Главная / Фанни Суханвари (риторика) / Дар одоби сухан гуфтан

Дар одоби сухан гуфтан

 

Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ одоб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барои ин нутқ басавоб (сухани рост) бояд ва илло хомушӣ беҳ аз он бувад, чунонки Шайх Саъдӣ фармуда:

Баҳоим хомушанду гуё башар,

Забон баста беҳтар, ки гуё ба шар.

Ва дар сухан гуфтан чандин одоб аст, ки шайху ғолибро риоят бояд кард ва чандин адаби дигар аст, ки нозилон (шахси то мартабаи шайх расидаро) нигоҳ бояд дошт. Агар пурсанд, ки адаби ғолибон дар сухан гуфтан чанд аст, бигуй, шаш: Аввал, он ки сухан фарохури (муносиби) ҳоли ҳар кас гуяд:

Бо ёри нав аз ғами куҳан бояд гуфт,

Бо у ба забони у сухан бояд гуфт.

Дуюм, он ки ба лутф сухан гуяд, на ба унф (дуруштӣ). Сеюм, он ки дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфта бошад, на туршрую гирифта. Чаҳорум, чандон сухан ба мустамеъи (шунавандаи) он гуяд, ки ба малоли хотири эшон наанҷомад. Панҷум, сухан гуяд, ки манфиати дунё дар он бошад. Шашум, то сухане тамом боиёр (қадр) набошад, бар забон наронад, ки сухани бузургон ба масобаи (монанди) тухм аст ва агар тухм фосиду бемағз бошад, дар ҳар замин, ки афтад, наруяд ва аз у манфиате ба ҳосил нарасад.

Агар пурсанд, ки адаби нозилон дар сухан чанд аст, бигуй ҳашт: Аввал, он ки то аз вай сухан напурсанд, нагуяд. Дуюм, дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад. Севум, ба чапу рост нангарад. Чаҳорум, ғаразомез ва киноят нагуяд. Панҷум, дар руйи шунаванда наҷаҳад ва сухани сахт нагуяд. Шашум, то фикр накунад, сухан нагуяд, то пушаймон нашавад. Ҳафтум, дар миёни сухани мардум сухан дарнаёрад ва сухани гуяндаро мунқатеъ (бурида) нагардонад.

Ҳаштум, бисёр нагуяд, ки бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст, чунончи Шайхи Ганҷанишин дар «Лайливу Маҷнун» фармояд:

Кам гую гузида гуй чун дур,

То з- андаки ту ҷаҳон шавад пур.

Лоф аз сухани чу дур тавон зад,

Он хишт бувад, ки нур тавон зад.

Об арчи басе зулол хезад,

Лз хурдани пур малол хезад…

Агар пурсанд, ки бо чӣ забон сухан мегуйӣ, бигуй, бо забони сидқ.

Агар пурсанд, ки сухан ба кадом гуш мешунавӣ, бигуй, ба гуши қабул.

Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст ё ту аз суханӣ, бигуй, ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст.

Агар пурсанд, ки сухани ноқис кадом аст, бигуй, он ки мувофиқи сухани Худову Расул бошад.

Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст, бигуй, ки аз он нафъ ба касе расад.

Агар пурсанд, ки бад кадом аст, бигуй, он ки аз он зараре ба касе оид шавад.

ДАР БАЁНИ ҚИССАХОНОН

Агар пурсанд, ки қиссахонӣ чанд навъ аст, бигуй, ду навъ: аввал, ҳикоятгуйӣ ва дуюм, назмхонӣ. Агар

пурсанд, ки одоби ҳикоятгуён чанд навъ аст, бигуй, ҳашт: Аввал, он ки қиссае адо хоҳанд кард, агар мубтади (аввалин ) аст, бояд ки бар устод хонда бошад ва агар мунтаҳӣ (охир) аст, бояд ба худ такрор карда бошад, то фуру (хомуш) намонад. Дуюм, он ки чусту чолок ба сухан дарояд ва хому гаронҷон (танбал) набошад. Сеюм, бояд донад, ки маърака лоиқи чӣ навъ сухан аст, ҳадди нузул (поён рафтан) ва монанди он бештар аз он гуяд, ки мардум роғиби (моили ) он бошад. Чаҳорум, насрро вақт-вақт ба назм ороста гардонад, на бар ваҷҳе, ки мавъиде (шунаванда) ба малол шавад. Бузургон гуфтаанд, ки назм дар қиссахонӣ чун намак аст дар дег, агар кам бошад таом бемазза бувад ва агар бисёр гардад, шур шавад. Пас эътидол (дараҷаи миёна) нигоҳ бояд дошт. Панҷум, сухани маҳолу (номумкин) газоф нагуяд, ки дар чашми мардум сабук (беқадр) шавад. Шашум, суханони таъриз (пушида) ва киноя нагуяд, ки дар дилҳо гарон гардад. Ҳафтум, дар гадоӣ муболиға накунад ва бар мардум танг нагирад. Ҳаштум, зуд бас накунад ва суханро ба дарозо низ накашад, балки тариқи эътидол маръи (риояшуда) дорад.

Агар пурсанд ки одоби назмхонӣ чанд аст, бигуй, шаш: Аввал, он ки ба оҳанг хонад. Дуюм, суханро дар дили мардум биншонад. Сеюм, агар байте мушкил пеш ояд, шарҳи он ба ҳозирон бигуяд. Чаҳорум, чунон накунад, ки мустамеъ (шунаванда) малул гардад. Панҷум, дар гадоӣ савганди бисёр надиҳад ва муболиға нанамояд. Шашум, соҳиби он назмро дар аввали маърака ё дар охир ёд кунад. Ва афсонахонон мисли ҳикоятгуёнанд. Эшонро низ ҳамин адабҳо риоят бояд кард.Чунончи:

Ибтидо аввал ба фармони Худо,

Мекушоям ман забонро бар сано.

Он Худованде, ки аз лутфи карам,

Дар вуҷуд овард одам дар адам.

Сад ҳазорон сурати зебою зишт,

Ҷумларо бар сурати одам сиришт…

Мегузашт Исо канори Даҷлае,

Дид дар саҳро фитода каллае.

Каллаи пусидаи аз тан ҷудо,

Лавҳу гушти у шуда ҳар су фано…

БА ЗИКРИ КАЛОМИ ЯКЕ БУЗУРГОН
СУХАНРОНИРО ШУРУЪ КУНЕД

Суханвар ҳамеша бояд саъй ва кушиш намояд, ки луғати муносибе барои шуруъ ва хатми нутқаш пайдо намояд. Ин ҳунар ва маҳоратро аксари нотиқони забардаст доштаанд ва аз он моҳирона истифода мекарданд.

Бархе аз нотиқони навҷуй ва тозакор бар он ақидаанд, ки бояд дар зимни суханронӣ шухӣ ва мазҳака ҷой дошта бошад. Ба ин ҷиҳат кушиш мекунанд, суҳбати худро бо баёни як ҳикояти «Амали Афандӣ» ё «Ҳозирҷавобии Мушфиқӣ» шуруъ намоянд, нишастагонро ба завқ оваранд, хандонанд. Ин қабил нотиқон ғофил аз онанд, ки 95 дарсад эҳтимол дорад, ки на танҳо ҳикояти онҳо боиси ханда ва тафреҳи ҳозирон нашавад, балки ба назарашон бад ҳам биёяд.

Мушкилтарин чиз дар суханронӣ ин аст, ки нотиқ битавонад, ҳозиринро ба ваҷҳу табассум моил гардонад. Ин истеъдодест, ки Худованд фақат ба баъзеҳо ато фармуда ва дигарон набояд дунболи он бираванд. Агар диққат карда бошед, ҳеҷ вақт як ҳикоят ва ё матлаб ба худии худ шакарину намакин ва хандаовар нест. Ва фақат тарзу услуб ва лаҳни баёни гуянда аст, ки ба он руҳ мебахшад ва сабаби хандаи дигарон мешавад. Шояд аз ҳар сад нафар як нафар бошад, ки агар ҳикояти «Афандӣ»-ро шарҳ диҳад, битавонад, шунавандагонро бихандонад. Пас суханвар набояд аввал нутқи худро бо латифагуйӣ ва мазҳака оғоз намояд.

Зикри каломи бузургон таъсири зиёд дар қалби шунавандагон дорад. Масалан, агар мехоҳед, ки роҷеъ ба ростиву росткорӣ суханронӣ кунед, каломи худро ин тавр шуруъ намоед: Шайх Саъдӣ мегуяд:

Ростӣ муҷиби ризои Худост.

Кас надидам, ки гум шуд аз роҳи рост.

Ё дар туйи ҷавонон чунин суханон хуб аст: Халил Ҷуброн дар хусуси никоҳи ҷавонон чунин сухан гуфта буд: «Ҳамдигарро дуст бидоред, вале ишқро ба занҷир мубаддал насозед. Бигузор ишқ монанди амвоҷи баҳр дар қаъри дили шумо ҷилвагарӣ кунад. Дил ба халқ бидиҳед, вале онро амр насозед. Ҳамроҳ истода шавед ва на он қадар бо ҳам наздик, зеро сутунҳои муътод аз ҳам ҷудоянд ва дарахтони булут ва сарв ҳам, яке дар сояи дигаре қат намешаванд». Ё ҳадисҳои Пайғамбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад алайҳиссаломро дар мавриди мувофиқ чун каломи муътабар овардан баҳри тарбияи кудакони наврасида басо арзанда аст: «Он ки мардумро ба замин мезанад, қавию неруманд нест, балки он кас неруманд аст, ки хашми худро фурӯ нишонад. Дар паси ҳар амали ноҳинҷор амали неке кунед, то ки шояд амали охир амали қаблиро бизудояд». Ҳамин маъниро дар қитъае Шайх Саъдӣ чунин оварда:

Ба бозувони тавонову қуввати сари даст,

Хатост панҷаи мискини нотавон бишкаст.

Битарсад он ки бар афтодагон набахшояд,

Ки гар зи пой дарояд, касе нагирад даст.

Ҳар он ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт, Димоғи беҳуда пухту хаёли ботил баст.

Зи гуш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ,

В-агар ту менадиҳӣ дод, рузе доде ҳаст.

Дар санъати суханронӣ ҳар як толибилм се марҳаларо тай хоҳад кард:

-Дар марҳалаи аввал қобилият ва пешрафти назаррас насибаш хоҳад гашт.

Дар марҳалаи дуюм, ки чанд муддат давом мекунад, ба мушкилот ва душворӣ дучор мегардад. Ҳатто пасмондагӣ ва сустиродагиро низ ҳис мекунад, вале ноумед набояд гашт, зеро гуфтаанд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст».

-Дар марҳалаи сеюм муваффақият насибаш хоҳад гашт. Он чи ки меомузаду машқ мекунад, бо зудӣ ҳазм мегардад ва ба қуллаи мақсуд мерасад.

Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби худ «Анвори Суҳайлӣ» зимни суханони Димна басо хуб оварда: «Дастмояи бузург ақлу одоб аст, на аслу насаб. Ҳар кас ақли соф ва хиради комил дошта бошад, худро аз пояи паст ба мартабаи баланд мерасонад, ҳар кас ақли заиф дошта бошад, худро аз дараҷаи олӣ ба мартабаи пастӣ андозад. Бузургон гуфтаанд, ки ба дараҷаи шараф расидан ба заҳмати бисёр даст медиҳад ва аз мартабаи иззат таназзул кардан ба андак кулфате муяссар мегардад. Чунончи, санги гаронро ба машаққати бисёр аз замин ба душ бардоштан мумкин аст ва ба андак ишорате метавон бар замин андохт. Лз ин сабаб барои ба мартабаи баланд расидан сабру таҳаммул бояд намуд. Бе доғи меҳнат давлат муяссар намешавад».

ҲИКОЯТ

Ду рафиқ, ки яке Солим ном дошт ва дигаре Ғоним дар роҳе мерафтанд ва ба рафоқати якдигар манзилҳо тай мекарданд. Гузари онҳо ба домани куҳе афтод, ки қуллаи он ба бурҷи фалак мерасид. Дар пойи он куҳ чашмаи мусаффое буд. Дар пеши чашма ҳавзи бузург сохта, гирдогирди он дарахтони соядор сар дар сар оварда буданд:

Зи як су шохи райҳон бардамида,

Зи дигар су дарахтон сар кашида.

Ба пойи сарв сунбул дарфитода,

Бунафша пеши савсан сар ниҳода.

Алқисса, он ду рафиқ аз бодияи (биёбони) ҳавлнок ба он манзили пок расиданд ва чун ҷойи хушу маъвои дилкаш диданд, ҳамон ҷо барои осоиш қарор гирифтанд. Баъд аз осудагӣ ба атрофи ҳавз ва чашма гузаре мекарданд ва аз ҳар су назаре меафканданд. Ногоҳ дар канори ҳавз, аз он су, ки об меомад, санги сафеде диданд, ки бо хати сабз бар вай навишта шуда буд: «Эй мусофир ба ин манзил, ки расидӣ, бидон, ки мо барои меҳмон беҳтарин нуқл ҳозир кардем. Вале шарт он аст, ки аз баҳри сар гузашта, пой бар ин чашма бинеҳ ва аз хатари гирдобу ҳавли гарқоб андеша нанамуда, худро ба канор биандоз, шере, ки аз санг тарошида дар пойи куҳ ниҳоданд, ба душ бардошта, беист ба як давидан худро ба болои куҳ бирасон. Чун ин раҳ тамом шуд, дарахти мақсуд ба бор хоҳад омад»:

То раҳ наравад касе, ба манзил нарасад,

То ҷон наканад, ба олами дил нарасад.

Гар ҷумла ҷаҳон бигирад анвори қабул,

Як шаъшаа ҳур ба марди коҳил нарасад.

Баъд аз хондани ин хат Ғоним ба Солим руй оварда гуфт: «Эй бародар, биё, ки ба ин майдони мубориза дароем ва ин тилисмро бикшоем:

Е бо мурод бар сари гардун ниҳем пой,

Ё мардвор дар сари ҳиммат кунем сар».

Солим гуфт:

-Эй ёри азиз, баробари хондани ин хат, ки нависандаи он маълум нест, ба чунин хатари азим пой ниҳодан манфиате надорад ва далели ҷаҳолат аст. Ҳеч оқил дониста заҳр намехурад, ҳеҷ хирадманд меҳнати нақдро барои роҳати нася қабул намефармояд:

Нест баробар ба назди мардум доно,

Якдама ғам бо ҳазорсола танаъум.

Ғоним гуфт:

-Эй рафиқи мушфиқ, ҳаваси истироҳат

муқаддимаи пастӣ ва хиссат (пастӣ) аст:

Ҳар кӣ осудагиву роҳат ҷуст,

Дили худро зи бахт шод накард.

В-он ки тарсид аз ҷафои хумор,

Қадаҳи бодаи мурод нахурд.

Марди ҳимматпеша то пояи баланд ба даст наорад, аз роҳи талаб бар нагардад. Гули тараб бе хори тааб чидан мумкин нест. Пойи ҳиммат маро ба куҳи баланд хоҳад кашид ва аз гирдоби балову ранҷу азоб андеша нахоҳад кард:

Гар дар талабаш моро ранҷе бирасад, шояд,

Чун ишқ ҳарам бошад, саҳл аст биёбонҳо.

Солим гуфт:

-Дар роҳе, ки поён надорад, қадам задан ва дар баҳре, ки соҳилаш падид нест, шино намудан аз тариқи хирадмандӣ дур менамоянд. Ҳар касе, ки ба коре шуруъ кунад, бояд, ки баробари ҷойи даромад, ҷойи баромадашро ҳам бубинад ва зарару нафъи онро ба мизони ақл бисанҷад, то ки ранҷи беҳуда накашида бошад ва нақди умри азизро ба боди фано барнадода:

То накунӣ ҷойи қадам устувор,

Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор.

Дар ҳама коре, ки даройи нахуст,

Рахнаи берун шуданаш кун дуруст.

Ман дар ин муомила ба ту ҳамроҳ нестам ва туро низ аз ин кор манъ мекунам.

Ғоним гуфт:

-Аз ин сухан даргузар, ки ман ба қавли касе аз азимати худ бар нагардам. Ман медонам, ки ту қуввати ҳамроҳӣ надорӣ. Акнун тамошо кун ва ба ниёзманд мададе бидеҳ…

Солим донист, ки у дар кори худ якрав аст, гуфт:

– Эй бародар, мебинам, ки ту ба сухани ман тарки ин кори нокарданӣ намекунӣ. Ман тоқати мушоҳидаи ин ҳолат надорам, салоҳ дар он дидам, ки: «Берун кашида бояд, аз ин варта рахти хеш».

Пас боре, ки дошт, бардошта, бо ёри худ видоъ намуд ва руй ба роҳ овард.

Ғоним дил аз ҷон шуста, ба оби чашма омад ва

гуфт:

Дар баҳри муҳит гута хоҳам хурдан,

Ё ғарқа шудан ё гуҳаре овардан.

Пас бо азми устувор қадам дар чашма ниҳод. Ғоним донист, ки он чашма гирдоби балост, аммо дили қавӣ дошта, бо шиноварӣ ба соҳили наҷот расид ва ба канори об омада, нафас рост карда, шери сангиро ба пушт кашид. Ҳазор гуна заҳматро қабул намуда, ба як давидан худро ба сари куҳ расонд. Дар он тарафи куҳ шаҳри бузурге дид, ки ҳавои хуш ва фазои дилкаш дошт. Ғоним болои куҳ қарор гирифта, ба ҷониби шаҳр назар мекард, ки ногоҳ аз он шери сангӣ овози сахте баромад, ки ларза дар куҳу саҳро афтод. Он садо ба шаҳр расид ва мардуми бисёр аз ҳар тараф берун омаданд ва руй ба куҳ ниҳода ба ҷониби Ғоним меомаданд.

Ғоним ба дидаи ҳайрат менигарист ва аз ҳуҷуми халоиқ тааҷҷуб менамуд. Ногоҳ ҷамъе аъёну ашроф расида, расми дуову шарти сано ба ҷо оварданд ва ба илтимоси тамом уро ба маркаб савор карда, ба ҷониби шаҳр бурданд, сару танашро ба гулобу кофур шуста, ҷомаҳои шоҳона пушониданд. Ба эъҷозу икром ихтиёри салтанати он вилоятро ба дасти у доданд. Ғоним аз кайфияти он ҳол суол кард, чунин ҷавоб шунид:

– Ҳукамо дар ин чашмае, ки дидӣ тилисме сохтаанд ва он шери сангинро он ҷо мондаанд. Ҳар вақте ки касе ба ин чашма гузашта, шерро бардошта, ба болои куҳ барояд, он ҳол дар ҳамон вақт ба вуқуъ меояд, ки ба подшоҳи ин шаҳр аҷал расида бошад. Пас шер овоз медиҳад ва садои у ба шаҳр расида, мардум бурун меоянд ва уро ба подшоҳӣ мебардоранд, то он замон, ки навбати у низ ба охир ояд. Муддатҳои дароз аст, ки ин қоида ба ҳамин дастур давом дорад. Ту имруз подшоҳи ин шаҳр ва фармонравои ин даҳрӣ.

Ғоним донист, ки кашидани он ҳама меҳнатҳо ба тақозои давлат будааст.

Чаҳор сифат барои суханронӣ лозим аст, ки аз матонат, муҳаббат, диққат ва ҳавсала иборатанд.

МАВЗУЪЕ, КИ ДАР БОРААШ МЕАНДЕШЕМ

Қабл аз он ки бубинем бо мардум чӣ тарз бояд сухан гуфт, беҳтар аст, то донем, ки аз мардум чӣ таманно дорему матлаби мо чист?

Муносибати хуб бо мардум ҳаргиз он маъное надорад, ки тамоми он маводи роҷеъ ба муносибату иртиботро омузему донему азбар кунем. Омухтани ҳама чиз баҳри муносибати хуб аз доираи умри одамӣ берун аст. Ҳадду андозаи бобҳои гуфтор низ. Бинобар ин, сифати хуби гуфтор ва баёни наку аз тинату сирати одамӣ бархезад. Агар тинати инсон зишт бошаду мақсаду матлабаш нопок, ин хислат дар забону баёни гуфтори у низ зоҳир хоҳад гашт. Мақсади омузиши ҳунари сухандонӣ лафзбозӣ ва ё худ фалсафафурушӣ нест, ки дар сухан ҳамто надошта бошем, вале дар амал «гандумнамои ҷавфуруш» бошем. Фарди сухандон он аст, ки ҳарфу каломаш бо амалаш мустақиман пайванд бошад. Оё ҳадаф аз омузиши илми калом бисёргуфторӣ ва ҳарзагуйист? Албатта, баъзан бо шахсоне дучор меоед, ки ёддошт ва хотирҳои хубе доранд ва пурҷозиба нақл мекунанд. Шунидани он ба кас ҳаловат ва фараҳ ато менамояд. Ва баръакс, фардонеро низ дучор меоем, ки аз пургуйиҳои онон малулу хотирпарешон мешавем. Дар тарзи адои фикр низ гуногунбаёнӣ ба мушоҳида мерасад. Шахсе барои ифодаи мақсад бар ивази чор ҳарфе аввал муқаддимаи муфассал баён карда, агар иттифоқан шумо ҳам бихоҳед аз онҳо суоле кунед, ҳеҷ гоҳ навбат ба шумо нахоҳад дод. Сухан гуфтан, ҳунари гуфтугу дар иҷтимоъ аст, зеро санъати ҳарф задан низ монанди дигар ҳунарҳо дорои қонуну қоидаҳо ва ҳадду ҳудудест. Ҳунари сухандонӣ аз завқҳои шахсӣ, аз гузаштаҳо ва риояи ҳуқуқи дигарон иборат аст. Ҳунари сухан гуфтан ба мо меомузад, ки ҳар яке аз мо лоақал бояд ду нафар бошем. Ба танҳоӣ ҳарф задан ва ё ба истилоҳе «мутакаллими ваҳдат» будан хоси мастҳо ва ё бозӣ дар театр аст. Бинобар ин, сухан гуфтан муаррифи сифату кушишҳои фардӣ ва дар айни ҳол намояндаи ҳунари татбиқи он бо тарзи кори дигарон аст, нишон медиҳад, ки дараҷаи муваффақияти ҳар яки мо дар миёни мардум чӣ гуна аст ва ҷуяндаи ҳунарманд чӣ гуна метавонад тарафи истифода аз лаззати шахсиро бо зевари лаззати иҷтимоӣ биорояд. Чӣ муваффақияте аз ин болотар, ки камар ба хидмати халқ бибандему ба гуфтаи шоир аз ин роҳ ибодат кунем.

Риояи одоби ҳарф задан яке аз ибодатҳои бузург аст. Сухан гуфтан монанди ҳафтаҳои некукорӣ аст, ки гоҳе аз тарафи анҷуманҳои хайрия тартиб дода мешавад. Аз касоне, ки дар он ширкат мекунанд, бояд хоҳем, ки дар таъмири хушомади дигарон аз роҳи сухан гуфтан бикушанд, зеро фақат аз ин роҳ аст, ки дигарон ҳам нисбат ба шумо адаб хоҳанд кард ва дар ҷалби ризояти шумо хоҳанд кушид. Ҳунари сухан гуфтан дар иҷтимои маъруф як навъ ҷоҳталабӣ ва дар айни ҳол гузашти фавқулодае аст. Гуфтугу дар иҷтимоъ низ ҳамин қоидаро дорад, зеро ҳамаи гуяндаҳо шунавандае хоҳанд дошт. Абулмаолии Кайковус фамудааст:

Бидон, эй писар, ки аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст. Одамӣ фузунӣ ёфт бар дигар ҷонварон ба даҳ дараҷа, ки дар тани уст: панҷ аз дарун ва панҷ аз берун. Аммо панҷ ниҳонӣ чун андеша ва ёд гирифтан ва нигоҳ доштан ва тахайюл кардан ва тамйизу гуфтор ва панҷ зоҳир чун самъ ва басар ва шамму ламс ва завқ.

Чун ин бидонистӣ, зуфонро (забонро) ба хубиву ҳунар омухта кун ва ҷуз хубӣ гуфтан зуфонро одат макун, ки зуфони ту доим ҳамон гуяд, ки ту онро барои он дошта бошӣ ва одат кунӣ, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ зуфони у хуштар, ҳавохоҳони у бештар». Ва бо ҳама ҳунарҳо ҷаҳд кун, то сухан ба ҷойгоҳ гуйӣ, ки сухани на ба ҷойгоҳ, агарчи хуб бошад, зишт намояд. Ва аз сухани бефоида парҳез кун, ки сухани бесуд ҳама зиён бошад ва сухан, ки аз вай буйи дуруғ ояд ва буйи ҳунар наояд, ногуфта беҳтар. Аммо сухан напурсида магуй ва аз гуфтори хира парҳез кун ва чун боз пурсанд, ҷуз рост магуй.

Ҳунар омуз ва аз омухтану сухани нек шунидан нанг мадор, то аз нанг раста бошӣ. Чизе, ки надонӣ, биёмузӣ ва ин туро ба ду чиз ҳосил шавад: ё ба кор бастани он чиз, ки донӣ, ё ба омухтани он чиз, ки надонӣ.

Суқрот гуфт, ки ҳеҷ ганҷе беҳ аз дониш нест ва ҳеҷ душман бадтар аз хуй ва хислати бад нест ва ҳеҷ иззе бузургвортар аз дониш нест ва ҳеч пирояе беҳтар аз шарм нест.

ҲУСАИН ВОИЗИ КОШИФӣ ДАР ШАРОИТИ ШОГИРД

Агар пурсанд, ки бинои шогирдӣ бар чӣ чиз аст, бигуй, ба сари иродат. Агар пурсанд, ки иродат чист, бигуй, самъу (гуш кардан) тоат. Агар пурсанд, ки самъу тоат чист, бигуй, ҳар чӣ устод гуяд, ба ҷон бишнавад ва ба дил қабул кунад ва ба тан фармон барад. Агар пурсанд, ки шогирдро чӣ беҳтар, бигуй, эътиқоди пок, ки ҳар кӣ ба мурод расад, аз руйи эътиқод расид.

Агар пурсанд, ки шогирд аз чӣ чиз ба матлаб расад, бигуй, аз хидмат. Агар пурсанд, ки бинои хидмат бар чист, бигуй, ба тарки роҳат ва кашидани меҳнат.

Агар пурсанд, ки аркони шогирдӣ чанд аст, бигуй чаҳор: Аввал, он ки мардона шуруъ кунад, ки шуруъ накардан беҳ аз фуругузошту аз роҳ баргаштан аст. Дуюм, ба сидқи тамом хидмат кардан. Сеюм, дилу забонро ба ҳам рост доштан. Чаҳорум, панд пазируфтан ва ҳар чӣ аз устод шунавад, ёд гирифтан.

Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигуй, ҳашт: Аввал, чун дарояд, ибтидо ба салом кунад. Дуюм, дар пеши устод кам сухан гуяд. Сеюм, сар дар пеш андозад. Чаҳорум, чашм ба ҳар ҷой накшояд. Панҷум, агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал дастур (иҷозат) талабад. Шашум, чун ҷавоб гуяд, эътироз накунад. Ҳафтум, дар пеши устод ба касе сухани саргушӣ (гушакӣ) накунад. Ҳаштум, ба ҳурмати тамом нишасту хест кунад.

АВФИИ БУХОРОӣ

ҲИКОЯТ

Оварданд, ки Шаҳидии шоир рузе нишаста буд ва китобе мехонд. Ҷоҳиле ба наздики у даромад ва салом карду гуфт:

– Хоҷа танҳо нишастаӣ?

Г уфт:

-Танҳо акнун гаштам, ки ту омадӣ, аз он ки ба сабаби ту аз мутолиаи китоб бозмондам. Ва шоир чунин гуфтааст:

Суҳбати аблаҳон чу деги тиҳист,

Андарун холиву берун сияҳист.

ҲИКОЯТ

Ҳангоми ҳукмронии Баҳром ҳакиме буд, ки дар фазлу ҳикмат ягона буд ва дар ҳунар ва дониш ангуштнамои аҳли замона.

Чун борҳо ҳоли у ба Баҳром бигуфтанд, Баҳром уро бихонд ва аз анвои улум уро имтиҳон кард. Ва чун дар ҷумла ҷавобҳои савоб гуфтӣ, Баҳром гуфт: Вазоратро ба вай тафвиз бояд фармуд. Аммо ба худ гуфт:

– Бош, то уро дар одоб ва ҳиммат биёзмоям. Пас уро бо худ дар хон (дастархон) ҳамкоса кард ва бар хони хоси худ бинишонд ва мурғе бирён карда, дар пеши у ниҳод.

Ҳаким мурғро пора мекард ва ба шараҳе тамом мехурд ва дигарро ҳамчунон ба кор бурд.

Баҳром гуфт:

– Ин мард ҳиммате надорад, ки мурғ дар пеши ман чунин мехурад, моли маро дар ғайбат чӣ гуна хурд?!

Пас уро ташриф дод ва бозгардонид. Ва ба сабаби ин тарки одоб ва хасосат аз мансаби вазорат маҳрум шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *