Тақвияти қувваи ҳофиза

 

Тақвияти қувваи ҳофиза ба омилҳои зайл робитаи зич дорад: суханронӣ бояд дар асоси нақшаи муайян сурат бигирад ва ин нақша пешакӣ танзим гардад, вагарна сухани гуянда берабт ва хушку беруҳ садо медиҳад. Дар чунин маврид ақидаву афкори гуянда низ ба ҳам пайвандие надошта пароканда аст. Пас барои таҳияи гуфтор наметавонем як намуду қолаб ва шакли муайянеро пешниҳод намоем, чаро ки ҳар шахс бояд барои хеш услуби гуфтор ва баёни хосро доро бошад. Ҳатто баъзан як матлабро шахсони алоҳида ба тарзи гуногун баён мекунанд: яке пурҷозиба, хушгувор,

марғубу дилнишин ва барангезандаи қимати ноқилӣ, дигар бо лаҳни номатлуб ва ношево, сарду аз ҳассосият орӣ. Баъзе суханварони машҳур маслиҳати судманде пешниҳод намуданд, ки зимни гуфтор ёддошт нагуед, зеро ин амал вақти гуянда ва шунавандагонро барабас бурда, таъсиру ҳиссиёти суханрониро аз миён бардорад.

Қувваи ҳофиза дар фанни суханварӣ дахолати том дорад. Фарде, ки қувваи ҳофизааш бисёр заиф аст, беҳтар он аст, ки аз суханвар будан ва ба саҳнаи театр баромадан даст кашад. Масалан, дар саҳнаи театр фурсате ва мавриде нест, ки аз руйи навишта ва ё шахси луқмадиҳанда (суфлёр) ҳарф занед. Суханвари ростин ва асил он аст, ки ҳамаи суханҳои нақши хешро ҳазм ва ҳаллу фасл карда бошад. Дар ин олами ҳунар боз ру меоварем ба маҳорат ва истеъдоди фитрии ҳунарманди варзида ва нотакрори тоҷик Маҳмуди Воҳид. У кулли рубоиёти Умари Хайёмро ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ азбар намуда, марбут ба мазмуну муҳтавои он намоишномаи монологие таҳия намуда ба саҳна гузошт, ки бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Сипас аксари ашъори Хоҷа Ҳофизро ҳифз намуда, таҳти унвони «Падарон ва фарзандон» намоишнома таҳия намуд, ки моҳияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Ин намоишномаҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия баҳои баландеро касб намуд ва номи Маҳмуди Воҳидро дар арсаи понздаҳ ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ баланд бардошт. Уро ба дарёфи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳод намуда буданд, вале марги фоҷиавӣ ва ногаҳонӣ ҳама нақшаҳои эҷодии ҳунарпешаи бузургро барбод дод.

Қувваи ҳофиза барои суханвар на танҳо барои он зарур аст, ки битавонад суханро азёд бигуяд ё бисарояд, балки дар тамоми давраи суханварӣ ба у мадади гаронбаҳо менамояд. Яъне, суханвар ҳар қадар мутолиаи бештар ва захираи ҳифзаш зиёдтар бошад, суханофаринӣ ва суханпардозӣ беҳтар мекунад. Захираи фаровон аз афкор ва маъонӣ дар хотир доштан мояи аслии суханварист, ки суханвар агар барои таҳияи

гуфтор имкон дорад ва метавонад сарчашма ва маъхазҳои адабиёти ҷаҳониро мавриди мутолиа қарор диҳад. Агар фурсати таҳия кам аст ва ё умуман, мавриде мешавад, ки таъҷилан бояд гуяд, он гоҳ танҳо захираи хотир метавонад мададгори у гардад. Захираи ҳифзӣ ва зеҳнии суханвар дар чунин маворид иборат аз андешаҳои бузургон, санадҳо, амсолу ҳикоёт ва ашъору дигар навъҳои лозимияти суханофаринӣ ва суханпардозиро ба кор хоҳад гирифт. Сухане, ки бе роҳу равиш ва рабт гуфта шавад, албатта, писандида нест. Суханвари варзида дар ҳамаи мавзуъҳои суханварӣ қаблан мутолиаи комил карда ва захираи хотираашро аз маъонӣ ва ҳифзи маводи зарурӣ анбошта, ғанӣ мегардонад. Пас суханвар бояд ҳофизаи саршор дошта бошад ва ҳофизаро ба варзишу қувват ҳам метавон дод, ки аз кудакӣ ва наврасӣ ҳамеша ба ҳифз кардани ашъор ва ибораҳои фасеҳ ва ҳар навъ матлаби қобили ҳифз карданӣ бипардозад. Он омилҳои асосие, ки ба ҳофизаи шахс мадад мерасонад, диққат кардан ва таваҷҷуҳи хотирро барангехтан аст. Ашхосе, ки матлаби тааммул ва мутолиа ва диққат накунад ва ҳавоси хешро бар он ҷамъ насозад, наметавонад ба хотир нигоҳ дорад. Агар суханвар гуфторро қаблан навишта аст, бояд аввал як ё чанд бор аз оғоз то анҷом хонад. Сониян, тадриҷан ва пора-пора ҳифз кунад ва дар ин мавқеъ ҳофизаро хаста набояд кард ва ором бояд пеш рафт. Ва агар гуфтор нонавишта ва фақат дар зеҳн таҳия кардааст, беҳтарин роҳ барои ин ки ба хотир гирифта шавад, ин аст, ки ба афкор ва маъонӣ риштаи пайвастагии табиъии мантиқӣ бидиҳад, ки ҳар гоҳ афкор ба дурустӣ ба ҳам пайваста буда, мушавваш набошад. Шахсоне, ки ҳофизаи саршор надоранд, барои ёд овардани матлаб аломатҳо, ибораҳову ифодаҳои хос, нишонаҳо ва зикрҳо ихтиёр мекунанд. Албатта, дар ин боб ҳар кас роҳу равиши ҳушу шеваи муносиби худро дорад ва ин шева ба таҷриба ба даст меояд. Бояд сухан чунон бо лаҳну шевае гуфта шавад, ки монанди суҳбат кардан бошад ва табиӣ ба назар ояд.

Бинобар ин, баҳри пурқувват намудани қувваи ҳофиза омилҳои зеринро ба инобат гирифтан лозим аст:

1. Дарки матлаб. Манзур аз дарки матлаб ин аст, ки матолиби мавриди назаратонро ба ҳофизаи худ вогузошта, онро тариқи комил ва муассир бифаҳмед ва барои ба даст овардани ин натиҷа тафаккури хешро комилан ба он матлаб мутаваҷҷеҳ созед.

Барои ин ки як матлаб таъкидан дар шунаванда муассир воқеъ гардад, набояд танҳо ба зикри як ё ду мисол қонеъ шуд. Балки бояд ҳар чӣ мумкин аст бо зикри мисолҳо ва далелҳои мухталиф онро барои шунавандагон возеҳтар намуд, то ба тадриҷ ин матлаб дар майнаи онҳо нуфуз намояд ва ҷузъи ҷудонашавандаи фикрашон шавад. Мисолҳо бояд бисёр ҷолиб бошанд ва ҳаётӣ низ. Масалан, ҳунарманде руйи саҳна оид ба сухторе ҳарф мезад ва оқибатҳои онро чунин шарҳ медод: «Биноҳое, ки дар сухтор оташ гирифтанд, он қадар бешумор буданд, ки агар онҳоро паҳлуи ҳам қарор медоданд, аз Ню-Йорк то Чикаго идома пайдо мекард. Ашхосе, ки дар ин сухтор нобуд гардиданд, агар дар як хат ба фосилаи метр меистоданд, дарозии сафи онҳо ду баробари фосилаи байни Чикаго ва Бруклин мешуд».

Ҳоло даҳ сол аз ин суханронӣ мегузарад. Ман тамоми ададҳоеро, ки нотиқ зикр кард, фаромуш кардам, вале мумкин нест ҳеҷ вақт муқоисаҳоеро, ки бо фосилаи шаҳрҳо намуд, фаромуш кунам. Сабабаш ин аст, ки он чи инсон ба гуши худ мешунавад, зуд фаромуш мекунад, вале вақте онро бо як чизи мушаххасе муқоиса ва муҷассам менамояд, ба зудӣ аз хотирҳо зудуда нахоҳад шуд. Овардани мисол ва далел аз ашхос ва мақомот ба шарте боварибахш мегардад, ки матлаб қатъӣ бошад.

2. Такрор. Ҳама чизи ба ҳофиза тааллуқдошта такрор пазирад, вагарна дар андаке муддат ба дасти фаромушӣ равад. Бинобар ин, маводи ҳифз намуда бояд дар мавридҳои лозима ва фориғ аз омузиш такрор ёбад ва тақвият гирад.

3. Пайдарҳамии фикр. Чӣ тавре ки дар боло гуфта гузаштем, ақида ва афкори ба нақша овардашуда бояд ба танзим оварда шавад ва он аз руйи нақшаи муайяне сурат бигирад.

Мусалламан, руйи мавзуе панҷ дақиқа комилан ҷамъ намудани ҳавос аз якруза мутолиаи сатҳӣ бештар манфиат дорад. Чунончи, агар се нафарро дар як вақт ба рафиқи худ муаррифӣ кунед ва пас аз чанд дақиқа исми онҳоро бипурсед, эҳтимоли қавӣ меравад, ки номи яке аз онҳо ба фаромушӣ рафтааст. Сабаби аслӣ ин аст, ки вай дар он мавқеъ диққат накардааст. Хуб аст, ки барои илоҷи он дубора номи шахси навдидаатонро аз худаш бипурсед. Ҳатто аз у тақозо кунед, ки у номи худро ҳиҷҷа карда, талаффуз намояд. Ин амали нек ду фоида дорад. Аввал ин ки уро аз худ мамнун мекунед, дувум ин ки ҳатман номаш дар хотир нақш хоҳад баст.

Пайдарҳамии афкор севумин қонуни табиии ҳофиза аст. Фарз кунед, муддате чанд дақиқа қабл аз суханронӣ сокит бинишинед. Пас аз он якбора бо лаҳни омирона ба шумо бигуянд: «Ба хотир биёвар!»

Мусалламан, дар натиҷаи шунидани ин амр чизе ба хотири шумо намеояд ва хоҳед пурсид: «Чиро ба хотир биёварам?» Ва то фикри шуморо мутаваҷҷеҳи чизе накунанд, фикри шумо он чизро ба хотир нахоҳад овард.

Пайдарҳамии афкор аз он иборат аст, ки аз як калима ё чизи дигар ба ёди калима ё чизи дигар бишаванд. Мусаллам аст, ки бидуни ба хотир овардани аввалӣ, дувумӣ муяссар нест. Бинобар ин, барои ин ки матлабро битавонед ба хотир биёваред, бояд саъй кунед онро ба чизи дигаре, ки ба хотир оварданаш содатар аст, марбут кунед, то ба василаи дувумӣ дар мавқеъҳои зарурӣ дувумӣ ба ёдатон ояд.

Барои он ки битавонед алоқамандии воқеа ва ҳодисаҳоро дар гуфтори хеш ҷой диҳед, мумкин аст, ба саволҳои зерин ҷавоб омода созед:

-Чаро ин мавзуъ ин тавр аст?

– Омилҳои асосии интихоби мавзуъ дар чист?

-Аз ин гуфтор чӣ баҳрае ба шунаванда мерасад?

Саъю кушиш кунед, номи шахси лозимиро бо мушаххасоти зоҳирии у аз қабили шакл, сурат ва либос ва тарзи рафтор ва баёнаш марбут созед, то ба ин васила ҳар вақт хоҳед, онро ба хотир оварда битавонед.

Шояд бо шумо бисёр воқеъ шуда бошад, ки ба шахсе ошно шудаед.

Ва чун дафъаи дигар бо у мулоқот мекунед, шуғлашро ба хотир дореду исмашро фаромуш кардед.

Беҳтарин роҳи ҳифз кардани таърих ин аст, ки онро бо як таърихи муҳим ва асосӣ мувофиқ созед. Масалан, агар соли таваллуди шумо 1947 бошад ва хоҳед, ки номи шахси дигарро, ки соли таваллудаш 1950 аст, ҳифз кунед ва ба хотир гиред, ки ин шахс се сол баъд аз шумо таваллуд шудааст.

Профессор Карл Сишор навиштааст, ки як одам фақат аз даҳ дарсади қувваи ҳофизаи худ истифода мекунад ва навад дарсади дигарро бинобар риоя накардани қонунҳои табиӣ барбод медиҳад. Шайх Саъдӣ дар ин боб барҳақ фармуда:

Ҳосили умр талаф кардаву айём ба лагв,

Гузаронида ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест…

Қонунҳои табиӣ иборатанд аз дарки комили матлаб, машқ ва пайдарҳамии афкор. Барои дарки комили матлаб бояд:

а) ҳавосро комилан руйи матлаб мутамарказ намоед:

б) коре кунед, ки матлабе, ки ҳифз кардан мехоҳед, комилан ё бештар аз роҳи ҳавоси панҷгона дар шумо муассир воқеъ гардад.

в) махсусан саъй намоед, ки ҳатман бо роҳи чашм матлабро дарк кунед.

Қонуни дувуми ҳофиза машқ ва такрор аст. Барои иҷрои ин қонун ду нуқтаи зеринро риоя кунед:

а) ба ҷойи ин ки як бор нишаста матлаби зиёдеро хонда, онро ҳамон руз ҳифз намоед, ин амалро чанд руз анҷом диҳед, то руйи ҳам рафта бо сарфи ками вақт матлабро беҳтар ҳифз намоед ва хаста нашавед.

б) пас аз он ки матлаберо ҳифз кунед, шумо дар давоми ҳашт соати аввал он қадари онро фаромуш хоҳед кард, чӣ қадаре ки дар сӣ рузи баъд аз хотиратон хоҳад рафт. Бинобар ин, бевосита пеш аз оғози суханронӣ гуфтори хешро бихонед ва ба хотир бигиред.

Қонуни севуми табии ҳофиза пайдарҳамии афкор аст. Танҳо роҳе, ки чизеро ба ёд биёваред, ин аст, ки он чиз ба василаи як фикри дигар ба хотири инсон муаррифӣ ва ёдоварӣ гардад. Бо мақсади он ки як матлабро ба матлаби дигар алоқаманд сохта битавонед, пурсишҳои зеринро роҷеъ ба он аз худ бикунед:

– Чаро матлаб ин тавр аст? Дар куҷо ин матлаб ин тавр аст? Кадом вақт ин матлаб ин тавр аст?

Линколн дар ҷавонӣ ба мактаби деҳае дохил шуд, ки хеле фақирона буд. Ҳатто ба ҷойи шиша ба тирезаҳо коғаз часпонида буданд. Дар ин мактаб фақат як китоб вуҷуд дошт, ки омузгор онро бо овози баланд мехонд ва шогирдон такрор мекарданд. Линколн аз ин услуби кор панд гирифт ва ҳамеша ҳар чизро, ки мехост ҳифз шавад, баланд мехонд. Сабабаш дар он аст, ки зимни оҳиста хондан ба матн танҳо василаи чашм мутаваҷҷеҳ мегардад. Агар онро баланд бихонад, аз як тараф аз роҳи чашм матлабро фаҳмад, аз тарафи дигар, тариқи шунавоӣ матлаб вориди мағз мешавад. Агар инсон шомили он бошад, ки бе чашму гуш, ҳиссиёт, ломиса, зоиқа ва шомиа ҳам таҳти таъсири матлабе, ки мехоҳед ҳифз кунед, воқеъ шавад, қатъан натиҷаи беҳтаре ба даст хоҳад овард.

Дар як масали чинӣ гуфта шудааст: «Як дидан аз ҳазор шунидан муассир аст», ё ин ки ҳарфи мардумист, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан». Шояд суоле пеш ояд, ки ҳарфи гуфтаро чӣ хел мебинед? Ҳалли он танҳо бо роҳи навишт муяссар хоҳад гашт. Барои ҳифз намудани як калимаи басо зарур номи шахс, рақами телефон ва ё амсоли он аввал ба навиштаи он назар кунед, сипас чашмро пушида саъй намоед, ки онро дар фазо бо хатҳои барҷаста муҷҷасам кунед. Ин беҳтарин услуб аст. Зимни суханронӣ низ чунин бояд кард: чанд калимаи аввали баромадро руйи қоғазе ёддошт карда, дар мавқеи суханронӣ бо худ дошта бошед. Мо на ҳамеша қувваи ҳифз намудани худро самаранок истифода мебарем. Яке аз бузургтарин ва қадимтарин донишгоҳҳои дунё Ал-Азҳари Қоҳира аст, бисту як ҳазор шогирди мусалмон таҳсил менамояд. Ҳамаи шогирдон ҳангоми дохилшавӣ ба ин донишгоҳ бояд китоби муқаддаси Қуръони маҷидро дар се руз аз ҳифз бихонанд. Ва ҳамчунин дар Чин лаҳзаи дохилшавии шогирдон ба мадраса китобҳои диниро аз ёд суол мекунанд. Бешубҳа, аксари ин шогирдон дорои истеъдод ва ҳофизаи қавӣ ҳастанд ва дар чунин санҷишҳо муваффақ мешаванд. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз ишорае дорад:

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз.

Куръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.

Сирри чунин муваффақият танҳо дар риоя намудани дувумин қонуни табиӣ барои ҳофиза, яъне машқ ва такрор аст ва шумо ҳам метавонед аз ҳамин қонун барои ҳифз шудани ҳар чиз, ҳатто масоили мушкил истифода намоед. Бештар луғат ҳифз кунед, саъй намоед, онро дар мавридҳои муайян ва созгор, дар суҳбати ёрон истифода баред. Алҳақ, ҳар амале, ки такрор ва тамрин шавад, тадриҷан дар майна ҷойгир гардад.

Такрор ва машқ дар сурате манфиатбахш аст, ки бо тартиб ва саҳеҳ иҷро гардад. Масалан, агар нишаста, чанд дақиқа матнеро, ки мехоҳед ҳифз намоед, қироат кунед, то он дараҷа, ки мазмун ва мантиқи он фаҳмо гардад, он гоҳ, натиҷаи дилхоҳ ҳосил хоҳед кард. Аввал қисман ва сипас дар шакли яклухт беҳтар ва зудтар ҳифз мегардад.

Қувваи ҳофиза ба ду омили асосӣ сахт марбут аст:

-Дар вақти машқи ҳамаруза фаҳмиши ботинӣ табиатан он маводеро, ки рузи аввал мутолиа шуда буд, дар худ нигоҳ медорад.

-Майнаи инсон қобилияти муқтадире дорад. Он маводеро, ки имруз ба куллӣ ҳифз намуд, фардо бе ягон хастагӣ ба қабули маводи навин ҳамеша омода аст. Танҳо шогирдони зираку оқил қудрате доранд, ки имкониятҳои худро самаранок истифода намоянд. Масалан, тарҷумони китоби машҳури «Ҳазору як шаб» ба забони англисӣ Ричард Бертон ба 27 забони гуногун озодона ҳарф мезад.

Бинобар ин, дар хотир бояд дошт, ки нотиқ, ҳар қадар дар сухандонӣ варзида бошад ҳам, набояд таҳияи гуфтори худро барои рузу мавриди суханронӣ мавқуф бигзорад.

Равоншиносони сершуморе равшан кардаанд, ки инсон пас аз ҳифз намудани маводе бо гузашти ҳашт соат онро фаромуш хоҳад намуд.

Алишер Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» ном тазкираи худ дар бораи Мавлоно Ҳилолӣ чунин менависад: «Кувваи ҳофизааш хеле хуб мебошад. Мегуянд, ки аксари абёти хамсатайнро аз ёд медонад. (яъне, «Хамса»-и Низомӣ ва «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ). Хоҳиши таҳсил дорад. Умед аст, ки тавфиқ меёбад».

Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-яш чунин навишта: «Падарам як сол пеш аз вафоташ хост, ки маро Бухоро бурда шаҳрро тамошо диҳад ва ман чанд руз дар пеши акаам монда ба истиқомати мадраса омухта шавам, то ки соли оянда барои хондан аз аввали таҳсил ба шаҳр равам. Бо ин ният, у дар яке аз рузҳои зимистон ба хар савор шуда, маро ба қафои худ савор карда ба роҳ баромад. Чун мо аз Ялангӣ ном манзил, ки дар байни Вобканд ва шаҳри Бухорост, гузаштем, хар ба канори роҳ баромада дар зери як дарахти бед истод. Падар харро бо чубзании бисёр ба роҳ даровард ва ба ман гуфт. Соли гузашта баҳорон вақте ки ба шаҳр мерафтам, ба зери ҳамин дарахти бед фуромада худ нон хурда ва харро дам дода будам. Аз миёна қариб як сол гузашта бошад ҳам, хар ҳануз он воқеаро аз ёд набаровардааст ва мехоҳад, ки боз дар ҳамон ҷо вайро дам диҳам. Бинобар ин аз он ҷо гузаштан нахост. Падар баъд аз дақиқае хомуш мондан боз ба гап даромад. – Хар аз одаме, ки чизҳои дида ва шунидаашро аз ёд мебарорад, беҳтар аст. Диққат кун, ки ҳеч чизро аз ёд фаромуш накунӣ!

Падарам бо ин, таълими дар боло нақл кардашуда сухани худро бо як мисоли бисёр соддаи авомона таъкид ва зернишин карда буд. Ман минбъд ҳар чизе, ки мешунидам, мехондам ва медидам, ҳеч гоҳ аз лавҳи хотирам фаромуш намекардам».

Бинобар ин, қабл аз ба паси минбар рафтан як маротиба нутқи худро мутолиа намуда, ба лавҳи хотир овардан самараи нек хоҳад бахшид. Инак, порае аз панди Шайх Саъдӣ барои ҳифз пешкаш мегардад:

Шунидам, ки фармондеҳи додгар,

Кабо доштӣ ҳар ду руй остар.

Яке гуфташ: «Эй Хусрави некруз,

Зи дебои чинӣ қабое бидуз!»

Бигуфт: «Ин қадар сабру осоиш аст,

В-аз ин бигзарӣ, зебу ороиш аст.

На аз баҳри он меситонам хироҷ,

Ки зинат кунам бар худу тахту тоҷ.

Чу ҳамчун занон ҳулла дар тан кунам,

Ба мардӣ куҷо дафъи душман кунам ?

Маро ҳам зи сад гуна озу ҳавост,

Валекин хазина на танҳо марост.

Хазоин пур аз баҳри лашкар бувад,

На аз баҳри озину зевар бувад».

test

Один комментарий

Добавить комментарий