Офариниши сухан

 

Аз нестӣ ба ҳастӣ овардан, эҷод кардан, сохтан ва пардохтани чизеро, ки то ҳол ба миён наомадааст, офариниш мегуянд.

Офариниши сухан бар чаҳор омил устувор аст:

-Ҳадаф.

-Маводи лозима (модда).

-Тарҳ.

-Шахсияти созанда (муаллиф).

Агар хонае мехоҳед бисозед, пораи матое барои таҳияи либос дар назар бигиред, китобе ба риштаи таҳрир дароварда ва ихтирое кунед, саҳифае иншо нависед, ҳамаи ин навъе аз офариниш ба шумор мераванд.

Суханварӣ офариниши судманд, кори савоб ва манфиатбахш барои ҷомеа аст. Дар ин маънӣ ҳақ ба ҷониби Ҳаким Низомист, ки суханпарварро «сояи пайғамбар» ба қалам дода:

Пардаи розе, ки суханпарварист,

Сояе аз пардаи пайгамбарист.

Бинобар ин, суханвар бояд аз чор омилҳои созандаи сухан бархурдор бошад, то ин ки гуфтораш дар дилҳо бинишинад ва дар амал кам-кам муваффақияти даркориро касб кунад.

Бояд донист, ки суханвар аз сухангуй се ғараз дорад:

-Қонеъ (қаноатманд гардонидани шунавандагон бо сухани хуш).

-Ҳусни тафоҳум (яъне, шунавандагон ба ҳарфҳои суханвар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва бовар кунанд). -Дилрабоӣ аз шунавандагон, то ба сухани у бовар намоянд.

Барангехтани хотирҳо ва таъсир дар дили шунавандагон. Ҳар як аз ин се ғараз боз василаҳое дорад: Қаноатманд гардонидани шунаванда бо далелу санадҳо вобаста аст. Дилрабоӣ ба одоб ва аҳвол аст, ки гуянда аз худ намоиш диҳад. Шурангезӣ ба таҳрики лутфу меҳрабонӣ бо далел дар ақлҳо бояд тасриф кард. Ба одоби неку дилҳоро бояд рабуд. Агар ҳарфи суханвар бидуни далелу санад бошад, шунаванда ба он бовар нахоҳад кард.

Ҳусни тафоҳум-ба одобу рафтору гуфтори суханвар марбут аст.

Барангехтани шунаванда бо таъсири сухан ба лутфу меҳрубонӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо далелу санадҳо ақлро бояд кор фармуд. Бо одоби неку дилҳоро ба худ мутаваҷҷеҳ сохт. Бо барангехтан вуҷуди инсонро бояд ба ҳаяҷон овард. Сухани Шайх Саъдист:

Камол аст дар нафси инсон сухун,

Ту худро ба гуфтор ноқис макун.

Вале ҳамаи он омилҳое, ки барои суханварӣ номбар кардем, нисбист. Суханвар бояд маълумоти бисёре ҳосил кунад ва фаровон мутолиа намояд, табъи худро варзида ва пухта созад. Дастуру ва усулҳое, ки дар фанни суханварӣ ёд мешавад, барои зикри сухан судманд аст, аммо қувваи балоғату қудрати он, таъсиру ангезиш аз таҳсил, маълумоту мутолиа ва машқу тамрин ба даст меояду бас. Сухангуйро баъзан зарурат пайдо мешавад, ки сухан бигуяд. Дар он сурат агар хазинаи хотирааш аз ҳама қисм маълумоти зарурӣ бархурдор набошад, қонунҳою усули фанни суханронӣ барои дарди у давое нахоҳад шуд. Аз суханҳои бузургони гузашта дар мавридҳои зарурӣ дар у ҷамъ набошад, дар зарфи чанд рузу чанд ҳафта, балки чанд моҳ як гуфторро наметавонад чунонки шоиста аст, омода созад.

«Дар китоби тиб овардаанд, ки ба ҷиҳати сиҳҳати бадан бояд, ки дар ду руз се бор таом хурдан: аввал бомдод ва намози шом, дувум намози пешин. Ҳам бар ин тартиб мебош, то мизоҷ саҳеҳ бошад.

Қитъа:

Дар ду руз се бор бояд хурд,

Ту ба як руз мехурӣ шаш бор.

Кӣ тавонад илоҷи ту кардан,

Ҳошалиллоҳ, агар шавӣ бемор.

(Маҷди Хофӣ)

Суханвар бояд соҳибикром бошад. Муҳаббату эҳтироми у тавассути эъҷози сухан бар дилҳо бинишинад ва бар дидаҳо маъво бигирад. Мардум касеро дурусту беғараз ва хайрхоҳ бидонад, аз руйи рағбат ва майл ба у гуш медиҳад, зеро бовар доранд, ки ба нафъи онҳо сухан мегуяд ва аз шунидани ҳарфи у суд хоҳанд бурд.

Аз чизҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо, хосса дар суханварӣ алоқаву таваҷҷуҳи мардумро ҷалб мекунанд, ахлоқи нек аст. Сухангуйи бадтинат ва зиштгуфтор, ки каломаш зебо нест, дилҳоро меранҷонад, хотирҳоро мушавваш месозад ва агар ҳарфи ҳақ ҳам бар забон ронад, дархури ҷомеа нест. Бояд уро меҳрубон ва аз ин гузашта бузургманишу хушлаҳҷа ва ширинзабон биёбанд.

ҲИКОЯТ

Тоифае аз ҳукамои Ҳинд дар бораи фазилатҳои Бузургмеҳр сухан мегуфтанд. Ба охир ҷуз ин айбаш надонистанд, ки дар сухан гуфтан батий (суст) аст, яъне, таҳаммул бисёр мекунад ва шунавандаро бисёр мунтазир бояд будан, то вай сухане бигуяд. Бузургмеҳр бишунид ва гуфт:

-Андеша кардан, ки чӣ гуям, беҳ аз пушаймонӣ хурдан, ки чаро гуфтам.

Маснавӣ:

Сухандони парварда пири куҳан,

Бияндешад, он гаҳ бигуяд сухан.

ҲИКОЯТ

Шамсулмаолӣ Қобусро ду писар буданд. Ҳамеша меҳтар аз кеҳтар ҳасад бурдӣ ва ҳалоки уро фурсат шумурдӣ. Қобус ин маънӣ дарёфта буд ва дониста, вузаро уро иғво мекарданд, ки қасди бародару падар кунад ва мамлакатро ба истиқлол муқаррар кунад. Пас кеҳтарро ба Ироқ фиристод ва худ ба Хуросон биистод ва изои у медид ва мешунид ва мунтазири халос аз вай мебуд.

Қитъа:

Чун ҷадал кардан бихоҳӣ бо сафеҳ,

Гуш макун маънии гуфтори у,

Гарчи ҳамсоя тааддӣ мекунад,

Ҳам бияфтад оқибат девори у.

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки дар шаҳри Басра се кур буданд. Бағоят ур ва бенаво. Ҳар се бо якдигар гадоӣ мекарданд ва ҳама шикоят аз бенавоӣ менамуданд. Рузе ба дарвозае расиданд, қассоббача эшонро бидид ва тараҳҳум кард ва як динор бад-эшон дод, ки ним динор ба ман диҳед ва ним динор худ харҷ кунед.

Курон чун зар ба даст диданд, фарёд бароварданд, ки як динор ба вай додем, ки фулус ба мо диҳад, зар аз муфлисон бурд ва арбада карданд. Алқисса, ҷанг боло гирифт:

Манеҳ пой бар мур, к-он бераҳист,

Макун ҷанг бо кур, к-он аблаҳист.

Мардум ҷамъ шуданд ва бар ҷавон маломат карданд ва аз баҳри курон як динори дигар ғиромат (ҷарима) гирифтанд. Қассоббача ду динор бидод ва сар дар пойи курон ниҳод. То ба саҳрое расиданд, ҳар яке ба харобае хазиданд. У низ бо курон дар хона даромад, манзиле дид чун дидаи мур ва маскани торик чун хонаи гур, бар девораш анкабут парда баста.

Чун кур хона холӣ дид, ҳамёне аз хок баркашид ва сари он баркушод ва ҳамён бар даст гирифт. Ҷавон ҳамён баргирифт ва роҳи дар гирифт. Кур аз қафо равон ва фарёд даргирифт. Кури дигар аз хона берун омад ва пурсид, ки чӣ бедод рафт, ки чунин фарёд мекунӣ? Қиссаи ҳол бигуфт. Кури дувум гуфт:

-Зиҳӣ нодон ки туӣ! Ҳамчун ман зар дар кулоҳ мебоист ниҳод. Қассоббача кулоҳ аз сараш рабуд.

Бад-он қадар, ки тавонӣ ҷафо макун бо кас,

Ки зуд бошад, к-онро аз у ҷафо бинӣ.

Кури севум омад, сурати ҳол бар вай гуфтанд.

Г уфт:

-Ҳарду нодонӣ кардаед. Ҳамён аз ту ҷудо ва кулоҳ аз сар биафтад. Аз ман биёмузед, агар зар доред, дар пеши хирқа дузед.

Қассоббача корд бар шиками кури севум зад, зарҳо аз хирқа фуру рехт. Қассоббача зарҳо бичид ва бигрехт ва миёни эшон арбада ангехт ва хусумат афканд.

Ру ба шаҳр ниҳоданд. Қассоббача бар дари дарвоза биистод, курон расиданд, муҷиб пурсид ва гуфт: -Биёед, то шуморо пеши қозӣ барам. Дар пеш истод ва эшонро ба куйи қассобон сар дод. Сагон чун куронро диданд, фарёд бароварданд ва пеш давиданд.

Курон асо кашиданд, сагон эшонро баргирифтанд ва сару пой бар ҳам дариданд.

Қассоббача сурраи (ҳамёни) ҳазор динорро бардошт ва куронро чун санги қассобон дар интизори зар бигзошт ва ҳиссаи хешро аз ин киса бардошт.

Қитъа:

Нотавон бар қавӣ чу ҳайф кунад,

Масале гуфт Буалӣ Сино:

«Ҳамчу куре бувад, ки дар роҳе,

Чаҳ канад баҳри мардуми бино».

Ин нуктаро дар лавҳи хотир нигоҳ доред: Яке аз

шартҳои ҳифз намудан пайдарҳамии афкор аст. Пеш аз сухангуйӣ муддати чанд дақиқа сокит бинишинед ва ҳарфе, матлаберо ки бояд иброз доред, ба тартиб биёваред.

Пайдарҳамии афкор, аз як калима ё матлаб ба калимаи дигар аз як ифода ба ифодаи дигар бо танзими хубе ҳарф задан аст. Бештар луғат биёмузед. Луғат матлабу лаҳни баёни шуморо осон хоҳад кард. Луғатомузӣ мушкилкушои ҳар як фарди суханвар аст.

СЕ УСУЛИ МУҲИМ ДАР ОФАРИНИШИ СУХАН

Усули аввал: Риояти одоб – мардум барои он ки ба сухани гуянда гуш диҳанду эътино кунанд, бояд ба у эътимод дошта бошанд ва уро дурусту ростгуй ва донову самимӣ ва хайрхоҳу меҳрубон бидонанд ва арҷманду гиромӣ бидоранд.

Ин ҳақиқатест, ки барои он овардани далелу бурҳон ва тавзеҳу баён шарт нест ва шак нест, ки шунавандагон ҳар чи ин гумонҳову эҳсосотро дар бораи суханвар дошта бошанд, сухани у муассиртар ва бонуфузтар бошад. Пас ҳар фарди равшанзамире, ки мехоҳад суханвари варзида гардад, масъулияти бештаре бояд ба харҷ диҳад ва чунин зиндагӣ кунад, ки мардум уро ба ин сифатҳо ва фазилатҳои нек бишиносанд, қадр кунанд ва дар садр нишонанд.

Бар замми ин, суханвар бояд назди мардум ба ин сифатҳо шинохта шуда бошад ва ҳангоми суханварӣ низ бояд чунон сухан бигуяд, ки агар уро бо ин сифат мешиносанд, сухани у он гумонҳо ва шубҳаҳои суханношиносонро бартараф созад ва муҳаббату эҳтироми у дар дилҳо нишинад. Агар суханварро нашиносанду бори аввал ҳарфи уро хуш мешунаванд, каломаш ва баёнаш бо қоидаҳо ва дарку эҳсосот ороста ва пироста аст, ба у бигароянд ва суханаш бипазироянд. Пас байни суханвар ончунон бояд, ки шунавандагон уро дуруст ва ростгуй, беғаразу хайрхоҳ дарёбанду ҳурматаш ба ҷо биёваранд. Мардум чун каси дурусту беғараз ба у гуш медиҳанд, зеро муътақиданд, ки ба

нафъи онҳо сухан мегуяд ва аз шунидани ин суд хоҳанд

б урд.

Дигар аз рукни одобе, ки суханварро назди шунаванда муътамад месозад, он аст, ки у дар анҷуман чӣ мегуяд, мавзуъро чӣ гуна матраҳ месозад. Агар оқилона ва зиракона ҳаллу фасл кард, ба доноиву ботаҷриба будани вай боварӣ ҳосил намоянд, вагарна сабуксар ва бебасараш хонанд. Пас бояд суханвари асил ба ҳамин сифатҳо шинохта шуда бошад, ё лоақал гуфтору аҳволаш бар ин равиш башорат диҳад.

Дигар аз аркони адаби суханвар, ки алоқаву таваҷҷуҳи мардумро ҷалб мекунад, хулқу атвори неки уст. Суханвари бадтинат ва зиштгуфтор, ки каломаш зебо нест, дилҳоро биранҷонад ва хотираҳоро мушавваш бисозад ва агар ҳарфи ҳақ ҳам бизанад, ба у бовар ва эътимод нахоҳанд кард. Бинобар ин, суханвар қабл аз ҳама меҳрубон ва бузургманишу хушлаҳҷа бошад. Шайх Саъдӣ фармуда:

Эй, ки дастат мерасад, коре бикун,

Пеш аз он к-аз ту наёяд ҳеч кор…

Ин ҳама ҳеҷ аст, чун мебигзарад,

Тахту бахту амру наҳю гиру дор.

Номи неку гар бимонад з-одамӣ,

Беҳ, к-аз у монад сарои зарнигор.

Сурати зебои зоҳир ҳеч нест,

Эй бародар, сирати зебо биёр.

Ҳеч донӣ, то хирад беҳ ёравон? Ман бигуям, гар бидорӣ устувор.

Одамиро ақл бояд дар бадан,

В-арна ҷон дар колбад дорад ҳимор.

Пеш аз он к-аз даст берунат барад, Гардиши гетӣ зимоми ихтиёр.

Ганҷ хоҳӣ, дар талаб ранҷе бибар, Хирмане мебоядат тухме бикор.

Чун забардастит бахшид осмон, Зердастонро ҳамеша нек дор.

Номи неки рафтагон зоеъ макун, То бимонад номи некат пойдор.

Бо ғарибон лутфи беандоза кун,

То равад номат ба некӣ дар диёр.

Бо бадон бад бошу бо некон наку, Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор.

Дев бо мардум наёмезад матарс, Бал битарс аз мардумони девсор.

Ё. Раб, илҳомаш ба некуӣ бидеҳ.

В-аз бақои умр бархурдор дор,

Ҷовидон аз даври гетӣ коми дил,

Дар канорат боду душман дар канор.

Шамсиддини Шоҳин дар ин маврид гуфта:

На бар ман эътимод касеро, на эътино,

На бар ман илтифот касеро, на эътибор.

Махсусан, фурутаниву хоксорӣ дар у бубинанд, чи агар ба кибру ғурур бо мардум сухан бигуяду худписандӣ ва худситоӣ кунад, иззати нафси эшонро меранҷонад ва аз у безор мешаванд. Мақсуд ин нест, ки гуянда худро хору залил кунад ва тан ба зиллату пастӣ диҳад, валекин виқору вазнинӣ чизи дигарест ва худхоҳӣ чизи дигар. Суханвар агар дар гуфтору кирдори худ саҳву иштибоҳоте карда бошад ва иқрор кунаду бахшиш пурсад, дар назди мардум басе арҷмандтар хоҳад буд аз ин ки худро аз ҳама кас бартар бидонаду хештанро бузург нишон бидиҳад: Саъдӣ басо хуб гуфта:

Даъво макун, ки бартарам аз дигарон ба илм,

Чун кибр кардӣ, аз ҳама нодон фурутарӣ!

Аз ман бигуй олими тафсиргуйро:

Гар дар амал накушӣ, нодон муфассарӣ.

Бори дарахти илм надонам ба ҷуз амал,

Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ.

Илм одамият асту ҷавонмардиву адаб,

В-арна даде ба сурати инсон мусавварӣ,

Мардон ба саъю ранҷ, ба ҷое расидаанд,

Ту беҳунар куҷо расӣ, ар нафспарварӣ.

Умре, ки меравад ба ҳама ҳол, ҷаҳд кун,

То дар ризои эзидӣ бицу басар барӣ.

Шунавандагон набояд дар бораи суханвар гумон баранд, ки онҳоро гулу гумроҳ шумурда, ё бозичае гумон кардааст. Ҳар ҳарфи дуруғу буҳтон ва беасосро мегуяду аз ақибаш андеша намекунад. Ҳарчи уро муаддабтару ҷиддитар ва дар риояти ҷониби онҳо ва ҳифзи масолеҳ ва манофеъ худашон дилсузтар биёбанд, ҳусни эътиқодашон дар бораи у бештар хоҳад буд. Рост аст, ки мавридҳое ҳам ҳаст, ки суханвар бояд нисбат ба шунавандагон тундӣ ва ҳарорат ба харҷ диҳад ва сарзанишу маломат кунад, ё тағйири хотир бинамояд, валекин бо мавқеъшиносӣ ва нуктасанҷӣ, риояти иқтизои ҳол бояд бишавад ва агар ғайр аз ин бошад, суханаш ботил ва ранҷаш ба ҳадар хоҳад буд.

Ин аст ҷамьи одобе, ки бояд дар суханварӣ риоят намуд, ки дар сояи он таваҷҷуҳу иноят ва муҳаббати шунавандагон ба суйи гуянда ҷалб гардад ва ҷузъиёту хусусиёти он пайванд бо мавқеъшиносӣ ва завқи солим ва ҳусну салиқаи гуянда аст.

ҲИКОЯТ

Хатибе [1] бадовоз худро хушовоз пиндоштӣ ва фарёди беҳуда бардоштӣ. Мардуми деҳа ба сабаби мақоме, ки дошт, азобашро мекашиданд ва азият додани уро маслиҳат намедиданд. Яке аз хатибони деҳа ба у адовати пинҳонӣ дошт, боре ба пурсишаш омада буд, уро гуфт:

– Туро хобе дидаам, хайр бод!

Гуфто:

– Чӣ дидӣ?

Г уфт:

-Чунон дидам, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз нафасҳои ту дар роҳат.

Хатиб аз ин суханҳо ба андеша рафту гуфт:

-Ин муборак хоб аст, ки дидаӣ, ки маро аз айби худ воқиф гардондӣ. Маьлум шуд, ки овози нохуш дорам ва халқ аз баланд хондани ман дар ранҷ. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагуям (қироат накунам) магар ба оҳистагӣ.

Лз суҳбати дусте биранҷам,

К-ахлоқи бадам ҳасан [2] намояд,

Айбам ҳунари камол бинад,

Хорам гулу ёсуман намояд.

Ку душмани шухчашми бебок,

То айби маро ба ман намояд?!

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки амир Наср Аҳмади Сомониро муаллиме буд, ки дар он вақт ки хурд буд, вайро таълим кардӣ ва чуби бисёре задӣ. Ва амир гуфтӣ, ки ҳар гоҳ, ки ман ба султонӣ расам, сазои вай бикунам.

Шабе тафаккури айёми гузашта мекард, муаллимаш ёд омад, ҳама шаб дар андешаи интиқоми у буд. Ходимро бифармуд, ки аз бустон даҳ чуби обӣ [3] биёрад ва якеро гуфт:

– Муаллимро ҳозир кун!

Ходим рафт, то муаллимро ҳозир гардонад. Муаллим пурсид:

-Султон чӣ мекард, ки маро ёд кард?

Г уфт:

– Ғуломеро фармуд, ки биравад аз бустон даҳ чуби обӣ [4] биёварад ва маро гуфт, ки муаллимро ҳозир кун.

Уро маълум шуд, ки дар банди интиқоми вай аст, дар роҳ, ки меомад ба дари дукони мевафуруше расид ва дурустӣ бидод ва аз вай обии хуб харид ва дар остин кард.

Чун пеши Наср омад, амир чубе баргирифт ва

гуфт:

– Дар ин чӣ гуйӣ?

Г уфт:

– Саҳл аст.

Даст дар остин кард ва он мева берун овард ва гуфт:

– Зиндагонии подшоҳ дароз бод, калимае дорам.

Г уфт:

-Бигуй!

Г уфт:

– Ин мевае бад-ин латифӣ, зодаи он чуб аст.

Султон чун ин бишунид, бағоят биписандид ва

расми маоши вай то зинда буд, муайян гардонид. Баьд аз он зиндагонӣ ба фароғат гузаронид.

Усули дувум: барангехтан. Инсон, мутаассифона, мағлуби ҳавою ҳавас аст ва ҳавои нафс ғолибан уро монеъ мешавад, ки ба ҳукми ақл рафтор кунад. Бо таҷриба маълум шуда, ки бисёрии далелу бурҳон агар нотавон аст, наметавонад шунавандаро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Ии аст, ки ғолибан роҳбару мураббӣ бояд дар муқобили ҳавои нафс аз далелу бурҳон василае дошта бошад, то сухани худро муассир созад. Он васила таҳрики лутфи инсонӣ аст. Маънои «барангехтан» ин аст, ки лутф ва эҳсосоти шунавандагонро таҳти таъсир қарор диҳанд, ки ононро аз бадӣ руйгардону ба некӣ моил созад ва дар ҷиҳати манзури гуянда қарор диҳад.

Манзур аз истилоҳи «шурангезӣ» дар суханварӣ низ ҳамин аст.

Шурангезӣ барои суханвар василаи бисёр қавӣ ва муассир асту бисёр суханварон будаанд, ки ба ин васила бар дилҳои мардум фармонравоӣ карда ва корҳои бузург анҷом додаанд ва суханвари ҳақиқӣ он аст, ки қувваи барангехтан дошта бошад.

Дар вуҷуди инсон бунёди шуру лутф, муҳаббату буғз ва меҳру кин аст. Меҳр он аст, ки нафси чизеро хоҳон бошад ва кин он аст, ки аз чизе бигурезад ва аз ин ду ҳолат осори дигар тавлид меёбад, монанди афсурдагӣ ва дилтангӣ, дилсузию безорӣ, навмедӣ ва биму хашму рашк, ки бо кин муносибат доранд, озор медиҳанд, шодиву дилхушӣ, умед, қадрдонӣ,

меҳрубонӣ, ки марбут ба меҳр мебошанд ва лаззат мебахшанд.

Суханвар ҳар гоҳ мехоҳад шунавандагони худро ба коре барангезад, нисбат ба он амр ё шахсе, ки он амр роҷеъ ба уст, ба баёни худ дар дилҳои шунавандагон меҳр бармеангезад ва онро ба хубию хушӣ, зебоӣ васф мекунад ва ҷилва медиҳад ва дар коре, ки мехоҳад шунавандагонро аз он боз дорад.

Беҳтарин роҳи эҷоду шурангезӣ ин аст, ки гуянда худ шур дар сар дошта бошад, вагарна таъсире дар дилҳо наметавонад биандозад. Суханваре, ки шуре дар сар надорад ва феълеро, ки дар дигарон мехоҳад эъҷод кунад, дар сиришти худ надорад, суханвар нест, фиребанда аст ва сохтакории у зуд ошкор мешавад ва акси мақсуд ҳосил мегардад.

Дигар ин ки дар шурангезӣ низ монанди ҳамаи корҳои дигар нуктасанҷӣ ва мавқеъшиносӣ хос аст, ки дар кадом вақт ва ҳолату вазъият бояд шур ангехт ва то кадом андоза ҳарорат ба харҷ дод. Ҳарчанд ки дар ин боб низ қоида ва усули куллӣ ва мутлақу ҳатмӣ нест, валекин ғолиб он аст, ки дар оғози сухан бе муқаддима набояд ба шурангезӣ пардохт. Ногаҳон ҳарорат ба харҷ додан барои шунавандагоне, ки ҳануз гарм нашудаанд асар намегузорад ва хандаовар менамояд.

Дараҷаи ҳарорат ва шурангезӣ ҳам бояд бо моҳияти мавзуъ мутаносиб бошад. Парешонгуйӣ набояд кард ва ҳаракатҳо низ беқоида набояд бошад ва рафтору гуфтораш малолангезу ранҷонанда набояд бишавад. Вазъияту ҳолати шунаванда ҳам бояд дар шурангезӣ дар мадди назар бошад Барои авом навъе бояд шурангезӣ кард ва барои хос навъе дигар. Муайян намудани ин ки дар кадом қисмати сухан бояд шурангезӣ кард, яъне ин ки дар оғоз, миёна ва анҷом мушкил аст таъйин кардан, зеро ки қоидаи муайян надорад. Пас гоҳе бояд шурангезиро ба поёни сухан бурд ва гоҳе бояд пас аз шурангезӣ лаҳни гуфторро пойин овард ва суханро ба оромӣ хатм кард. Хуллас, мавқеъшиносӣ яке аз мушкилтарин дақиқаҳои суханварӣ аст, валекин ба таълим ҳосил намешавад ва ба қоидаву усулҳо дар намеояд ва қувваи худодод мехоҳад:

Шуру шавқ омад суханро тору пуд, Ҳар ки шураш беш у хуштар суруд.

Суханваре, ки шуре дар сар надораду амалеро, ки дар дигарон мехоҳад эҷод кунад, худ аз он огаҳ нест, суханвар набуда, бозингаресту фиребанда, ба зудӣ ошкор мешавад, акси мақсуд ҳосил мегардад, ба ҷойи гармӣ сардӣ ва хунукӣ пеш меояд. Ҳосили ин ки шур бояд табиӣ бошад, бузурге фармуда:

Оташе дар дегдони мис боядаш,

То зи равзан дуд берун оядаш.

Дар барангехтан ҳам нуктасанҷӣ ва мавқеъшиносӣ лозим аст, ки чи вақту куҷо бояд шур ангехт ва чи андоза ҳарорат ба кор бурд ва агарчи дар ин боб низ қонуну усули куллӣ ва мутлақ ҳатмӣ нест, валекин ғолиб он аст, ки дар оғози сухан бе муқаддима набояд ба барангехтан пардохт ва тунд набояд рафт. Ногаҳон ҳарорат ба харҷ додан барои шунавандагон, ки ҳануз гарм нашудаанд, осори манфӣ мебахшад ва ханда оварад.

Дараҷаи барангехтан ҳам бояд бо аҳамияти мавзуъ мутаносиб бошад ва агар гуянда ҳамеша дар сухан ноқобилӣ нишон бидиҳад, маҳалли эътино, эътимод нахоҳад буд. Дар ҷое ҳам, ки ҳарорат бояд ба харҷ дод, ҳадду ҳисобе дар кор аст ва гуянда ихтиёрро набояд аз даст бидиҳад ва аз ҳадди одоб набояд берун равад.

Хоҳиши шунаванда ҳам бояд дар барангехтан манзур бошад. Барои авом навъе шурангезӣ бояд кард, барои хосса навъи дигар. Ҳамчунин аст ҳоли пир ва ҷавон, доно ва нодон, ҳар қисме кайфияти дигар. Гуянда муносибати худро низ бо шунавандагон бояд риоя кунад, синну сол, мақом, мартабаро бояд бисанҷад. Ҷавонӣ кардани пир ва пирӣ намудани ҷавон асари бисёр номатлуб дорад.

Дар ин бора Унсурмаолии Кайковус дар насиҳати фарзанд бисёр бамаврид гуфта:

«-Эй писар, ҳарчанд ҷавонӣ, пирақл бош. Нагуям, ки ҷавонӣ макун, валекин ҷавони хештандор бош ва аз ҷавонони пажмурда мабош, ки ҷавони шотир неку бувад. Ва аз ҷавонони ҷоҳил мабош, ки аз шотирӣ бало нахезад ва аз ҷоҳилӣ бало хезад ва баҳраи хеш аз ҷавонӣ ба ҳасби тоқат бардор, ки чун пир шавӣ худ натавонӣ.

Аммо эй писар, ҳушёр бош ва ба ҷавонӣ ғарра машав… ва нишаставу хоста ҳама бо ҷавонон макун ва бо пирон низ муҷолисат кун ва рафиқону надимони пиру ҷавон омехта дор, ки агар ҷавонон дар мастии ҷавонӣ зиштие кунанд, пирон монеи он муҳол бошанд, аз баҳри он ки пирон чизҳое донанд, ки ҷавонон надонанд.

Агар пирон дар орзуи ҷавонӣ бошанд, ҷавонон низ бешак, дар орзуи пирӣ бошанд ва пир он орзу ёфтааст ва самараи он бардошта, ҷавононро батар, ки ин орзу бошад, ки биёбад ва бошад, ки наёбад…»

Муносибати дигар низ манзур бошад. Ҳангоми барангехтан ба шох ва баргҳое, ки боиси сухтанҳои дигар аст, набояд пардохт ва ҳавасро ба корҳои мухталиф набояд пароканда сохт.

Таъйини ин ки дар кадом қисмат аз сухан бояд шурангезӣ кард, яьне, дар оғоз, дар миёна ё дар анҷом, мушкил аст ва қоидаи ягона надорад, лекин бояд донист, ки дар барангехтан мардумро муддати дароз дар ҳолу ҳаяҷон нигоҳ доштан на мумкин асту на салоҳ. Пас гоҳе бояд барангехтанро ба поёни сухан бурда, гоҳе пас аз барангехтан лаҳни каломро ба оромӣ хатм кард. Дар ҳар ҳол вобаста ба табиати мавзуъ бояд амал намуд.

Усули севум: Мавқеи овардани ҳуҷҷат ва далел – Риояти одоби суханварӣ чунон ки баён кардем, албатта, зарур аст. Барангехтан низ бисёр муфид, аммо усули мояи суханварӣ ба пояҳое, ки ба он устувор аст, ҳуҷҷатҳо ва далелҳоест, ки суханвар барои муддаои худ меоварад. Рост аст, ки бисёр вақт барангехтан ба ҳосили мақсуд мадади зиёд мекунад. Аммо агар суханвар бар муддаои худ далелҳо надошта бошад ва натвонад ақаллан собит кунад, ки тадбир василаи ба куллӣ беҳуда аст, ё асараш заифу камдавом аст ва баръакс, агар гуянда барои муддаои худ далелҳои устувор дошта бошад, ҳарчанд барангехтану дигар чораҳои санъати каломро ба кор набарад, суханаш таъсирнок аст ва шунавандаро ба андешаву ҳаяҷон водор месозад.

Дар иқомаи ҳуҷҷат интихоби далоил ва иртибот додани онҳоро ба якдигар бояд манзури назар дошт ва ҳамчунин тартиб пас ва пеш тариқу чигунагии иқомаи онҳо ҳам камоли аҳамиятро дорад. Далел бисёр овардан он қадар воҷиб нест, ки далели маҳкам ва қавӣ овардан. Ҳуҷҷату далел монанди чизҳоест, ки арзиши онҳо ба вазн аст на ба шумора чандон ки як алмоси дурушт беҳтар аз даҳ алмоси хурд асту Ҳаким Низомӣ фармояд:

Кам гую гузида гуй чун дур,

То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.

Як даста гули димоғпарвар,

Лз сад хирмани гиёҳ беҳтар.

Ва ин нуктаро дар ҳар қисмате аз суханварӣ хосса дар иқомаи ҳуҷҷат бояд ба ёд дошт, ки маъониро чунон бояд бипарваронид, ки маҷбур набошед ҳама чизро тасреҳ кунед. Беҳтарин суханҳо шеъри хуб аст, ки аз як фард ё мисраъ мувофиқи маънӣ бар даҳон биёяд ва яке аз ҷиҳати писандида будани калимоти муҳим, ки агар хуб баён карда шавад, сифати беҳтарро дорад. Ва низ мутаваҷҷеҳ буд, ки кадом як аз матолиб муҳтоҷ ба иқомаи ҳуҷҷат аст ва чунон нашавад, ки барои ҳамаи чизҳое, ки шояд чандон муҳтоҷ ба ҳуҷҷат набуда, иқомаи далел шуда ва он ки муҳтоҷ будааст, бе далел бимонад. Барои ҳар мавзуе далел наметавон овард.

Риояи муносибат бо шунаванда ҳам равшан аст, ки барои ҳама кас ҳар навъ далел наметавон овард ва бояд сухан ба мизони фаҳм, мизоҷу ҳоли шунаванда гуфт ва дар ҳар ҳол қиёси суханвар бояд муҷаз бошад ва зуд ба матлаб бирасанд ва фаҳми он муҳтоҷ ба фикру андешаи бисёр набошад, ки суханварӣ ғайри тадрис аст. Яке аз ҳакимони Юнон мегуфт: «Суханварон бояд мушташон кушода бошанд, ба ҷуз суханвари қазоӣ». Риояи мизон, шарҳу басти сухан ва далоил низ камоли аҳамиятро дорад, ки суханро на ноқис ва абтар бояд гузошт, ки бе асар шавад ва на дароз бояд кард, ки шунавандаро хаста ва безор кунад. Суханвар ҳангоми сухан гуфтан бояд худро ба қавоиди мантиқ камтар тобеъ созад. Ҷумлаҳо ва муқаддимоти ҳуҷҷатро бояд ба муқтазои ҳол пас ва пеш кунад, шоху барг бигузорад ва зинат диҳад, то хастагӣ надиҳад, балки фараҳ ва нишот оварад. Сухан на хушк ва беҷон бошад, на сусту бемоя, чунонки тани одамӣ агар ҳама устухон бошад, зишт аст ва агар ҳама гушту чарбу бошад, устувор ва солим нест.

Имруз мавзуъҳои суханварӣ чунон вусъат ёфтааст, ки зикри чанд қоидаи умумӣ барои суханварӣ чандон судманд нест. Масалан, касе, ки мехоҳад дар боби як мавзуи сиёсӣ сухан бигуяд, бояд маълумоту огоҳии кофӣ дар он замина ва масоили сиёсӣ дошта бошад, то сухане, ки мегуяд, муносиби мавқеият бошад ва муфиду муассир гардад. Бинобар ин, гуянда бояд ба таҳияи ақлия ва нақлия бипардозад, то битавонад, ҳуҷҷату далелҳои устувор оварад, ки ҳакимон онро асосӣ ва пояи суханварӣ донистаанд.

Дар қадим омузгорони суханварӣ, ки масъул буданд, ба таълими қоидаҳо ҳар касеро суханвар созанд, гумон карда буданд, ки василаи муҳими суханварӣ ин аст, ки шахс анбори хотири хешро аз мавзуъ пур намояд ва ба ин ҷиҳат ҳангоми баёни мавзуъ тулу тафсили зиёд ба харҷ диҳад. Ҳатто то он дараҷа ки дар фанни мунозира асоси корро бар мавзуъ гузошта буданд, чунонки рисолаҳои Арасту дар фанни мунозира нигошта ва дар китобҳои мантиқ бо номи мавзуъот маъмул аст. Аммо имруз мояву ҷавҳари суханварро маълумоту истилоҳоте ташкил медиҳад, ки у бояд таҳсил карда бошад.

Шакке нест, ки барои суханварӣ ва исботи мавзуъ дар қиёс гирифтани далелу бурҳонҳо басо судманд аст. Барои шинохтани ҳақиқат, ҳамчунин пора кардани пардаҳои иштибоҳот дар мунозираҳо, мубоҳисаҳо барои пешгирӣ ва лағзиши фикр овардани далел, ҳуҷҷат басе муфид аст. Лекин набояд фаромуш кард, ки мантиқи дуруст ҳамон мантиқи ҳақ аст ва касеро гуянд, ки аз зарурати тафаккур, тадбир дар калом ғофил нашавад.

Мақсуд аз таърифи ҳар як ашё он аст, ки чиз ба дурустӣ шинохта ва ҳақиқати он дониста шавад ва чун ҳақиқати чизе шинохта шуд, ба осонӣ метавон донист, ки нек аст ё бад. Масалан, агар муътақид бар он бошем, ки кам касе одил аст, ҳадаф аз одил гуфтан он аст, ки шеваи у ҳамвора ин бошад, ки ҳақгую ҳақҷую ҳақ бошад ва ҳаққи касеро чунон ки бояд адо намояд. Албатта, касоне, ки дорои чунин сифатанд, каманд ва чун хоҳанд, ки исбот кунанд, ки суханварӣ фанни шариф аст, ҳамин аст, ки онро таъриф кунанд, ки суханварӣ неку гуфтан аст, мақсуд ҳосил мешавад ва ҳеҷ касе наметавонад собит намояд, ки неку гуфтан кори бадест.

Даниел Акмал, ки яке аз нотиқони забардаст ва ботаҷрибаи ирландист, гуфтааст, ки агар мехоҳед як мавзуи сиёсиро комилан дар сари мардум ҷо кунед, бояд онро аксар барояшон бигуед.

Як руз модари Ҷон Вилюс матлаберо дафъаи бистум барои фарзандони худ мегуфт. Шавҳараш аз у пурсид:

– Чаро ин қадар як чизро такрор мекунӣ!

Г уфт:

– Барои он ки медонам дар мартабаи нуздаҳум ҳануз онро ёд нагирифтаанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.