Адаб ва Адабиёт

Адаб ва Адабиёт
 Маънои адаб

Адаб хулқи хушу рафтори рафтори некўи қобили таваҷҷўҳро мегўянд. Шахси хушхулқу боадабро муаддаб гуфтаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ муаддаб буданро сарчашмаи сиришти инсонӣ медонад ва мегўяд:

Таълими одоб ўро чӣ ҳоҷат,

К – ў худ зи оғоз омад муаддаб.

Адаб аз маҷмўаи муомилаҳои инсонӣ ва русуми одатию таълимӣ иборат аст. Рукнҳои адаби суннатӣ аз шинохтани ҳаққи падару модар, хешу ақрабо, тарзи таом хўрдан, одоби сўҳбат кардан, оинӣ дўсти ва монанди он иборатанд. Назарияи адабро илми ахлоқ мегўянд, ки дар таълимоти ҳикмату фалсафа ҷузъи донишҳои амалист. Фалсафиён адаб таълимотеро мегўянд, ки инсон бо роҳи аз бар кардани онҳо худро аз рафтору кирдори зишту носазо нигоҳ медорад. Адаб сарчашмаҳои сириштии модарзодӣ ва таълимию тарбиявӣ дорад. Сарчашмаи модарзодии адаб хислатҳои фардии нармии гуфтору рафтор, чусту чолокӣ, хоксорию фўрўтанӣ мебошанд. Одоби сўҳбат, таом хўрдан, салом додан, муоширати байни одамон, меҳнату садоқат аз таҷрибаи зиндагӣ ва ба воситаи омўзишу таълиму тарбия касб карда мешаванд. Ҷузъиёти фитрӣ ва тарбиявии адаб аз ҳам ҷудо нестанд, яке бо дигар созгору мувофиқ омада, таносуби кирдору андеша ва амали шахсро ба вуҷуд меоранд.

Одоб шакли ҷамъи адаб аст . Ҳамчун истилоҳи ҳунарӣ адаб ба маънои маданият ва адабиёт истифода мешавад. Масалан, агар гўянд, «фалонӣ аҳли адаб аст», мансубияти ўро ба шеъру адабиёт дар назар доранд. Адаб ва дар шакли ҷамъ – адабиёт маҷмўаи донишҳоеро мегўянд, ки баъди аз бар кардани онҳо кас аз ғалат дар иншои назму наср эмин мемонад. Маҷмўи ин донишҳоро адабиёт, улуми адабӣ ё лисонӣ (забонӣ) гуфтаанд. Умумият миёни адаб дар маънои ахлоқӣ ва адаби ҳунари бадеӣ нигоҳ доштан аз хатову ғалат аст, фақат аввалӣ дар гуфтору кирдор ва сонӣ дар иншои назму наср аз ғалатҳо эмин мемонад. Адабиёт ё улуми адабӣ аз омўхтани ҷузъиёти забонии маъно ва шакли гуфтору лафз бо истифодаи қонунҳои филологии Юнону Ҳинд ба забони арабӣ шакл гирифтаанд. Аввал ин омўзиш аз шинохтани қонунҳои ҷузъию куллии забонӣ дар Қуръони маҷид сар шуд ва баъд ба забон ва адабиёти қадими араб, асрҳои аввали ислом татбиқ шуд. Маҷмўи қонуну дастурҳои забону адабиёти арабиро донишманлони мо дар амалияи эҷодии худ ва тадқиқи адабӣ истифода кардаанд. Ҳусни сухани адибони барҷаста, асарҳои донишмандони забону адабиёт гувоҳи он аст, тадбиқу истифодаи ин қонунҳо бомуваффақият будааст.

Адабиёт ё улуми адабӣ

 

Дар фасли гузашта қайд шуд,ки адабиёт ё улуми адабй як дастаи донишҳо (илм)-ҳоро мегуфтаанд.Дарон вақт адабиёт ба маънои имрўза, яъне адабиёти бадей истифода намешуд. Тасаввур намерафт, ки ғазалу қасида, қиссаву достон, афсона ҳамагй як навъи умумианд ва барои онҳо номи муштараке ҳам фикрр накарда буданд. Юнониҳо, аз ҷумла, донишманди онҳо Арасту (Аристотолис)умумияти онҳоро дар завқи дарёфту шакл пай мебарад ва онро ҳунари тақлид меномад, Дар таълимоти донишмандони тоҷик шеъру наср мегуфтанд, вале маҷмўан онҳоро адабиёт намехонданд.

Адабиёт ё улуми адабиро маъмулан иборат аздувоздаҳ навъ донистаанд ва дар баъзе таснифот миқдори онҳо ба понздаҳ мерасад. Улуми адабй олату воситаи нигоҳ доштани зеҳн аз ғалати калом дар назму наср мебошад. Навъҳои асосии улуми адабй инҳоянд:

и л м и х а т ё к и т о б а т

Қавоиди навиштан, таълифи хатро меомўзад. Ба ҳудуди омўзиши вай имлои ҳарфу калима ва таркибот, навъҳои зиёди хатти арабиасоси тоҷикй дохил мешаванд.

и л м и и н ш о

Маънои иншо шурўъ кардан ба навиштан ва эҷод кардан мебошад. Илми иншо тарзҳои гуногуни навиштанро меомўзад ва мақсади асосии он омўхтани қонуну қоидаест, ки бо ёрии онҳо роҳҳои баёни маъно равшан мегардад. Бино бар ин, иншо навиштан маънои чизе аз худ дар мавзўе ба вуҷуд оварданро дорад ва аз ин лиҳоз иншои мактабй ҳам қадами авали эҷод корист.

и л м и л у ғ а т

Маънии калимаҳо, шаклҳои калимасози, таърих ва баромади онҳоро меомўзад. Шинохтани маънои луғавии калимаҳо барои донистани таърихи фарҳангу маданият зарур аст. Натиҷаи Амалии илми луғат сохтани луғатномаҳо, китобҳои луғат мебошад. Луғатҳо ба навъҳои дузабонй, тафсирй, истилоҳотй ва имлой тақсим мешаванд. Қадимтарин луғати бозмондаи забони тоҷикй «Луғати фурс»-и Асадии Тўсист, ки дар асри XI таълиф шудааст ва дар он монанди як қатор луғатҳои дигар барои шарҳи маънои калимаҳо байтҳои шеъри шоирон чун намуна овард мешаванд. Дар шарҳи калимаҳои тоҷикй лууғатҳои бузурге монанди «Фарҳанги Ҷаҳонгирй»-и Ҳусайни Инҷу, «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусайни Бурҳон, «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин ва «Фарҳанги забони тоҷикй» (дар ду ҷилд) таълиф шудаанд, ки шарҳи ҳазорҳо калимаро дар бар мегиранд.

  • и л м и и ш т и қ о қ ё к а л и м а с о з й

Аз кайфияти ба вуҷуд омадани калимаҳои ҳамреша, таносуби байни калимаҳо, тарзу усулҳои калимасозй роҳҳои ба вуҷуд омадани ибора ва таркибот баҳс мекунад.

  • и л м и с а р ф

Роҳҳои маърифати калимаҳоро дар бар мегирад ва ба маънои морфология аст.

  • и л м и н а ҳ в

Ақвол ва сохти калима ва гуфторро мувофиқи сохти ҷумлаҳо меомўзад. Илми наҳвро синтаксис ҳам мегўянд.

  • и л м и м а о н ӣ

Дар бораи ҳолати лафз мувофиқи ҷои истифода баҳс мекунад ва мувофиқи ин таъриф ба масъалаҳои услубшиносӣ дахл дорад.

  • и л м и б а ё н

бо тарзҳои гуногун ифода кардани матлаберо мегўянд. Ин илм дар бораи воситаҳои асосии бадеӣ баҳс мекунад.

  • и л м и б а д е ъ

воситаҳои асосии тасвири бадеиро меомўзад, ки онҳоро санъати бадеӣ ҳам мегўянд.

  • и л м и а р ў з

маърифат, дониши баҳрҳо ва вазни шеърро дар бар мегирад.

  • и л м и қ о ф и я

маърифати хусусияти охири байт ва ҳамоҳангии мисраъҳои абёти шеърро меомўзанд.

  • и л м и н а қ д

ки аз донистани кайфияту ҳолати назму наср аз назари дурустию шоистагӣ ва ношоистагӣ ба ҷиҳати вуҷуди нуқсу камбудӣ дар он иборат аст.

  • и л м и ҳ у р у ф в а с а в т и ё т ( ф о н е т и к а )

тартиб додани девони ашъор, таъриху саргузашт, амсолу ҳикам, муаммо, таърих ҳам ба ин дувоздаҳ навъ илова шудаанд. Инчунин илмҳои муҳоварот (суханварӣ) ва мунозарот (ҳозирҷавобӣ) низ ба илмҳои адабӣ мепайванданд. Ҳамаи илмҳои адабӣ дар атрофии ҳарфу ҳиҷо, калому калима ва ҷумла баҳс мекунанд ва аз ҳамин ҷиҳат ба якдигар умумият доранд. Онҳоро ба истилоҳи имрўза илмҳои филологӣ меноманд. Аммо як қисми онҳо тадриҷан ҷудо шуда, ба шеъру адаб тахассус пайдо кардаанд. Илми иншо, маонӣ, баён, бадеъ, арўз, қофия ва нақд (танқид) ба омўзиши хусусият ва қонунияти шеъру адаб шомил шудаанд. Онҳо қонунҳои шаклӣ ва лафзии адабиётро меомўзанд.

Шахсе, ки дар анвои улуми адабӣ ё яке аз онҳо маҳорат ёфтааст, адиб номида мешавад ва агар дар анвои ин улум дониши мукаммали ҳамаҷониба дошта бошад, ўро адиби фозил мехонанд.

Миёни адиб ва олим фарқе ҳаст : адиб аз ҳар чиз беҳтару хубтарашро интихоб мекунад, олим мақсадро мегирад ва дар роҳи асли ҳақиқати он маҳорат пайдо мекунад. Интихоби адиб хусусияти сифатӣ дорад, зеро маърифати ў ба асоси зебоӣ ва ҳусн нигаронида шудааст.

Барои донистани адабиёт якчанд сифати ҳамида доштан лозим аст. Авва, қувваи фитрию модарзоди ақлӣ доштан зарур мебошад, ки аз панҷ чиз иборат аст: заковат, хаёл, ҳофиза, ҳис ва завқ. Дуюм, ҳусни таълифи назму наср, ки ба донистани қонуну қоида ва сабту усули онҳо вобаста аст. Сеюм, омўхтан ва донистани китобҳои назарӣ ва таълифоти намояндагони барҷастаи адабу адабиёт. Чаҳорум, донистани сабку услуби удабо ва булағои қадим.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.