Мавзӯи баҳси фанни «Балоғат ва суханварӣ»

Мавзӯи баҳси фанни «Балоғат ва суханварӣ»

Дар солҳои охир ба барномаи таълми мактабҳои миёна ва баъдан мактаби олӣ фанни тозае ворид карда шуд, ки мақсади он омўзонидани ҳунари суханварӣ мебошад. Дар шароити имрўзаи Тоҷикистон, бахусус баъди ба мақоми забони давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ ва пастравию нузуле дар сатҳи фарҳангии забон, таълими чунин фан амре зарурӣ лозим гардид. Аммо гузашта аз он ки ҳама зарурати таълими ҳунари суханвариро мефаҳманд, ба назари мо, кассе дақиқ намедонад, ки дар ин фан чиро бояд таълим дод ва ҳудуди баҳси он аз куҷо то ба куҷост ва дастуру кутуби бунёдиашро аз чӣ ва куҷо метавон мунтахаб кард.

Бар асари пеш омадани зарурати таълими чунин фанне тибқи одати замони шўравӣ муроҷиат карда шуд ба маводи русӣ. Ба русӣ воқеан китобу мақолоти зиёде оид ба санъати суханварӣ (искусство слова), хушсуханӣ (красноречие) ва фанни хитоба мавҷуд аст. Ин китобҳои ҳунари суханварӣ (ораторӣ) навишта шудаанд ва ба амалияи фарҳангии русӣ тахассус доранд. Нукоти назарӣ асоси воқеӣ ва воқеоти суханро аз ин сарчашмаи илмию фарҳангӣ гирифтан нуқсе надорад ва дар мавориде зарурӣ ҳам ҳаст. Лекин амалияи ҳунари сухани мо, бахусус дар таълифу иншо, системаи илмию мафҳумии худро ибдоъ кардааст, ки агар мо онро ба эътибор нагирем, қавонини назарӣ ба амалияи суннатҳои суханварӣ мувофиқ нахоҳанд омад ва дар ниҳоят мақсад ба ҳусул наметавонад пайвандад. Донишмандони пешин мегуфтанд, ки форсӣ бо арабӣ дар наҳв як асту дар ҳунару санъат мутафовит. Аз ин рў, мо наметавонем таълими суханвариро ба куллӣ бар пояи суннатҳои мазбури суханшиносӣ ва хитобаи Урупо устувор дошта бошем.

Аз ҷониби дигар, дар истифодаи таълими суннатии ин фан ҳам мо бо мушкилоте мувоҷеҳ ҳастем ва як сабаби он системаи анъанавии таълим карда шудан аст. Дар мактабҳои кўҳнаи мо адабиёт ҳамчун фанни муқаддимавии савод ва дониши назарию амалии сухану иншо омўзонда мешуд. Ин адабиёт иборат буд аз улуми адабӣ, ки дар ҳамин китоб оид ба онҳо маълумоте ба даст меояд ва аз ҳарфу ҳиҷо Сар карда то қироату сарфу еаҳв, санъату арўз ва иншои назму насрро меомўзонд. Дар системаи таълими Эрон ин чиз ҳанўз ҷорист ва зинаи аз он болотар таълими фунуни мушаххаси адабӣ, чун арўзу бадеъ ва ғайра буда метавонад. Ҳамин гунна китоби мукаммали такмили сухан асари устод Ҷалолуддин Ҳумоист, ки аз саноеи бадеъ, ақсоми шеъри форсй ва санооти адабй ахбору таҳлил ва баррасии дар камоли фазлу дониш медиҳад ва мо даар фусули марбута ба ахбори вай такя дошта ва эътимод бастаем. Ба илова, суханварии холисро ба маънои ораторй дар Эрон низ чун фанни ҷудогона тахассус додав а бунёдашро бартаълимоти марбутаи Урупой гузоштаанд. Дар Тоҷикистон, ба назари мо, дар системаи таълим миёниқавонини дастурй ва ҳунари Сухану иншо фосилае падид омадааст, ки сабабаш кам ошкор гардида, вале натиҷаи начандон матлубаш, яъне пасти савияи Сухану иншо аз вуҷуди норасоиҳои методологй ва амалй дарак медиҳанд.

Бад-ин тариқ, се ҷиҳати таълиму иршоду раҳнамой дар назар аст: якум, саводи ҳунари Сухану иншо мувофиқи қолабҳои суннатии каом, бадеъ ва шакл ва севум, суханварии мавзўй ба нияти илқои мақсаде ва талқини ҳадафе. Барои он ки вазифаи ҳар яки онҳо ташхис ёбад, системаи таълимро як дафъа ҷиддан аз ин мавқеъ таҷдиди назар кардан лозим меояд.

Барои ба вуҷуд омадани китоби ҳамаҷониба такмил ёфта ва муфиди суханварй ва нигориш, ба иловаи таҷрубаи таълими ин Фан, ки мавод ва мақсадро пурра гардонида, ба эътидол меоварда бошад, таърихи онро ҳам омўхтаан лозим аст. Китобҳои мавҷуда дар бораи саноеъ ва иншо,ҳунари воизй ҳадафи такмили қонуну қолабҳои ҳунариро дошта бошад ҳам, суханварй ва нигоришро ба сифати аз назария ба Амалия рафтан муҳаққақ нагардонидаанд. Дар натиҷа мо аз суханварии мударрисон, уламои дин, возон, сиёсатмадорон, маҷолиси орифону зоидон,сухани қуззоту ҳакимон ва ғайра дар забони тоҷикй (форсй) огоҳии таҳқиқию таҳлили надорем. Дар чунин вазъият китоби таълимии дар асоси суннатҳои миллй таълифшуда ба вуҷуд овардан бе гумон бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ хоҳад буд.

Дар замони гузашта чанд шохаи илм мавҷуд буд, ки онҳоро суханварй ва иншо мегуфтанд. Нахуст, китоби «Фанни хитоба»-(«Риторика»)-и Арастуро ба ёд меорем, ки ба забони арабй тарҷума шуда буд ва ба хусус муҳаққиқони соҳаи ҳикмату фалсафа аз мазмуни он огоҳ буданд. Файласуфон, аз ҷумла Форобй ва Ибни Сино ба он шарҳ навиштаанд, дар китобҳои мантиқ, ба таъсири андешаҳои Арасту, ҳатман аз муқадддимоти ҳитобй сухан гуфтаанд. Насируддини Тўсй, донишманди асри XIII мелодй дар китоби «Асос-ул-иқтибос» фанни хитобаи Арастуро ба равиши Ибни Сино ва дигар салафҳояш шарҳ додааст. Аммо дар фасли дахлдори китоби ў ин чиз ҷолиб аст, ки муаллиф музмун ва андешаҳои Арастуро ба мафоҳим ва қавонини балоғати арабй ва форсй омехтааст.

Дар ҷараёни омузиши Қуръон, адабиёти араб, ба ҳам бархўрдану омезиши донишу таълимоти забонию адабии халқҳое, ба монанди фарҳанги юнонию эронй, ҳиндй ва ғайра филологияи араб тавлид ёфт, ки улуми адабй ё лисони хонда мешуд. Аз дохили филология баъзе фанҳо ё гурўҳи онҳо, вобастаба мавзуи баҳсашон,роҳи инкишофи мустақилонаеро дар назария ва Амалия паймуданд. Масалан, арўз ба назария ва воқеияти шеър ихтисос ёфт, илмҳои маонй ва баён ба балоғат ва бадеъ ба таълимоти фасоҳатт пайвастанд. Рукнҳои балоғат ба қонунҳои фанни хитоба-суханварй ва қолабҳои ҳунаррй –санъатҳо оҳиста-оҳиста, ба талаби мавзўъ, асос гирифтаанд ва то ҷое ба қавонини сарфу наҳв низ алоқаро нигаҳ доштанд. Тадриҷан қонунҳои умумии балоғй ба дастурҳои хитобаи юнониасос, илми маонй-ба низоми услубй ва қолабҳои ҳунарй ба санъатҳои бадей пайвастаанд. Дар натиҷа илми баён дар китобу луғатҳо чун анъана бо аркони аслиаш иборат аз ташбеҳу ммаҷозу киноя ташреҳ мешуд, вале амалан бо илми бадеъ пайваста буд. Илми бадеъ ё санооти адабй ба ду даста ҷудо шудаанд, бадоеи ё санооти маънавй ва бадоеи ё санооти лафзй.

Аз як ғалати ом,ё фаҳмиши омиёна барҳазар будан лозим аст. Баъзеҳо аз нофаҳмй ё каҷфаҳмй гумон мебаранд, ки санъатҳои бадеъ маҳсули сухани шоиру нависандагон Буда, донистани онҳо барои мардуми дигар касбу пеша зарурате надорад. Албатта, дар фаолияти адабии бадей санъатҳои бадеъ зиёд кор фармуда мешаванд ва ин бесабаб нест. Cухани бадеӣ гуфтори айнии воқеист ва ҳақиқати чунин сухан дар қиёсу тасдиқи берунии ҳусн зоҳир мешавад. Бинобар ин тасвири бадеӣ шакли асосии ҳунари адабист. Аммодар сухани адабӣ ҳам гоҳо мумкин аст санъати бадеӣ истифода нашавад ё каам истеъмол бошад . Санъати бадеӣ дар асари адабӣ вазифаи маъниофаринӣ ва сабксозӣӣ дорад ва истеъмоли зиёдаш аз ҳаминҷост. Дар гуфтори ҳамарўза низ ҳар шахс қариб аз қисми зиёди саноеъ истифода мебарад. Масалан, таркибҳои маҷозии «димоғам сўхт» ё «пеши по хўрдам»- ро ки кор намефармояд. Гуфтори мо, чи тавре мегўянд, «дар ҳар қадам» аз ташбеҳу киноя, тарсеъ, саҷъ ва монанди он иборат аст. Як донишманди рус гуфтааст, ки дар ҷанҷони миёни ду зани деҳотӣ (қишлоқӣ) қариб ҳамаи санъатҳои бадеӣ ба кор бурда мешаванд. Аз ин рў, донистани санъатҳои бадеӣ барои сухани соҳибони ҳамаи касбу пеша як навъ ҳусну тозагӣ медиҳад . Санъатҳои шакли қонунӣ гирифта ва аз лиҳози ҳунарӣ шинохтаи сухан мебошанд ва донистанашон мояи вазилату озодагии гуфтор, надонистан аз гўшаи ҷаҳлу бефарҳангист. Шарт нест, ки санъатҳо мудом дар истифода бошанд, вале корбурди донистаашон ҳусни сухан аст. Масалан, бароати истеҳлол тарзи дурусту хуби оғози сухан мебошад ва суханро тибқи нишондоди он оғоз кардан боиси гирифтории хотири шунаванда, ё хонанда ба мақсади таълиф мегардад.

Ин китоб омехта аз сохтори калом (гуфтор), адабиёт, фанни хитоба, балоғату фасоҳат, санооти бадеъ, анвоъи адабӣ ва тариқи муҳоварату суханварӣ мебошад. Гуногунии маводу мавзўъ аз ҳадафҳои зиёди таълимии он бармеояд . Вай ба толибони гуногунихтисос ва касони дорои сатҳи нобаробари фарҳангӣ нигаронида шудааст, то ин ки ҳар касе ба қадри ниёз ва зарурати худ аз он баҳра бардорад. Масалан, донишҷўи бахши забону адабиёт на ба ҳамаи ончи дар китоб ҳаст, ниёз дорад. Донишҷўи шўъбаи фалсафа ба маълумоти оид ба анвои адабӣ ниёзманд аст, ки маълумоти оид ба онҳоро донишҷўи филолог аз таълими фанҳои дигар ҳам дар меёбад. Аз маводи китоб муаллимони мактаби миёна низ ҳангоми тадриси фанни суханварӣ , мувофиқи барномаи мактаб истиифода хоҳанд кард. Таҷрибаи таълими ин Фан дар оянда мувофиқ ба зинаҳои мактаби миёна ва олӣ ҳудуди зарурии ҳар кадоми онҳоро муайян хоҳад кард .

Чанд мавзўи зарурӣ , ба сабаби маҳдудияти имконоти чоп ва ҳаҷми китоб, ба он шомил нашуданд. Аз ин сабаб дар такмили китоб аз лиҳози мавзўъ ва мавод кори зарурӣ зиёд аст, зеро ҳар иқдоми аввалӣ норасоӣ ва камию зиёдие дорад, ки бояд билониҳоя ба андозаи зарурӣ ва ҳадди авсат оварда шавад. Ин мавзўъҳо метавонанд дар чопҳои оянда, агар худованд тавфиқ диҳаду имконот пеш ояд, иловаю такмил шуда бошанд, ба сифати рисолаи мустақил ба толибилм пешкаш гарданд.

Ҳангоми мутолиа хонанда ба касрату зиёдии мисолҳо бармехўрад ва ногузир андешаи кўтоҳ кардани ҳаҷми китоб бо роҳи ихтисори онҳо ўро даст медиҳад. Мисолҳои зиёд ва дарозу тўлонӣ дониста интихоб ва дар китоб оварда шудаанд. Муаллиф ақида дорад, ки таҳлили ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи мисолҳо чанд натиҷаи матлуб медиҳад . Аввал, масъалаи зеҳнӣ танҳо бо ёрии мисолҳои зиёд ва такрор дар шуур ҷой мегирад ва истеҳком меёбад . Баъд, мисолҳо ба хотири такрору тамрини вожа ва таркиботи забонӣ истифода мешаванд. Ниҳоят мисолҳо аз лаҳзаҳои гуногуни рўҳияи одамӣ, шавқу хоҳишҳо ва дигар нишебу фарози рўзгори мардумӣ мунтахаб шшудаанд ва такмили шахсиятро дар назар доранд. Хулоса, мутолиа ва таҳлилу фаро гирифтани таркиби забонӣ , ҳунарӣ маззмуну маънои намунаҳо қисми таркибии таълими суханварӣ мебошанд.

Китоби таълими маҷмўи афкору ороъ ва маводи мавзўи матлуб мебошад, на ҳосили таҳқиқи муаллиф. Тибқи ин қоидаи маълум мо аз адабиёти илмии зарурӣ истифода кардаем. Низому тартибу тарзи баён ва мавқеи масоил, интихоби мисолҳо аз адабиёти бадеӣ ва илмӣ аз мост ва ҳуқуқи муаллифии худро дар ҳамин мебинем. Рўйхати китобҳои асосии мавриди истифода дар охири китоб омадааст ва онҳо ҳамчун адабиёти иловагӣ метавонанд истифода шуда бошанд. Ба ҳар ҳол дар ибрози мавзўъ ва мақсадҳо, низоми масъалаҳо то ҷое мустақил будаем, ки битавонем худро муаллиф Хонда бошем, на мураттиб. Зикри номгўи китобҳои бадеӣ, ки истифода шудаанд, ҳаҷми китобро хеле меафзуд ва ба ин сабаб нолозим дониста шуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.