Илми баён

 

Илми баён, мувофиқи тақсимоти қудамо, бо иловаи маонӣ яке аз ду фанни балоғат аст. Дар луғат баён пайдо кардан, ба зоҳир овардани чизеро мегўянд. Таърифи баён ҳамчун навъи дониш чуни наст. Маърифати эроди маънии воҳид ба тариқи мухталиф аст, ки аз сабабҳои зиёди ваҷҳи далолати ақлӣ сар мезанад. Ба воситаи ин илм шаклҳои гуногуни шинохти маънӣ бо ёрии хаёл дониста ва санҷида мешаванд.

Масалан, агар бигўем, ки фалониро дари хонааш боз ё кушода аст, бо ёрии хаёл маънии воҳиди саховатмандй бо таъбире гуногун фаҳм мешавад.

Барои ба сурати махсуси воқей овардани андеша ё хаёле нишона ва аломатҳое ба кор бурдан лозим, то ба он маънй (сурати зеҳнй) далолат мекарда бошад.Маънии муҷаррад далолатгари маънии махсус мебошад. Далолати алфоз ба маънии муайян аст ва гуногунии алфоз имконоти касбию феълии ифодаи як маъно мебошад. Далолатгари маънй чизи дидании ҳисшаванда аст, ки сурати зеҳй ё маънии муҷаррад ба воқеъ омадааст. Шакли воқеии маънй калима ё таркибест. Аз калимаи «забон» ва «китоб» чй маъние бармеояд, барои соҳибони забони форсй-тоҷикй маълум аст.

Дар забон халқе як маънй метавонад чандин воситаи далолат дошта бошад. Масалан, вожаҳои забон,лафз, гуфтор ишора ба ҳамон як маънй мекунанд. Аммо ба як маънй омадани чанд калима вазифаи баҳси грамматика буда, балки сурати воқеие, ки бо далолате ҳамон маъниро мерасонад, аз баҳсҳои илми баён аст, то вуҷўҳи маънй дар суратҳо ихтилоф дошта бошад. Дар абёти поён Соиби Табрезй далолат ба маънии «мўҳр бар лаб задан» («мўҳри лаб» ва «мўҳри ссукут») шудааст, ки киноя аз хомўшист.

Хонаи дарбаста фонуси хотир аст,

Мўҳр зан бар лаб, агар хотир ба ҷо мебоядат.

Дигар:

Дар сарои мардуми бебарг, агар меҳмон шавй,

Мўҳр бар лаб зан фузулиро бурун даргузор.

Дигар:

Нест аз кўтаҳзабонй бар лабам мўҳри сукут,

Теғҳо пўшида дар зери сипар бошад маро.

Дигар:

Хамўшй бар наёяд бод или пуршўри манн Соиб,

На он баҳрам, ки мўҳри лаб тавонад гашт гирдобам.

Маънй дар суратҳои мухталиф гоҳе шакли бозу равшан ваа гоҳо пўшидаи барои дарёфти зеҳнй душвор дорад. Гуногунии бори маънй бо ёрии далолати ақлй кушода ва маълум мегардад. Намуна аз шеъри шоири Эрон Маҳдии Ахавони Солис:

Машриқ чу пуқи тилоии худро,

Бардошт, ба лаб гузошт, равшан кард.

Зарин дуде гирифт оламро,

Офоқ ридои рўз бар тан кард.

Мақсад аз чупуқ офтоб ва «тилой» киноя аз зардии он, бардоштану ба лаб гузоштану равшан кардан, дар уфуқ пайдо шудану равшани додан ва «ридои рўз» маҷозан равшании рўзро аз офтоб мефаҳмонад. Дар ин баёни устодона машриқ ба инсони қодири бардоштану ба лаб гузоштану равшан кардан, офтоб ба чупуқи тилоии соҳиби дуди зарин ва ридои рўз тасвир шудаанд. Дар ин байтҳо маънии «офтоб баромад» ба ин сурати зебо тасвир шудааст. Чанд байт аз «Шоҳнома»-и Фирдавсй дар баёни расидани рўз ва баромадани офтоб мутолиа кунед:

Чу хуршед теғ аз миён баркашид,

Сипоҳи шаби тира шуд нопадид.

Дигар:

Ба шабгир хуршед ханҷар кашид,

Шаби тира аз бим шуд нопадид.

Дигар:

Чу хуршед бар тахти зарин нишаст,

Шаби тира рухсори худро бубаст.

Возеҳкунандаи далолати ақлй дар мисолҳо ташбеҳ, маҷоз, киноя мебошанд.

Маънии воҳид ба тариқи мухталиф.

Мавзўъҳои Сухану шеър гуногунанд, аммо бе ҳуда ҳам нестанд. Дар мавзуи гул ё моҳу парвин, гулу сунбулу абри баҳор чандин шоироон сухан гуфтаанд ва қудрату ҳунари онҳо дар тарзи баёнашон ошкор мегардад. Ҳар яки онҳо мавзўи сухани чандин шоир шудаанд ва ҳар кадомашон ба тариқи хоси худ сухан гуфтаанд. Аз ҳамин ҷо масъалаи маънии воҳид ва адои он бо тариқи мухталиф ба миён меояд. Мавзўи шукрро гирем, ки дар шеъри шоирон ҳазорҳо сол баён шуда ва боз охир надорад. Ҳофиз аз шеъри дилкашу хушоҳанги худ ба шаклҳои мухталиф чунин таъбир кардааст:

Шеъри Ҳофиз ҳаама байтулғазали маъруф аст,

Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш.

* * *

                     Надидам хуштар аз шеъри ту, Ҳофиз,

Ба Қуръоне, ки андар сина дорй.

* * *

Касс чу Ҳофиз накушуд аз рухи андеша ниқоб,

То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

* * *

Ҳофиз аз машраби қисмат гила ноинсофист,

Табъи чун обу ғазалҳои равон Моро бас.

* * *

Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд,

Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Ба ин тариқ, маънии воҳид асли маънй аст. Маънй дар вазъи мушаххаси гуфтор мазмунест, ки аз мақсадҳои ақли мувофиқи эътибори воқеъ ва ҳолат сар мезанад. «Тариқи мухталиф» бо эҳсосу фаросат бо таркибҳои гуногуни сухан баён кардани он маънй мебошад. Таркибҳои мухталиф дар эҳсосу дарки маънои воҳид аниқтару дақиқтар фурў рафтанро далолат мекунанд.

  • Б а ё н в а с а б к и с у х а н

Баён тарзи таъбир ва адои хоси муаллифи асари адабиро низ мегўянд. Аз ин ҷиҳат баён ба маънои сабки сухан, яъне тарзи навишти асари адиб ҳам истифода мешавад. Тарзи баёни нависанда аз тариқи ҷумласозй, тарқиби луғоти алфоз ва камию зиёдии онҳо (чандомад) ва санъатҳои бадей муқаррар мегардад. Фикр мекунам, ки « баён» ба ин маъни як навъ иртиҳоли мафҳумҳои русии «выражение», «стиль выражения» ва таркиботи ба он наздик аст, ки дар замони шўравй дар сухани забоншиносон ва адибони тоҷик маъмул шуд.

Дар асарҳои бадей се навъи баёни сухан дида мешавад: нақлу таҳкия, муколама (диалог) ва монолог. Нақлу таҳкия асосан як вазифа мақсади бадей доранд: гўянда аз рўйдодҳои зиндагии касс,. Моҷароҳои ҳасти ва авзои воқей сухан мегўяд. Аз ваҷҳи баён миёни нақлу таҳкия фарқ нест. Аз ммавқеи нависанда нисбат ба вақоеи нақлшаванда миёни онҳо фарқи ҷиддие ҳаст. Нақл баён аз номи шахси якум аст. Нависанда гўё аз дидаву шунидаи худ ҳарф мезанад. Повести «Субҳи ҷавонии мо»-и

Сотим Улуғзода аз номи шахси якум навишта шудааст. Тарзи нақлии баёнро аз ин суханони муаллифи «Ёддоштҳо» С. Айнй фаҳм карадин мумкин аст: «Манн ба ёбон баромадам. Ёбон аз руи дариҷаи мо васеъ ва хушҳавотар буд, боди сабуке мевазид ва ба димоғи касс як бўи хуши нозукеро меовард. Майсаҳои ҷаву гандуми тирамоҳи кишташуда замини сиёҳро пўшонида сабзу хуррам карда буданд. Сабза ва себаргаҳои лаби ҷўй ва дигар алафҳои худрў ба назари кас ҳим – ҳим тофта, чашми одамро мебурданд. Ҳаво на сарду на гарм ва бағоят форам буд.Деҳқонбачагон дар қишлоқ ҳо ба харҳошон нурӣ бор карда оварда, вайҳоро дар заминҳои кошта шуданӣ мерехтанд ва дар бозгашт харҳои аз бор халос шудаашонро савор шуда бо ҳам пойга мемонданд ва хартозӣ мекарданд

Манн рост ба лаби рўд рафтам, ки дарахтҳои канори вай аз пеши ҳавлии мо намуда меистод. Дар ин тараф – он тарафи ҷануби рўд кассе набуд, фақат бар шохаҳои дарахтони бед, ки нав сабззимадон баста буданд, фароштурукон ва гунҷишкон нишаста хониш мекарданд ва хониши онҳо ҳам монанди ҳавои он ҷо ба касс мефорид”.

Бартарии нақл аз таҳкия дар он аст, ки сухани гўянда гўё аз воқеияти зиндагии ў дарак медиҳад ва боварибахш аст. Хонанда рўйдодҳои асарро чун лаҳзаҳои зиндагии нависанда қабул менамояд. Дар иқтибоси боло аз С. Айнӣ ваъзи хотири гўянда бо авзои табиати атрофии ў пайваста омадааст. Маҳдудияти нақл вобастагии он ба амалу кирдори як касс аст ва нависанда аз доираи он берун рафтан наметавонад. Бо ҳамин сабаб ба ин шакл асари бузурги адабӣ офаридан мушкил аст. Ба тариқи нақл навиштани қисми зиёди ҳикоя, масал ва қиссаҳои хурду миёна аз ҳамин сабаб аст. Маҳдудияти тарзи баёни нақлӣ боиси ба вуҷуд омадани шаклҳои қисса андар қисса (ҳикоят андар ҳикоят) шудааст.

Қисса андар қисса дар адабиёти ҷаҳон шакли хеле қадимии баён аст ва дар адабиёти бисёр халқҳо дида мешавад. Дар маркази чунин асар як қисса ё ҳикояте меояд, ки дигар қисса ё ҳикояҳоро ба ҳам мепайвандад ва онро қисса (ҳикоя) – и васила, васлкунанда меноманд. Китоби афсонаҳои “Ҳазору як шаб”, “Калила ва Димна”, “Чор дарвеш” бо ҳамин шакл навишта шудаанд. Ҳар як ҳикоят дар онҳо аз номи шахси якум баён мегардад ва дар дохили ҳикоя ё қиссаи дигар васл шудааст.

Дар адабиёти муосири тоҷик низ зоҳири шаклии қисса андар қисса истифода шудааст. Садриддин Айнӣ қиссаи “Ҷалодони Бухоро” – ро ба шакли ққисса андар қисса навиштааст. Ҷалол Икромӣ ба ин услуб майли зиёдтаре дорад ва унсурҳои он дар романи “Духтари оташ” ба чашм расида , қиссаи “Тори анкабут” шаклан қисса андар қисса аст.

Т а ҳ к и я баёни воқеа аз забони шахси ғоиб аст. Таҳкия ё ҳикоят кардан шакли асосии таълифу нигориши асарҳои ҳамосӣ мебошад. Нақл воқеаи гузаштаро дар шакли замони ҳозира ва таҳкия аз рўйдоди замони мозӣ ҳикоят мекунад, ки моҳиятан фарқи онҳо дар ҳамин аст. Афсонаҳо, ҳикояҳо, масал, қиссаву достонҳо, румону эпосҳо бо ҳамин шакл таълиф шудаанд. Ба воситаи дигар кардани замону макони воқеа сужетҳои басо мураккаб сохта мешаванд. “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ , “Ғуломон” – и С. Айнӣ шакли ҳикоятии баён доранд.

Як шакли баён муколама (диалог) аст, аз гуфтугўи ду ва ё зиёдакасон дар асари адабӣ иборат мебошад. Муколама шакли асосии баён дар асарҳои драмавист.

Тарзи дигари баён монолог – гуфтугў бо худ ё мухотаби фарзию хаёлиро монолог мегўянд. Дар асарҳои ҳамосӣ ва драмаҳо чунин сухани қаҳрамон аст, ки ба нақши дигари бадеӣ бевосита нигаронида нашудааст ва авзои ботинию андешаи ўро ошкор месозад. Дар чунин навъи асарҳо вай як ҷузъи баён аст. Дар шеъри лирикӣ баён як навъ моноги ботинӣ аз вазъи андешаву маънавияти гўянда ба мухотаб мебошад. Дар ин ғазал Соиб ба дили худ, ки мақсуд аз он ҳавасу хоҳишҳост, муроҷиат мекунад ва авзои рўҳиашро баён месозад:

Эй дил, аз пасту баландии рўзгор анде ша кун,

Дар барўмандӣ зи қаҳти баргу бор андеша кун.

Аз насиме дафтари айём барҳам мехурад,

Аз варақгардонии лайлу наҳор андеша кун.

Нест бе заҳри пушаймонӣ ҳузури ин ҷаҳон,

Аз раги хобби фароғат ҳамчу мор андеша кун.

Эй ки механдӣ чу гул дар бўстон беихтиёр,

Аз гулоби гиряи беихтиёр андеша кун.

Бар лаби боми хатар натвон ба хобби амн рафт,

Эманӣ х(в) оҳӣ, зи авҷи эътибор андеша кун.

Захм мебошад гарон шамшери лангардорро,

Зинҳор аз душманони бурдбор андеша кун.

Рўй дар нуқсон гузарад моҳ , чун гардад тамом,

Чун шавад лабрез ҷомат, аз хумор андеша кун.

Тарзҳои баён дар ҳамаи навъҳои адабӣ истифода мешаванд, вале ннақлу таҳкия ба асарҳои эпикии ҳамосавӣ, монолог ба асарҳои лирикӣ ва муколама ба драмаҳо тахассус дорад.

Воситаҳои баён дар илми адабиётшиносии форсу тоҷик аз ташбеҳ, маҷоз ва киноя иборат мебошанд. Баъзе донишмандон истиораро ҷузъи маҷоз гуфтаанд ва дигарон онро ба таври мустақил шарҳ додаанд.Дар шеършиносии халқҳои Аврупо тавсифро ҳам ҷузъи баён донистаанд . Бино бар ин рукнҳои баён аз тавсиф, ташбеҳ, маҷоз, истиора ва киноя иборатанд, ки дар ин хусус шумо дар фасли “Фанни бадеъ” шинос хоҳед шуд.

#
test

Добавить комментарий