Давлати Саффориён

СУЛОЛАИ САФФОРИЁН.

Асосгузори давлати Саффориён бародарон Яъқуб ва Амр мебошанд.

Падари Яъқуб ва Амр Лайс ном дошта, касбаш мисгар буд. Барои ҳамин ҳам ӯро аввал “Лайси Мисгар” ва баъд танҳо “Мисгар” ном мебурданд. Яъқуб ва Амрро писарони Мисгар номида, номи Лайс аз нстеъмол баромала, бо Ҳамин ин сулоларо “Саффориён” меномидагӣ шуданд.
Ҳукмронни сулолаи Саффориён хеле тӯлонӣ буда, аз Яздигурд оғоз ёфта буд ва ба он Баҳроми Гӯр. Яздигурд (ӯ насли сеюм аст), Фирӯз, Қубод, Хусрави Анӯшервон, Ҳурмуз, Хусрави Парвиз, Қубод, Ардашер, Кайхусрав, Моҳон, Ҳотам ва Муъаддил идома бахшидаанд. Саффориён сулолаи тоҷикӣ аст.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ САФФОРИЁН.

Давлати Саффориён ХуросониБузургро дар бар гирифта, пойтахташ шаҳри Сиистон буд. Тафсили таъсиси ин давлат чунин аст. Соли 851 Солеҳ ном шахс бар зидди Тоҳирнён шӯриш бардошта, Сиистонро ба даст медарорад. Яъқуб ибни Лайс ҳангоми ин шӯриш дар артиши ӯ хизмат мекард. Бинобар ҳамин сабаб Солеҳ ба бародарон Лайсҳо дар лашкараш вазифаҳои баландро дод. Онҳо бо ҳамроҳии Солеҳ дар чандин муҳорибаҳо ширкат варзида, дар ин роҳ соҳиби таҷрибаи бой шуданд. Аз байн чанд сол гузашг. Бо ким-кадом сабабе Яъқуб ва Амр бар зидди Солеҳ исён бардошга, ӯро аз ҳокимият маҳрум намуданд ва баъд аз Сиистон пеш карданд.

Яъқуб дар Сиистон ҳокимиятро ба даст дароварда, ба Бӯст бар зидди Солеҳ лашкар кашида, ӯро ба қатл расонд ва ин вилоятро ба Сиистон ҳамроҳ кард. Аз ин муваффақияти худ рӯҳбаланд шуда, Яъқуб ба Хуросон лашкар кашид ва Фушангу Ҳиротро ба даст даровард. Акнун дар Хуросон дигар касе пеши

Харитаи давлати Саффориён.

роҳи ӯро гирифта наметавонист. Соли 873 Яъқуб шаҳри Нишопурро ба даст дароварда, хонаводаи Тоҳириёнро асир гирифт ва ҳамин тавр давлати Тоҳириёнро аз байн бурд. Ҳамин сана соли таъсиси давлати Саффориён ба ҳисоб меравад.

МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ХАЛИФА ВА ЯЪҚУБ. Аз давлати Тоҳириёнро барҳам зада, Хуросонро ба даст даровардани Яъқуб халифа Мӯътамид ба хашм омад ва ба Яъқуб лаънат хонд. Аз тарси он ки Яъқуб Мовароуннаҳрро ҳам забт накунад, халифа саросемавор онро ба идораи Наср нбни Аҳмади Сомонӣ супорид. Шояд Яъқуб барои он ба Мовароуннаҳр лашкар накашид, ки дар он ҷо намояндагони сулолаи дигари тоҷикӣ – Сомониён ба ҳукмронӣ оғоз карда буданд.

Давлати Саффориён дар муддати кӯтоҳ пурзӯр шуд. Халифа ҳис кард, ки Яъқуб ӯро аз тоҷу тахти хилофати Аббосиён маҳрум мекунад. Аз ҳамин сабаб маҷбур шуд ҳокимияти Яъқубро дар қаламрави ишғолкардааш эътироф кунад. Ба замми ин соли 873 бо хоҳиши том вилоятҳои Хуросон, Табаристон, Гургон, Форс, Кирмон ва Сиистонро низ ба Яъқуб супорид.

Сарфармондеҳи артиши Саффориён. Акс аз “Сиистоннома”.

Сарфи назар аз ин некии Мӯътамид, Яъқуб аз ниятибарҳам задани Хилофати Аббосиён даст накашид. Бо ҳамин мақсад соли 879 ба Бағдод лашкар кашид, вале дар роҳ бемор шуда, аз олам чашм пӯшид.

ДАВЛАТИ САФФОРИЁН ДАР АҲДИ АМР. Баъд аз вафоти Яъқуб ба тахти подшоҳии Саффориён додараш – Амр нишаст.

Ӯ ҳамон замон муносибатҳои давлати Саффориёнро бо халифа ба роҳи дӯстию рафоқат ва ҳамкорӣ ворид намуд. Мӯътамид аз ин рафтори Амр шод шуда, бори дигар давлати Саффориёнро ба расмият шинохт. Халифа ба Амр бовар карда, идораи вилоятҳои Форс, Кирмон, Исфаҳон, Кӯхистон, Гургон, Табаристон, Гур, Балх, Кобул, Сиистон, Синд ва Мовароуннаҳрро аз нав расман ба ӯ супорид.

Дар баробари ин халифа Амрро вазифадор кард, ки ба хазинаи Бағдод соле 20 миллион дирам хироҷ супорад.

Амр ибни Лайс Сомониёнро, ки халифа қаблан дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳоким таъин карда буд, аз вазифа дур накарда, баръакс, бо онҳо ҳамкорӣ кард.

Расми 49.Аскари гурздори аҳди Саффориён. Акс аз “Сииспюннома”

Масалан. Наср ибни Аҳмади Сомониро ба ҷанги зидди курдҳо фиристод. Наср ин супоришро иҷро карда, Аҳмади Курдро асир гирифт. Баъди ин пирӯзӣ Наср супориши дигари Амрро низ иҷро кард. Ӯ аз номи Саффориён ба хазинаи хилофат 4 миллион дирам супорид. Баъди ин боварӣ ва эътиқоди Амр ба хонадони Сомониён боз ҳам афзуд. Ин буд, ки Амр идораи вилоятҳои Форсу Кирмонро ҳам то муддате ба Наср ибни Аҳмади Сомонӣвогузор кард.

Аз муносибати хуби ду сулолаи тоҷикон – Саффориён ва Сомониён душманони онҳо дар ташвиш афтода, дар байни Амр ибни Лайси Саффорӣ ва халифа низоъ андохтанд. Дар натнҷа халифа Мӯътамид номи Амрро аз ҳокимии Хуросону Мовароуннаҳр хат зад. Амр фармуд, ки дар қаламрави давлаташ мусулмонон номи халифаро дигар дар хутба ба забон нагиранд. Халифа бар зидди Амр лашкар фиристод, вале шикаст хӯрд. Халифа маҷбур шуд, ки ҳокимияти ӯро аз нав эътироф кунад. Амр аз халифа Мовароуннаҳрро талаб кард. Лекин ин талаб ба халифа хуш наомад.

Халифа дид, ки Амр саркаш ва беэътимод аст ва барои ӯ Сомониёни тобеъ беҳтар намуданд. Барои ҳамин Хуросонро ҳам ба сулолаи Сомониён доданӣ шуд.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ДАВЛАТИ САФФОРНЁН.

Халифа Исмоили Сомониро дастгирӣ кард. Ин буд, ки Исмоил ба муқобили Амр лашкар кашид. Қӯшунҳои Исмоил ва Амр дар шаҳри Балх рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин муҳориба Исмоили Сомонӣ ғолиб баромада, Амрро асир гирифта, ба халифа супурд. Амр Соли 900 ё 902 дар зиндони халифа вафот кард.

Баъди вафоти Амр давлати Саффориён тамоман заиф шуд. Набераи Амр Тоҳир, ки ба тахти подшоҳии Саффорнён нишаст, қудрати аввалаи ин давлатро аз нав барқарор карда натавонист. Соли 908 Субкорӣ ном ғуломи Тоҳир ӯро бо ҳамроҳии бародараш асир гирифта, ба халифа супурд. Хамин тариқ, давлати Саффориён пурра аз байн рафт ва дар Хуросон ҳам ҳокимият ба дасти Сомониён гузашт.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.