Каломи зебо саиқали дилҳост

 

Дил ҳам монанди фикр бояд хеле чизҳоро бидонад ва эҳсос намояд, лоақал бояд бидонад, ки дилхоҳаш чист ва дустдораш кист. Зиндагӣ кардан бо мардум ва бо онон сухан гуфтан. Лозимтараш ин аст, ки суханони онҳоро бифаҳмем ва бикушем, ки ба ҳоли онҳо ошноӣ пайдо кунем. Агар нафаҳмем, ки касе ранҷе дорад, агар ба хушии дигарон беэътино бошем ва агар хосияти одамии ҳамкасбони худро аз ёд бибарем, маънияш ин аст, ки дили мо парвариш наёфтааст, бераҳму саркаш аст ва ба тарбият эҳтиёҷ дорад.

Парваридани дил бо парвариши фикр робитаи ногусастание дорад. Он чизе, ки мо мехоҳем тавассути сухан донем, пеш аз ҳама эҳсос мекунем, мешиносем. Дар чунин маврид се чиз: эҳсос, дониш, инсон ба ҳам пайваста амал мекунанд.

Ҳеч гоҳ касе наметавонад бо касе, ки арзиши дигаронро намешиносад, бо касе, ки дигарон ба у наздик нестанд, сухан бигуяд. Муносибат бо чунин шахсон ҳеҷ гоҳ ҳақиқӣ, самимӣ, амиқ, матин ва дилнишин нахоҳадбуд:

Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист, Захми дасти куҳканро теша медонад, ки чист.

Аксар вақт бо касоне вохурдаем, ки маълумоти зиёд надоранд ва дониши онон маҳдуд аст, вале қалби ғанӣ ва беғашу пок доранд. Бояд ба тарзи зиндагии дигарон ошно шуд, фаҳмид, ки онон низ ғамҳо, пешомадҳо, майлҳо, шикастҳо ва пешрафтҳои махсус ба худ доранд. Касе, ки дардро дар мавқеи хушҳолӣ намешиносад, касе, ки ишқро ҳангоме ки худ аз он бехабар аст, инкор мекунад, касе ки ҷиддӣ ва шухӣ намефаҳмад ва мавқеи ба кор бурдани онро намедонад, чунин кас гуноҳи бузург мекунад. Ҳадаф аз парвариши дилу тарбияти он чист? Тақвияти ҳисси ҳамдардӣ.

Маънои мухолифи он чист? Ин ки дорандаи чунин сифатеро «худпараст» хонанд. Бинобар ин, мудом аз ишораҳо он аст, ки сухан гуфтан, дарёфтани дилҳост. Агар бихоҳем хуб ҳарф бизанем, бояд лоақал бо як забон ҳарф бизанем ва он забони дил аст. Соиб дар ин маврид басо хуб фармудааст:

Лз хуни ҷигар ранг пазирад сухани мо,

Баргест хазондида Суҳайл аз Ямани мо.

Муҳтоҷ ба шамъи маҳу хуршед набошад,

Чун синаи огоҳдилон анҷумани мо.

Лз суҳбати мо файз тавон бурд ба доман,

Зулфи шаби қадр аст дили пуршикани мо.

Чун най лаби баста саропой забонем,

Дар зоҳир агар нест забон дар даҳани мо.

Лз гавҳари мо гарчи хурад чашми ҷаҳон об, Лз гарди ятимист ҳамон пироҳани мо.

Лз банди либосем дар ин баҳр сабукбор, Пироҳани мо ҳамчу ҳубоб аст тани мо.

З-он хушсуханонем дар ин базм, ки бошад, Лз болу пари хеш чу тутӣ чамани мо.

Дар зиндагӣ азбаски ба талхӣ гузаронем, Лз заҳри фано талх нагардад даҳани мо.

Соиб, агар аз муйшикофони ҷаҳонӣ, Ғофил машав аз хомаи нозуксухани мо

Мазан бетааммул ба гуфтор дам,

Наку гуй, гар дер гуйӣ, чӣ ғам?

Бияндешу он гаҳ баровар нафас,

В- аз он пеш бас кун, ки гуянд: «Бас!»

Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,

Давоб аз ту беҳ, гар нагуйӣ савоб.

(Саъдӣ)

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.