Адабиёт ва муносибати он бо санъат

 

Адабиёт дар илми ҳозиразамон китобҳоеро мегўянд, ки дар ягон соҳаи илму дониш таълиф шуда бошанд. Масалан, дар таркиби «адабиёти илмӣ» ҷомеи китобҳои мансуб ба таҳқиқу тадқиқдахлдор дар назар дошта мешавад. Ба ин маъно мафҳуми адабиёт дар замони нав, аз охири садаи нуздаҳ ва авали садаи бистуми мелодӣ маълум гаштааст. Дар маънои маҳдудтар адабиёт ҳамаи асарҳои адабии дар шакли назму наср ва драма навиштаро мефаҳманд. Ба ин тариқ, зери мафҳуми адабиёт ва адабиёти бадеӣ асарҳоеро мефаҳмем, ки аз адабиёти илмӣ фарқ доранд ва аз ҷиҳати сохту шакл хусусияти бадеӣ дошта, принципи онҳо маърифат кардан бо роҳи зебоӣ, ки онро маърифати эстетикӣ меноманд.

Маърифати эстетикӣ фаҳмидани масъалаҳои ва паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ба воситаи аъ Зои ҳис аст. Барои мисол ду байт аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Низомӣ меорем:

Ғалтид чу мўри хастакарда,

Печид чу мори захм (в)арда.

Байте ду-се зор-зор бархонд,

Ашке ду-се талх-талх бифшод.

Ин тасвири ҳоли Маҷнун дар сари қабри Лайлист. Тасвири дар байти аввал ҳолати диданист ва мо онро пеши назар меорем. Дар байти дуюм тасвири диданию шуниданй ва ламсиданй (талх-талх) якҷоя омадаанд. Вақте фоҷиаро дар театр ё кино мебинем, ё монанди куштани Сўҳроб ба дасти Рустам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсй мехонем, шум обо ёрии тасвири ҳиссй завқ мебарем ва аз моҳияте огоҳ мешаведу чизеро маърифат мекунед. Бино бар ин, адабиёти бадеи маърифати инсону ҷаҳон бо ёрии тасвири зебою аёнист.

Абдураҳмони Ҷоми дар «Баҳористон» чунин ҳикояте дорад:

«Уштуре ва дарозгўше ҳамроҳ мерафтанд. Ба канори ҷўи бузург расиданд. Аввал шутур даромад.Чун ба миёни ҷўй расид, об то шиками вай баромад. Дарозгўшро овоз дод, ки дарой, ки об то шикам беш нест.

Дарозгўш гуфт:

-Рост мегўй, аммо аз шикам то шикам таповут аст. Обе, ки ба шиками ту наздик гашт аз пуушти манн бихоҳад гузашт».

Ин ҳикоят ишорат ба шинохтани худ ва имконияту тавоноии худ мекунад ва натиҷаи ин андешаҳо бо чунин қитъаи ҷолибе ҷамъбаст шудааст:

Э бародар, аз ту беҳтар ҳеҷкас нашносадат,

З-он чй ҳастй,як сари мў хешро афзун манеҳ!

Гар фузун аз қадри ту бистоядат нобихраде,

Қадри худ бишносу пой аз ҳадди худ берун манеҳ!

Мақсади худро дар ҳикоят нависанда ба воситаи нақши уштуру ддарозгўш дар байти Низомй- Маҷнун ба мўри хастакарда, мори захмхўрда монанд карда шудааст, ки табеҳ аст. Шоир ва нависанда бо образ, нақши ҳайвонҳо ва воситаҳои сухан-ташбеҳҳо маъноеро маърифат кардааст. Онҳоро воситаи бадеии тасвир мегўянд. Бино бар ин адабиёт ё адабиёти бадей тарзи маърифат кардан бо ёрии воситаҳои бадеи мебошад. Тамоми осори адабии бадеи ва умуман асарҳои санъат бо ҳамин усули бадей маърифати эстетикиро амалй мегардонад.

Адабиёти илмй ба воситаи мафҳумҳо мавзўи худро маърифат мекунад, адабиёти бадей бо ёрии воситаҳои бадей аз қабили образ, санъатҳои бадей, забон ва сохту низоми ҳолату воқеаҳо тарзи маърифати махсусро ба вуҷуд меорад. Сифати асосии адабиёти бадей ҳамин воситаҳои бадей мебошад, ки истифодаи куллии онҳоро бадеият меноманд. Бадеият махсусиасарҳои бадеист, ҳусну зебой сифати ҳастй, олами вуҷуд ва падидаҳои он ҳам ҳаст. Бадеият аз паҳлуҳои ҳунарии адабиёт,ки мақсаду вазифаи образофаринй нақшсозй доранд, ба вуҷуд меоянд. Амалияи ба вуҷуд овардани адабиётро эҷоди бадей ва ҳосилашро асари бадей мегўянд.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.