Фетишизм ва тотемизм

 

Ҳама гуна амалу ҳаракат ва фикру таҳаюлоти инсон дар натиҷаи таҷриба ба амал меояд ва сайқал меёбад. Яъне инсон дар умри худ ба бисёр воқеаҳою ҳодисаҳои табиат борҳо рӯ ба рӯ мегашт ва ин иртибот инсонро ё истифода бурдан ва ё ҳимоя кардан аз онҳоро ёд медод. Ин таҷриба аз насл ба насл гузашта ба одат, анъана, дониш ва дигаре ба эътиқоду парастишҳо табдил меёфтанд.

Аз сабаби дарк накардани ҳодисаҳои табиат ва паст будани тафаккури одамони ибтидоӣ тарсу ваҳм, эҳтирому парастиш ва эътиқод ва ситоишу саҷда намудан ба вуҷуд омада ба расмият даромад. Бархе аз онҳо ба нахустин қонун ва гувоҳияти башар табдил ёфтанд. То ба сатҳе, ки дар фаҳмиши инсон ҳама ҳодисаҳои табиат, ки инсон онро хоҳ барои мудофиаи худ, хоҳ барои даруи кунҳковӣ ва ё амали меҳрубонона истифода мебурд, ҳама ҷон (ба маънии зинда будан) доранд ва худ холиқанд ва ё холиқшудаи қувва ва неруе ё қувваҳо ва нерӯҳои ғайритабииюсамовӣ дониста, шинохта ва эътироф гардид.

Тасаввуротҳои динӣ ба ду қисмат ҷудо мешуданд: аввалаш, ба тасаввуротҳои ашёӣ, ҳодисаҳои табиат ва тасаввуротҳои иҷтимоӣ; дуюмаш, ҳаёт, иқтисодиёт, маишат, ҳокимият. Яъне системаи таълимоте дар бораи табиату ҷамъиятба вуҷуд меояд, ки он фақат заминаи эътиқодӣ, динӣ буда метавонист. Ҷавҳари онро бошад қонуну қоидаҳои ахлоқие ташкил медоданд, ки ба эҳтироми тартиботи ҷорӣ равона шуда буданд. Дар ин давра динҳои ибтидоӣ ба мисли анимиз, фетишизм, тотемизм ва соҳирӣ (магия) пайдо шуданд.

ФЕТИШИЗМ. Фетишизм асосан калимаи фаронсавӣ буда, маънои луғавиаш бут-тумор мебошад. Чӣ тавре, ки ба тадқиқотҳо ва мушоҳидаю назоратҳои сайёҳону олимон, савдогарону ҳарбиён дар асрҳои XV-XVIII нишон додаанд, шаклҳои бутҳо бениҳоят зиёд, гуногунҳаҷм ва тариқи гардонидану парастишашон ҳам гуногун будаанд ва дорандагону парастишгарон онҳоро фақат бо мақсади муайяне парастиш мекарданд. Аз ин рӯ, ин давраи ҳаёти ҳамъиятиро қариб ҳамахалқҳои қадима ва минтақаҳои тамаддуни инсонӣ аз сар гузаронидаанд. Вале бут- ин модда, чиз, ашё мебошад, ки аҳамияти иҷтимоӣ надорад. Яъне одами ибтидоӣ дар бут парастиш, эътиқоди динии худро ба хусусияти фавқуттабиӣ ё мовароуттабиии ашё ифода мекард. Ба ибораи дигар, инсон нисбат ба ашёи эътироми наздик, чун ба муқаддасоте доштанд ва қоил буданд. Ҳатто боварӣ доштанд, ки бутҳои онҳо дорои қувваи сеҳрнок ҳам ҳастанд. Ба сифати бутҳо фетишҳо сангрезаҳо, сангҳои осмонӣ, устухонҳои гуногун, косахонаи сар, чӯбҳои аҷиб, шохҳои ҳайвонот, нишонаҳо аз пари паррандагону нишонаҳо аз хазандагон ва умуман ҳама чизҳо истифода менамуланд. Нишонаҳои бутпарастӣ дар байни ҳама халқҳои динҳои сайёра то ҳол ҳам дида мешавад. Бутпарастон ба ҳайкал муҷассамааҳои Буддо саҷда мекунанд ва барояш туҳфаҳо медиҳанд. Мусулмонон санги сиёҳи қаъбаро (ҳаҷал –ул-асводро), ки яке аз «шаъайир»-и Оллоҳ дар ислом аст, зиёрат мекунанду тамору бозубанд мегардонанд. Насрониён дар гардан салибу дар хонаву калисо аз иккона мадад мепурсанд. Ҳамаи ин эътиқодҳо нишона аз фетишизм мебошад. Мешуд, ки ин бутҳо- туморҳородорои як рӯҳи махфӣ ва ғайбӣ дошта медонистанд ва барои дар коре ба мақсад расидани худ ба онҳо муроҳиат ҳам мекарданд. Агар рафту орзую умедҳои шахс аз пурсишу парастиши бут амалӣ намегашт, муносибати шахс ба буташ тағйир меёф. Буташро таъна мекард, танбеҳ медод ва ҳатто мезад. Агар дуюмбора боз аз буташ комёб нагашт аз ӯ рӯ гардонида бути дигаре интихоб мекард. Ё фикр мекард, ки рӯҳи бутаро бути дигари қудратноке ба худ тобеъ кардааст ва ё аз буташ рӯҳи ғайбӣ хориҷ шудааст. Ҳамаи ин ҳодисаю ҳолатҳои бутпарастию ивазкунӣ ва ҷудошавӣ аз онро дар аҳолиҳои

. Бутпарастӣ ба шакли дигари эътиқоддинӣ-анимизм, ҷон, рӯҳпарастӣ назик аст.

ТОТЕМИЗМ. Тотемизм ҳамчун мафҳуми динӣ ба забони дин дар асри бумии Амрико ва Австралия инчунин дар Африка мушоҳида шудаанд.

Хулоса бутпарастӣ яке аз шаклҳои эътиқодӣ динии ҷамоаи ибтидоӣ маълум аст XVIII аз забони ҳмндувони Америка ворид гардида, маънои луғавиаш «авлоди вай» мебошад. Яъне тотемизм як навъ эътиқоду боварӣ ва маросимҳои динии одамони ибтидоӣ аст, ки асоси онро боварӣ ва вуҷуди робитаҳои авлодӣ ва хешовандӣ байни инсон ва ҳайвонот, ҷонварон, растаниҳо ва умуман табиату муҳити атроф дар иртиботи бевосита буда медид, ки табиати атроф ҳайвоноту наботот бо ӯ наздикӣ дорад. Ҳамин эҳсоси наздикӣ ва вобастагӣ бо ҳайвоноту наботот сабаби пайдоиши эътиқод ба вуҷуди робитаи хешовандӣ ва авлодӣ байни авлоду ягон навъи растанӣ ё ҳайвон мегардад. Ақидаи табу-табдилёбии ҷон, рӯҳ, арвоҳ ба одам ва атабиат қисми асосии тотемизм аст.Ҳар авлод тотеми худро интихоб мекард ва шахс тотеми худро аз дасти модар мегирифт.

Мушоҳидаи тотемизми бумиҳои Америка, Австралия ва Зеландияи Нав нишон дод, ки ба сифати тотемаи авлодҳо муш, қурбоқа, шабпарак, рӯбоҳ, гург, саг ҳама намуд паррандагону хазандагон будаанд.

test

Добавить комментарий