Суханвари дар Арабу Аҷам

Мулки Машриқзамин низ дар тули таърих суханварони забардастеро ба майдон оварда, машҳури

олам гардонид. Суханварӣ дар Шарқ бо дини мубини ислом пайванди ногусастанӣ дошта, бо номҳои «хатиб», «воиз», «қиссахон», «ровӣ» ва амсоли он дар ин ҷомеа зуҳур кардаанд.

Аз саррофони сухан ва кашшофони таърихи куҳан чунин бармеояд, ки сухандониву суханварзӣ ва қадру манзалати фарди суханвар қабл аз ислом дар нахустин китоби муқаддаси «Авасто» низ дар пояи баланде мақом доштааст. Шахсияти Зардушт ҳамчун як фарди сухандону суханвар, яке аз чеҳраҳои намоёни таърих ба оламиён арзёбӣ мегардад.

Дар давраҳои бостонӣ аз заминаи таърихии ҳар як миллат дар боби суханварӣ забардастоне арзи вуҷуд доштаанд. Марде, ки битвонад дар анҷуман сухани худро ба гушҳо фуру барад ва чун уштур (ноқа) дар гил нишонад, шуру шанге дар дилҳо барангезад. Хоҷа Ҳофиз дар ин маврид барҳақ фармуда:

Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон, Бикшой лаб, ки фарёд аз анҷуман барояд.

Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,

К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.

Гуянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,

Ҳар ҷо ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.

Барои фанни суханварӣ ва малакаю маҳорати суханвар чор сифат ногузир аст: меҳру муҳаббат, ирода, диққат ва шавқу ҳавас.

Суханварӣ пеш аз ҳама ҳунар аст ва фан низ. Ҳунару фан маъмулан ба асарҳои хусусияти иҷтимоидошта мансуб аст. Аз ин лиҳоз, фанни суханварӣ яке аз муҳимтарин ва заруртарин омилҳои иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад. Гумон меравад, ки дар давраи зуҳури дини мубини ислом ба фанни суханварӣ (хитоба) бештар эҳтиёҷ пайдо гардидааст. Агар аз ин дидгоҳ ба санъати суханварӣ назар афканем, робитаи ҳунарии суханварӣ бо олами ислом бисёр қавист.

Суханварӣ дар радифи дигар ҳунарҳо: ойинакорӣ, кошинкорӣ, меъморӣ пайдо гардида, ҳунармандони забардастеро руйи минбар овард. Ҳамин тавр, олами ислом дар домони худ воизон, хатибон, мутакаллимон ва суханпарварони бисёр тавоноро парваридааст, ки асосан бо унвони «хатиб» ва «воиз» маъруф будаанд. Суханварони Араб ба монанди Хатиби Розӣ, Хатиби Мисрӣ, Хатиби Димишқӣ ва ғайра ҳама шуҳраташон дар замони худ ва асрҳои минбаъда ба унвони суханрон будааст. Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ (Асадободӣ) илова бар дигар фазоил, хатиби забардасте буд. Низомии Арузии Самарқандӣ, Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мавлоно Зайниддини Восифӣ аз зумраи воизони машҳури форсу тоҷик ба шумор мераванд. Бинобар ин, фанни суханварӣ дар таърихи ислом нақши азиме гузоштааст. Аз намунаи волои суханҳое, ки аз садри ислом баҷо монда, хитобаҳои Расули акрам (с) ва Алӣ ибни Абутолиб (р) аст, ки моҳияти бузурги ахлоқӣ, маънавӣ ва иҷтимоиро моликанд.

Аслан ҳар як шахс бояд ҳамеша битавонад паёми худро бо аҳсану офарин ва муборакбодӣ ба гуши ҳамнишинон бирасонад, ҳуқуқҳои худро дар ҳаёт муҳофизат намояд, барои кори ноҳақе эътироз намояд. Чунин ашхосро зарур аст, ки ошноӣ ба роҳу равиш ва фунуни суханварӣ ҳам ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ дошта бошад: Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ барҳақ фармуда:

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.

Агар дил нахоҳӣ ки бошад нажанд,

Нахоҳӣ ки доим бувӣ мустаманд.

Ба гуфтори тйгамбарат роҳ цуй,

Дил аз тирагиҳо бад-ин об шуй.

Инак, бархе аз суханони ҳазрати Муҳаммади Муҳаммади Муфтафо (с) манзури шумо мегардад:

«Бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз

омухтан шарм кунад, ки арзиши ҳар кас ба қадри дониши уст….

Офати илм фаромушист. Офати сухан дуруғ

аст.

Илм дусти муъмин асту ҳилм мададгор ва ақл роҳнамову амал пешрав ва мадоро падару некӣ бародар ва сабр амири лашкаркаш.

Ҳар кӣ илм талаб кунад, Худо ризқашро кафолат диҳад.

Талаби илм барои ҳар мард ва ҳар зани мусалмон фарз аст.

Ҳеч олим аз дониш сер нашавад, то саранҷом ба биҳишт расад.

Зи гаҳвора то гур дониш биҷуй.

Дар ҳифзи илм бикуш, на дар ҷамъи китоб.

Мардум ду дастаанд: донишманд ва

доништалаб ва дигарон чун магасонанд, хайре дар вучудашон нест.

Худо чаҳор чизро ба чаҳор чиз қарор дода: баракати илмро дар эҳтиром ба устод, бақои имонро дар таъзими Худо, лаззати зиндагиро дар некӣ ба падару модар, озодӣ аз ҷаҳаннамро дар озор накардани мардум.

Талаб кунед ва биёмузед илму донишро, агарчи дар Чин бошад».

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.