Дониши лозима барои суханвари

Ру овардан ба суйи дониш ва биниш, ҳосили таҷрибаҳо ва нақши фикрро дар қолабе рехтан,

шунавандагонро таҳти нуфуз қарор додан аст. Барои муваффақ гардидан дар ин амали воло бояд аз бисёр донишҳо, кайфияти руҳӣ мадад бигирем, то гуфторамон ҷолибу муассир бошад. Ба ҳамин ҷиҳат суханвар бояд бо улуми маъмулии замон ва бо он чи дар таъсири калом нақши муҳимме ифода мекунанд, ошно ва дар аксари онҳо соҳибназар бошад:

Сад нуқтаи ғайри ҳусн бибояд, ки то касе,

Матбуи табъи мардуми соҳибназар шавад.

Ин улум иборатанд аз: адабиёт, мантиқ,

равоншиносӣ, фалсафа, илми ахлоқ, таърих, ҷуғрофиё донистаниҳои дигар аз қабили оят ва ҳадисҳо, ашъору амсол, ки суханвар ба онҳо такя намояд ва дар мавриди лозима истифода намояд.

Барои он ки сухан мустанад бошад ва якнавохт, малоловар набошад, суханвар метавонад марбут ба тақозои замон ва муқтазои ҳол сухани худро ба ояту ҳадисҳо муносиб зинат бахшад ва ба ашъору амсоли ҳакимона, гуфторҳои кутоҳи бузургон ва донишмандон ороста кунад ва бад-ин васила ба таъсиру нуфузи он биафзояд.

Ин ки мунтахабе аз гуфтори пешвоёни дин ва бузургони ҷаҳон, қисмате аз абёти гуяндагони шеърро, ки метавон дар суханварӣ аз онҳо мисол ҷуст ва барои исботи мақсуд дар равиши сухан ба кор бурда, ба хотир бигирад:

«Гиромитарини шумо назди Парвардигор парҳезгортарини шумост» (Қуръони карим).

«Ҳеч фақре сахттар аз нодонӣ нест ва ҳеҷ сарвате аз ҷуд судмандтар набошад. (ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)).

«Сарафрозӣ танҳо донишмадонро сазост, ки онон раҳбари ҷуяндагони ҳақиқатанд» (Алӣ ибни Абутолиб).

Ҷомаи парҳезгорӣ обрумандтарин ҷомаҳост. Аз бузургтарин корҳои таассуфангез табоҳ сохтани ҳунару ҳунарвар аст. Аз нишонаҳои бадгавҳарӣ, бадрафторӣ бо некон мебошад. Ҳар кас тан ба омузиш насупорад, ҳаргиз аз дониш тушае ба даст наёрад. Касе, ки ба дигарон набахшад, ба у намебахшанд. Хирадманд ба кори худ такя кунад ва нодон бар орзуҳои хуш эътимод нишон диҳад. Дониш, ки туро аз каҷӣ ба ростӣ ҳидоят накунад, гумроҳист. Омузгору шогирд ҳар ду ба як дараҷа аз музди маънавӣ баҳра баранд. Дониш туро растагор созад ва нодонӣ ба табоҳият андозад.

Кунун эй сухангуйи бедормағз,

Яке достоне биёрой нағз!

(Фирдавсӣ)

Чун сухангар сухан ба поён бурд,

Ҳар касе дил бар он сухан биспурд.

Сухан гуфтан осон бар он кас бувад,

Ки назме тиҳиш аз сухан бас бувад.

(Низомӣ)

Ту, ки ҳаргиз сухани аҳли сухан нашнидаӣ,

Чун сухансозу суханфаҳму сухандон шудаӣ?

(Соиб)

Гуфтори дароз мухтасар бояд кард,

Лз ёри бадомуз ҳазар бояд кард.

(Абусаиди Абулхайр)

Чӣ гуфт он сухангуйи озодмард,

Ки озодаро коҳилӣ банда кард.

(Фирдавсӣ)

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,

Рузе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:

Бо дустон мурувват, бо душманон мадоро.

(Ҳофиз)

Дуруштӣ зи кас нашнавӣ нарм гуй,

Сухан то тавонӣ ба озарм гуй.

(Фирдавсӣ)

Ҳақиқат сароест ороста,

Ҳавову ҳавас гард бархоста.

Набинӣ ба ҷое, ки бархост гард,

Набинад назар гарчи биност мард

(Саъдӣ)

Хоҳӣ, ки беҳин кори ҷаҳон кори ту бошад, З-ин ҳар ду яке кор кун, аз ҳар чӣ кунӣ бас. Ё фоида деҳ з-он чи бидонӣ дигареро,

Ё фоида гир он чӣ надонӣ зи дигар кас.

(Анварӣ)

Ҳар ки з-омухтан надорад нанг,

Дурр барорад з-обу лаъл аз санг.

Он ки дониш набошадаш рузӣ,

Нанге дорад зи донишомузӣ.

( Низомӣ)

Роҳ асту чоҳу дидаи бинову офтоб,

То одамӣ нигоҳ кунад пеши пойи хуяш.

(Саъдӣ)

Ду чиз аст панди ҷаҳон илму тоат, Ба-дин ҳар ду бигумор танрову ҷонро, Дарахти ойини ҷаҳонро суйи доно, Хирадманд аст бору бехирад хор.

Ҷуз рост магуй гоҳу бегоҳ,

То ҷоҳат наоядат ба савганд.

***

Ҳар ки ба сурат хуб асту наку сират,

Ҷуз ҳамон сурати девор маянгораш.

(Носири Хусрав)

Сухан то нагуйӣ тавониш гуфт.

Вале гуфтаро боз натвон нуҳуфт.

(Фирдавсӣ)

Чӣ гуфтанд донандагони хирад,

Ҳар он кас, ки бад кард, кайфар барад.

( Фирдавсӣ )

Ойинаи дил чун шавад софию пок,

Нақшҳо бинӣ бурун аз обу хок.

Офтоби маърифатро нақл нест,

Машриқи у ғайри ҷону ақл нест.

***

Оқибат ҷуянда ёбанда бувад,

Сояи ҳақ бар сари банда бувад.

Гуфт пайғамбар, ки чун кубӣ даре,

Оқибат з-он дар бурун ояд саре.

( Мавлавӣ)

Ман аз беқадрии хори сари девор донистам, Ки нокас кас намегардад аз ин болонишиниҳо.

***

Намехоҳам, ки гардад нохуни ман банд дар ҷое, Магар гоҳе, ки хореро барорам аз кафи пое.

***

Ҳеч донӣ меваро таъсири ширинӣ ба чист, Баски дар зери замин шукри лабон хобидаанд.

 

Дасти тамаъ чу пеши хасон макунад дароз, Пули бастаӣ, ки бигзарӣ аз обруйи хеш.

***

Решаи нахли куҳансол аз ҷавон афзунтар аст, Бештар дилбастагӣ бошад ба олам пирро.

(Соиб)

Машав гарра ба ҳусни гуфтори хеш,

Ба таҳсини нодону пиндори хеш.

Беҳунарон ҳунармандро натвонад бубинанд, ҳамчунон ки сагони бозорӣ саги сайдро, машғала бароранд ва ба пеш омадан наёранд, яъне, сифла чун ба ҳунар бо касе барнаояд, ба хусбаш дар пустин афтад.

Дустеро, ки ба умре фарочанг оранд, нашояд ба як дам биёзоранд.

test

Добавить комментарий