Главная / Фанни Суханвари (риторика) / Асрори суханронӣ ва хусусиятҳои  хоси он

Асрори суханронӣ ва хусусиятҳои  хоси он

 

Ҳар кӣ дасташ бар забон сабқат кунад, мард аст, мард, В-арна ҳар ноқис ҷавонмард аст, дар майдони лоф.

Соиби Табрезӣ

Яке аз омилҳои асосии суханронии хубу гуворо «майл доштан ба суханронӣ ва хуб ҳарф задан аст». Ин саньат низ василаи бештар омухтан ва майлу рағбат доштан ба каломи бадеист. Бинобар ин, агар бо майл ва рағбати том барои омухтани ҳунари волои суханронӣ кушиш намоед, ягон монеае садди роҳатон нахоҳад гашт. Фаразан, ҳарчанд бештар омузеду вале дониши омухтаву захира намудаи хешро дар амалия насанҷед, он дониш низ тадриҷан аз лавҳи хотир ба дасти фаромушӣ хоҳад рафт ва маҷбур мешавед, ки он нуктаро аз нав такрор намоед. Ба қавли Мавлоно Ҳилолӣ:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Барои рафъ ва бартараф кардани чунин мушкилот ва тақвияти хотира, ноил гардидан ба ҳунари суханварӣ воҷиб аст, ки дар ҷамъомадҳо, маҳфилҳо ва шабнишиниҳо, конфронсҳо ва машғулиятҳои амалӣ бомаврид баромад намуда, сухан гуфтан зарур аст. Ин суханрониҳо боз аз он ҷиҳат манфиатбахш аст, ки тарсу ҳаросро аз шумо дур менамояд ва ғайрату матонат ва қудрати хуби суханварӣ насибатон хоҳад гашт. Тасаввур намоед, ки дар дасти шумо баландгуяк додаанд, то бахшида ба ягон ҷашн ё рузи мубораке ҳарф бизанед. Бешубҳа, саросема мешавед, хешро ноҳинҷор ҳис мекунед, он ақидаву андешае, ки қаблан ба он омода гардидаед, аз лавҳи хотир фаромуш мекунед. Ҳиссиёту ҳаяҷон вуҷуди шуморо фаро мегирад. Чаро ин тавр аст?

Сабаби асосӣ дар он аст, ки шумо дар ҷамъомадҳо, маҳфилҳо, шабнишиниҳо чун як шунавандаи одӣ иштирок меварзед. Ҳол он ки дар мактаб имкониятҳо басе фаровон аст. Чунин ҳолатро суханварон «тарс аз микрофон» мегуянд. Ҳатто наттоқоне, ки анқариб ҳар руз дар назди дастгоҳҳои садо ва симо нишаста, ҳарф мезананд, сари ҳар дафъа аз баландгуяк ҳарос доранд.

Бинобар ин, қаблан омодагӣ мебинанд, машқу такрор мекунанд, эҳтиёткорона ва бомулоҳиза ҳарф мезананд. Барандагони касбӣ низ саъй менамоянд, ки ором бошанду ҳиссиёту ҳаяҷони хешро ба оромӣ ва ботамкинӣ нишонанд. Чунин ҳолатро имкон доред ба мушоҳида бигиред: барандаи ягон намоиши симо дар оғоз бо изтиробу ҳаяҷон сухан мекунад ва батадриҷ далерӣ ва дар худ ҷуръатнокии бештаре ҳосил намуда, дар хотима оромона ва ботамкин ҳарф мезанад. Баъзе аз барандагони навомуз аз оғоз то анҷом бо ҳиссиёту изтироб ва таҳлука суханронӣ мекунанд, ки дар натиҷа суханронии онон берабту бетартибона аст. Суханвар ҳар қадар қаблан омодагӣ бинаду машқу такрор намояд, ҳамон қадар андешаву афкори хешро бурро, фасеҳ ба бинандагон ё шунавандагон расонида метавонад. Баёни сухан ба ҳиссиёту ҳаяҷон ва ба қалбу дарку эҳсос марбут аст. Дар боби қудрати сухан шоири шаҳири тоҷик Муъмин Қаноат хуб навишта:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Дили сарбозу мисли ту камин бояд,

Замини ман, ки дастони туро хонад…

Суханро сеҳри мурдан, зинда гардидан,

Хазон дидан, баҳорон боз сабзидан.

Чу дарё дар муҳити хеш гунҷидан,

Бувад лозим, ки авсофи туро гуяд.

Суханро талхии ашки дили модар,

Ва ширинии ёди бусаи дилбар.

Барои навкамону навҷавон аскар,

Ҳамебояд, ки асрори туро хонад.

Сухан бояд роҳи тақдирро гирад,

Дуои модарони пирро гирад.

Ки бо ҳикмат дами шамшерро гирад,

Ба нимовоз эъҷози туро гуяд.

Зимистон тухми гул бар хок мерезад,

Баҳорон мавҷи гул аз хок мехезад.

Чу тухми одамӣ резад, намеруяд,

Ки рози хештан гуяд.

Яке аз шартҳои суханронӣ парҳез аз асабият аст. Шахс бояд ба он кушад, ки зимни суханронӣ оромона ва ботамкин ҳарф занад. Дар байни омма сухан кардан бад-он монад, ки кас дар майдони набард қувваозмоӣ мекунад. Дар чунин мавридҳо нотиқ ба ду ҳолат гирифтор аст. Нахуст, аз уҳдаи суханронӣ баромада натавониста, дар назари анҷуман мулзам ва музтар гардад, ки худ бештар хиҷолат кашад ва асабонӣ шавад. Сониян, бо маҳорати хуби суханронӣ ҳусни таваҷҷуҳи атрофиёнро ба хеш ҷалб намояд. Дар чунин маврид у ба ҳама ғолиб омада бошад ва ҷумлагонро ба тасхир оварда. Ин амал ба осонӣ ба ҳар кас муяссар нахоҳад гашт. Баҳри ба ин санъату ҳунар ноил гардидан, дар баробари суханронӣ овози хуб низ дар баёни матлаб нотиқро дастболо гардонад ва тири у ба ҳадаф расад, ки аҳли ҷомеа ба лутфи у мубтало гардад ва боз ба шунидани лаҳни баёни у муштоқ бошад ва ба у аҳсан хонад. Фирдавсӣ хуб фармуда:

Қазо гуфт: «Гиру» қадар гуфт: «Деҳ!»

Фалак гуфт: «Аҳсан», малак гуфт: «Зеҳ!»

ҲИКОЯТЕ АЗ «ГУЛИСТОН»-И САЪДӣ

Нохушовозе ба бонги баланд Қуръон мехонд. Соҳибдиле аз назди вай мегузашт, гуфт:

– Туро мушоҳира чанд аст?

Г уфт:

– Ҳеч.

– Пас, ба худат чаро ин қадар азоб медиҳӣ?

Гуфт:

– Аз баҳри Худо мехонам.

Гуфт:

Аз баҳри Худо махон!

***

Ё дар ҳикояти дигар низ доштани овози хуб ва марғубу дилнишин ба кас чӣ гуна ҳаловат мебахшаду овози нофорам, дурушт сабаби нафрату нафрин ва ситезаи мардум мегардад, чунин оварда шудааст:

Яке дар масҷиди Султон Санҷари Салҷуқӣ барои савоб бонги намоз (азон) мегуфт, ба тарзе ки шунавандагон аз у нафрат мекарданд. Соҳиби масҷид амире буд одил ва нексират. Намехост, ки муаззин дилозурда гардад.

Гуфт:

– Эй ҷавонмард, ин масҷид муаззинони қадим дорад. Ҳар якеро панҷ динор мураттаб доштаам. Туро даҳ динор медиҳам, то ҷойи дигар равӣ. Бар ин қавл иттифоқ карданд ва бирафт.

Пас аз муддате дар гузаре пеши амир боз омад ва

гуфт:

– Эй Худованд, бар ман ҳайф кардӣ, ки ба даҳ динорам аз он буқъа (масҷид) бадар кардӣ. Он ҷо ки рафтаам, бист динор медиҳанд, то ба ҷойи дигар равам, қабул намекунам.

Амир аз ханда бехуд гашт ва гуфт:

-Зинҳор наситон, ки ба панчоҳ динор розӣ мегарданд

Байт:

Ба теша кас нахарошад зи руйи хоро гил,

Чунон ки бонги дурушти ту мехарошад дил.

Дар санъати сухан ва суханварӣ табиист, ки на ҳар хонанда зуд ба мақсад мерасад. Баъзеҳо камистеъдодтаранд, баъзеҳо қобилияти хуби фитрӣ доранд. Вале дар ҳар ҳолат дер ё зуд метавонанд бо саъйи комил истеъдодро дар хеш ба вуҷуд оваранд. Яке аз сабабҳои пайдо шудани тарсу ҳарос дар суханварӣ надонистан аст. Надонистан бошад аз набудани таҷриба аст. Надоштани таҷриба натиҷаи мустақилона машқ накардан аст. Агар инсон дар ягон пеша ба таҷрибаи кофӣ молик бошад, аз оғоз ба он пардозад, аз он намеҳаросад ва бо камоли майлу рағбат ва муҳаббати беандоза ба он шуғл меварзад. Ва баръакс, у таҷриба наандухта бошад, тарс ба у ҳамлавар мешавад ва фавран мисли қатраи шабнам дар тобиши хуршед нопадид мегардад. Бузургон дар ин боб басо каломи ибратбахш аз таҷрибаи рузгори мардумӣ пешкаш кардаанд. Инак, ҳикояте аз китоби «Гулисгон»-и Шайх Саъдӣ мавриди таҳлилу муҳокима мегардад:

Подшоҳе бо ғуломи аҷамӣ дар киштӣ нишаст. Ғулом ҳаргиз дарё надида буд ва меҳнати киштӣ наозмуда.

Гиряву зорӣ оғоз кард ва ларза бар андомаш афтод. Чандон ки мулотифат карданд, ором нагирифт. Айши малик аз у мунағғас шуд. Чорае надонистанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд, ба малик гуфт:

-Агар фармон диҳӣ, ман уро тариқе хомуш гардонам.

Подшоҳ гуфт:

– Ғояти лутфу карам бошад.

Ҳаким фармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғутта хурд. Аз он пас муяшро гирифтанду пеши киштӣ оварданд. Ғулом бо ҳар ду даст дар суккони киштӣ овехт. Чун баромад, ба гушае биншаст ва ором ёфт.

Малик ҳайрон шуд ва пурсид:

– Дар ин чӣ ҳикмат буд?

Ҳаким гуфт:

– Аввал меҳнати ғарқ шуданро начашида буд ва қадри саломатӣ дар киштиро намедонист. Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

ДАР БАЁНИ ОДОБИ ХИДМАТ

Чун ятимеро касе гирён кунад, Молик андар дузахаш бирён кунад.

Чун шавад гирён ятиме ногаҳон, Арши ҳақ бар ҷунбиш ояд он замон,

Он ки хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Ҳар ки асрорат кунад фош, эй писар,

Аз чунин кас дур мебош, эй писар.

Бо заифон гар ту бахшоӣ равост,

К-ин зи сиратҳои хуби анбиёст.

Ба ҳеҷ касс пушида нест, ки барои донистани фанни шиноварӣ одам бояд худро ба об андозад. Донистани каломи бадеъ низ чунин аст. Касе, ки мехоҳад нотиқи хубе шавад, бояд амалан вориди ин кор гардида, машқ намояд. Суханронӣ вобаста ба мавзуъҳо мухталиф сурат мегирад. Лаҳну оҳанги гуфтор низ мавриди баён ба ҳар ранг аст. Масалан, шумо супориш мегиред, ки таъҷилан дар боби ҳурмати падару модар ва пос доштани эҳтиром мухтасар ҳарф занед, ба шумо

114

 

лозим меояд, ки фавран ба хотир биёред, ки дар ин боб аз бузургон чиро омухтаеду ҳифзаш кардед. Дар ин маврид ҳикояте аз «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ ба шумо мадад мерасонад:

ҲИКОЯТ

Рузе ба ғуруру ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт:

-Магар хурдиатро фаромуш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?

Қитъа:

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,

Чу дидаш палангафкану пилтан:

«Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,

Ки бечора будӣ дар оғуши ман,

Накардӣ дар ин руз бар ман ҷафо,

Ки ту шермардию ман пирзан».

Ҳамин зайл ҳикояҳои мухтасар ва муфид дар гуфтори шумо ҷавҳар асту барои баёни матлаб кушоиш бахшад ва ғояти лутфу карам бошад.

Ба ҳамин минвол гуфторҳоро дар синф гузаронидан бомақсад ва муфид мебуд. Сараввал мавзуъеро, ки дар бораи он маълумоти кофӣ доред, интихоб намуда, як барномаеро, ки тахмин панҷ дақиқаро дар бар мегирад, таҳия намоед. Сипас бо барномаи мураттабсохтаи хеш дар назди ҳамсабақон суханронӣ кунед. Зимни суханронӣ ба он бикушед, ки роҳу усулҳои баёни махсуси худро дошта бошед. Бо овардани иқтибос, хониши шеър ё ҳикояи мухтасаре аз бузургон, ҷамъбасту хулосаи мухтасари амиқу ибратбахши фикру андешаи худ нишастагонро хушнуд гардонед ва ҳусни таваҷҷуҳи онҳо ба шумо бештар нигаронида мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШОТ:

-Оё истеъдод ё санъати суханварӣ азалию модарзодист?

-Кадом шахс метавонад, ки дар муддати кутоҳе суханвари хуб гардад?

-Барои ҳунари суханрониро соҳиб гардидан кадом шартҳоро донистан ва риоя намудан лозим аст?

-Баҳри парҳез кардан аз изтиробу ҳаяҷон ва тарсу ҳарос дар вақти суханронӣ чӣ бояд кард?

-Омилҳои асосии сухандонӣ ва баёни каломи фасеҳ кадомҳоянд?

-Дар боби ягон мавзуъ барномаи хешро мустақилона мураттаб созед?

Ин замимаҳоро дар лавҳаи хотир нигоҳ доред:

-Суханронӣ истеьдоди махсусеро тақозо надорад, ки гуё табиат танҳо ба фардони алоҳида ато фармуда бошаду дигарон аз он маҳрум бошанд. Балки он низ мисли дигар пешаҳову касбҳо самараи омухтан ва машқу такрор аст.

-Бисёр касоне, ки майли ҳунари сухандониро дар худ мепарваранд, зимни суханронӣ қобилият ва ҷасорат пайдо мекунанд, ки матолиби беҳтар ва ҷолибтаре бигуянд. Чаро ки ҳамнишинӣ бо аҳли донишу фарҳанг ва хосса дар анҷуман касро ба таҳрик оварад ва баҳри баёни матлаб илҳом бахшад. Чунон ки ин маънӣ дар осори Шайх Саъдӣ басо хуб омада:

Гили хушбуй дар ҳаммом рузе,

Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

Бад-у гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ?

Ки аз буйи диловези ту мастам.

Бигуфто: Ман гили ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,

В-агарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

а) Бо майл ва рағбат ба омухтан ва ҳарф задан машғул шавед, манфиати он дар афзалиятнокии ҷидду ҷаҳди шумост.

Пешравӣ ва пешсафии шумо ба майлу хоҳишатон вобастагӣ дорад;

б) Қаблан нутқи худро хуб тайёр кунед, зеро дар сурате бо гуфтори хеш эътимод хоҳед кард, ки матлаби гуфтаниро хуб бидонед;

в) Ҳангоми нутқ кардан бо ҷуръат рафтор кунед ва ҳарф бизанед, ки аз он ғайрати шумо афзун гардаду неру физояд;

г) Муҳимтарин воситаи ғалаба бар тарсу воҳима машқу такрор аст. Тарсу воҳима натиҷаи надонистан аст. Надонистан бошад, натиҷаи надоштани таҷриба ва машқ аст. Бинобар ин, ба воситаи машқи зиёд тарсу воҳимаро аз байн бубаред.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *