Афсонахои точики
-
Афсонаи Захми сухани бад
ЗАХМИ СУХАНИ БАД Буд-набуд, як марди ҳезумкаш буд. Ҳар пагоҳ бандутабарашро гирифта, ба кӯҳсор рафта, ҳезум ҷам мекард, бапушташ бардошта, ба бозор оварда, мефурӯхту ҳамин хел рӯзмегузарони, Рӯзе вай як дарахти хушки арчаро афтонида, майда кардаистода буд, ки аз куҷое як хирси калони бадҳайбате пайдошуда, ба пешаш омад. Ҳезумкаш хирсро…
Подробнее » -
Афсонаи точикии ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ
ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ Харгӯшчае буд, харгӯшчаи тарсончаке. Шохчае тирсӣ карда шиканад ё паррандае қанот занад ва ё порчаи барф дарахт афтад, як қад мепариду гирён мешуд. Баъд калон шуд, ҷасорат пайдо кард ва як рӯз калонӣ карда гуфт Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам! Вай ин суханонро бо овози баланд такрор карда,…
Подробнее » -
Афсонаи точикии КАЙКАК
КАЙКАК Буд набуд, як замоне дар кунҷи як маконе як Кайкаку як Канаяк буд. Онҳо чунон дӯст буданд, ки ҳамдигарро ягон рӯз набинанд, бисёр зиқ мешуданд. Кайкак дасташ холӣ шавад, ба хонаи Канаяк мерафт. Онҳо дуру дароз аз дидори ҳамдигар ҳузур карда, чақ-чақ карда мешиштанд. Як рӯз Кайкак ба хонаи…
Подробнее » -
Афсонаи ДӮСТОНИ ХИЁНАТКОР ВА ДУХТАРИ ПОКДОМАНИ БОЗУРГОН
ДӮСТОНИ ХИЁНАТКОРВА ДУХТАРИ ПОКДОМАНИ БОЗУРГОН Буд-набуд, дар як замоне, дар як маконе як бозургон буду як қозӣ. Онҳо бо ҳам дӯст буданд, як пора нону як пиёла чойро бе ҳам намедиданд. Дӯстони бозургону қозӣ овозаи олам шуда буд. Ана, ин дӯстии ҳақиқӣ, дӯсти ҷонӣ ҳамин қадар мешудагист, — мегуфтанд мардум.…
Подробнее » -
Афсонаи РОБИЯИ ЧИЛГАЗАМ
РОБИЯИ ЧИЛГАЗАМ Буд-набуд, як подшоҳи сангдилу мағрур буд. Осори хашму газаб чеҳраи ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекард. Вай ҳамаро бад медид ва факат ягона касе, ки як андоза дӯст медошт, ин писараш -шоҳзода Бобораҳим буд. Вакте, ки Бобораҳим калон шуд, подшоҳ ӯро ба корҳои давлатиаш шиносо карда, ҳамаи боигариашро нишон…
Подробнее » -
Афсонаи ҶАЗОИ ДЕВКАМПИР
ҶАЗОИ ДЕВКАМПИР Буд-набуд, як подшоҳбача буд, як зани хушрӯй дошт.ҳардуяшон бо ҳамдигар бисёр меҳрубон буданд. Як рӯз занушавҳармеҳмонӣ рафтанд. Меҳмонӣ нағз гузашту вакти бозгаштҳаво торик шуд, подшоҳбача ба занаш гуфт: Дар ин торикӣ азоб кашиданамон мумкин, ман туродар ягон ҷой монда мераваму баъд, пагоҳ омада гирифтамебарам. Занаш розӣ шуд, баъд…
Подробнее » -
Афсонаи ЛАКУ ПАК
ЛАКУ ПАК Буд-набуд, як Лаку як Пак буд. Онҳо зану шавҳар буданд. Лаку Пак духтари дӯстрӯе доштанд. Ҳуснаш расо буд, вале ақлаш норасо буд. Зебоии духтар ба дуру наздик овоза шуду ба хонаи Лаку Пак хостгор омад. Духтарам, — гуфт Лак, -ба ту хостгор омад. Рафта об биёр. Чаққон бош,…
Подробнее » -
Афсонаи ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ
ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ Буд-набуд, як рӯбоҳаке буд. Дар қарибиҳои лонаи хирс лонаяке дошт. Рӯбоҳак ҳар рӯз шишту хезу гашту гузору қаду комати ҳамсояашро тамошо карда, ба андеша мерафт: қувваи бузурге дорад ин ҷонвари худо, чӣ хеле, ки одамон мегӯянд, «Кӯхро занад, талқон мекунад», аммо ӯ боре надидааст, ки ин…
Подробнее » -
Афсонаи Дому Дон
Буд набуд, як мӯрча буд, мӯрчаи ноороми меҳнатдӯст буд. Як рӯз як каргас дид, ки ҳамон мӯрча як дона гандумро кашида бурда истодааст, дона аз худаш калон. «Мӯрча зӯр, ба вай қоил шудан даркор» — аз дил гузаронд каргас. Баъд ин фикрашро ба мӯрча гуфту илова кард: Ман ҳам беҳунар…
Подробнее » -
Афсонаи ПАНДИ АРЗОН
ПАНДИ АРЗОН Ҷавоне буд, шавқи ҳар чизро донистан дошт ва он ҷавонрӯзе ба пирамарде ҳамнишин шуд ба он умед, ки аз ӯ суханимуфиде мешунаваду ба хотир мегирад. Вале пирамард гӯё бадаҳонаш мӯҳр зада бошад, хомӯш менишаст. Ҷавон зиқ шуда гуфт: Падар, ба даҳон магар об гирифтаед, ки лабнамекушоед?Суханҳои ман гаронанд,…
Подробнее »