Табиӣ будани қонунҳои суханварӣ  барои суханварӣ

Суханварӣ қонуну қоидаҳо ва роҳу расм ва ойинномаи худро дорост. Ҳар як суханвар бояд ойинномаро риоя намояд, ки он бо одоб, одат, муътақидот, хусусияти муҳити зиндагӣ, нажод, роҳати қалбӣ ва дилбастагиҳои хонаводагӣ, равиши тарбияту таълими у тавфиқу ҳамоҳангӣ дошта бошанд.

Қонун ҳамеша ба манзури таъмини саломатӣ ва саодати воқеӣ, таъйини роҳу русуми кору кайфият, рафтор бо дигарон алоқаманд аст. Аз ин ру, қоидаҳои суханварӣ ҳамоҳанг бо табиати инсонӣ ва посухгуйӣ ва орзуҳои одамӣ тавъманд аст.

Гоҳ иттифоқ меафтад, касе ба тақлиди дигаре дар фикри фаро гирифтани роҳу расми сухангуйӣ меафтад. Китоби фанни баёнро тутивор мехонад ва ҳифз мекунад, чанд даромад ва мақтаъ, бе он ки маънии онҳоро дуруст бидонад, ба хотир месупорад ва дар пушти минбар дар нақши суханвари барҷаста зоҳир мешавад, аммо аз ҳамон оғози кор, сохта будани гуфтор ва рафтори у ба хубӣ равшан мешаваду шунавандагон дар симои у қалбакӣ ва сохта будани гуфторро пай мебаранд.

Қонунҳои суханварӣ аз қудрати табиӣ, фитрии инсонӣ, забоншиносӣ, кайфиёти нафсонӣ дар равиши асрҳо тартиб дода шудаанд. Дар ибтидо сода ва бепироя буда, ба тадриҷ бо ниёзҳои бештар мутобиқ таҳти усули асосӣ ҷилвагар шудааст. Машқи бисёр, усули баёни махсус, ҳазму дарки мавод, вусъати сатҳи дониш – рукнҳои қонуни суханварианд. Касе, ки дар маҷлисе ширкат меҷуяд, мехоҳад матолиби тозае бишнавад, ки омузанда ва арзанда ва ҷавобгуйи орзуҳои у бошад. Бинобар ин, суханронӣ бояд тозагуйиҳои гуфтор дошта бошад, то шунавандагонро хушнуд гардонад. Садо ва лаҳни дилчасп, оҳангу риояи авҷу фуруди сухан метавонад уро дар амалӣ гардидани мақсад ёрӣ кунад. Зоҳиру рафтору нигоҳи у бояд хушоянд ва намудори завқи мардумшиносӣ ҷилва кунад. Гуфтори суханвар бояд бо руҳияи ҳозирини ҷаласаву маҳфил ҳамоҳанг бошад ва дар вуҷудаш қудрати роҳбарӣ, неруи тасхиру қалбу таҷассуми хирад, вижагуйиҳои инсонӣ ба хубӣ намудор бошад.

Нависанда то андешаи бисёр накунад, ки фикраш пухта ва зеҳнаш бар маънӣ мусаллат шавад, табиӣ сухан натавонад гуфт, валекин ин санъат ва фикр набояд намоён шавад. Сухан бояд одӣ ба назар ояд, кадимаву ва ибораҳо ҳарчӣ маъмултар ва ба анҷуман наздиктару беҳтар то он ҷо ки суханронӣ монанди суҳбат шавад. Набояд тасаввур кард, ки ҳунари суханвар дар он аст, ки сухане бигуяд, ки касе надонад ва гуфтан натавонад, балки баръакс, сухан бояд чунон табиӣ бошад, ки ҳар кас бишнавад, гумон кунад худ метавонад чунин бигуяд ва Шайх Саъдӣ ин ҳунарро дорад, то он ҷо ки агар каси суханшинос дақиқ набошад, ба баландии мақоми сухани у пай намебарад ва гумон мекунад ҳама кас метавонад чунин сухан бигуяд, вале чун пайи амал меояд, лол мемонад ва ҳамин аст, ки гуфтаанд: «Сухани Саъдӣ саҳли мумтанеъ аст» ва ба ростӣ ва ба тасдиқи ҳамаи донишмандону суханшиносон уро чун суханвар пазируфтаанд.

Суханварӣ монанди муаллимӣ рисолати маънавӣ ва осмонӣ аст. Суханвар ҳангоме ки пушти минбари суханварӣ қарор мегирад, бояд ба тариқи мухталиф интизории шунавандагонро ба сухани тоза нигарон созад. Ончиро лозиму муфид медонад, тибқи ихлос гузорида ва бо риояи вақт дар ихтиёри шунавандагон қарор бидиҳад. Табиист, ки иҷрои чунин барномаи муфид замоне сурати амалӣ ба худ мегирад, ки равиши таҷассуми усули суханварӣ: табиӣ, инсонӣ, ахлоқӣ, мантиқӣ ва иҷтимоӣ, холӣ аз ҳар гуна норасоӣ бошад. Дар айни ҳол, суханрон бояд аз рафъ ва бартарафсозии душвориҳои шунавандагон саркашӣ накунад ва дар мавзуъе, ки касе чизе мепурсад, уро ба хомушӣ даъват накунад. Балки бояд саъй намояд, гуфтори худро бо хостаи шунавандагон ҳамоҳанг созад ва дар ин роҳ агар сухани номулоиме ҳам шунавад, бо сабру таҳаммул шунавандагонро ба шунидани бақияи суханони худ даъват намояд.

Сухандонон сухан душиза гуфтанд,

Сухан бигзор, марворид суфтанд.

(Низомӣ)

Ҳофиз, варақи сухандаройи тай кун,

В-ин хомаи тазвиру риойи пай кун.

(Ҳофиз)

ТАНОСУБИ СУХАН БО ТАБИАТИ
ЗАБОН ВА МАКОН

Сухан, ки қолаби андешаҳо ва падидаи табиӣ, лаззати маънавӣ дар вуҷуди одамист, бояд намудори мавқеъшиносӣ ва иҳотаи нотиқ бар мувофиқи замону макон ва дар натиҷа посухгуйӣ ба шунавандагон маҳсуб бошад. Ҳангоме ки бихоҳем нутқе барои ҷамъе эрод кунем, бояд бахусус, аз равоншиносӣ, ахлоқ,

ҷомеашиносӣ мадад бигирем ва бо эътимод, одобу русуми орзуҳо, таълим ва тарбияти шунавандагон таваҷҷуҳ дошта бошем.

Дуруст аст, ки мақсади асосӣ аз суханварӣ баёни маънавият аст, бо ин ҳама бояд донист, ки неруи ҷамъеро мутамарказ сохтан, барои афкори гуяндагони ҷамъиятӣ ҳудуди муштарак ёфтан ва дар ин заминаҳо сухан гуфтан басе душвор ва заҳматталаб аст. Муаллим ва мураббии роҳнамо ба осонӣ яке ё ду-се нафарро метавонад таҳти нуфуз қарор диҳад, аммо агар дар иҷтимоӣ мухолифат бо гуфтори суханварӣ ба миён ояд, мумкин аст ба дигарон таъсири бад расонад ва тули чанд дақиқа сукуту ризоро ба ҷанҷолу кинаварӣ табдил диҳад. Гумон меравад, ки суханвар пешопеш бояд ба хубӣ бидонад, ки чӣ мехоҳад бигуяд, то аксари ҳозирон бо он ҳамоҳанг бошанду зимнан худ низ бо тамоми вуҷуд он матлабро дуст бидорад ва дар он бора бо эътиқоди қавӣ ҳарф бизанад.

Сипас он чӣ бар забон меронанд, бикушад, ки бо синну сол, таҳсилот, вазъу иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динӣ, хонаводагӣ мустақиман мутобиқ бошад. Бинобар ин, ба ҷавонон аз пирӣ сухан гуфтан ва дар айни солхурдагӣ ва нотавонӣ худро барно ҷилва додан, на танҳо кори дуруст нест, балки сабаби хандаву истеҳзои дигарон хоҳад буд ва ба қавли Ибни Ямин корест зишт ва шармовар:

Чун ҷомаи чармин шумарам суҳбати нодон,

Зеро ки гарон бошаду тан гарм надорад.

З-ин ҳар ду батар бо ту нагуям ки чӣ бошад,

Пире, ки ҷавонӣ кунаду шарм надорад.

Ҳамчунин риояи таносуби макон ҳам нақши асосӣ дар суханварӣ дорад. Баъзан дар синфи дарсӣ, ки барои фарогирии илму ахлоқ ихтисос дода шудааст, мумкин аст, шахсе бошад, ки хондану навиштан ва ошноӣ бо илму маърифатро амали беҳуда хонад. Масалан, дар баробари табақаи камдаромаду заҳматкаш, осоишу бекорагӣ ва танбалии онҳоро мазаммат намуда, аз он ки натавонистаанд сармояи моддӣ ба даст оваранд, сарзаниш намуд. Бинобар ин, бисёр баҷо хоҳад буд, ки барои ру ба ру шудан бо чунин табақа суханвар либоси одобу ахлоқ пӯшад ва дар наздик сохтани худ бо ҳозирин бикушад.

ИСТИФОДАИ АЁНИЯТ ДАР СУХАНВАРӣ

Бештари гуфтори мо ба аёният робита дораду тавре ки медонем, таъсири дидан бисёр қавитар аз шунидан аст, ба ибораи дигар асабҳое, ки аз чашм ба мағз мепайвандад аз асабҳои гуш бештар мебошанд, ба мисли зарбулмасали мардумӣ «шунидан кай бувад монанди дидан».

Возеҳ аст, ки барои ифодаи мақсуд дар суханварӣ набояд танҳо ба баёни матлаб пардохт, балки агар аз тасвири нақшаҳои марбут ба мавзуъ истифода кунем ва ба нумудорҳое, ки дар атрофи мо вуҷуд дорад, далел ҷуем, ҳатто агар битавонем китобе нишон диҳем ва дар сурати имкон аз аксҳои он дар қолабе барои исботи муддао баҳра барем ё филме дар он бора нишон диҳем, матлаби мо ҳаргиз аз хотири шунавандагон фаромуш нахоҳад шуд.

Суханвари чирадаст гоҳе метавонад мақсуди ниҳонии худро тариқи дастурдиҳӣ баён кунад ва комёбии бештаре ба даст оварад ва ниёзе ба тавзеҳоти муфассал надошта бошад. Гоҳе баъзе аз суханварон аз наққошӣ истифода мекунанд. Ҳақиқат он аст, ки агар мавзуъ барои суханвар равшан бошад, дар мавқеъе, ки бихоҳад аз таҷрибаҳои худ, хосса аз масъалаҳое, ки ба далел дар қаламрави тафаккуру хаёли у ҷой гирифтааст, сухан бигуяд ва далелҳо барои исботи сухани худ биёварад, нақши роҳбарӣ ва иршоду таълимро ба хубӣ анҷом бидиҳад.

ТАВАҶҶУҲ БА ВАЗЪИ ҶИСМӣ ВА РУҲИИ

ШУНАВАНДА, ЧИГУНАГИИ РАФТОР БО Ӯ

Суханварон бояд пеш аз эроди нутқ то ҳадди имкон ва авзои руҳӣ ва ҷисмӣ, дараҷаҳои донишу биниш ва боварии шунавандагон огоҳӣ ёбанд ва сухани худро бар он меҳвар мутобиқ созанд.

Ҳар гоҳе аз ҷониби муассисае барои суханронӣ дар мавзуи муайян даъват шавем, ба хубӣ метавонем пешопеш хусусиятҳои бештарини ҳозиринро тахмин намоем. Суханронӣ барои кудакони ақибмонда, донишомузони дабистонҳо, дабиристонҳо ва донишгоҳҳо, ҳунармандони ҷавони саҳна, наттоқони симову садо, коргарону кишоварзон ва суханронӣ дар маросими хосса, аёдатмандӣ, рузҳои азодорӣ бо ҳам ихтилофи бисёр дорад ва дар маҳзари ҳар даста навъе сухан бояд соз ва устувор кард.

Агар чанд тан аз шумо дар яке аз рузҳои фориғ аз кор ба гардиш биравед ва дар хонаи фарди деҳнишин ворид шавед ва бихоҳанд аз шумо пазироӣ кунанду хуроке таҳия намоянд, набояд ба писар ё духтари соҳибхона бигуед: «Писар, таъомро биёр», зеро ин ҷумла агарчи аз балоғату фасоҳат холӣ нест, вале барои деҳнишинон ғайри қобили фаҳм аст ва аз руйи одоб нест.

Суханвар то надонад ва ташхис надиҳад, ки бо чӣ касоне сару кор дорад, нақши иршоду таълиму тарбиятро наметавонад ифода кунад.

Агар бидуни даъват дар ҷаласае ва маъракае, ки ҳузур дорем, шахсоне бе муқаддима аз мо бихоҳанд сухане бигуем, дар ин маврид ҳам, дар чанд дақиқаи ширкат дар маҷлис аз мушоҳидаи ҳозирин ва шунидани суханони дигарон бояд дарку фаҳми умумии аҳли маҷлисро фаҳмид ва хулосаву натиҷагирӣ кунему матолиби нутқи худро бо мавзуи иҷтимоӣ, ки мутаносиб ба он ҷаласа бошад, оғоз кунему ба ҳозирин ва донишу биниши онон тарҳе бирезем ва дар он замина сухан бигуем. Бояд донист, ки рамзи мувафаққият дар суханварӣ дуст доштани шунавандагону онҳоро ҷузъе аз вуҷуди худ ба ҳисоб овардан ва ҳамаро ҳамдилу ҳамфикр пиндоштан аст. Аз ин ру, бо шунавандагон бояд ниҳояти адаб ва муҳаббат рафтор кард ва агар ҳангоми пурсишу посух ҳам касе бо лаҳни тунд пурсиш бикунад, бояд бо меҳрубонӣ ва хушрафторӣ ба посухгуйӣ пардозем, зеро ҳамин тавзеҳ ба мавқеъ, ба худи гуянда ҳам оромише мебахшад ва бо итминони бештаре тараферо тақвият бидиҳад.

Пайғамбари бузурги ислом ва мураббии воқеии ҷаҳони башарӣ бо бурдборӣ ва муҳаббату шикебоӣ ва неруи ирода ба таълими мардум мепардохт, дигариро аз худ фурутар намедонист, касеро маҷоле намедод, ки дар додани салом бар вай пешӣ гирад. Пурсиши пайравонро бо мулоимат ва одоби комил посух мегуфт. Аз ин ру, дар даврони ҳаёти ин пешвои маънавии осмонӣ касоне, ки маҳзари муқаддасашро дарк мекарданд, сахт таҳти таъсири рафтору гуфтору пиндори нек қарор мегирифтанд ва ба сурати муъмини мурид ва шефтаи тамом ҷаласаро тарк мегуфтанд ва омодаи фидокорӣ ва аз худ гузаштагӣ дар роҳ пешбурди мақсуди он ҳазрат мегардиданд. Дар ҳақиқат, забони одамӣ аст, ки метавонад ҳамаро ба даври одам ҷамъ кунад ё аз атрофи вай пароканда, ба гуфтаи Мавлавӣ:

Эй забон ҳам оташӣ, ҳам хирманӣ,

Чанд аз ин оташ дар ин хирман занӣ.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.