Балоғат ва Фасоҳат

Маънои балоғат

Маънии балоғат расидан ва ба интиҳои кор қадам мондан, камол ва расоии сухан аст, ки аз он беҳтар имкон набошад. Аз назари истилоҳ, ба балоғат дурустй ва бе Каму кости сухан аст. Сухан аз ҷиҳати мавқеи калимаю таркибот ва талаби грамматики нуқсу камбуд надошта бошад, онро каломи балеғ мегўянд. Таърифи баллоғат ба таъбири олими адабиётшиноси асри XIII Шамси Қайси Розй чуни наст: «Ва маънии балоғат он аст, ки он чи дар замир бошад, ба лафзе андак, бе он ки ба тамоми маънии он ихлоле роҳ ёбад, баён куна два дар он чи ба баст (вусъат)-и сухан эҳтиёҷ афтад, аз қаадри ҳоҷат дар нагузаронад ва ба ҳадди молол нарасонад».

Мувофиқи ин таъриф, сухани балоғй расо, рехта, кўтоҳу дур ва пургўи ва дар ҳадди талаботи маънй бояд бошад. Балоғат дар се навъи сухан пайдо мешавад. Якум, дар эъҷози сухан, ки дар лафзи андак маънии фаровон ғунҷоиш меёбад. Дуюм, дар мусовот, ки баробарии лафзу маънии суханро мегўянд. Сеюм, басти сухан аст, ки шарҳи маъниро бо алфозу ваҷҳу василаи бисёр меноманд.

Аз ҷиҳати шакл балоғатро чун тарзи сухани даҳонй (шифоҳй) мефаҳманд, ки ба мухотабё шунаванда равона шудааст. Маънии суханро аз ду паҳлу фаҳмидан мумкин аст. Аввалан, аз қиёси баробарии он ба воқеъ, ки онро сухани балоғй гуфтан нашояд. Масалан, ин ҷумлаи сода метавонад ба маънои балоғй ва ғайри он биёяд. «Аҳмад бачаи доно аст». Агар матлаби мо тасдиқи дурустии доноии Аҳмад бошад, ин сухани балоғй нест. Сониян сухани ба мухотаб равонашуда ногузир шакли балоғй мегирад. Дар мисоли боло хитоб ба шунаванда маънои хабарро дорад, ки даъвои пазируфтанро аз шунаванда ифода мекунад. Аз ин ҷиҳат сухани балоғй гуфтори китобй аст, аврупоиён онро риторика гуфтаанд ва ба тоҷикй хитоба тарҷума шудааст. Хитоба ҳунари суханварй (ораторй)-ро низ меноманд.

Балоғат, расой барои ҳар Сухане зарур ва лозим аст. Мақсади сухан қонеъ кардан, завқ бахшидан ва ё тарғибу ташвиқ баа нияти ба тарафи матлуб баргардонидани андешаю назари шунаванда мебошад. Тарзи сухани балоғй барои ҳамаи соҳаҳои илму Фан лозиму зарур аст, дар шеъру адаб вазифа ва мақоми хос дорад. Тамоми ашъор як навъ муроҷиати гўянда ба шунаванда ва масмўъ афтидани гуфтор нигаронида шудааст. Дар насру драма низ хитоби балоғй ҳамин гунна саҳме дорад.

Дараҷаи авали балоғат хушу шод ва масрур шудани шунаванда аз сухан аст. Дараҷаи дуюм хоҳиши гўянда қонеъ кардани шунаванда аз дархости нисбати у доштааш мебошад. Дараҷаи севум- шунаванда ба кору амале ташвиқ мешавад ва ба он майли хотир менамояд.

Маънои фасоҳат

 

Маънои луғавии фасоҳат шевоҳй ва равонии сухан аст. Балоғат ба маънои сухан ва фасоҳат ба ҳусни алфоз нигаронида шудааст. Аз ин рў, мегўянд: «Маънии балеғ ва лафзи фасеҳ, бидуни акс». Шарти асосии балоғати сухан хушу зебои ва раҳои аз ноҳамворию заифи мебошад. Қоидаи умумии фасоҳат чуни наст: Фасоҳат чунин тарзи офаридани калом аст, ки фаҳми маъни дар мавриди тавзеҳу тафсир ва ороиши алфоз коста нагардад . Фасоҳатро натиҷаи кушода забони ва сухандони низ гуфтаанд. Шарти асосии фасоҳат он аст, ки гуфтаанд: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта маконе дорад». Фирдавсй дар ҳаққи Дақиқии шоир фармудааст:

Ҷавоне биёмад кушодазабон,

Сухан гуфтани хубу табъи равон.

Сухани фасеҳро суханпарвари, суханпардози, чарбсуханй, чиразабонй ва монанди он ҳам гуфтаанд. Суханпардозй бо табъу хирад ва дониши гўянда ҳам вобаста аст. Саъдии Шерозй мефармояд:

Сухандони парварда, пири кӯҳан,

Биандешад, он гаҳ бигўяд сухан.

Донандагони илми маонй фасоҳатро дар алфози возеҳ, ашколи қарибулфаҳм ва маънусулистеъмол мувофиқи маҳали истифода дидаанд. Фасоҳат сифати калима, мутакаллим ва калом- ҳар се мебошад.Ккалима вақте фасеҳ мешавад, ки аз чаҳор айб холи бошад: аз танофури ҳуруф, ғаробати истеъмол, мухолифати қиёс ва кароҳат дар самъ, ки дар бораи онҳо поёнтар сухан хоҳем кард.

Фасоҳати калом маънои ошкорои сухан, калимоти фасеҳ ва холй будани он аз ин ша шайб аст:танофури калимот, заъфи таълиф, таъкиди лафзй ва таъкиди маънавй, касрати такрор ва татобўъи изофот.

Фасоҳати мутакаллим дорои малакаи дар ҳар мавзўъ, монанди мадҳу ҳиҷо, қасида ва марсия, хитоба ва мавъиза ва таҳнияту таъзият ва ғайра бо алфозе шево баён дода тавонад. Ба ин мартаба кассе расида метавонад, ки луғоти бисёре ҳифз карда, бохабар аз услубҳо ва аҳволу ашъори удабо бошад.

Уюби фасоҳати сухан ба қарори зайл мебошанд:

*Мухолифати қиёс

Мухолифати қиёс овардани калима бидуни мавқеъ ва қойдаҳои луғати дастури забон аст. Агар ғалат дар маънои луғат бошад онро мухолифати луғавй ва ихтилофи грамматикиро мухолифати сарфй меноманд. Ҷамъ бастани калимаҳои форсй бо шакли ҷамъ банди арабй низ аз ихтилофоти қиёс аст, монанди бозрасин ба ҷои бозрасон. Тадбиқи баъзе қавоиди дигари замони форси ба арабй ва баракс низ аз мухолифатҳои қиёс аст. Маънои муххолифати қиёс ба тоҷикй ноҳинҷорй, номувофиқй аст.

Дар байти поён Мирзо Бедил аз лафзи «муғул» ба хотири вазн ва маъно калимаи «тамуғул» сохтааст:

Хунуктар зи зоғ асту рафтори кабк,

Гар ҳиндустонй тамуғул кунад.

Дигар:

Боз грам дил чунонки ба ту додам,

Сабр кунам, ҳар чй бодободам.

Дар мисраи аввал калимаи «гирам»ба хотири вазн ба шакли «грам» омадааст.

  • з а ъ ф и т а ъ л и ф

Заъфи таълиф (сустпайванд) – ро мухолифати қиёси (наҳвӣ грамматикӣ) меноманд ва маънояш номувофиқиии таркиби ҷумла бо қавоиди забон мебошад. Монанди ҷамъ овардани хабар дар мавриде, ки талаби мазмун танҳо бошад. Мисол: «Калимаҳо шикастанд ва қоғазҳо пора шуданд ва мураккабҳо рехтанд». Дар ҳоле хабари ҳама бояд танҳо бошад: Қаламҳо шикаст ва қоғазҳо пора шуд ва мураккабҳо рехт».

Дар сухани гуфтугўӣ ё навишт ихтисори феъл бидуни зарурат низ заъфи таълиф аст. Мисол: «Имрўз ҳаво сард ва шогирдон сармо хўрданд». Афтидани феъли «буд» нишонаи ғалат будани ҷумла аст ва ҳифзи он мумкин нест. Агар дар ҷумла қарина бошад, чунин амал ҷоиз аст. Мисол: «Муаллим вориди клос ва машғули тадрис шуд».

Ба ин байт таваҷҷўҳ намоед:

Инаш сазо набуд дили ҳақгузори манн,

К – аз ғамгусори худ сухани носазо шунид.

Ҳарфи «ш» хашв аст, зеро дар наср байт чунин шакл мегирад: «Сазои дили ҳақгузор ин набуд, ки аз ғамгусори худ сухани носазо шунид». Пас, байтро бо чунин табдили мисраи аввал тасҳеҳ додан мумкин буд.

Баръакси интизор дили ҳақгузори манн,

Аз ғамгусори худ сухани носазо шунид.

  • с у х а н и ш е в о

Сухан ба ҷуз дурустӣ, бояд шево ҳам бошад. Шарти шевоии сухан ин аст: «Ҷумла равон ва наздик ба фаҳм ва дар гўши шунаванда хушоянд ва ба мақсаду гўянда вофию расо бошад».Ҳар як аз ин талабот шарту шароити зарурӣ дорад.

  • с а л о с а т в а ҷ а з о л а т

Салосат ва ҷазолат равонию мустаҳкамии суханро мегўянд. Салосати сухан зодаи табъи салим ва равон, холӣ аз печидагию ғалат будани он аст.Ҷазолат рехтаю фишурдагӣ, пурмаъно дорои алфоз қавию маҳкам будани он аст. Аҳли адаб чунин фармудаи машҳуре доранд: «офати салосат ракакот аст ва офати ҷазолат – таассуф».

  • ғ а р о б а т

Маънои ғаробат дурӣ ва ноошнноист. Калимаи ношинос, номаънус, нофорам, дур аз зеҳн ва оҳанги нохуш доштаро ғаробат мегўянд. Монанди калимаҳои ношинос ва мушкилфаҳми арабӣ, алфози номустаъмали русӣ, ки дар гуфтору истеъмол маъмул ва мавриди истифода нестанд. Устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ, донишманди эронӣ калимаи лод (девор) ва буннлод (таҳкурсии иморат) – ро , ки дар баъзе шеваҳои тоҷикӣ «бунлод» дар шакли «булно» маъмул аст, барои ғаробат дар байти шоири асри Х Фароловӣ мисол овардааст:

Лодро бар бинои маҳкам неҳ,

Ки нигаҳдори лод бунлод аст.

Дар қадим қавси кузаҳ ё Камони Рустаро озфандок мегуфтанд ва Асадӣ онро дар байти поён истифода кардааст:

Камон озфандок шуд, жола – тир ,

Гулғунча – пайкон , зирех – обгирд .

Дар баъзе китобҳо истифодаи беҷои луғати арабӣ дида мешавад, ки ин ё аз хуб надонистани сухан ва ё аз такаллуфоти муаллим сар задаст. Дар насру назми тоҷикӣ истифодаи алфози русию интернационалӣ баъзан аз доираи эътидол берун рафта ва боиси костагии сухани муаллифон шудааст. Як ғаробати сухани адабии имрўза истифодаи калкаҳои ноҳамвор аз забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ мебошад. Масалан , «чорвои калони шохдор» мегўянд ва матлаб «гов» аст. Чун дар дар забони русӣ калимаи воҳиди «гов» нест, бо ин таркиб истифода шудааст.

  • т а н о ф у р

Маънои танофур нафратовар ва носозгорист. Танофур номувофиқии байни калимаҳо, ҷумлаҳои тўлонӣ аз ҷиҳати таносуб ва ҳамоҳангӣ мебошад. Чунин калима, таркибот ва ҷумлаҳоро мутанофир меноманд. Мулоим ва муталоим сухани хилофи мутанофирро мегўянд ва онро созгор ва мутаносиб ҳам мехонанд.

Танофур дар сухан ду навъ аст. Аввало, танофури лафзӣ ва он ҳам ду қисм дорад: Танофури ҳуруф ва дигар – танофури калимот . Танофури ҳуруф душворӣ, сангинии талаффузи ҳарфҳои калимаро мегўянд, ки бар ҳасби истилоҳи забони мо онҳо ҳарфҳои гароноҳанг ном доранд. Мисол, калимаи ҳўхўъ ба маънои уштурхор аз ҳарфҳои ҳалқӣ фароҳам омада ва талаффузи он душвор аст. Номи шоири машҳури асри ХI Амъақ, ки дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ бо ҳарфҳои айн (аломати сакта) сар мешавад, низ дар талаффуз душворие дорад. Баъзан дар шеър, бо зарурати вазн, баъзе ҳарфҳо ихтисор мешаванд. Масалан, истифодаи калимаи «пинҳонст» дар ин байти Ҷалолиддини Румӣ аз танофури лафзии ҳуруф аст:

Ду даҳон дорем гўё ҳамчу най,

Як даҳон пинҳонст дар лабҳои вай.

Танофури калимот чунон аст, ки ҳар як калима дар алоҳидагӣ душворие дар талаффуз надорад , аммо паиҳам қироат кардани онҳо душворие пеш меорад. Мисол, дар чунин тезгўяки кўдаконаи «харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтар бача кард» паиҳам омадану такрор шудани калимот мақсади машқи бартараф кардани мушкилоти талаффузи онҳоро дорад. Монанди ҳамин чанд бор паиҳам такрор кардани ҷумлаи зерин низ душворие дорад: «Хоҷа таваҷҷўҳи тиҷорат кунӣ». Ин мисолҳоро кам касс бо як нафас се бор такрор карда метавонад, то забонаш дар даҳон напечида бошад.

Танофури маънавӣ номувофиқии миёни калимаҳои ҷумларо мегўянд, ки ҳар кадом ба танҳоӣ маънои дурусту саҳеҳе доранд. Мисол:

Хонаи мулки дин шавад обод,

Бода пеш ор, ҳар чӣ Бодо бод.

Дар мисраи дувуми байти поён дар шакли «набояд – т « бар забон талаффузи гарон дорад:

Чу пеш оядат рўзгори набард,

Зи бадҳо набояд – т парҳез кард.

  • т а ъ қ и д

Маънои таъқид печидагӣ ва душворӣ, гиреҳ андохтан аст. Таъқид ҷумлаи печидаеро

мегўянд, ки фаҳми он душвор бошад. Чунин ҷумла ба қисмҳои лафзӣ ва маънавӣ ҷудо мешавад.

  1. Дар таъқиди лафзӣ печидагӣ ба сохти лафзии он аз ҷиҳати тақдим ва таъхир (пасу пеш омадан ё ҳафз (афтидан) – и калимаҳо ва монанди он аст. Мисол, аз Ғолиби Деҳлавӣ:

Ман он сипеҳрам, доим, чунонки меҳр ба моҳ,

Ба меҳр нур диҳад найири мунаввари ман.

Маънояш ин аст, ки манн он сипеҳрам, ки кавкаби нуронии манн ба офтоб нур медиҳад, монанди он ки офтоб ба моҳ нур медиҳад.

  1. Таъқиди маънавӣ душвории мазмун ва мақсуди ҷумларо аз ҷиҳати исте ъмоли кинояву маҷозот, ташбеҳу тахайюлоти дур аз зеҳн меноманд. Мисол:

Номабар гумм шуд, дар оташ номаро боз

афканам,

Гар кабўтар нест, товусе ба парвоз афканам.

Мақсад аз «товус» киноя бар оташ аст ва мақсад ин аст, ки чун номабар (кабўтар) нест, номаро дар оташ меафканам.

Дар ҷумлаи «барф бар пари зоғ нишаст» низ таъқиди маънавӣ ҳаст, чунки зеҳни шунаванда аввал ба маънои асл меравад ва бо қаринаи «фалониро барф бар пари зоғ нишаст» фикр ба маънии маҷозӣ моил мешавад, ки дар мўи сиёҳ афтидани сафедӣ аст Бо истифодаи қаринаи «фалонӣ» таъқид аз миён бардошта мешавад.

  • т а т о б ў ъ и и з о ф о т в а к а с р а т и т а к р о р

Татобўъ пай дар пай омадани чизеро мегўянд ва ин паёпай шудани изофаҳоро ҷумлаи татобўъи изофот гуфтаанд. Паиҳам омадани калимаҳо ба изофот низ аз айбҳои фасоҳат дониста шудааст. Дар ҷумлаи зайл ба татобўъи изофот роҳ дода шудааст; « Марди калонриши ғалчаи миёнақади гандумгуни ғафсабрўи чакманпўш ба хона даромад «. Дар ин байти Лутфуллоҳи Нишопурӣ низ чунин айби фасоҳат ҷой дорад».

Асари васфи ғами ишқи хатат,

Надиҳад ҳаззи касе ҷуз ба залол.

Касрати такрор дар як ҷумла ё ҷумлаҳои наздик ба якдигар такрор кардани як калимаро мегўянд. Маънои калимаи касрат бисёрии чизест дар гуфтор ё мавриди дигар. Мисол:

Ёр ёр аст, аст агар ёри вафодор бувад,

Ёр чун нест вафодор, куҷо ёр бувад.

Кор кор аст, агар кор ба ҳинҷор бувад,

Кор чун неест ба ҳинҷор, куҷо кор бувад.

Паиҳам омадани изофот ва такрори зиёд на ҳама вақт аз уюби гуфтору сухан аст. Аз ҷумла, навъе аз такрорро чун як навъи санъати лафзӣ эътироф кардаанд.

  • ф а с о ҳ а т и к а л и м а, к а л о м в а м у т а к а л л и м

Дар гуфтор калима, калом ё гуфтор ва мутакаллим бояд аз талаби фасоҳат дур набошанд.

  1. Фасоҳати калима вақте ҳосил мешавад, ки аз чаҳор нуқс холӣ бошад:

– мухолифати қиёс, яъне ноҳинҷорӣ ва дар бораи он дар фасли ҷудогона сухан гуфта шуд;

– танофури ҳуруф ё гаронии оҳанг ва дар бораи он ҳам дар боло сухан рафт;

– ғаробат ба маънои номаънус, ғайри одат ва кароҳат дар самъ, ки нохушии оҳангро мегўянд;

– кароҳат дар самъ он аст, ки аз шуниданаш сомиа нафрат кунад. Калимаи аз айбҳои мазкур дур ва дуруст, хушоҳангу дилнишинро лафз (калима) – и фасеҳ меноманд. Ин фасоҳати сода аст.

  1. Фасоҳати калом (гуфтор) фасоҳати ҷумла аст ва онро мураккаб ҳам меноманд. Агар ҷумла аз калимоти фасеҳ сохта шуда бошад ва аз шаш айби зерин холӣ бошад, онро каломи фасеҳ мегўянд:

– заъфи таълиф;

– таъқид [ – и лафзӣ ва маънавӣ];

– танофури калимот;

– танофури маънавӣ;

– танофури изофот;

– касрати такрори бемаврид.

Чунин ҷумларо гуфтори нағз, каломи фасеҳ ё сухани шево меноманд.

Мутакаллим ва сухангўи фасеҳ касест, ки қувваи фитрии сухан ва дониши қавонини суханварӣ, малакаи комили иншои фасеҳ дошта бошад.

Фасоҳати мутакаллим он аст, ки дорои малакаи дар мавзўъи дилхоҳ, монанди мадҳу ҳиҷо, қасидаву расо, таҳнияту таъзият, хитоба ва мавъиза бо алфози шево баёне додан ва сухан кардан бошад. Ба ин ҷойгоҳ кассе расида метавонад, ки луғоти бисёре ҳифз дошта бошад, аз услуб ва тариқи сухани гузаштагон огоҳӣ биёбад ва муддате машқ дидаву малака ҳосил намояд.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.