Решаҳо ва ангезаҳои дин,табақабандии дин

 

Дар илми диншиносии муосир доир ба пайдоиши динҳо ду ақида-ақидаи идеалистӣ -динӣ ва наздик ба он илмӣ – материалистӣ вуҷуд дорад. Ақидаи динии пайдоиши динҳо дар шарҳи динҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ(зардуштия, ҳиндуия, яҳудия, буддоия,насрония ва ислом) хеле содда ва яктарафа таъриф шудааст. Яъне дин гуфта маҷмӯи эътиқодҳо, парастишҳо, боварӣ, ибодат, фармудаҳои Худоро дар назар доранд, ки иҷрои он шарт ва ҳатмӣ буда, подошташ саодатмандии инсон ва иҷро накарданаш ҷазою азоби охират маънидод мекунанд.

Таърифи идеалистии дин, ки асосан фалсафаи динро дар бар мегирад, динро як намуди фаъолият эълон карда, вуҷуд доштани онро азалӣ, воқеӣ ва матереалӣ медонанд.

Материалистон бошанд, динро ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ дониста, пайдоиши онро маҳсули паст будани таҷрибаи инсон, яроқи меҳнати ӯ, истифода бурда натавонистани табиат, оҷизии инсон дар назди қувваҳои табиат (ба мисли обхезиҳо, заминларзаҳо, бодҳо, касалиҳо, марг) медонистанд. Ин бетаҷрибагию оҷизӣ ба назари инсони ибтидоӣ як қуввуи ғайритабиӣ, асроромез, даҳшатнок ва воқеӣ менамуд. Инсон хоҳу нохоҳ ба ин қувваҳо боварӣ мекард ва илтиҷои наҷот, гузашт кардан ва ҳатто ҳимояи худро аз онҳо металабид. Ин ҳолат боиси пайдо шудани эътиқодҳою парастишҳо ва саҷдакуниҳо ба табиату ҳодисаҳои табиат ва мӯъҷизаҳо овард.

Яъне одами ибтидоӣ дар тафаккури худ дар марг, касалӣ, раъду барқ, заминларза, сайёраҳо ва ҳама воқеаҳои табиат вуҷуд доштани қувваҳоеро реалӣ медонист ва табдилёбии он қувваро ба мавҷудоти ҷудогонае низ боварӣ дошт. Ин ҷудошавӣ ва табдилёбии фикр ба мавҷудоти ҷудогогна, дар оянда онро дар ягон образ таҷассум мекарданд. Аз ин фикррониҳо ва ҷудошавиҳо аз воқеати реалӣ образҳое ба вуҷуд омаданд, ки инсон онҳоро ё аз тарс ё барои осон кардани мушкилоте, ё барои ҳимояи вай ноил гардидан ба парастиш кардан сар кард. Ин эътиқоду парастиш аз зинаи ибтидоӣ ва динҳои аввала ва баъд ба динҳои миллию ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Яъне манбаи асосии пайдоиши дин ин худ таҷрибаи ҷамъиятии инсон аз кӯшиши ӯ барои донистани воқеаҳои барояш номаълум, ки ин таҷриба ду равандро: бартарии шароити объективии ҳаётро аз болои ҷамъият ва бартарии ҷамъиятро аз болои олами объективӣ собит мекунад. Яъне дар ҳолати якум инсон побанди табиат асту дар ҳолати дуюм инсон идоракунандаи табиат ба ҳисоб меравад. Тафаккури динӣ натиҷаи таҳаюлоти хаёлии инсон мебошад. Дуршавии таҳаюлоти (фантазия) инсон аз воқеият вуҷуд дорад ва табдилёбии ин таҳаюлот ба чизи реалӣ-Худо табдил ёфтааст. Яъне дин як чизи мукаммал ва реалӣ набуда, он зина ба зина инкишоф ёфта ба таълимоти мукаммали имрӯзаи худ расидааст.

Аксари динҳои ҷаҳон агарчӣ пайдоиши таърихи динро инкор мекунанду онро азалӣ ва фармудаи илоҳӣ эълон доранд, вале ба рафти инкишофу ташаккулёбии дин қоиланд. Яъне зардуштия, яҳудия, буддоия, насрония ва ислом тамоми давраи то зуҳури худро давраи гумроҳиҳо ва нашинохти Худо донистааанд.

Илм бошад, ташаккулёбии динро вобаста ба инкишофи ҷамъият эътироф дорад ва давраи бединии ҷамъиятро низ медонад ва шарҳи онро ҳам дорад. Ин раванди ташаккулёбии динҳоро ба давраҳои бединӣ, динҳои ибтидоӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ ҷудо менамояд.

Аввали тафаккури динӣ ин эътиқод аст, ки онро решаи дин низ мегӯянд. Решаҳои дин-ин маҷмӯи хусусиятҳои сириштиву табиӣ ва маърифатию психологии инсон ва иллату сабабу омилҳое, ки дар тарзи зиндагии иҷтимоию иқтисодии инсон вуҷуд дорд, мебошад. Дин ва диндории ҷомеа ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ решаҳои фитрӣ(табиӣ), маърифатӣ, иҷтимоӣ, психологӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ мебошад.

Решаи фитрии пайдоиши динро пеш аз ҳама шароиту омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва психологии инсон ташкил медиҳад. Диндорон бошанд фитрияти инсонро иродаи илоҳӣ меҳисобанд, яъне дин ҳам фитрӣ(азалӣ) аства решаи фитриро набояд чун модда шинохт. Фитрияту диндорӣ фақат хоси инсон аст. Чунки то кунун дар табиат ба ғайр аз инсон дар ҳеҷ як махлуқоти дигар гароиши динӣ мушоҳида нашудааст. Дин дар фитрати инсон реша дорад, вале танҳо вақте зуҳур мекунад, ки ангезаҳои дигар- шароити иҷтимоию маърифатӣ вуҷуд дошта бошад. Борои зуҳури диндорӣ боз решаи маърифатӣ лозим аст.

Решаи маърифатии дин аз ҷустуҷеи инсон дар роҳи шинохти ҳамагуна ҳақиқат ва шинохти ҳақиқати ҳастӣ-олам ба вуҷуд меояд. Худшиносӣ инсонро ба худшиносӣ овард. Инсон таъғироту ҳаракатҳоро ба воситаи шуури худ месанҷад ва хулоса мекунад ва хулосаашро ҷамчун воқеият ҳам пиндошта метавонад. Ӯ барои худ ҳар сурате, маъное, таълимоте мехоҳад месозад. Борои сохтани ин сурат, маъно ва таълимот пуштибоне берун аз табиат меҷуяд.

Дар ин марҳила инсон барои қонеъ гардонидани талаботҳои иҷтимоии худ рӯ ба сеҳру ҷоду, тумору дуо ва рӯҳоният овард.

Сабаби дигари пайдоиши тафаккури динӣ ин решаҳои психологии ҷомеа мебошад. Онҳоро бештар дар ҳолатҳои эҳсосоти инсонӣ чун тарс, ҳаяҷон, мусибат, муҳаббат, умеду навмедӣ, дар ҳолатҳои азобҳои рӯҳӣ ва виҷдонӣ бештар ба вуҷуд меояд.

Ба ғайр аз решаҳои номбурда решаи таърихӣ-омили меросияти дину диндорӣ, қабули дин ба воситаи ахлоқу фарҳанг, одоб, расму оин ва суннатҳо низ мавҷуд аст. Решаҳои пайдоиши динҳо дар дар илми диншиносӣ аз замонҳои қадим то кунун назарҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст, ки то ба номҳои назариёти мактабҳои натуралӣ, сотсиологӣ, мифологӣ, фрейдизм, марксизм, илоҳиётӣ маълуманд. Вале ҳеҷ як омилҳои номбурдашуда ба танҳоӣ динро ба вуҷуд оварда наметавонад. Динҳо танҳо дар натиҳаи амали якҷояву робитаи диалектикии сабабҳои зикршуда метавонад ба вуҷуд ояд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.