Калом ва сухан(Гуфтор)

 

 Маънои калом

Калом ба маънои қавл ва суханест, ки дорои маънии том бошад, иборат ва ҷумлаи аз сараъзо ва аъзои пайрави ҷумла таркиб ёфта ва дорои маъниро калом мегўянд. Калом ва сухан ҳамчун муродифҳои истилоҳӣ истифода мешаванд.

Калом чун истилоҳ ба маънои низоми андешаи махсус, ки аз масоили бунёдии оини ислом баҳс мекунад, мавриди истифода қарор доштааст . Ба ин маъно онро фалсафаи калом ва илми калом гуфтаанд. Муҳаммади Ғаззолӣ, Шиҳобуддини Сўҳравардӣ ваа Фахруддини Розӣ аз намояндагони барҷастаи ин илм буданд. Шахсони дар ин илм шўҳратёфтаро аҳли калом ё мутакаллимин гуфтаанд.

Калом сухани касро ҳам мегўянд, ки дар шаклҳои хаттӣ ва дар мавриду мақоми лозима гуфта шудааст. Сухани кас дар маҷлису анҷуманҳо, таълиму тадрис ва мавридҳои дигар каломи ўст. Каломи таълифӣ дар асару мақолаҳо ва навиштаҳои дигар далолати услубии шахсӣ мекунад. Каломи асарҳои бадеиро ба ду ҷудо мекунанд, 1. Сухани нависанда ё муаллиф. Дар асарҳои ҳамоси сухани муаллиф воситаи асосии нақл вав ҳикояи ахбору вақоеъ мебошад. Сухани муаллиф хосияти услубӣ дорад, ки аз шахсияти ў бармеояд . Дар асарҳои лирикӣ сухани гўянда дар Айни замон сухани қаҳрамон ҳам аст. 2. Сухани қаҳрамон. Дар асарҳои драмави сухани қаҳрамон воситаи асосии густариши вақоеъ мебошад. Дар асарҳои ҳамосӣ сухани қаҳрамон бозгўи нишонаҳои фардии ўст.

Калому суханро аз забон фарқ кардан лозим аст. Забон захираи калимаҳо ва қонуни сарфию наҳвӣ ва савтии онҳоро мегўянд, ки низоми истифодаи онро таъийн менамоянд. Калом забони дар ҳоли кор фармудан аст, ки рўйдоди мушаххаси воқеӣ мебошад. Мушаххасоти аз ифодаи ҳиссу ҳаяҷон ва макону замони рўй доданаш намудор мегардад. Сухан вобаста ба талаби ҳолат, сурати амалӣ меёбад ва шакли гуногунро мегирад, вале аз асолати қонунҳои грамматикӣ дур намеравад.

Калом ва сухан аз фазилатҳои асосии инсон аст. Инсон бо ин нафси нотиқа, ё ҷони суханвари дорад, бар ҳаайвонот фазилат меёбад. Забон ва сухан воситаи муомилоти миёни мардумон, шинохту маърифати худ ва ҷаҳон аст.

 Каломи шифоҳӣ ва хаттӣ

Забон амалан дар ду шакл мавҷуд аст, шакли шифоҳӣ, ё гуфтугўӣ ва хаттӣ , ки иншо ва таълиф аст. Ҳардуи онҳо бо қонунҳои ягонаи овозу калима ва ибораю ҷумла ву ҷуди амалӣ доранд . Сухани шифоҳӣ бо ёрии овозу савтиёт ва хаттӣ – бо ҳарфу хат воқеият мегиранд. Каломи шифоҳӣ нисбат ба хаттӣ қадимтар аст ва аввал пайдо шудааст. Дар навиштаҳои қадим ва давраи ибтидоии инкишофи башар таъсири сухани шифоҳӣ намудор аст. Навиштаҳои «Авесто» ва китобҳои қадим аз хитобаҳои шифоҳӣ тартиб шудаанд. Сухани шифоҳӣ ҳама вақт махзани боигарии таълифии китобӣ будааст ва хоҳад буд.

Сухани китобӣ, ё таълифи ба тадриҷ мустақил шуда ва роҳи таҳаввул ва такомули услубии худро ёфтааст. Кўшишҳои такмили сухани хаттӣ дар вай, аз як ҷониб, такмили маъно ва андеша, аз ҷониби дигар, шаклу ҳунарро ба вуҷуд овардаанд. Таълифи китобӣ, вобаста ба талаботи мазкур, сайри такомули услубии давру замон ва услуби шахсиро аз Сар гузаронидааст. Пайдо шудани услубҳо, дар маърифат ва ҳунари сухани таълифӣ боиси таълими улуми сухансаҷӣ шудаанд. Аз ҳаминҷост , ки китобҳои зиёде ба балоғат ва поэтика, ба монанди «Тарҷумон ул балоға» – и Родуёнӣ , «Ҳадоиқ ус – сеҳр фӣ дақоиқ уш – шеър» – и Рашиди Ватвот, «Ал – муъҷам фӣ маоири ашъор ил – аҷам» – и Шамси Қайси Розӣ ба миён омадаанд. Дар иншо ва таълиф низ асарҳои зиёде навишта шуданд. Ҳамаи онҳо як навъ воситаи шинохтани ҳунари таълифи китобии манзум ва мансур мебошанд. Каломи хаттӣ майл ба фардияти тарзи сухан ва гуфтор дорад. Каломи шифоҳӣ ба гуфтори лаҳҷаҳо наздик аст, дар вай ихтисори овозҳо, калима ва таркибот бештар мебошад.

Калом ва суханро нутқ ҳам гуфтаанд. Дар баъзе китобҳои мактабӣ таъбири «нутқи мураттаб» -ро кор фармуданд, ки ба маънои сухан ва гуфтор буда , тарҷумаи носаҳеҳи мафҳуми «речь» – и русӣ мебошад.

Такмили сухан ва ҳунар танҳо хоси каломи хаттӣ нест. Дар такомули маъно ва ҳунари суханварӣ ҳам гуфтори шифоҳӣ бар таълифӣ пешдастӣ дорад. Воизон, мударрисон, гўяндагони хитобаҳои сиёсӣ ва дигарон ба ҳусну қудрати суханварии худ эътибори махсус додаанд. Махсусан мардумони Урупо аз Юнони қадим Сар карда ба ҳунари суханварӣ, ё ораторӣ эътибори зиёде дар ин мавзўъ таълиф кардаанд, ки маъруфтарини онҳо «Риторика» – и Арасту мебошад.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.