоҳо ба маънои дигар, аз ҷумла дуо ва илтимос, роҳнамоӣ, тақдир, таъҷиз ва ғайра омада метавонад, ба монанди:

Ё раб , зи карам бар мани дарвеш нигар,

Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар.

Дар иршодураҳнамоӣ:

Дар мактаби ҳақоиқ пеши адиби ишқ,

Ҳон, эй Писар, бикуш, ки рўзе падар шавӣ.

(Ҳофиз)

Дар таъҷиз:

Дар кўи некномӣ Моро гузар надоданд,

Гар ту намеписандӣ, тағйир деҳ қазоро.

(Ҳофиз)

  • Қисми дувуми ҷумлаи амрии талабӣ наҳӣ аст, ки маънои ба зердаст нигоҳ доштани кореро дорад. Гоҳо наҳӣ аз маънои аслӣ баромада, ба маънои дигар биёяд, ки аз оҳанги гуфтор ва қаринаҳо фаҳмида мешавад. Дар арабӣ дар ҷумлаи хабарии амрӣ префикси ло – илова мешаваду бас. Ин ҳам дар шакли илтимос, иршод, (насиҳату раҳнамоӣ), таманно, таҳдид омада метавонад. Мисолҳо:

Барои дуо:

Раво мадор Худоё, ки дар ҳарими висол,

Рақиб маҳраму ҳирмон насиби ман бошад

Дар илтимос:

Марав ба маҷлиси бегонагон, ки бедарданд,

Биё, ба паҳлуи ин дардошно биншин.

(Воқиф)

Дар таманно:

Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун, эй осмон,

Оби рўи мардуми доно марез!

3) Қисми севуми ҷумлаҳои амрӣ и с т и ф ҳ о м аст, ба маънои пурсидан аз мухотаб ба воситтаи яке аз адоват. Адовати истифҳом дар форсӣ чӣ , оё, кадом, чун, чанд, кай, куҷо ва ку мебошад. “Оё” барои талаби тасдиқ ва тасаввур меояд, монанди:”Оё Аҳмад доно аст?” Агар “оё” барои талаби тасаввур бошад, ҳарфи тарди “ё” баъди ў меояд:

Онон ки хокро ба назар кимиё кунанд,

Оё бувад, ки гўшаи чашме ба мо кунанд.

Ҳарфи “чӣ” гоҳо барои савол аз шарҳи исм ва гоҳо барои моҳияти номбаршуда дар шакли авали ҷавоби он ном маъмул аст:

Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш,

З – ин муаммо ҳеҷ доно дар ҷаҳон огоҳ нест.

Барои пурсон аз сабаби амре, барои аҳволпурсӣ, барои пурсиш аз чораҷўӣ низ меояд:

Санг бар сина занам, шишаи дил мешиканад,

Назанам, ишқ чунин карда, тақозо чӣ кунам?

Сару корам ба дили сахтбуте афтода,

Назанам санг, Худоё, ба сари худ, чӣ кунам?

“Кӣ” барои таъини фарде меояд:

Аз рашки кӣ сўзам, зи кӣ пинҳон кунамат, вой,

Дар ҳеҷ диле нест, ки ҷои ту набошад.

“Кадом” ба маънии кӣ наздик аст ва барои талаби таъин меояд:

Майхораву саргаштаву риндему назарбоз,

В – он касс, ки чу мо нест, дар ин шаҳр кадом аст?

“Чун” барои аҳволпурсӣ ва ба маънии чӣ гунна, чӣ чора меояд:

Дар таҳти хок бигў, эй гули раъно, чунӣ?

Мо ки ҷамъем, чунинем, ту танҳо чунӣ?

(Ҷомӣ)

“Чанд” барои суоли таъини адад аст. Дар шакли чандону чандин нишонаи зиёдӣ мегирад ва чандонки низ истифода шудааст. Ба монанди: “Чандонки зори кардам …”

“Кай” барои талаби таъини замон мустаъмал аст:

Ҷомӣ май пеш ору чун Ҳофиз махўр,

Ғам, ки Ҷам кай буд Ковус кай.

(Ҳофиз)

“Куҷо” барои истифҳоми макон аст:

Пўшида Рух зи дидаи мо меравӣ, марав,

Муштоқи диданием, куҷо меравӣ марав.

“Ку” ба маънии кадом ва гоҳо куҷо меояд:

Гулбуни айш медамад, соқии гузъузор ку?

Боди баҳор мевазад, бодаи хушвор ку?

Маънои истифҳом гоҳо бидуни ин адавот ҳам меояд.

4) Навъи ҷаҳоруми ҷумлаҳои амрӣ таманно мебошад.Маънои таманно хоҳиш, орзу, чизе маҳбуб ва азиз аст, ки умеди расидан ба он мумкини воқеӣ нест ё номумкин ба назар мерасад. Намуна:

Нахўрам ҳасрати парвози гулистон, эй кош,

Бигузоранд, ки кунҷи қафасе гарм кунам.

Дар форсӣ адавоти асосисии таманно ҳамин кош (кошкӣ) мебошад, ба монанди ин байти Ироқӣ:

Дилрабое дил зи манн ногаҳ рабудӣ, кошкӣ,

Ошное қиссаи дардам шунудӣ кошкӣ.

Гоҳо барои ифодаи таманно ҳуруфи истифҳом, ба монанди “кай”, “куҷо”, “ку” меоянд. Монанди:

Ку дўст, ки қадри ёри ҳамдам донад,

Ку хастадиле, ки лаззати ғам донад.

Калимаи “хуш” низ изҳори таманно мешавад:

Хуш он замон, ки ба саҳни чаман ту бошию манн,

Миёни ғунча ба як пираҳан ту бошию ман.

Калимоти “чӣ мешуд”, ” чи шавад”, “чӣ будӣ” низ ифодаи таманно мекунанд.

Як навъи талаб н и д о аст. Нидо талаби мутакаллим аз мухотаб барои қабул аст ба воситаи

яке аз ҳуруфи калимаҳои нидо, ки доимист. Калимаҳои нидои тоҷикӣ (форсӣ): эй, оё ва о дар охири исм. Мисолҳо:

Эй дўст, дасти Ҳофиз таъвизи чашми захм аст,

Ё раб, бубинам онро дар гарданат ҳамоил.

 * * *

Ҳавохоҳи туам, ҷонову медонам, ки медонӣ,

Ки ҳам нодида медонию ҳам нанвишта мехонӣ.

* * *

Аё насими саҳар, фатҳномаҳо бардор,

Ба ҳар диёр аз ин фатҳномаҳо биспор.

* * *

Масоили дигари маъонӣ бо таълимоти сарфу нааҳв (грамматика) бархурди зиёде доранд.. Бино бар ин бо тавзеҳи эҷоз, итноб ва мусовот, ки ба сабки суханронӣ мувофиқат мекунанд, иктифо менамоем.

М у с о в о т адои маънии мақсуд бо иборати бо он баробар мебошад, чунонки дар ҳадди миёна мардум дар гуфтугўи ҳамарўза ба кор мебаранд.

 Мақсад аз ҳадди миёна (авсатуннос) ҳамон гуфтугўест, ки на ҳунарию санъатӣ ва на омиёнаи бесаводона бошад. Аз лиҳози ифодаи ҳақиқат чунин сухан айнӣ ва ба вуқўъ баробар бояд бошад. Ба монанди ин сухани Саъдӣ: “Ҳар кӣ бо пўлодбозу панҷа кард, соиди симини худро ранҷа кард”.

Э ҷ о з сухани аз ҳадди миёна поинтар ва дорои маънии зиёдтар бошад. Дар эҷоз адои маънии мақсуд ба иборати камтар аст. Агар аз адои мақсад зиёд бошад. Онро мухил(л), яъне халал расонанда мегўянд. Дар эҷоз баъзе аз қисмҳои калом лафз (ихтисор) шавад. Масалан, дар ин байт “ашхоси” пок ҳазф шудааст:

 На сарв монанд дар ин бўстон, на оби равон,

Дареғу дард, ки покону ростон рафтанд.

И т н о б адоӣ маънӣ ба ибороти аз ҳадди миёна (авсвтуннос) зиёдтар аст . Масалан, агар ба маънои пир шудан кассе бигўяд: “Эй Парвардигори манн, ҳар оина, суст шудааст устухон дар бадан ва сафед шудааст сари манн аз пирӣ”. Агар ибороти зиёд бефоида бошад, онро ҳашв ва ва татвил (дароз додан) мегўянд. Давои (ҷамъи доия; сабабҳо, ангезаҳо) – и итноб зиё аст . Яке ин аст, ки хос баъди Ом зикр мешавад, монанди:хидматгору подшоҳ омаданд. Баъди ом (ҷинс) омадани хос лутф аст. Тобишҳои дигар ҳам лутфи сухан дар итноб дорад.

#
test

Добавить комментарий