Суханварй дар юнони қадим ва аврупо

 

Суханварй ҳанўз дар аҳди қадим интишор ёфта ва қонуниятҳояшро пайдо карда буд. Шоирони араб аз аҳди ҷоҳилият ровиёни худро доштанд , ки шеърашонро бо лаҳну оҳанги махсусе қироат мекарданд. Дар Чини қадим суханрониҳои бофтаи шоҳон дар маҷмўаҳои бузурге ҷамъоварӣ ҷамъоварӣ ва тадвин мешуданд. Аммо ҳунари суханварӣ аз ҳама бештар дар Юнони қадим тариққӣ кард ва анъанаи юнониёнро дар асрҳои миёна ва давраи нав дигар мардумони Аврупо идома доданд.

Қадимтарин осори суханварии Ғарб дар Юнон таълиф шуда ва то замони мо боқӣ моондааст. Дар Юнони қадим аз чеҳраҳои маъруфи суханварӣ Перикл буд, ки бо нутқҳои муассираш шўҳрат дошт. Фемистокл ва Алкивиад низ дар радифи суханварони мумтоз мақом мегиранд. Дар маҷлиси умумии бузургони демократияи Юнони қадим баҳсҳои тўлоние идома меёфт, ки қудрати суханвариро мехост ва мепарварид. Дар ҳукумати Отин маҷлиси умуми солее се ё чаҳор маротиба ҷамъ меомад. Дар оғози ҷаласа маросими қурбонй барпо мешу два баъди анҷоми расмияти он лоиҳаи мавзўи гуфтугўро пешниҳод мекарданд.Дар ин маҷлис ҳар хоҳишманд иҷозаи сухан кардан дошт. Ҳозирин суханашро бо сабру бардошт мешуниданд ва дар охир бо бардоштани даст ба он раъй медоданд. Дар ин ҷаласаҳо қонунҳо, таини ҷангу сулҳ ва масоили дигари мамлакат қабул мешуданд ва ҳукми бозгашт надоштанд. Бинобар ин суханрониҳо дар ин маҷолис асосан сиёсй буданд.

Ба тадриҷ дар Юнони қадим насри суханварй ба вуҷуд омад. Се навъи суханварй мавҷуд ва маълум буд, суханварии мутантану бо шукўҳ ё ҷашнй, суханварии машваратй ё сиёсй ва судй. Дар давраи классики суханварии машваратй ё сиёсй мақоми авалиндараҷа дошшт. Намояндагони ҳамин равия Фемистокл, Перикл ва Алкивиад буданд .Дар замони эллинизм мақоми авалро суханрониҳои машваратй гирифтанд ва гуфтори ҳунарию маснўй ривоҷ ёфт. Дар натиҷа тақлиди кудамо дар тариқи сухан зиёд шуд. Суханварони маъруфи замонҳои охири Юнони қадим Дион Хритостом (асри 1 пеш аз мелод),Аристид (асри 2 мелод), Либанй (асри 4 мелод) буданд.

Ананаи юнониёнро дар Руми қадим идома доданд. Дар асри сеюми қабл аз мелод дар шаҳри Рум муаллимони илми хитоба пайдо шуданнд, ки дар ибтидо юнониён буданд. Асри дуюми қабл аз мело два якуми мелодй замони нашъу намои ҳунари суханварй дар он кишвар буд. Ҳунари суханварй махсусан дар шахсият ва эҷодиёти Цецерон пеш рафт, у шахсияти дар гўяндагй бо ҳунар ва назариётчии суханварй буд ва рисолаҳои «Оиди суханвар»ва «Суханвар» ё «Оратор»-ро таълиф кардааст. Ба тадриҷ суханварй дар ин кишвар ҳам ба мақоми санъатй ва ҳунарй расид.

Дар асрҳои миёна суханварй дар Аврупо асосан ба вазъҳои динй ва баҳсҳоии динию фалсафй такя дошт. Шахсиятҳои маъруфи калисиёи масеҳи Василийи Кабир (329-279), Григорий Богослов (тақрибан 328-389), Иоанн Златоуст (347-407) ва дигарон идомадиҳандагони суханварии Юнони қадим буданд. Пайравони онҳо дар ҳамаи мамолики Аврупо буданд. Мавзўъҳои дунявй ҳам дар таҳти таъсири ақоиди динй баргузор мешуданд.

Аз оғози замони интибоҳ (Эҳё) дар Аврупо таваҷҷўҳ ба ҳунари суханварии Юнони қадим зиёёд шуд, осори қадимиро нашр мекарданд ва меомўхтанд. Ҳунари суханварй тамоили ошкорои сиёсй гирифт ва яке аз устодони он гўяндаи итолиёй Кола да Риендцо буд. Аз ҷумлаи намояндагони шўҳратманди суханварию вазъи динй нависандагон Ж. Калвин (1509-64), Т. Де Беза (1519-1605), Г. арель (1489-1565) ва дигарон буданд.

Хулоса, ҳунари суханварй дар мамолики Аврупо бо тамоилу тобишҳои гуногун падид омадааст. Дар муносибатҳои дипломатй, замони инқилобҳо, мунозира ва мубоҳисаҳои сиёсй вай рангомезиҳои зиёд ва гуногунро ба худ гирифтааст.

#
test

Добавить комментарий