Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно  бегона мегардад

 

Бояд донист, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Дар маҷлисҳо, шабнишинҳо, маҳфилҳо ва суҳбатҳои хосса дониста, андешида ва бомавқеъ бояд сухан гуфт. Дар чунин анҷуманҳо пеш аз ҳама сухан бо лутфу меҳрубонИ бояд гуфт. Ҳарфи беҷо, таънаю таҳқири ошное, рафиқе, бегонае сабаби ранҷиши ҳамнишинон мегардад ва номақбулу нописанд меафтад. Аз ҳарфи бемавқеъ, ки шахси бехирад ва ҷоҳиле гуфт, набояд ранҷид, зеро гуфтаанд:

Санг агар косаи заррин шиканад, гар ба масал, Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Соиб ба маврид гуфта:

Дар сухан гуфтан хатои ҷоҳилон пайдо шавад,

Тир каҷ чун аз камон берун равад, расво шавад.

Ё Шайх СаъдИ фармуда:

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гуяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил бицуяд.

Баёни гуянда бояд сода ва равшан бошад. Печида ҳарф задан хуб нест. Агар мехоҳед, ки забони шумо озод бошаду мустақиман ба ҳадаф бирасед, бояд равшан бошад. Гуфтаро наметавон тасҳеҳ кард ва на ислоҳ. «Тире, ки аз камон раҳо шуд, боз намегардад». Сухане, ки низ гуфта шуд, баргашт надорад. Барои он ки равшан ҳарф бизанем, боист фикри равшан дошта бошем. Зимни гуфтор бояд кушиш ба он кард, ки асли матлаб дарёфта шавад. Суҳбат мақсаднок ва воқеИ сурат бигирад. Агар матлаберо дарёбем, баёни он саҳл аст ва калимаву ифодаҳое, ки барои адои он лозиманд, худ вирди забон оянд.

Шояд ба гуфтаи боло шакку шубҳа доред. Албатта, гоҳе чунин низ воқеъ мешавад, ки мавзуъро хуб дарк мекунем, вале аз уҳдаи баёни он баромада наметавонем. Калимаҳои даркориро ҷустуҷу мекунем, ба хотир меоварем. Гуфтаи АбуалИ Синоро ба хотир биёред: «Он чиро, ки бад мефаҳмем, наметавонем хуб баён кунем».

Дар мавриди баён, албатта, нақши захираи луғавИ басо бузург аст. Луғат ба андозае, ки барои баён лозим аст, барои тафаккур низ мавриди эҳтиёҷ мебошад.

Маҷмуи калимоте, ки ба он эҳтиёҷ дорем, таҳти тасарруфи мост: мутолиа ва сухан гуфтан, онро

пайваста ғанитар месозад. Ин калимаҳо зиндаанд, ҳамеша омода бар онанд, ки мо онҳоро ба худ ром кунем ва дар мавриди лозима кор фармоем, аз онҳо хуб лаззат барем ва шунавандаро низ файзёб гардонем. Ба қавли Мирзо Бедил:

Сухан санҷида гу, то дустро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

Шояд баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки дуруст навиштан аҳамияти бештаре аз дуруст гуфтан дорад. Вале набояд фаромуш кард, ки на ҳамаи калимаҳое, ки навишта мешаванд, зимни бадеҳатан баён кардан, гуфтани онҳо имконпазир аст. Аз ҷиҳати дигар, зимни гуфтор ҷавҳари сухан, фишурдаи он баён меёбад, хосса каломи мавзун, ки ягон рукни он набояд халал ёбад ва дар зикри маънИ зиён орад. Мавлоно ҲилолИ фармуда:

Сухан сардафтари девони ишқ аст,

Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.

Зи дил файзе, ки цуйӣ, ҷуз баён нест,

Забони теғ чун теғи забон нест.

 

Сухан зоҳир кунад сузи ниҳонро, Зи шамъи дил барафрузад ҷаҳонро.

Сухан сарчашмаи дарёи ишқ аст, Сухан сармояи савдои ишқ аст.

Ки гар бар сафҳаи олам набудӣ, Нишон аз оламу одам набудӣ.

Ки ҳоли рафтаву оянда гуфтӣ,

Ки чандин маънии поянда гуфтӣ.

Сухан ваҳй аст, мо Арши баринем, Сухан сеҳр аст, мо сеҳрофаринем.

Чӣ ҷойи сеҳру эъҷози Масеҳ аст, Ҳаёти мо зи гуфтори фасеҳ аст…

Касе худ бесухан чун зинда монад, Дар иқлими бақо поянда монад.

Мебош хамуш, то тавонӣ,

Дар ҳарф макуш, то тавонӣ.

Дониста агар ҷавоб додӣ,

Бар дониши худ задӣ мунодӣ.

В-ар худ сухани хилоф кардӣ,

Бар ҷаҳли худ эътироф кардӣ.

Кам гуй ба даҳр он чӣ хоҳӣ,

Худ бар бади худ мадеҳ гувоҳӣ.

Айб аст, ки дар ҳунар накушӣ, Сад айб ба як ҳунар напушӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст, Дар дидаи мардумон азиз аст.

Дар мавсими қудрати ҷавонӣ, Нақде ба каф ор, то тавонӣ.

Имруз навбаҳор аст, соғаркашон биёед,

Гул ҷуши бода дорад, то гулситон биёед.

Дар боғ бе баҳорем, сайре, ки дар чӣ корем, Гулбози интизорем, бозикунон биёед.

Ҷуз шавқ роҳбар нест, андешаи хатар нест, Хоре дар ин гузар нест, доманкашон биёед.

Имруз омаданҳо чандин баҳор дорад,

Фардо кирост уммед, то худ чӣ сон биёед.

Эй толибони ишрат, дигар куҷост фурсат? Муфт аст файзи суҳбат, гар ин замон биёед.

Бедил, ба ҳар табу тоб мамнуни илтифотест, Номеҳрубон биёед, ё меҳрубон биёед.

test

Добавить комментарий