Анвои сухан

 

Мақсад аз сухан табодули назар, дарки воқеот, огоҳи аз диди сиёсӣ, иҷтимоӣ, динию мазҳабӣ, илмӣ ва ташвиқи марому мавқеъҳои гуногун мебошад. Анвои асосии сухан аз инҳо иборатанд :

Диалог ё гуфтугўи дунафарӣ

ки аз баҳси ду нафари дар мақоми илмию фарҳангӣ ҳампоя ва баробар иборат аст. Ин навъ гуфтугўҳо дар Юнони қадим маъмул буда ва китобҳои Афлотун маъмулан мубоҳисаи ду нафар иборатанд. Мақсад аз чунин баҳс бо далоили мантиқии илмӣ, мазҳабию фарҳангӣ ва ғайра тасдиқ кардани ҳақоиқ мебошад. Гуфтугўи дунафарӣ асоси баҳси диалектика ва ё ҷадалӣ будааст. Дар гуфтугўи ду нафарӣ дигар иштирокчиён ҳам метавонанд, ки ширкат варзанд, вале доварӣ ҳама вақт дар атрофии масъалаи мавриди баҳс ҷараён меёбад.Гуфтугўи дунафариро муаллим метавонад дар синф ташкил намояд. Барои ин масъалаеро ба миён мегузорад, ки ду нафар донишҷўро ба баҳси ҳалли он ҷалб намояд. Мавзўи баҳс аз ҷиҳати мавқеи хилоф дар ақида, дарки ҳақиқат ва ё роҳҳои расидан ба асл имкони даргирифтан дорад. Ҳар яке барои тасдиқи даъво ва муддао далелҳо меорад ва аз ҳозирин дар раду бадали масъалаҳо ёрӣ ва кўмак мехоҳад. Анҷоми баҳс ва вусъати мавзўъ, мувофиқату мухолифати мавқеи назарҳо вобаста мебошад..

маҷлисиилмӣ ё семинар

барои таҳқиқи мавзўи муҳимме ва тавзеҳу ташреҳи он баргузор мегардад. Ташкилкунандагони семинар аз хоҳишмандон баррасии мавзўъ ё мавзўоти барои ҷомиа ё созмоне заруриро дархост менамоянд.Ҳар яке аз иштироккунандагон дар рўз ё рўзҳои таъиншуда андешаҳои худро баён мекунад ва дигаронро аз онҳо баҳраманд менамояд. Дар рўзи охирин натиҷаи ҳамаи суханрониҳо ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад.

симпозиум ё суханҷўӣ

нисбат ба маҷлиси илмӣ дар дараҷаи болотар мақом дорад ва маҷлиси баҳсу таҳқиқ аст Дар чунин маҷлис ҳамаи соҳиб назарон дар атрофии мавзўе, ки гузашта шудааст, сухан мегўянд ва изҳори ақида мекунанд. Шунавандагон низ дар раду бадали сухани онҳо изҳори ақида мекунанд.

мизи гирд

маҷлисест, ки дар мавзўе бидуни омодагии қаблӣ ва суханрониҳои махсус баргузор мегардад. Дар мизи гирд атрофии масъалаи мубраме ҳар кас аз даъватшудагон ва ҳозирин хоҳиш дошта бошад , сухан мегўяд. Мақсад аз мизи гирд маълум кардани мавқеи фикрӣ ва нуқтаи назарҳо мебошад.

баҳси расмӣ

ба хотири донистани назарҳо аз ҷониби масъуле баргузор мегардад, то барои рафъи душвориҳои идорӣ кўмак намояд.

мунозира ё коллоквиум

дар таълим равиши маъмул аст. Барои афзудани қуввати диққат ва далолатҳои ақлӣ миёни ҷавонон мунозира ё баҳси илмӣ ташкил дода мешавад. Мунозира аз қадим дар миёни толибилмони мадраса ва устодон ривоҷ дошт. Мунозира як шакли офаридани асари адабӣ низ буд. «Панднома» – ҳои замони Сосониҳо, қитъаҳои манзуми мунозара, таълифоти насрӣ низ дар ин шакл таълиф шудаанд.Шоири асри XI Асадии Тўсӣ панҷ қасида дар жанри мунозира навиштааст. Дар ин мунозираҳо гуфтугўи ду ҷониб ба бартарии яке анҷом меёбад ва баъд шоир ба ситоиши мамдўҳ руҷўъ мекунад. Байте чанд барои намуна аз мунозираи «Муғ ва муслим»:

Зи ҷамъи фалсафиён бо муғе будам пайкор,

Нигар, кӣ монад зи пайкор дар сухан пайкор.

Варо ба қиблаи Зардушт бувад яксари майл,

Маро ба қиблаи фаррухи Муҳаммади мухтор.

Нахуст шарт бикардем, ки к – он ки ҳуҷҷати ў,

Бувад қавитар, бар динӣ ў диҳем иқрор.

Муғ он гаҳе гуфт : – Аз қиблаи ту қиблаи ман,

Беҳ аст, к – аз замӣ оташ ба фазл беҳ бисёр.

Ба тафи оташ бархезад абру ҷунбад бод,,

Замӣ ба қувваташ орад бару дарахтон бор.

Ба оташ андар сўзад зи фахр ҳинду тан,

Ба пеши оташ банданд мўбадон зуннор…

Зи сардӣ ояд маргу зимистон сард ба табъ,

Зи гармист равону оташ аст гармидор…

#
test

Добавить комментарий