Навъҳои машқ барои суханронӣ

 

Пешрафти комил ва ҳамаҷониба дар пешбурди амри суханварӣ (илова бар истеъдоди фитрӣ ва алоқа, завқи ботинӣ) бар машқи муназзам пешкору устувор аст.

Ҳар гоҳ шуре дар сар ва шавқе дар дил барои бозгу кардани нуҳуфтаҳои қалбӣ ҳис кардем ва вақте тасмим гирифтем, ки худро барои пушидани либос иршод ва роҳбарӣ, таълим ва тарбия омода кунем бояд:

1. Нахуст, дар ҷаласаҳои суханварӣ ширкат кард ва нуктаҳои муҳими гуфтори суханваронро ёддошт намуд.

2. Ба мутолиаи китобҳои бузургон доиман бояд пардохт.

3. Аз оғози кор худро дар қайди суханпардозӣ ва муқаддимачинӣ гирифтор насохта, балки бояд ба таври содаву одӣ аз он чӣ дар қаламрави дида қарор дорад, сухан гуфт.

4. Хондани дурусти як қитъа шеър, ки ниёз ба диққат, садои расо дорад, ки бояд кушид ва дар ин ҷода таҷрибаҳо омухт.

5. Мақолаҳоро тавре бояд хонд, ки дар поёни ҳар андеша андаке таваққуф кардану оҳанги каломро ба таносуби ҷумлаҳо тағйир додан низ машқи баҷое барои суханварӣ хоҳад буд.

6. Матлабро ба ҷомеа дар мавзуи муайян пас аз баррасӣ ва ислоҳи он баён мекунем, дар сурате, ки фаромушӣ пеш ояд, ба навиштаҳо муроҷиат мекунем, то ин ки аз лиҳози нигоҳу лаҳну оҳанг, зиндагӣ ва норасоӣ надошта бошем.

7. Бо омодагии комил ва пас аз муддате такрор кардани он чӣ мехоҳем бигуем, дар ҷаласаи суханварӣ ҳузур меёбем ва бидуни тарс ба баёни мақсуд мепардозем.

ЧИГУНАГИИ СУХАН

Суханварӣ он аст, ки сухан таълимкунанда ва дилписанд бошад, ҳам мағзро розӣ кунад, ҳам гушро хуш ояд ва ҳам дилро бибарад.

Суханвар бояд маъниҳои латиф ва писандидаро ба тартиб, саҳеҳ дар лафзу ибораҳои фасеҳу содаи равон хушоҳанг дароварад.

Аз таъбиру ҷумлаҳои дарозу печида ва фазлфурушӣ бипарҳезад.

Ҳарчанд дар саросари сухан бояд эҳтимом кард, аммо дар даромад ва поёни сухан бештар таваҷҷуҳ кунед.

Маънии фаровон хуб аст, аммо аз суханҳои суст ва нобаҷову беҳуда бояд парҳез кард, чунонки дар зироат алафи бегонаро канда мепартоянд.

Баландии сухан аз бузургии руҳ бармеояд. Истеҳкоми сухан аз матонати халқ, дилпазирии сухан аз табиӣ будан, муассир будани сухан аз дил аст. Ранг ва равғани сухан аз қути хаёли гуянда ва дурустии сухан аз мутолиаи бисёр бармеояд.

Сухан табиӣ бояд гуфт ва мутаносибу мавзун бояд ҳарф зад.

Сухан равон ва сода бояд бошад, аммо на омиёна.

Суханварие, ки афкору маъонии бадеъ надорад, ба ороиши лафзу ибораҳо мепардозад.

Замон ва макону аҳвол, ашхоси мувофиқ бошад ва ҳамчунин бо мавзуе мушаххас.

Дар мавқеъҳои муносиб ашъору амсол ва ҷумлаҳои муносибу маъруфро ба кор бурдан.

То метавонед қувваи фаҳмонидани худро афзоиш диҳед ва матлабро равшан адо созед.

ДИЛНИШИНИИ СУХАН

Дилнишин шудани сухан он аст, ки гуфтор бо он чи шунавандагон ба он дилбастагӣ доранд, мутаносиб бошад ва умуре, ки мардум ба он дилбастагӣ доранд, сарват асту шуҳрат, номи неку шарофат, умури завқӣ ва лутфу меҳрубонӣ ва амсоли он.

Сухане, ки мувофиқи завқу салиқа ва ақидаи шунаванда бошад, барои у дилнишин аст.

Зимни сухан нақли воқеа марбут ба мазмун, унсурҳои табиӣ ва бо омезиши таҷрибаи рузгори инсонӣ бошад, дилнишин аст.

Достонсароӣ ва масал овардан яке аз омилҳои марғуб ва дилнишин шудани сухан аст.

Сухан ҳар чӣ матбуътару зеботар бошад, дилнишинтар аст.

Аз гуфтани матолиби бемаза ва номатлуб бипарҳезед ва агар зарурате дошта бошед, то мумкин аст онҳоро бо чизҳои бомаза омехта созед, чандон ки пас аз доруи бад таъмро бо ширинӣ олуда мекунанд.

Фикр агар бо шаҳомату аз руйи баландии табъ пурмаънӣ, дақиқ, нозук ва шадидан пуртаъсир бошад, ҳам дилнишин аст ва ҳам ногувор тарғиб мекунад.

Ҳарчӣ аҳволро бештару беҳтар муҷассам кунед, тарғиб беҳтар сурат мегирад ва сухан бештар таъсир мекунад.

Суханвар то худ шур надошта бошад, наметавонад шуре барангезад.

Суханвар бояд некнафс, хайрхоҳ ва хушният бошад. Лутфу меҳрубонии неку дошта бошад. Ба ҳар некӣ завқ ва аз ҳар бадӣ безор бошад.

Суханвар бояд бошарофат, амин, бузургвор, ростгуй, самимӣ ва аҳли фазл бошад.

Суханвар бояд аз табиб маҳбубу меҳрубонтар, дилсузтар бовиҷдонтар бошад, чун табиб солимии тани мардумро дар даст дорад, суханвар руҳи инсонро.

Суханвар бояд мутафаккир, хирадманд, бозавқу салиқа бошад.

Суханвар бояд далеру боҳашамат, хунсард бошад, худро набозад, асабонӣ нашавад, пурсабру ботаҳаммул бошад, хушзеҳну ҳозирҷавоб бошад.

Суханварӣ агар бо ҳусну нияти хирадмандӣ бошад, барои ҷомеа судмандтарин корҳост, вале агар барои ғаразҳои нафсонӣ ва нияти бад ба кор бурда шавад, пасттарин чизҳост, ҳамчунин ки суханвари хубу арҷмандтарини мардум аст, суханвари бад пасттарин ашхос аст ва аз ин ру, ҳақиқати он достон, ки ҳаким гуфт: забон ҳам шарифтарин ва ҳам хабистарин аъзои инсон аст.

Суханвар бояд беғараз бошад ва аз суханварӣ ба ҷуз қонеъ намудани талаботи мардум манзури дигар надошта бошад.

Беҳтарин ҳусни мақтаъ барои ин китоб шеъри Хоҷа Ҳофиз аст, ки худ яке аз бузургтарин суханварони ҷаҳон аст ва мефармояд:

Дар бисоти нуктадонон худфурушӣ шарт нест,

Ё сухан дониста гу, эй марди бихрад, ё хамуш.

ЧАНД ПАНД ДАР БАХШИ СУХАНВАРӣ

Суханварӣ ҳунарест, ки ҳама кас ба он ниёзманд асту касоне, ки ба мардум сарукор доранд, тақрибан ҳама муҳтоҷ ба суханварӣ мебошанд, махсусан, арбобони улум ва фунун.

Суханварӣ табиатан шуғлу пешае нест, танҳо василае барои пешрафти мақсуд аст.

Суханвар агар дуруст ба шароити суханварӣ амал намояд, барои омма беҳтарин мураббӣ ва таҳзибкунанда нуфуз менамояд.

ШАРОИТИ СУХАНВАРӣ

Барои суханвар шудан ҳам илми суханварӣ лозим асту ҳам амал ва ҳам машқу варзиш.

Суханварӣ бояд хотира ва зухираи зеҳнии бисёр дошта бошад.

Ба аксари суханвар, ки бояд гуфтори худро китобан ва хитобан таҳия намояд, илму адаб ва машқу нависандагӣ лозим аст.

Суханвар бояд сари мавзуе, ки дар он суханварӣ мекунад, онро комилан донад ва ба он бовар дошта бошад.

Суханвар тавассути мавзуъ бояд мардумшинос бошад ва илму нафс дошта бошад, нуктасанҷ ва дақоиқшинос бошад, мантиқ, фалсафа, сиёсатманд, ахлоқ ва таърихро хуб бидонад.

Суханвар бояд ҳамеша дар умур ва аҳволи мардум ба мушоҳида пардозад ва мутазаккиру мутафаккир бошад.

Суханвар монанди ҳар ҳунарманде бояд аз наққодӣ, ки дар бораи у мешавад, озурда нагардида, муроқиби он бошад ва барои беҳбудии ҳунари худ аз он истифода кунад.

Суханвар бояд гуфторро хуб таҳия намояд, мутолиаи бисёр намояд, ёддоштҳо бардорад ва андеша кунад.

Қоидаҳо ва усулҳое, ки дар суханварӣ меомузед, бояд малакаи шумо шавад, на ин ки маҳз дар мавқеи суханварӣ бихоҳад онро ба ёд биёварад ва сухани худро бар онҳо мутобиқ созад.

Ҳарчанд суханварӣ асосан барои қаноатмандиву тарғиб ҳосили мақсуде аст, ки аз он дар назар аст, валекин бояд мутаваҷчеҳ буд, ки суханварӣ барои шунавандагон бояд мояи баҳра ва нишот бошад. Аз сухан бояд лаззат бибаранд ва баҳраманд гарданд.

Набояд тасаввур кард, ки суханварӣ ҳатман ба обутоб додани сухан марбут аст. Мавридҳое ҳаст, ки шояд чунин бошад, вале дар ҳар қисми сухан неку гуфтан агарчи бисёр сода ва бепироя бошад, суханварӣ аст.

Дар суханварӣ ба касе тақлид накунед ва ба тарзу салиқаи худ сухан бигуед.

Беҳтарин суханвар он аст, ки дар сухан гуфтан қасди суханварӣ накунад.

ОДОБИ СУХАНВАРӣ

Ҳар вақт суханварӣ дар пеш доред, қабл аз он тан ё руҳи худро хаста накунед.

Вақте ки дар ҳузури ҷамоат барои суханварӣ ҳозир мешавед, худро дуруст ва ба қоида бисозед.

Ҳангоми суханронӣ агар ҳавосатон парешон бошад, андаке тааммул кунед, то ҳавосатон ба ҷо биёяд. Шитоб накунед, нафас бикашед, ором пеш биравед.

Ҳангоми суханронӣ нисбат ба шунавандагон боадаб, ботавозуъ бошед. Чизе ки мегуед, далел бар ин ки онҳоро нодону бефаҳм мапиндоред, ғуруру худписандиро ба хеш раво надоред.

Дар суханварӣ риояи вақт ва муддатеро дошта бошед. Суханро ба дарозо накашед ва шунавандагонро малулу хаста насозед.

Дар маҷлису маҳфилҳои мушовара ва муҳовара сухан бисёр нагуед ва ба дигарон низ имкони суханронӣ бидиҳед.

Фарёд накашед ва босуръат сухан нагуед. Шумурда ҳарф занед. Лаҳн, савт, ишорат, ҳаракату нигоҳи худро мутобиқ намоед.

То метавонед аз руйи навишта суханронӣ макунед, баъзан ҷоиз бошад ҳам дар суханварии сиёсӣ.

Ба ҳар ҳол аз шунавандагон нигоҳ барнадоред ва ба ҳама тараф мутаваҷҷеҳ бошед ва танҳо ба як тараф нанигаред. Гуянда ва шунаванда бояд ба ҳам марбут бошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.