Фанни Таърих

Фан, мавзӯъ ва таълимоти фанни таърихи динҳо. Фарҳанг

 

Шакли аввалин ва ибтидоии дин ва диндории ҷомеаи инсонӣ аз эътиқод ва парастиш сар зада бошад ҳам, дар доираи вақт дарваҳои гуногунро дарбар мегирад. Чунки раванди таърихии сукунатгардии сайёраи замин якхела ва дар як сатҳу бо як натиҷа набудааст. Аз ҷумла, масъалаи пайдоиш, паҳнгардӣ, таҳаввулот ва таълимотҳои динӣ ҳам чунинанд. Яъне баъзе митақаҳои ҷаҳон дар замонҳои хеле қадим агар митақаи сукунати одамон қарор гирифта бошад ҳам, вале суръати пайравии тафаккури аҳолии онҳо нисбати минтақаҳое, ки сукунатгардии онҳо хеле дер будааст, қафомондаанд. Асосан ин ҳолатро дар зинаи авали ташаккулёбии тафакукури динӣ дида мешавад. Имрӯз илм марказҳои тамаддуни ҷаҳонро вобаста ба масъалаи баҳс – ибтидои тафаккури динии инсоният ҳам ҳудудбандию даврабандӣ кардаанд.

Марказҳои тамаддуни динҳои қадима, миллӣ-давлатӣ ва ҷаҳонӣ-имрӯз Миср, Бобул, Ҳиндустон, Хитой, Эрони бостон, Юнон, Рим(Италия), ниҷазираи Арабистону Шарқи Наздик (Фаластин, Изроил, Сурия, Лубнон) эътироф гардидаанд. Сабаби эътирофи ин минтақаҳои тамаддуни динӣ ин пеш аз ҳама аз нуқтаи назари бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, забоншиносӣ таърихшиносӣ, фалсафа хубтар омӯхта шудани ин минтақаҳо ва боқӣ мондани ёдгориҳои моддӣва хаттии он давра дар ин минтақаҳо мебошад.

Агар сухан аз таърихи пайдоиши шаклои ибтидоии эътиқоду парастиш равад,аҳолии кураи замин ин зинаи ҳаёти ҷамъиятиро аз сар гуразонида, давраи гузариши он аз давраи ҳаёти тӯдагии ҷамъият ба ҳаёти авлодӣ ба амал омадааст. Сохти тӯдагӣ ва авлодӣ бошад, дар ҳар як митақа ва қитъа дар давраҳои гуногун шуда гузаштааст. Ҳатто гуфта метавонем, ки ибтидои ин тамоил Океания ва Африка барвақтар, дар Осиё, Аврупо Австралия ва Америка баъдтар будааст. Вале гузариш ба соти синфӣ ва таҳаввулион бештар дар Осёву Аврупои ҷанубӣ-ғарбӣ тезтару барвақтар ва дар Африкаю Америка ва Австралияю Океания дертар будааст.

Дар таърихи ҷамъият як давраи тулонии ҳаёти ҷамъияти бединӣ ҳам будааст. Ба давраи бединии ҳамъият ҳаёти давраи тӯдагии инсонҳо рост омада, инсони ибтидоӣ (питекантроп) тафаккури ибтидои инсонӣ пайдо карда истода буду хулқу атвори ҳайвониаш аз байн рафта истода буданд ва албатта ӯ тафаккури динӣ надошт.

Дин бояд ҳатман аз рӯи фаҳмиш, шуур, идеология, мақсад ва ғайраҳо шарҳ доада шавад. Дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятиест, ки ҷамъият он шуури ҷамъиятиро вобаста ба дараҷаи маълумоташ, муҳити зисташ ва атрофу сиёсати давру замонаш ба тариқи худ дарк мекунад, шарҳ медиҳад ва риоя менамояд. Шуури ҷамъиятиест, ки агар берун аз муҳит, давру замон ва сиёсат нест ва буда ҳам наметавонад, вале бештар хусусияти ҷамъиятӣ дошта бошад ҳам зуҳурёбии он фардист.

Шарҳи дин дар таълимотҳои динӣ ин эътиқод, системаи эътиқод, маросимҳо, анъанаҳоеанд,ки пайдоиши азалӣ-самовӣ дошта, ҳамчун фармудаи Худо ва ё қувваи фавқултабӣ амал мекунанд ва ба олами ҳасӣ ягон вобастагие надоранд. Дин яке аз шаклҳои худшиносӣ ва табиатшиносии инсон буда, аввалин шакли шуури ҷамъиятии инсон будааст. Дар ҷомеаи имрузаи Тоҷикистон шарҳи маънои луғавии динро ҳамчун падидаи ҳамъиятӣ, тамаддуние, ки дар инкишофи таърихи ҷамъияти инсонӣроли худро бозидааст, таъбир карданаш ба ҳақиқат наздик қобили қабул шуда метавонад. Яъне дин як шакли шуури ҷамъиятӣ,падидаи ҷамъиятиест, ки аз надонистану нафаҳмидани ҳодисаҳои табиату ҷамъият ва озодии худ дар назди ин ҳодисаҳоба вуҷуд омада, дар вобастагӣба донисташавӣ ва донисташавандагӣ будани ин ҳодисаҳои табиату ҷамъият инкишоф меёбад. Яъне ҳон ҳодисаҳое, ки дониста мешавад ба дониш табдил меёбаду оне, ки ҳоло нашудаанд ба парастишу саҷда.

Фарҳанг дар ҳаёти инсоният бе аз пеш мавқеи зиёдеро ишӯол менамояд. Фарҳанг натанҳо дорои маънои васеъ-тамоми дастовардҳои башарият, блки он чизе , ки дар сатҳи шуури муқаррарӣ чун фарҳпнг муаррифӣ гардидааст, монаниди: маърифатнокӣ, маълумотнокӣ, покдилӣ, раҳмдилӣ ва ӯайра. Адами чунин сифатҳо, ё норасоии онҳо дар ҷомеа аллакай эҳсос гардида, ҳамеша як мушкилотва нороҳатиро вориди ҳаёти мо мегардонад. Барқарор намудани ин сифатҳо ва бартараф намудани норасоиҳотанҳо дар он маврид мумкин аст, ки таҷибаи дар масири таърих азхуднамудаи инсониятро, ки аз тарафи чандин наслҳо маҳфуз гардидааст, аз худ намоем. Бинобарин масъалаи аввалиндараҷаие, ки пешоруи мо қарор дорад, ин масъалаи донистани маъно ва мафҳуми фарҳанг мебошад.

Агар зери мафҳуми ҷамъияти маҷмӯи мардумон фаҳмида мешавад, зери мафҳуми фарҳанг маҷмӯи натоиҷи фаъолияти онҳо дар назар дошта мешавад.

Олимон фврҳангро ба якчанд гурӯҳ тасниф намудаанд: фарҳанг- ин маҷмӯи шаклҳои фаъолият, урфу одат ва бовариҳо мебошад. Ба гурӯҳи дуюм он муқарароте, ки фарҳангро ба анъана, ё мароси иҷтимоии ҷамъият мепайвандад,ворид гардидааст: фарҳанг маҷмӯи амалиёт ва эътиқоди иҷтимоии бамеросмонда, ки муайянкунандаи моҳияти ҳаёти мо мебошад. Дар гурӯҳи сеюм аҳамияти қоидаҳои фарҳангие, ки муттаҳидкунандаи рафторҳои инсонӣ мебошад, қайд карда мешавад. Дар мавридҳои дигаролимон фарҳангро чун воситаи мутобиқаткунонии ҷамъият ба муҳити табиӣ медонистанд, ё ки қайд мекарданд, ки фарҳанг маҳсули фаъолияти одамон мебошад.

Баъзан оиди фарҳанг сухан ронда, онро ҳамчун маҷмҳи рафторҳои бадастомада, ки ба баъзе гурӯҳҳо, ё ҷамъият хос буда, аз насл ба насл интиқол дода мешавад, маънидод мекунанд. Табиист, ки дар фарҳанг ҳамаи он чизеро ки ақли инсонӣ ва дасти он сохтааст дохил мегардад.

Он чизе, ки барои такмили олами моддӣ ва маънавии инсон мусоидат мекунад, фарҳанг номида мешавад. Фарҳанг маҷмӯи донишҳо, эътиқодот, санъат, ахлоқ, қонунҳо, расму оин ва дигар қобилияту истеъдодҳо мебошад, ки аз тарафи инсон ҳамчун аъзои ҷамъият,аз худ карда шудаанд. Фарҳанг – маҳмӯи рамзҳо, эътиқодҳо, арзишҳо, меъёрҳо мебошад. Дар он табиати хоси ин ё он ҷомъият, миллату гуруҳ ифода ёфтааст. Бо ҳамин сабаб ҷамъият, миллат ва гуруҳҳо маҳз аз ҷиҳати фарҳангӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Фарҳанги мардум-ин тарзи ҳаёт, либос, зист,фолклор, фаҳмишҳои маънавӣ, эътиқодҳо,забон ва ғайра мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *