Давлати Салҷуқиён ва Хоразмшоҳон

ДАВЛАТИ САЛҶУҚИЁН

ҚАБИЛАҲОИ  САЛҶУҚӢ.

Салҷуқ ном сардори яке қабидаҳои бодиянишини турк асосгузори сулолаи Салҷукиён буд. Қабилаҳои салҷуқӣ аввал дар даштҳои Зарафшони Шимолӣ, ҷое, ки барои Онҳо чарогоҳҳои мувофиқдошт, сокин буданд. Ин қабилаҳо мувофиқи аҳду паймон сарҳадҳои шимолии Ғазнавиёнро аз Қарахониён муҳофизат мекарданд. Ба ивази ин чорвои худро дар чарогоҳҳои шимолии давлати Ғазнавиён мечаронданд. Баъди чанде Султон Махмуд ба Қабилаҳои  салҷуқӣ иҷозат дод, ки дар Хуросони Шимолӣ ва вилоятҳои Абиварду Сарахс сокин шаванд. Дар ин ҷо салҷуқиҳо бо халқи маҳаллӣ бархӯрдҳо карданд. Барои ҳамин Султон Махмуд онҳоро бо зӯрӣ аз чарогоҳҳои Хуросон пеш кард.

Баъд аз вафоти Султон Махмуд дар байни Салчуқиёну Ғазнавиён борҳо задухӯрдҳои калони мусаллаҳона ба амал омадаанд. Яке аз ин задухӯрдҳо соли 1035 сурат гирифт, ки дар он Султон Масъуд шикаст хӯрда, вилояти Хуросону шаҳри Нишопурро аз даст дод. Ба Масъуд лозим омад, ки баҳри муборизаи зиддиСалчуқиён 5 сол тайёрӣ дида, соли 1040 дар маҳаллаи Дандонакани наздикиишаҳри Марв ба муқобили лашкари Салҷуқиён ба ҷанг дарояд. Вале ӯ аз Салҷукиён ин дафъа ҳам шикаст хӯрд.

ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ САЛҶУҚИЁН. Баъди муҳорибаи Дандонакан ҳам Масъуди Ғазнавн ва писари ӯ Мавдуд борҳо бар зидди Салҷуқиён ба мубориза бармехестанд, лекин қариб ҳар дафъа шикаст мехӯрданд. Дар натиҷаи зарбаҳои Салҷуқиён ва ҳамлаҳои пай дар пайи шоҳони Ғуриён давлати Ғазнавиён беш аз пеш иқтидорашро аз даст мсдод.

Давлати Салчуқиён аз тарафи набераи Салҷуқ Туғрал (1038- 1073) дар Хуросон аввал дар ҳудудҳои давлати Ғазнавиён таъсис ёфтааст. Аввал Туғрал ва баъд Алпарслон ва Маликшоҳ ҳудудҳои давлати Ғазнавиёнро васеъ карда, онро ба давлати пурқувват табдил доданд. Қаламрави ин давлат музофотҳои Балх, Тирмиз, Бухоро, Самарқанд, Гурҷистони Шарқӣ, Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин ва ғайраҳоро дар бар гирифта буд.

 

 

Туғрал шаҳри Райи Эронро пойтахти давлати худ эълон кард. Марв бошад, пойтахти бародараш Чағирбек буд. Халифаи Бағдод ноилоҷ ҳокимияти Туғралро дар қаламрави ишғолкардааш эътироф кард. Дар замони ҳукмронии Алпарслон иқтидори давлати Салчуқиён афзуд. Ӯ дар дарбор одамони фозилро ҷамъ карда, давлатро ба воситаи тавсияҳои онҳо идора мекард. Яке аз онҳо собиқ вазири машҳури Ғазнавнён Низомулмулк буд. Ӯ бо асари худ “Сиёсатнома” ҳам машҳур аст.

Вале баъд аз вафоти Маликшоҳ дар хонадони Салчуқиён мубориза барои тоҷу тахти подшоҳӣ торафт шадидтар мешуд. Дар ин мубориза Санҷар, ки ҳокими Хуросон буд, ғолиб омад. Султони нав давлати Салҷукиёнро дар ҳолати заифӣ,вилояту музофотҳо ва ҳокимони онҳоро ба ҳокимияти марказӣ итоатнакунанда дарёфт.

ДУ ТАҚСИМ ШУДАНИ ДАВЛАТИ САЛҶУҚИЁН. Давлати Салҷуқиён дар охирҳои асри XI – аввали асри XII дорои масоҳати бузург буд. Соли 1118 ба сари ҳокимият омадани Султон Санҷар ба ду давлат тақсим шудани давлати Салҷуқиён рост омад. Ба як қисми он Эрони Ғарбӣ, Ироқ ва Озарбойҷон дохил шуда, пойтахташ шаҳри Ҳамадон буд ва ба қисми дигар Хуросон, Сиистон, Хоразм ва Мовароуннаҳр тааллуқ дошт. Маркази ин қисмати давлати Салҷукиён шаҳри Марв мондан гирифт.

Ба давлати Салчуқиён қабилаҳои қарахитоӣ, ки онҳоро кидониён ҳам меномиданд, муқобилияти сахт нишон медоданд. Соли 1141 дар Катвони наздикии Сомон дар байни лашкарҳои ин ду давлат задухӯрди калон ба амал омад. Дар ин муҳориба Султон Санҷар сахт шикаст хӯрд. Дар натиҷа Мовароуннаҳр ба дасти Қарахитоиҳо гузашт. Аз ҳамин муҳориба сар карда, ҳокимони хоразмӣ оҳиста-оҳиста аз зери итоати Салчуқиён баромаданӣ шуданд, лекин кӯшишҳои онҳо аввал натиҷаи дилхоҳ надоданд.
БАРҲАМХӮРИИ ДАВЛАТИ САЛҶУҚИЁН. Бо вуҷуди ин давлати Салҷуқиён торафт заифтар шудан мегирад. Қабилаҳои кӯчманчӣ сар бардоштанд. Яке аз онҳо оғузҳо буданд, ки ба муқобили бедодгариҳои салҷуқиён шӯриш бардоштанд. Султон Санҷар хост, ки шӯриши оғузҳоро пахш кунад, вале шикаст хӯрда, ба асорати онҳо гирифтор шуд. Ба ӯ муяссар шуд, ки аз зиндони оғузҳо фирор карда, ба пойтахт – шаҳри Марв биёяд.
Бозмондаи қалъаи кӯҳан. Хоразм.
Вале дар ин ҷо дере нагузашта вафот кард. Аксарияти мулкҳои Салҷукиён ба тадриҷ истиқлолият ба даст дароварданд, ки Хоразм ҳам аз ҷумлаи онҳост.
Давлати Салчуқиён соли 1190 барҳам хурд.

ДАВЛАТИ ХОРАЗМШОҲОН

СУЛОЛАИ ХОРАЗМШОҲОН.

Дар Хоразм ҳамагӣ чор сулолаи Хоразмшоҳон вуҷуд доштанд, ки аз ҳама маълумтару пурзӯртари онҳо сулолаи Хоразмшоҳони Бузург мебошанд. Асосгузори ин сулола Анӯштегини Ғалча буд. Ӯ яке аз шахсони обрӯйманди Хоразм ба шумор мерафт. Барои ҳамин Маликшоҳи Салҷукӣ Анӯштегини Ғалчаро ҳокими Хоразм таъйин кард. Аз ҳамин вақт сар карда ӯ “Хоразмшоҳи Бузург” ном мегирад. Баъди вафоти Ғалча набераи ӯ Отсиз вазифаи бобои худро идома дод.

Отсиз ҷанговари номӣ буд. Ӯ бар зидди душманони Салҷуқиён ҷанг карда, борҳо ғалаба ба даст овардааст. Дар баробари ин Отсиз дар бораи аз зери итоати Салчуқиён баровардани Хоразм орзу мекард.

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ХОРАЗМ.

Баъди пурқувват шудани ҳокимияти худ Отсиз муқобилияти худро бо Салҷуқиён оғоз

Зарфҳои шишагин. Асрҳои Х-ХIII. Афросиёб

кард. Кор ба ҷое расид, ки ӯ бар зидди Султон Санҷар се маротиба лашкар кашид, вале сахт шикаст хӯрд. Сарфи назар аз ин бохтҳо рӯҳафтода нашуд. Ӯ ҳис мекард, ки ҳокимияти Салҷукиён суст шуда истодааст ва вақти соҳибистиқлол шудани Хоразм фаро расидааст.

Мақсаду мароми Отсизро писараш Алпарслон амалӣ менамояд. Ӯ ба он муваффақ шуд, ки аввал Хоразмро соҳибистиқлол гардонда, баъд барои забти Мовароуннаҳр лашкар кашида, дар ин роҳ муваффақият ба даст дарорад.

Ба Хоразмшоҳон лозим омад, ки ба Қарахитоиҳо муқобилияти сахт нишон дода, истиқлолияти давлати худро ҳимоя кунанд. Қарахитоиҳо аввал лашкари Хоразмро мағлуб карда, Хоразмшоҳонро тобеи худ гардонданд, вале баъди ба ҷои Алпарслон ба сари ҳокимият омадани Текеш (1172-1200) вазъият тағйир ёфт. Ӯ тамоми чораҳоро андешид, то ки давлати Хоразмшоҳон пурқувват шавад ва лашкари пурзӯр ҳам дошта бошад.
Текеш ба нн мақсади хеш расид. Ӯ дигар ба Қарахитоиҳо хироҷ намедод. Аз ин рафторибебоконаи Текеш Қарахитоиҳо ба ғазаб омада, бар зидди ӯ лашкар кашиданд, вале сахт шикаст хӯрданд. Бо ҳамин Қарахитоиҳо натанхо Хоразмро аз даст доданд, инчунин мавқеи онҳо дар Мовароуннаҳр суст шуд. Аз ин лаҳзаи муносиб истифода бурда, Текеш ба Мовароуннаҳру Хуросон лашкар кашида, ба муваффақияти калон ноил шуд. Ба ӯ муяссар гардид, ки аввал ба Туғрали Салҷукӣ шикаст диҳад ва баъд соли 1196 лашкарҳои халифаро низ торумор кунад,

Солҳои ҳукмронии Текеш давлати Хоразмшоҳон давраи пуриқтидортарини худро аз сар мегузаронд. Дар ин давра кишоварзию ҳунармандӣ, тиҷорат ва илму фарҳанги дав- лати Хоразмшоҳон пеш рафт.

МУҲАММАДИ ХОРАЗМШОҲ.

Баъд аз вафоти Текеш дар давлати Хоразмшоҳон Писари ӯ Муҳаммад (1200- 1220) ба сари ҳокимият омад.
Ӯ ҳамон вақте ба тахти подшоҳӣ нишаст, ки давлати Хоразмшоҳон ҳанӯз пурзӯр буд. Муҳаммад забткориҳои падарашро давом дода, ба муқобили давлатҳои Ғуриён, Қарахониён ва халифаи араб лашкар кашида, ба муваффақиятикалон ноил шуд. Соли 1203 аввал Хуросону Хиротро ишғол кард. Баъд Бухороро ҳам аз Қароҳитоиҳо кашида гирифт. Дар Самарқанд ва Фарғона ҳанӯз ҳам Қарахитоиҳо ҳукмронӣ мекарданд. Онҳо ҳар сари чанд вақт ба ин ҷо ҳуҷум оварда,халқро талаю тороҷ карда, ба мулкҳои азалии худ бармегаштанд. Ҳокимони ин ду вилоят ба пуштибон эҳтиёҷ доштанд. Аз ин рӯ, ҳокими Самарқанд Усмон худро тобеъи Муҳаммад эълон кард. Муҳаммад ҳокимияти худро дар ин шаҳр пойдор намуд. Қарахитоиҳо дигар ҷуръат накарданд, ки ба Самарқанд сар дароранд. Баъдтар Муҳаммад аз Қарахитоихо Фарғонаро ҳам кашида гирифт. Муваффақияти Муҳаммад Хоразмшоҳ дар Бухорою Фарғона аз он сабаб осон буд, ки ӯ бар зидди Қарахитоиҳои бутпараст мубориза мебурд. Аз ин рӯ, халқи мусулмони ин ҷойҳо Муҳаммадро дастгирӣ карда, бар зидди Қарахитоиҳо мубориза бурд.

Дар замони ҳукмронии Муҳаммад ҳудудҳои давлати Хоразмшоҳон ниҳоят васеъ шуданд. Он аз шимолии баҳри Хазар (Каспий) то халиҷи Форс ва аз кӯҳҳои Қафқоз то кӯҳҳои Ҳиндукушро дарбар мегирифт. Муҳаммади Хоразмшоҳ подшоҳи ҳамин империяи бузург ва дорои обрӯю эътибори ниҳоят баланд буд, то он дараҷае, ки ӯро “Искандари Дуюм” меномиданд. Вале иқтидори давлати Хоразмшоҳон дер давом накард. Дар оғози асри XIII давлати Муғулташкил ёфта,барҳамзанандаи ин давлат гардид.

test

Добавить комментарий