Фанни Хитоба (Риторика)

 

Инкишофи суханварй боиси ба вуҷуд омадани фанни махсус гардид. Дар Юнони қадим аввал фанни шеър (поэтика) ба вуҷуд омад ва баъд хитоба. Хитоба дар ибтидо илм дар бораи суханварй ва наср буд. Пайдоиши илми хитоба дар ҳамаи адабиётҳо як равиш надорад. Дар адабиёти араб ва форсу тоҷик қонунҳои суханварй ба одоби сухан (этикет), иншои назму нас рва санъатҳои бадеи (балоғат) ба вуҷуд омаданд. Дар Аврупо қавонини фанни хитоба дар Юнони қадим (асрҳои 5 ва 4 то мелод) ба низому тартиб омаданд ва баъд дар динар мамолики Аврупо интишор ёфтанд.Назарийтчиёни маъруфи хитоба дар замони қадим Исократ, Арасту Цицерон ва Квинталиан буданд. Китоби «Хитоба»-и Арасту ба арабй тарҷума шуда ва аҳли илму адаби арабу аҷам аз мазмуни он огоҳ буданд. Дар китобҳои ҷомеи фалсафй, ба монанди «Шифо»-и Абўалй ибни Сино, дар гузориши фанни мантиқ фанни хитоба низ шарҳ дода мешавад, ки асосан аз нақл ва тавзеҳи «хитоба»-иАрасту иборат аст. Ин асари Арасту, ки ба унвонҳои «Хитоба»ва «Ритурико» зикр мешуд, ба афкори адабй ва назари ҳунарии донишмандони форсу тоҷик таъсири муайян дошт.

Таълимоти танзим каломро ба панҷ ҳисса ҷудо мекард. Қисми аввал сухан муқаддима буда, ҳамон аст, ки дар асари ҳамоси оғоз-пролог хонда мешавад ва дар урфи суханшиносони мо онро барати истеҳло мехонданд. Муқаддимаи сухан аз ситоиш, накўҳиш, гузориши мақсади аслй, боваркунонидани суханони ҳикматй ё муроҷиати бевосита ба шунавандагон шурўъ мешавад. Аммо мазмун ва мавзўи овоз аз шахсияти суханвар, шунаванда ва рақиб вобаста аст. Мақсади муқаддима ба монанди қисмҳои дигари сухан боваркунонидан аст. Муқаддима метавонад ба чунин ҷумлаҳо оғоз ёфта бошад, «Ба сухани манн таваҷҷўҳ намоед, зеро ин масъала аз манн дида ба шумо бештар тааллуқ дорад», «Манн ба шумо чизе ваҳмангез ё аҷибе мегўям, ки ҳеҷ гоҳ нашунидаед». Қисми дуюми сухан нақл аст. Нақл қисм-қисм гузориш меёбад, зеро кирдорҳое баён мешаванд, ки сухан дар бораи онҳост. Ба далоили маълум фақат ин ишораҳо кардан лозим аст. Қисми сеюми сухан васоити боваркунонидан аст. Далоили исботро ба нуктаи мубоҳиса бояд равона кард. Қисми чоруму панҷуми сухан таҳлил ва хулоса мебошад. Дар ин қисм кўшиш кардан лозим аст, ки сомеъон ба ту ҳусни таваҷҷўҳ ва ба рақиб ҳисси бадбинй пайдо кунанд. Баъд муболиғаро дар ситоишу накўҳиш бояд ба кор бурд. Сеюм, хоҳишҳои мардумро барангехтан ва чаҳорум, сабаби вазъро равшан бояд кард.

Таҳлили хитобаи сухан (ваъз) низ дар ақидаи юнониён аз п а н ҷ қ и с м иборат аст : 1. Таълимоти дарёфт кардан, ки нуктаи мубоҳисаи лозим ба исботро маълум менамояд. 2. Таълимоти танзим, ки қисмҳояш дар боло зикр шуданд. 3. Таълимот дар бораи ҳусни сухан , ки қисми марказии калом аст . Ҳусни сухан бояд дорои чаҳор сифат бошад : дурустӣ, фаҳмо будан, зебо ва муқтазои ҳол будан. Барои ин се восита мавҷуд аст, интихоби калимот, мувофиқати ҳам калимаҳо ва ҳам саноъ. Аз калимаҳои камистеъмол , нав ва мустаор истифода бояд кард, онҳо ҳусни суханро тозагӣ медиҳанд. Мувофиқати калимаҳо ва ибораҳо таносуби оҳанг мурооти назир ва саҷъу тарсеъро талаб менамояд. 4. Таълимот дар бораи оҳанги гуфтор ба ҳунари актиёрӣ такя дошт ва оҳанги гуфтор, қиёфа ҳаракоти барои суханвар лозимро меомўхт.

Х и т о б а донишмандони гузаштаи мо гуфтореро хондаанд, ки дар мавзўе ҷамъе шунаванда равона карда мешавад. Мақсад аз хитоба бо калимаҳои муассиру дилнишин хотири шунавандаро ҷалб кардан ва барои нияте ва анҷоми коре ҳидоят намудани ў мебошад. Ҳадафи суханвар ба қалбу рўҳияи шунаванда таъсире амиқу судбахш расонидан ва ташвиқу тарғиб ба сўи амале кардан аст. Мақсади гўянда шунавандаеро мунфаил сохтан ва барои қалбан пазируфтани гуфтор аст. Ҳар кӣ дар нозукиҳои баён моҳир шуд ва ба каломи суханварӣ расид, ўро хитоб мегўянд, каломи ў хитоба , хитоба, суханварӣ ва нутқу гуфтор номида мешавад. Суханварӣ дар забоне далели камолоти ҳунар ва маданияту дониши шахс аст. Суханвари ҳақиқӣ донишманди баркамол ҳам ҳаст, зеро асолати сухан ба ҷавҳари маърифату дониш вобаста мебошад.

Камолоти сухану баён ба овардани мисолҳо, қиёси ҳолату воқеаҳо, тамсили ҳикоёту латифаҳо, достону ҳикояҳо, овардани иқтибоси китобҳои муқаддас ва гуфтаи бузургон низ вобаста аст. Юнониён хатибонро соҳиби илҳоми ғайбӣ медонистанд ва дар байни мардуми мо ҳам хутбаю ваъзҳо таъсири зиёде доштаанд. Воизони касбӣ дар масҷидҳо, дар мавриди шодию мотам вазъҳои ғаррое мегуфтанд.Яке аз ҳамин гуна воизони касбӣ донишманд ва нависандаи машҳури асри XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд. Сухан бояд маънию мақсади муштараке барои ҷамъе хурд ё бузурги шунаванда дошта бошад, ки назди қавме ҳадафи иҷтимоӣ, сиёсӣ ё мазҳабиро пайгирӣ намояд. Оташи сухан ба майли хотир ва шўру шавқи хатиб ҳам вобаста аст. Бинобар ин Ҳофиз фармудааст :

Ғуломи он калимотам, ки оташ афрўзад,

На оби сард занад аз сухан бар оташи теғ.

Низомӣ суханваронро ба мартабаи булбулони арш мегузораду мегўяд :

Булбули аршанд суханпарварон,

Боз чӣ монанд ба он дигарон.

Пардаи розе, ки суханпарварист,

Сояе аз сояи пайғамбарист.

Чун қалам омад – шудан боз кард,

Ҳарфи нахустин зи сухан соз кард.

Сухани хитоб бояд ба сўи мақсаде маълуму дақиқ равона шавад. Сухани парокандаи номуназзаму бетартиб дар қалбу равони шунаванда масмўъ намеафтад. «Ҳар хитоба ва гуфтор, – ба қавли Афлотун, – бояд мавҷуди зиндае бошад, яъне Сару дасту по дошта бошад ва дар он миёна ва анҷоме ва оғозе вуҷуд дошта бошад ва ин қисматҳо бо ҳам рабту таносубе дошта бошад».

Шарти муҳимми суханварӣ иқноъ аст, ки маънояш қаноатманд, қонеъ гардонидан аст . Иқноъ бо ду роҳ ҳосил мешавад. Яке бо далелҳои илмию мантиқӣ бояд муддао ва мақсад «собит шавад ва шакку тардид дар он боб барои ақл намонад». Ин тариқи иқноъ дар мавзўъи илмӣ истифода мешавад.

Қисме дигари иқноъ насабӣ буда, «барои як замон ё бо авзоъ ва аҳволи муайян ё барои ашхос ва ҷамоаи махсус дуруст аст ва барои ғайри онҳо дуруст нест». Далели бурҳонӣ ҳукми амрро дорад ва дар ҳамаи ҳолат бояд ба дурустии он бовар кунанд. Масалан, масъалаҳои динию мазҳабӣ ё русуму одоби онҳо назди халқе дигар имкон дорад, ки дуруст набошанд. Воситаҳои ғайримантиқӣ аз воқеоти намоиши тамсилӣ, таърихӣ, адабӣ ва монанди он иборат мебошанд. Хатиб барои намуна аз шунидаю хондаҳо ва воқеоти дидааш тасдиқи даъво намунаҳо меорад.

#

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.