Назм ва наср

 Назм дар луғат ба маънои ба ҳам пайвастану дар ришта кашидани донаҳои ҷавоҳир омадааст. Дар истилоҳ суханни дорои вазну қофияро назм мегўянд. Ба сифати муродиф ва синонимии он калимаи шеър низ истифода мешавад. Аммо бо мафҳуми назм паҳлуи шаклӣ (вазну қофия) ва шеър ҷиҳатҳои маъноӣ эътибор пайдо мекунад, зеро лафзи шеър маънии фаҳм, шуур ва донишро дорад. Шеъри тоҷикӣ асосан бо вазни арўз ва қисман арўзи шикаста ва ҳиҷо навишта мешавад.

Қофия ё пасованд калимаҳои охири мисраъҳои шеърро мегўянд, ки ҳарфи охири решаи калима ва қисме дигар ҳамоҳанг шуда бошад.Ҳамин ҳарфи охирро равӣ мегўянд ва маънияш ресмоне барои доштани шутур аст. Монанди калимаҳои дар, бар, ҳунар, ки равии онҳо ҳарфи «р» мебошад . Шеъри классики тоҷик аз ду тарзи қофияи байт ба вуҷуд омадааст :

Яке, ду мисраи байт ҳамқоофия меоянд :

Ба номи Худованди ҷонофарин,

Ҳакими сухан дар забон офарин.

Дар ин байти Саъдӣ қисмати «он» аз калимаҳои ҷон ва забон ҳарфҳои қофияанд ва тамоми «Шоҳнома» ба ҳамин тартиб офарида шудааст.

Дуюм, мисраи якум аз қофия озод ва дуюм (мисраъҳои ҷуфти шеър) ҳамқофия мебошанд. Мисол, дар ин қитъаи Ҷомӣ қофия дар мисраъҳои дуюм ва чорум омадааст :

Дило, гўш кун аз ман ин нуктаи хуш,

Ки мондаст дар гўшам аз нуктадонон,

Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,

Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

Дар байти Фирдавсӣ баъди қофия калимаи «офарин» муқаррар омадааст ва ин гунна такрори калимаро радиф мегўянд. Шеъри бо қофия ва радифро мураддаф хондаанд. Масалан, ин шеъри Табиби Исфаҳонӣ мураддаф аст :

Ғамат дар ниҳонхонаи дил нишинад,

Ба нозе, ки Лайлӣ ба маҳмил нишинад.

Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ,

Зи Боме, ки бархост, мушкил нишинад.

Халад чун ба по хоре осон барорам,

Чӣ созам ба хоре, ки дар дил нишинад.

Ба дунболи маҳмил чунон зор гирям,

Ки аз гиряам ноқа дар гил нишинад.

Калимаҳои дил, маҳмил , мушкил, гил ҳамқофия, ҳарфи «л» равӣ ва «нишинад» радиф аст.

Наср дар луғат ба маънии парокандагӣ, пароканда кардани сухан, сухан бисёр гуфтан аст. Каломи мансур чизе монанди назм вазну қофия надошта мебошад. Каломи мансур сухани муқаррариест, ки эътибори он дар воқеан мавҷуд буданаш аст. Дуюм, каломи мансури таълифи нависандагонро низ наср мегўянд. Ба назму шеър насри бадеъии ҳунарӣ пайванди ҳамҷинсӣ дорад . Дар мавриди аввал наср дар қиёси шеър ва дар дуюм – ҳамчун натиҷаи амалу фаъолияти шахсе, ки ба нависандаги машғул аст тасаввур мешавад.

Сухани насрӣ аз чанд навъ иборат аст, мурсал сухани муқаррарии мансурро гўянд, онро насри орӣ ва сода ҳам меноманд. Мисол, «Корвони суғдиҳо аз сафари дусолаи бозаргонӣ бардошта, дар баҳори соли 675 ба диёри худ расид» (С. Улуғзода). Ба маънои дигар насри орӣ ё мурсал ҳамон насрест, ки саҷъ надорад ва аз ин ҷиҳат метавонад содаю осон бошад ва ё муғлақу душворфаҳм. Намунаи насри мурсали сода китобҳои «Қобуснома»- и Унсурулмаолии Кайковус, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолӣ ва асарҳои ба он монанд мебошанд. Аз намунаҳои насри мурсали мушкил баъзе қисмҳои «Калила ва Димна»-и Абулмаолӣ Насруллоҳ ва «Таърихи ҷаҳонгушой»-и Ҷувайниро ёдовар шудан мумкин аст.

Намунаи сухани Унсурулмаолии Кайковус :

«Ва андар шўристон тухм макор, ки бор надиҳад ва ранҷи беҳуда бувад. Яъне ки бо мардумони носипос мардуми кардан чун тухм бувад, ки ба шўристон афканӣАммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомўз бош. . . ! Ва бидонки некикуну некигўй ду бародаранд, ки пайвандашон замона нагсалад. Ва бар нек карда пушаймон мабош, ки ҷазои неку бад ҳам дар ин ҷаҳон ба ту рассадпеш аз он ки ба ҷои дигар равӣВа чун ту бо касе хубӣ кунӣбингарки дар вақти хубӣ карданҳам чандон роҳатки бадон касс рассаддар дили ту хушӣ ва роҳат падид оядВа агар бо касе бадӣ кунӣба чандон ранҷки бад– ў расида бошад, бингар , ки бар дили ту чӣ заҷрат ва гарони бирасадВа аз ту худ бар касе бад наёяд, чун ҳақиқат бе заҷрати ту ранҷе ба касс нарасад ва бе хушии ту роҳате аз ту ба кас нарасад. Дуруст шуд, ки мукофоти неку бад ҳам дар ин ҷаҳон меёбӣ» .

 

Намунаи сухани Ғаззолӣ :

«Ва салаф чунин будаанд, ки бар дари хонаи дўстон шудандӣ ҳар рўз ва аз аҳли хона бипурсиданди , ки чӣ кор ва чӣ шуғле доредҲезуму нон ҳаст ва намак ҳаства равған ҳаст ва ғайри ин ва корҳои эшон чун кори худ муҳим доштанди ва чун бикардандӣ , миннат бар худ доштандӣ . . .».

Намунаи сухани Абулмаолӣ Насруллоҳ :

«Маротиб миёни асҳоби мурувват ва арбоби ҳиммат муштарак ва мутанозеъ астҲар кӣ нафсе шариф ва гавҳаре баланд дорадхештанро аз маҳалле вазеъ ваманзалате рафеъ мерасонад ва ҳар кӣ рои заиф ва ақли саҳиф дорад , аз дараҷоте олӣ ба рутбате ҳомил мегирояд. Ва рафтан бар дараҷоти шараф бисёрмаунат аст ва фуруд омадан аз маротиби из (зи) андак авориз , ки санге гаронро ба таҳаммули машақати фаровон аз замин бар китф тавон ниҳод ва батаҷашшуме зиёдат бар замин тавон андохт ва ҳар ки дар касби бузургӣ марди баландҳимматро мувофиқат намояд, маъзур аст».

  1. Насри маснўъ, ба маънои сохта , ихтироъшуда ва санъатӣ (ҳунарӣ) аст. Вай ба саноеи сухан сохат мешавад ва вобаста ба навъи санъат номбар мешавад. Масалан, ҳамоҳангии калима дар ҷумла, яъне санъати тарсеъ сохтаро насри мурассаъ меноманд. Мисол, аз китоби «Мақомоти Ҳамидӣ»-и Қозӣ Ҳамидуддини Балхӣ (асри XII), «Чӣ медонам, Дуне хонаи айбҷўйён аст ва ошёнаи ғайбгўён. Айби нобуда биҷўянду ғайби ношунида бигўянд. Ҳама олам ноқиди ахфаш ва сарофи аъмашанд , ки шаҳри худ гумм кардаву барзани дигарон меҷўянд ва ҷави худ наёфта , арзани дигарон металабанд».

Намунаи насри ҳунарӣ аз «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ :

«Ва манн дар ин наздикӣ кўҳе мебинам чун ҳиммати ҷвонмардон олӣ ва чун пояи рутбаи

соҳибдилон баланд, ва андак фурсате пеш аз ин он ҷо расида будам , аз сар то по ҳуллаи

сабз пўшида буд ва ҳазор чашмаи нўш аз дили софи ў ҷўш зада, раёҳину азҳораш чун наҷми фалак тобону ҷадовили чашмасораш чун ҷўйҳои равзаи ризвон дурахшон».

Насри мусаҷҷаъ як навъи насри маснўъ аст ва саҷъ дар назм монанди қофия дар шеър аст . Маънои саҷъ овози паррандаҳои хушсадост ва маҷозан сурудро ҳам саҷъ мегўянд. Саҷъ дар наср овардани калимаҳои ҳамоҳангро мегўянд. Намунаи суханони мусаҷҷаъ аз Абдуллоҳи Ансорӣ (асри XI), « Дар хона агар касс аст, ки як ҳарф бас аст» , «Агар дорӣ, магў ва агар надорӣ, дурўғ магў», « Мурғро дона бояду тифлро шир ва шогирдро устод бояду муридро пир» , «Агар бар ҳаво парӣ, магасе бошӣ ва агар ба рўи об равӣ, хасе бошӣ , диле ба даст ор, то кассе бошӣ», «Чунон зӣ, ки ба сано арзӣ, чунон мазӣ, ки ба дуо ларзӣ» , «Рост гўю айб маҷўй , росте, ки ба дурўғ монад, ҳам магўй». Калимаҳои касу бас дорию надорӣ, ширу пир, парию равӣ, магасею хасею кассе, арзию ларзӣ, маҷуй магўй саҷъ шудаанд. Абдуллои Ансорӣ аз аввалин нависандагон аст, ки дар насри форсӣ саҷъро кор фармудааст.

Китоби «Гулистон»-и Саъдӣ бо насри омехтаи мурсал ва мусаҷҷаъ навишта шудааст ва дар он намунаҳои хуби саҷъ истифода шудаанд. Намунаҳои аз китоби «Гулистон», «Ҳар кӣ бо бадон нишинад, некӣ набинад», «Дўстеро, ки ба умре фарочанг оранд, нашояд, ки ба як дам, биёзоранд», «Равандаи бемаърифатӣ мурғи бепар аст ва олими беамал дарахти бебар ва зоҳиди беилм хонаи бедар».

Насри мусаҷҷаъ дар адабиёти араб маълум буд ва аз асри XI дар насри тоҷикӣ ба тадриҷ расм шуд. Вай оҳангнокии суханро афзуда, забони насрро ба каломи манзум наздик сохт.Насри мусаҷҷаъ мансуб ба ҳунари таълифу нависандагист ва чун услуби ҳунарии адабиёт пайдо шуда ва инкишоф ёфтааст. Сухани шифоҳӣ бори чунин пардозу ҳунарро надорад ва саҷъ дар амалияи гуфтугў кам истифода мешавад.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.