Динҳои миллӣ-Давлатии Хитой

Конфутсизм.

а) Конфутси ва конфутсизм.

Моҳияти асосии иҷтимоӣ ва динии конфутсиягӣ ин суст кардани таъсир ва мавқегирии дин аз як тараф ва пурзӯр кардани таъсир у мавқеи ибтидои ахлоқбуда ва ин раванди ҳамбастагии динӣ –ахлоқиро тобеъ намудан ба талаботи иҷтимоӣ-маъмурии давлат буд. Яъне конфутсиячигӣ мехост, ки коҳин руҳониро аз вазифа ва манзалати ҳамчун пайвандгирии байни худованд ва шаххсият, ки ба динҳои дигар хос аст, ба пайвандгар алоқагарии типи дигар –Осмон –ҳамчун нишонаи тартиботи олӣ ва ҷамъияти заминие ки ба накӯкор, неккирдор асосёфтааст, табдил диҳад. Ин вазифаро Конфутсии (551-479) дар таълимоти худ ҷой до два ба дини давлати миллӣ ва ҳаёти иҷтимоии Хитой барои ҳазорсолаҳо табдил дод.

Ҷиҳати характерноки дини конфутсияро вуҷуд надоштани ҳеҷ гуна ривояту ҳадисе дар бораи илҳом, вайҳӣ, самовӣ будани мазмуну мундариҷаи китобҳои муқаддас ва ё таълимоти ин дин ташкил медиҳад. Инчунин худи шахсияти Конфутси ҳам ягон иртиботе ба таъиноти таърихӣ-динӣ вобаста нест. Ӯ фақат муаллими мазҳабию ахлоқисту бас. Пас, ӯ кист.

Конфутсӣ номи пурааш Кун- қзи (551-479) буда аз оилаи коҳини (муфлисгашта ва ё деҳқони муҳтараме дар вилояти Луба ба дунё омадааст.Дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, модараш барои таълиму кӯшиш кардааст.

Рағбати ӯ ба шеър, ривоятва мусиқии чинӣбеандоза будааст. Аз тангии зиндагонӣ ӯдар 17солагӣ таҳсилро тарк карда,ба кори амбордорӣ машғул мешавад. Дар 20 солагӣба кори давлатӣ ҷалб мегардад ва ҳамон сол хонадор мешавад. Дар 22 солагӣ мактаби худро мекушояд. Дар 50 солагӣ ба вазорат мерасадва мехоҳад,ки ҷомеаро бунёд намояд,ки аз диди ӯҷомеаи армонҳо ҳам барои ҳокимон ва ҳам омма бошад.

Вале ҳокимони давру замон ӯ дар даврае дарк накарданд ва ҳатто таъқиб ҳам карданд. Ӯ чанде аз ватанаш Лу берун зиста ба эҳтироми Ҳокимони беруна ноил гардида буд. ФаҚат соли 484 ҳокими Лу ӯро ба ватанаш баргардонд ва то соли 479 Конфутсӣ ба ҷамъоварию тартиб додани таълимоти худ банд будааст.

Аз эъҷодиёти ва мероси Конфутсӣ «Панҷкитоб» ва «Чоркитоб» дар таҳрирҳои зиёде то ба мо омада расидааст. «Панҷкитоб»-и ӯ «Ӯ-тзин» бо номҳои «Шу-тзин» (китоби таърих), «Ши-тзин» (китоби шеър), «Ли-ши» (китоби шиорҳои маросимӣ), «И-тзин» (китоби табаддулот) ва «Чун-тсю» (солномаи баҳору тирамоҳ) маълуманд, кич ори аввал маҷмӯае аз мутахаботи ҳикматҳо ва гуфтаҳои гузаштагон дониста мешаванду «Чун-тсю» – ро эҷоди шахсии ӯ медонанд.

Мувофиқи маълумотҳои муҳаққиқон «Чор китоб» – и ӯ аз осори гузаштагон ва гуфтаҳо ва навиштаҳои худи ӯ иборат мебошанд, ки худи ӯ барои шогирдонаш гирд оварда буду китобат намуда будаанд. Баъдтар онҳоро шогирдонаш ба табъ росонидаанд, ки аз «Лун – ю», «Да – сюе», «Мен» (ё «Чунг – юанг») ва «Ментсизн» иборат аст.

«Лун-ю» муҳимтарин осори Конфутсия буда, он аз калимот ва гуфтаҳои ҳикматомез ва саволу ҷавоби мухталиф бо шогирдонаш таркиб ёфтааст.

«Да – сюе» бошад қисмате аз «Китоби одоб» – «Ли Чи» ва шарҳу пуррасозии Конфутсӣ буда ба илми одоб, ки «Илм ё таълими бузург» ҳам номида шудааст, бахшида шудааст. Асоси ақидаи ин китобро усули таҳзиби ахлоқ ва худтакмилдиҳиву худсозии инсон ташкил медиҳад.

«Мен» (ё «Чунг-Юанг») ҳам қисме аз китоби «Ли Чи» ва иловаҳои Конфутсӣ оиди риояи ҳамоҳанги ва мувозинат дар ҷамъият мебошад.

Китоби чорум, ки «Ментсизн» ном дорад,офаридаи шогирди Конфутси –Мен-Тсизн мебошад. Дар ҳамаи ин китобҳо ақидаи асосӣ –ин ба ҳамоҳанг ,мувозинат,осоиш, раҳм, шафқат, мусолеҳа,муросо, мудоро овардани ҷамъияти он давраи Хитой аст, ки бе баёни он фаҳмидани ин даъво душвор аст.

Ҳаёти ҷамоавие, ки дар давраи ҷомеаи ибтидоӣ дар Хитойи соҳили Хуанхэ ҳукмрон буда, ки ба маънавиёту нормаҳои ҳаёти патриархалӣ –авлодии замона алоқаманд,ва ба ҳокимониу коҳинон таалуқдошта, акнун аз байн рафта истода буданд.Инчунин ба ҷои муносибатҳои авлодию табақавӣ муносибатҳои нави ҷамъиятие ба вуҷуд омада истода буд, ки онро муносибатҳои давлатдорӣ меномиданд, ба вуҷуд омада истода буд. Сардорони он бошанд, ки аз табақаи нави ҳокимону хизматгорони бенасаби табақави вале хизматкардае буданд,ки буданд, ки акнун барои ба сари қудрати динию дунявӣ омадан ва ё истодан аз ҳеҷ гуна қатлу куштор ва хунрезиҳои бародару ҳамқабила ва авлоду ҳамсоя даст намекашиданд. Аз ин ҳолати иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ баромадан тарафдорони ашадии сохтори пештараро водор мекард, ки барои ба сулҳу салоҳ ва низом овардани ҷомеа таълимоту ақида ва андешаҳоеро ба вуҷуд оваранд, ки аз ин берабтию бенизомӣ ҷомеаро наҷот диҳанд. Конфутсӣ дар ҳамаи замони бесару сомониҳо зиндагӣ карда,маҳз ба анъанаҳои ҳувиятӣ миллии гузаштагон такя намуда, ақида-таълимоти динӣ –давлатии худро барои барқарор намудани адолати аз байн рафта кор карда баромад. Асоси ин таълимот таълимоти инсони комил-қзюнё-қзи буд. Асоси инсони комили Конфутсиро идеали накуӣ накукорӣ ташкил медод.

Аз тарафи дигар Хитой кишварест бисёр қадим ва дорои бисёр анъанаҳои таърихӣ, ки ба ташаккулёбии афкори ҷамъияти Хитой таъсири худро расонидааст. Ин давраҳои Чу (1122-205), Хон (205т.м.-221), Тан (221-907) ва Син (970-1280) будаанд. Яъне зуҳури дини Конфусия бо давраи охири империяи Чу рост омад, дар давраи империя Хон реша гирифта гоҳо ба дини миллию гоҳе ба дини давлатӣ табдил ёфта, дар давраи Тан қариб, ҳамеша дини давлатӣ будааст. Ба тариқи дигар конфутсия нафақат дин, балки як тамаддуни хоси Хитой ҳам ба шумор меравад. Яъне дар тамоми таърихи вуҷуд доштанаш ин дин дар Хитой дини асосӣ ҳисоб мешуд ва бо динҳои дигари Хитой- бо даотсизм ва буддизм ҳамеша дар мусолиҳа будааст.

Пеш аз он ки таълимоти Конфутсиро шарҳ дод, бояд қайд кард, ки таълимоти динӣ, дунявӣ ва ё фалсафии Конфутсиро аз ҳамдигар ҷудо кардан душвор аст. Ин се таълимот бо бо ҳамдигар чунон омезиш ва маҳлул гардиданд, ки онҳоро фақат ҳамчун таълимоти ахлоқии инсону ҷомеаи комил шарҳ додон мумкмн аст. Аз ин рӯ, Конфутсӣ пеш аз ҳама на Худо, на наҷотбахш ва на пайғамбар ва на миёнарав, балки фақат як муаллими ахлоқ аст.

Дар таълимоти Конфутсӣ парастишу эҳсон нисбат ба волидайн ва арвои гузаштагон мақоми баланд дорад. Масъалан дар китоби «Лун Юн» омадаст, ки : «ба волидайн дар давраи ҳаёташон мутобиқи суннатҳои ниёгон хизмат кунед. Вақте ки ин дунёро тарк мекунанд, онҳоро дар асоси анъанаву русум гуронед ва мувофиқи нишондодҳои маросимию мазҳабӣ оред.» Яъне эҳтироми волидайн нуқтаи ибтидоии назарияи сиёсӣ ва давлатдории конфутсиячигиро ташкил медиҳад.

Ҷавонмардиро ҳам дар инсондӯстӣ мебинад. Дар таълимот сиёсии Конфутсӣ шахсияти аввали давлат ҷои махсусро мегирад. Ӯ таълим медиҳад, ки барои он ки давлат орому дар эътидол ва раъияташ дар итоат бошад, пеш аз ҳама дар сари давлат шахси шоиста бошад ва дар мансабҳои давлатӣ шахсҳои шоиста гузорад.

Конфутсӣ дар ҳифзи оромии сиёсии ҷомеа ва давлатдорӣ омили боварӣ ва имонро дар ҷои аввал гузоштааст. Дар таълимоташ ӯ такя ба анъанаҳои ба тартиби дар Осмон буда кардааст, ки ормони шахсии ӯ дар низом даровардани Хитои пароканда ва ноором буд. Дар таълимоти динӣ- мазҳабии Конфутсӣ дар бораи илоҳиёт (худошиносӣ), рӯҳшиносӣ офариниш баҳс вуҷуд дорад. Фақат талаб мекунад, ки ақидаҳои пешин бо ҷидият риоя ва иҷро карда шавад. Дар таълимоти динӣ- мазҳабии Конфутсӣ таълимот дар бораи Осмон-Худо вуҷуд дорад. Яъне осмон ҳамчун таҷассуми ақл, адолат, накукорӣ, ҳадафнокӣ, ахлоқнокӣ, комилӣ гардидааст. Дар таълимоти Конфутсӣ инсони комил он аст, ки одоб, эътиқод,эҳтиромро нисбат ба халқ, эҳсонро ба волидайн ва мадороро бо ҳокимон риоя мекунад. Яъне ҳама гуна ибодат барои Худо-Осмон(Тян), барои барпо кардану нигоҳ доштани ҳаёти ахлоқӣ ё худ зиндагии бошарафонаи халқ дониста мешавад. Аз ин рӯ дини Конфутсияро дини ахлоқӣ ҳам меноманд.

test

Добавить комментарий