Латофати табъ ва риояти одоб дар  санъати суханварӣ

 

Гуфтаи Эзопро, ки дар оғози рисола оварда будем, ба хотир биёред: «Забон беҳтарин ва бадтарин чизҳои дунёст». Сухане, ки муҳимтарин омили гуфтугуст, ҳамин сифатро дорост. Забон аслиҳаест, ки дар натиҷаи кору таҷрибаи солиёни зиёди суханварон ба дараҷаи камоли имрузӣ расида ва ҳар кореро аз хуб ё бад метавонад анҷом бидиҳад.

Мардум барои ин ки ба сухани касе гуш диҳанд ва қаноатманд гарданд, бояд ба у эътимод дошта бошанд ва уро дуруст ва ростгуй ва донову самимӣ ва хайрхоҳу меҳрубон бидонанд ва арҷманду гиромӣ бидоранд. Ин масъала далелу бурҳон ва тавзеҳу баён лозим надорад ва шак нест, ки шунавандагон ҳар гумонҳову эҳсосотро дар бораи гуянда бештар дошта бошанд, сухани у муассиртар ва нофизтар аст. Пас ҳар кас хоҳад, ки дар дунё дар бахши суханварӣ дастболо шавад ё ба мақому мартабае бирасад, бояд чунон зиндагӣ намояд, ки мардум уро ба ин сифат бишиносанд. Ба суханвар бояд мардум муҳаббату эҳтиром дошта бошанд, то ки суханаш дар дилҳо нишинад, аз каломаш ба ин ақоид ва эҳсосот дар бораи у бигараванд, вагарна ба суханаш гуш надиҳанд.

Пас суханвар бояд ростгуй, беғараз ва хайрхоҳ бошад. Он омили асосие, ки гуяндаро назди шунаванда муътабар мегардонад, сухани маъқулу аз руйи фаҳм ва хирад аст, ки бо далелу бурҳон ва аснод собит гардад. Хулқи неку писандида, одоби гуфтор, фурутанӣ ва хоксорӣ ба дилҳо роҳ ёфтан аст. Сухангуйи беадаб, бешарм, дурушту дағал ва зиштгуфтор дилҳоро ранҷа намояд ва хотирҳоро парешон созад.Бахусус, шикастанафсӣ ва фурутанӣ хислатҳои хуби суханвар буда, парҳез аз кибру ғурур, худписандӣ ва худситоӣ ба иззати нафси мардум расидан аст.

Яке аз аркони суханпардозӣ ёдоварӣ аст, то ин ки сухан расо ва болиғ бошад. Албатта, ҳадафи мо аз муқтазои ҳол он нест, ки дар сухан ҷойи фасл ва васл куҷост, тартиби баён, ташбеҳу истиора ва кинояро чӣ тавр бояд ба кор бурд. Бешак, ин лаҳзаҳоро ҳам дар илми маъонӣ ва баён бояд омухт, лекин илова бар ин, бояд донист, ки забони шеър бидуни забони наср аст, чунонки дар шеър забони ғазал дигар асту забони қасида дигар ва сухани размӣ аз сухани базмӣ тафовут дорад. Ҳамчунин табиати гуянда ва шунаванда низ мухталиф аст. Ҷавон аст ва ё пир аст, агар марде бузург ва фармонравост, суханаш ғайр аз марди хурду фармонбар аст ва ҳамаи аҳволи гуногунро чунин бояд қиёс кард ва дар шунавандагон низ: барои мардумони шаҳрӣ навъе бояд сухан гуфт ва барои деҳотӣ навъи дигар, ҳамчунин ба хоссу авом, нодон ва ҷавону пиру амсоли он.

Бояд гуфт, ки сухангуйӣ ва суханнависӣ дар мавриди мухталиф яксон наметавонад буд. Забони умури хонавода ё идора, таърихнависӣ, достонсароӣ монанди андарз ва насиҳат дигар асту олами ишқу шуру шанг, илму ҳикматро бо рангу равиши дигар бояд баён намуд. Дар ҳақиқат, агар барои ҳар табиату ҳолати суханварӣ дастури мукаммале иншо намоем, ҳадду каноре надорад. Беҳтарин раҳнамо ва дастур дар ин боб гуфтори суханварони номӣ асту василаи ташхис дар ин боб завқу салиқа, лекин бархе аз устодони адаб ва суханварӣ ҳамаи қисмҳои суханро дар се поя ва дараҷа шуморидаанд:

-Сухани сода.

-Сухани ороста ва пероста.

-Сухани бошукуҳ.

Дар сухани сода ҳеч навъ ороиш ва пероише ба кор бурда намешавад. Равонӣ ва фасоҳат лозим аст ва бас монанди номанигорӣ ва гузориши умури одӣ, ки гуянда ба ҷуз огаҳ сохтани шунаванда ҳадафи дигаре дар назар надорад.

Сухани ороста бояд дилпазир бошад ва ҳар навъ ороише, ки дархури мақом аст, ба он бахшид, монанди таърихнависӣ ва достонсароӣ, баёни умури завқӣ, ки гуянда зимни баён аз мазмунҳои бадеӣ, маъниҳои латиф, рақиқ ва афкору андешаҳои дақиқ баён мекунад ва дар шунаванда нишоту завқ, эҳсосоти баланд ё танбеҳу ибрате медиҳад.

Сухани бошукуҳ он аст, ки дар у ҳарорат бошад ва таъсири азимату шаҳомат намояд, ки дар он мавқеъ

 

афкори баланд ва эҳсосоти тунд, ибораҳои танинандоз бояд монанди баъзе бахшҳои суханварӣ, ки гуфтугу аз умури муаззами динӣ ва дунявӣ бошад. Албатта, баъзан мешавад, ки ҳангоми муошират ин рукнҳо ва дараҷаҳои сухан ҳамдигарро иваз менамоянд. Гоҳе мешавад, ки як навъи сухан дар мақоми баланд ва бо шиква менамояд, валекин дар ҳоли дигаре бе таносуб хунук асту ношоиста ва зишт. Масалан, дар асрҳои миёна расм буд, ки аҳли адабу илму фазл суханро бо ибора ва ҷумлаҳои арабӣ, истифодаи санъати саҷъ ва қофия фаровон ба кор мебурданд, валекин имруз ин равиш писандида нест. Калимаҳои арабӣ ҳар чӣ қадар камтар бошад, ҳамон қадар беҳтар ва истифодаи саҷъу қофия ва дигар санъатҳои бадеӣ ҳам хеле кам ва бо ҳусну салиқа бояд ба кор равад.

Ин се бахши суханварӣ, ки Арасту ба шумор оварда, имруз низ пойбарҷост. Танҳо тафовут дар он аст, ки доманаи мавзуъҳои он вусъат ёфтааст. Масалан, суханварии сиёсӣ новобаста ба ҷаласаҳои махсус дар ҳар анҷуман истифода мешавад.

Бар замми ин, суханварӣ илова бар се бахши номбурда, қисмҳои дигарро низ дарёфтааст, амсоли суханварии илмӣ ва адабӣ дар ҷаласаву шуроҳои илмӣ ва адабӣ, ҳамчунин суханварии минбарӣ, ки ваъз гуфтан дар мавзуъҳои динӣ, ахлоқӣ ва ғайра.

Ҳарчанд ки чунин тақсимот марбут ба мазмуну муҳтавои мавзуъҳои суханварӣ саҳеҳ ва дақиқ аст, ҷудо кардани онҳо аз якдигар мутлақ ва ҳатмӣ нест, зеро баъзан иттифоқ меафтад, ки зимни сухангуйии сиёсӣ ба мадҳу сано низ даромезанд. Баъзан аз наср ба назм низ кор бигиранд ва албатта, лутфи суханварӣ чун ба

213

 

тахаюлоти шоирона фароҳам ояд, чи дар назм ва чи дар наср, таъсиру кайфияти он бештар хоҳад шуд.

Агар гуянда шуре дошта бошад, ки суханаш монанди ашъори Хоҷа Ҳофиз табиати инсонро ба ҳаяҷон оварад ва руҳро парвоз диҳад, он сухан бешак, дар дилҳо нишинад. Чунон ки худ ба ин ишора дорад:

Субҳидам аз арш меомад хуруше ақл гуфт:

Кудсиён гуйи, ки шеъри Ҳофиз азбар мекунанд.

Мавриди истифода аз ин хазина ба тарзи рафтор ва имону ихлосу нияти шахс вобастагӣ дорад. Сухан бо он қудрату тавоноӣ ва неруи волои худ метавонад инсони поксириштро то қуллаҳои баланди маърифат бирасонад. Рузгори одамӣ гувоҳ аст, ки чандин розу ниёзҳо ва орзую омолҳои инсон тавассути сухан ҷомаи амал пушида, вале суханро низ ҳадду канорест. Дар сухан ҳадде вуҷуд дорад, ки агар он риоя гардад, хеле хуб аст, агар фазилат аз он бигзарад, шоистагӣ ба ношоистагӣ ва лаззат ба заҳмат мубаддал мешавад. Санъати сухан гуфтан ба шамшербозӣ шабоҳат дорад. Ҳушёр ва эҳтиёт бояд шуд, ки нуги он ба касе нарасад. Аз захми сухан дида захми зишттаре нест.

ЗАХМИ ЗАБОН

Ин чунин хондаам, ки чун уфтод,

Рустами пилтан ба чоҳи Шуғод.

Шуд танаш беду барги у ханҷар,

Ба чу мурғе, ки нав барорад пар.

Тани чун куҳи у беҷон чунон,

Кони алмос шуд зи теғу синон

З-он ҳама ханҷараш, ки бар ҷон хурд, Мутағайир нагашту оҳ накард.

Гуфт бо у зи руйи таъна Шуғод.

Ки эй афтода туро, чӣ фитод?

Он ҳама паҳлавонии ту куҷост,

Ки зи ҷо бар наметавонӣ хост?

Ҳаст синон, к-аз ту ҷаст дар пайкор, Ҳама бар ҷон-т омад охири кор.

Рустам аз дарди дил кашид оҳе, Ҳамчу дуде, ки хезад аз чоҳе.

Гуфт: «Лз тегҳои заҳролуд,

Бар ман ин таъна коргартар буд.

На маро ханҷару синони ту кушт,

Ки маро таънаи забони ту кушт».

Ҳаст таъни забони бадгуҳарон, Бадтар аз ханҷари буррон.

(Мактабии Шерозӣ)

Ҳама бар ин ақидаанд, ки завқу латофати табъ тадриҷан аз миён меравад. Донишманде мегуяд: «Ҷавонон ва фарзандони мо хеле бадтар аз мо менависанду ҳарф мезананд ва ҳол он ки падарони мо хеле беҳтар аз мо мегуфтанду менавиштанд». Адаб, назокат ва хушруйӣ аз рукнҳои табъанд. Завқ чизест, ки гуш ё фикрро озор намедиҳад ва аз сарфи чизҳое, ки беҷиҳат мухотабро ранҷидаи хотир месозад, худдорӣ мекунад. Завқ ҳеч гоҳ аз байн нахоҳад рафт, танҳо аз як шакл ба шакли дигар тағйир меёбад. Ҳудуду андозаи адаб зимни суханронӣ равшантар аз мизони завқ аст. Қонуну қоидаи адаб аз амри иродавии одамист. Ба расми одии мардумӣ бингаред. Ҳангоми ру ба ру омадан одоби саломро ба ҷо меоварем. Халқҳое ҳастанд, ки дар ин маврид биниҳои худро бо ҳам мерасонанду муйи якдигарро ба тарафи худ мекашанд.

Адаб робитаи хосе ба ҳолати руҳии мост, ки аз одатҳою фаросатҳо ташкил шудааст. Агар расм бар ин аст, ки набояд сухани касеро қатъ кард, мақсад он аст, ки гуянда аз ин кор нороҳат мешавад ва фикр мекунад, ки ҳаққи у зоеъ шудааст. Агар ба касе, ки аввалин маротиба мусоҳиб шудаем, «ту» намегуем, аз он ҷиҳат аст, ки инсон барои равобити худ бо дигарон аз ҳайси наздикӣ ва самимияту ягонагӣ, ҳурмату эҳтиромро дар назар мегирад ва онро ҳифз мекунад.

Адаб пояи зиндагонии иҷтимоӣ ва танзимкунандаи равобиту муносибати мост. Бинобар ин, сухан гуфтан ҳамеша маҳдуд ба риояти қонунҳои адаб аст. Тарбият, фикр, саҳлангорӣ дар равиши ин қонунҳо амал менамоянд.

Адаб ҳеч гоҳ касеро накушта ва фардеро маҷбур накарда, ки аз шахсияти худ чашм бипушад. Нобиғаи беадабе, ки қонунҳои адабро меписандад аз нубуғаш коста намешавад, баръакс, шараф ва қудрати у меафзояд. Адаб ҳамеша таъсири амиқи хешро дар сухан гуфтан мегузорад.

Нахустин ҳолат ва фурсате, ки барои ибрози адаб муҳайё мешавад, оғози муносибати мо тариқи гуфтугуйист. Пеш аз ҳама бояд донист, ки бо чӣ касе ру ба ру шудаед. Бо ҳар кас, ки шуморо намешиносад, куркурона ва бидуни ҳисоб сухан нагуед. Аввалан, ин кор аз одоб дур аст. Сониян, бисёр номатбуъ ва нороҳаткунанда аст. Низоми адаб ба таҷрибаҳо ва чигунагии вохуриҳои ҳамешагӣ устувор аст. Тасаввур намоед, ки шумо мусоҳиби худро намешиносед, чӣ гуна ва аз чӣ бобат гуфтугу мекунед? Шояд ин амалро гоҳе аз руйи таваҷҷуҳ анҷом дода бошед, вале ба хотир биёваред, ки то чӣ андоза худро дар вазъияти ногуворе гузоштаед.

Моликияти суханро бо хушунат аз касе гирифтан, касеро дар миёни каломаш боздоштан, давоми риштаи сухани шахсеро бо густохӣ рабуда, худ соҳиб гардидан, вазъияти номатлубе ба миён меоварад, ки ҳар як фарди соҳибтамиз ба он ҳақ надорад. Баъзе дар ин кор маҳорати фавқулода ба кор мебаранд. Як калима ё як ташбеҳро баҳона қарор дода, суханро аз сухангуй мерабоянд. Каломи касеро бо хушунат қатъ кардан, мисли дуздии «мусаллаҳ» аст.

Бигузоред гуянда ҳарфи худро тамом кунад, он гоҳ шуруъ ба гуфтан кунед, тавре рафтор накунед, ки вақте мусоҳиби шумо ҷудо шуд, бо худ бигуяд: «Гуфтании зиёд доштам, вале монеъ шуданд». Дар ҳақиқат, фикр кунед, ки агар худи шумо ба ҷойи у мебудед, чӣ гуна ҳукм мекардед. Инак, порае аз шоҳасари Ҳакими Тусӣ:

Бузург он касе, к-у ба гуфтори рост,

Забонро биёросту кажжӣ нахост.

Чу бахшоиш орад ба хашм андарун,

Сари ростон хонадаш раҳнамун.

Ниҳад тахти хушнудӣ андар ҷаҳон,

Биёбад ба дод офарини меҳон.

Дили хеш агар дур дорӣ зи кин.

Меҳону кеҳонат кунанд офарин.

Ҳар он гаҳ, ки шуд подшо кажгуй,

Зи кажжӣ шавад зуд пайкорҷуй.

Суханро бибояд шунидан нахуст,

Чу доно бувад, посух орӣ дуруст…

Чу донанда мардум бувад озвар,

Ҳаме дониши у наёяд ба бар.

Ҳар он гаҳ, ки доно бувад пуршитоб, Чи дониш мар уро, чи дар шура об.

Тавонгар куҷо сахт бошад ба чиз, Фурумоятар шуд зи дарвеш низ,

Чу дарвеши нодон кунад бартарӣ,

Ба девонагӣ монад ин доварӣ.

Чу айби тани хеш донад касе,

Зи айби касон барнагуяд басе.

Сутуни хирад бурдборӣ бувад.

Чу тезӣ кунӣ, тан ба хорӣ бувад.

Чу хурсанд гаштӣ ба доди Худой,

Тавонгар шавӣ якдилу покрой.

Гар озода дорӣ танатро зи ранҷ,

Тани марди беоз беҳтар зи ганҷ.

Ҳама сарбасар дасти некӣ баред,

Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

Суханвар агар дар маҷлиси шахсе хоҳад сухан бигуяд, нахуст ному мақом, мартабаи уро ба забон меронад, баъд ба ҷамъият таваҷҷуҳ намояд, сипас ба нутқи худ мепардозад. Агар шумораи шунавандагон зиёд бошад, гоҳе ба самти рост, замоне ба тарафи чап, даме ба мобайн менигарад, кушиш мекунад, ки ҳеч касро аз назар дур надорад. Суханвар бояд беҳадаф руйи пошнаҳо нагардад, бо дастҳои худ бозӣ накунад, ба муназзам намудани либос, кушодан ё бастани дигар напардозад. Суханрон бояд ба ҳаракати даст, гардан диққати зиёд диҳад. Баъзеҳо ҳаракати баданро ҳангоми сухан ҷойиз намедонанд, вале ҳақиқат он аст, ки агар ҳаракатҳо ба фаҳми матлаб кумаке намояд ва табиӣ, сода иҷро шавад, то кас мутаваҷҷеҳи он шавад, муфид аст. Суханвар бояд назм ва мантиқро барои баёни матлаб риоят кунад ва ҳаргиз аз ин шох ба он шох напаррад. Сухан бояд ба хайру салоҳ ва аз гуфтори пандомез ва пурмазмун саршор бошад. Суханвар бояд ҳарфе бигуяд, ки дуруст, судманд, омузанда бошад, аз руйи ниҳояти самимият бар забон ронда шавад. Шайх Саъдӣ дар ин маврид барҳақ фармудааст:

Гарчи донӣ, ки нашнаванд бигуй,

Он чи донӣ з-ин накухоҳӣ панд.

Зуд бошад, ки хирасар бинӣ,

Ба ду пой афтода андар банд.

Даст бар даст мезанад, ки дуруг,

Нашунидам ҳадиси донишманд.

Ҷойи дигар:

Нагуфта надорад касе бо ту кор,

Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр.

Ҳангоми суханронӣ назар кардан бар аҳли ҷаласа низ қоидаҳои махсуси худро дорад. Ҳеч чиз таъсирноктар аз нигоҳе, ки бо сухан ҳамроҳӣ мекунад, нест. Дар тамоми ҳолате, ки суханвар дар гуфтор аст, бадан, сина, лабҳо, чашмон ва ҳолати он беш аз ҳама манзури аҳли ҷаласа аст, зеро бо руҳу эҳсоси умумии мо сару кор дорад. Касе, ки чашмони хешро аз анҷуман ба канор мебарад, зоҳирнамосту дидагонаш «нур» надорад, ба касе шабоҳат дорад, ки гуфтор ва баёнаш ба аъмоли афъолаш, кирдору пиндораш мувофиқ нест. Лафзу нигоҳ бояд дар амали суханвар коргар бошад ва яке пайваста дигареро ҳамроҳӣ намояд.

Нигоҳ суханонро тасреҳ мекунад. Вақте бо нигоҳ ба нишастагон таваҷҷуҳ мекунем, мисли ин аст, ки мехоҳем ба у нишон бидиҳем, ки сухан низ мутаваҷҷеҳи уст, мехоҳем кайфияти ҷумлаеро, ки ба забон меоварем, бо нигоҳи худ рангомезӣ кунем, мехоҳем ҷаззобият ё таъсири каломи худро дар шунаванда эҳсос намоем. Аксар иттифоқ меафтад, ки «лаҳни» нигоҳ аз оҳанги гуфтор муассиртар аст.

Сухан гуфтан аломати робитаи наздики одамон бо якдигар аст. Сухан гуфтан бо касе аз дур кори ғайри амалист. Тасаввури ин ки як нафар дар як пиёдарав бо нафари дигаре дар пиёдарави дигар сухан бигуяд номатлуб аст. Бинобар ин, аз фосилаи зиёд набояд сухан гуфт, зеро атрофиёнро басе нороҳат ва хотири онҳоро парешон мекунед. Дарвоқеъ, ба садои баланд сухан гуфтан ҷанбаи як навъ таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон дорад ва мисли он аст, ки гуянда бо ин васила мехоҳад майдони суханро ба худ мунҳасир созад ва атрофиёнро аз он маҳрум намояд.

Боз як нуктаи дигар: сухан гуфтан дар ду вазъияти номувофиқ хуб нест. Касе, ки истода, ба сахтӣ метавонад робитаи матлубе дар сухан гуфтан бо каси нишаста, пайдо намояд ва он каси нишаста бояд мусоҳиби худро ба нишастан даъват намояд.

ҲИКОЯТ

Саҳбони Валиро дар фасоҳат беназир шумурдаанд, ба ҳукми он ки соле ба ҷамоате сухан мегуфт, лафзеро такрор намекард ва агар ҳамон маънӣ боз пеш ояд, онро ба иборати дигар мегуфт:

Маснавӣ:

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад,

Сазовори тасдиқу таҳсин бувад.

Чу як бор гуфтӣ, магу боз пас,

Ки ҳалво чу як бор хурданд, бас.

test

Добавить комментарий