Фанни Таърих

Дини Насрония

 

Дар байни динҳони ҷаҳонӣ аз ҳама паҳшудатарин ин дини Насрония мебошад., ки дар панҷ қитъаи ҷаҳон паҳн гардида ва дини давлатии аксар давлатҳои қитъаҳои Аврупо, Америка, Австралия ва чандин давлатҳои қитъаи Африка ба ҳисоб мервад.Пайравони ин дин дар маҷмӯ дар 180 мамлакатҳои ҷаҳони имруз истиқомат карда истодаанд.

Дини насрония ё худ дини масеҳият гуфта, дар қатори Буддоия ва Ислом, дини ҷаҳониеро мегуянд, ки калонтарин ва сершумортарин аз руи вусъат ва пайравонаш дар дунё ба ҳисоб меравад. Масеҳият дини асосии давлатҳои калонтарини қитъаи Аврупо шинохта шудааст. Дар мамлакатҳои араб ва исломӣ ва инчунин дар Шарқи Наздик асосан, масеҳиёнро насронӣ ва дин онҳоро насронияба маънои аҳли насоро ва ё дини насоро ба маънии номи яке аз қавмҳои яуудро медонанд. Аз ин ҷост, ки дар Шарқи Наздики мусулмонон дини масеҳият бештар бо номи насрония маълуму машҳур гардидааст .

Дар баъзе давраҳои таърихӣ осиёгиҳо, шарқиҳо масеҳиёнро салибдорон низ меномиданд. Чунки онҳо ҳамеша бо худ нишонаи салибро ё дар либосашон ва ё дар рамзҳояшон доштанд. Салиб бошад дар асрҳои аввали пайдоиши насрония сараввал нишонаи рамзи масеҳӣ ва баъд ҷамоае, бародарие дар Изроил буд, ки фирқаи нав будану шуданашон дарак медоданд. Асосгузори ин дин Исои Масеҳ буда, китоби муқаддасашон Инҷил ба ҳисоб меравад. Мувофиқи таълимоти дини масеҳия таввалуди Исо ба асри 1 мелодӣ рост меояд, ки худи тақвиме, ки имруз қариб аксари ҷаҳон аз он истифода мебарад.

Ривояти исломии мелоду зиндагӣ ва мӯҷизаҳои Исои Масеҳ вуҷуд дорад. Таърихчиён ва муаррихони исломи то асри10 бар он ақидаанд, ки Исои Масеҳ шахси таърихӣ буда бе падар аз Майрами духтари Имрон бо амри Худо ба миён омадаст.

Асоси таълимоти масеҳияро ақидаи баробарӣ, озодӣ ва наҷот ташкил медиҳад. Яъне таълимоти масеҳият ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, бештар таълимоти синфи (табақаи) поёнӣ ҳамчунин таълимоти алтернативӣ ба таълимоти ғуломдории Римӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, ташаккулёбии таълимоти масеҳиятро бе давраҷудокунӣ- ба масеҳияти ибтидоӣ ва ва масеҳияти баъдина баёну дарк кардан душвор аст. Яъне масеҳияти ибтидоӣ бештар дар роҳҳои наҷот аз зулми ғуломдорони Румӣ ва ҳуқуқпоймолкуниҳои онҳо сухан гуфта сабру тоқат, худфидокуниро василаи асосии озод шудану наҷот ёфтан аз ин зулм медонист. Ин дар аз фаҳмиши ғуломону аҳолии диаспораҳо барои ғуломдорон ҳам маъқул буд. Аз ин рӯ аз охири асри 3 сар карда масеҳият ба дини давлатии Рим табдилёбиро сар карда, дар охири асри 4 ба дини давлатӣ ва расмии тамоми империя табдил ёфта ду тарафи ҳаёти ҷамъиятӣ: динӣ ва дунявиро фаро мегирад ва дар ин давра таълимоти ибтидоии онҳо ташаккул меёбад.

Ғояи гуноҳ дар таълимоти масеҳият ин мабдаи азалӣ буда, нацот имконият аст. Яъне ҳама инсонҳо гунаҳкоранд ва азалан. Аммо онҳо имконияти наҷотро низ доранд. Сабаби гунаҳкорииазалиашро аз гуноҳи Ҳазрати Одам ва Момоҳаво, ки чизи манъшударо истеҳмол карданду аз биҳишт ронда шудаанд, асос гирифта мешаванд. Яъне одам азалан гунаҳкор аст ва таиноти асосии инсон шустани ин гунҳи азалӣ ва карданаш мебошад. Яъне ҳама инсонҳо бою камбағал, шоҳу гадо, ғулому ҳоким ҳама дар назди Худо гунаҳкор мебошанд. Аз ин ҷост, ки Худо Исои масеҳро барои наҷоти бандагон ба замин фиристода буд.

Китоби муқаддаси масеҳиён Библия ба маънои якчан китобҳо иборат аст, ки ҳамчун маҷмӯи мунтахаботи адабиёти қадимаи яҳудӣ ва насронияи барвақтӣ шинохта мешуд. Библия калимаи юнонӣ буда маънои луғавиаш китобҳо мебошад. Китобҳо ба маънои он ба матии Библияҳои гуногун аз 76 то 100 китобҳою манбаҳои алоҳида дохил мебошанд. Таҷаввулот дар натиҷаи ҷудо шудани масеҳият ба қисми Ғарбӣ ва Шарқӣ (с. 1054) буд. Сабабаш хусусиятҳои хоси инкишофи ҷомеаи феодалии шарқу ғарби империяи Рим буда, баҳонаи ҷудошавӣ талаби ҳудудӣ кардани папаи Рим Лев 9 аз Константинопол шуд. Ҷавоби радияти Константинополро гирифта Леа 9 собори калисои Рум(Византия)-ро бидъат эълон кард. Калисои Константинополӣ баъди соли 1054 худро калисои юнонӣ- католикии православии содиқ ба принсипҳои ортодоксалии масеҳият эълон карда мустақилона фаъолият мекардагӣ шуд. Дар асрҳои 12-17 калисои юнонӣ- католикӣ номи православиро гирифта ба 15 калисои мустақил: Константинополӣ (Туркия), Искандариягӣ (Мисрӣ), Антиохӣ (Сурия, Ливан), Байтулмукаддас (Иордания), русӣ (Рассия), Грузинӣ, Сербӣ (Югославӣ), руминӣ, Булғорӣ, Кипрӣ, Элладӣ (юнонӣ), Албанӣ, Полшагӣ, Чехословакӣ ва Амрикоӣ ҷудо шуданд. Аз ин афтокефалиҳо калонтаринаш Рассиягӣ буда соли 1448 пайдо шуда соли 1589 унвони патриархии Маскваро гирифтааст.

Манбаи таълимот динии провославӣ ин Библия, қарорҳои муқаддаси умумиҷаҳонӣ ва маҳалӣ, офаридаҳои «падарон ва муаллимони калисо» Василаи Бузург, Иоанни Златоуст, Григорий Богослов (Каломулло) ва ғайра мебошанд. Таинот парастиши прваславиро таъсиррасонӣ ба ҳисёти диндор ба воситаи ороиш додани ибодатхона, гузаронидани намозҳо ташкил медиҳад. Православҳо ба қудрати шифобахшӣ ва ёрии иконҳо ва ҷойҳои муқаддас боварӣ доштанд. Таълимоти иҷтимоии православӣ ба ҳимояи нобаробарии иҷтимоӣ, синфҳо, табақаҳо ва моликияти асос ёфта, аксаран тарафдории синф ва ҳукумати ҳамкорон буд ва мебошад. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо зидди ҳам баромад мекунанд. Масъалан солҳои 1917-1922 православии Рассия зидди инқилоби сотсиалистӣ ва Ҳокимияти Шӯравӣ буд.

Дар Тоҷикистон, ки аз охири асри 19 сар карда масеҳиён дар шахсияти русҳо, украинҳо, белорусҳо ва умуман славянҳо сукунату зиндагӣ доранд, таълимот масеҳия низ вуҷуд дорад. Дар соли 1917 дар ҳудуди Тоҷикистон ягон ҷамъият ё маркази масеҳӣ ё равияҳои он вуҷуд надошт. Фақат соли 1917 баъди бо қарори Ҳукумати Шуравӣ иҷозати фаъолияти берун аз давлат кардани калисои православиро гирифтан, дар ҳудуди Тоҷикистон, дар Хуҷанд ва Хоруғ ҷамоатҳои динии православӣ пайдо шуданд. Слои 1929 дар Душанбе ҷамоати проваславӣ таъсис ёфт, ки ҳоло ҳамчун епархиягии Тоҷикистон бо сардории архиерей амал мекунаду шӯъбаи калисои москвагӣ ҳисобида мешавад.

Католитсизм яке аз шохаҳои калонтарини дини масеҳият буда баробари православӣ соли 1054 ба калисои мустақил табдил ёфтааст. Католитсизм бештар дар Италия, Испания, Португалия, Франсия, ҶФО(ФРГ), Белгия, Австрия, давлатҳои Америкаи Лотинӣ, ИМА, Полша, Славакия, Венгрия, Литва, Латвия, Эстония, Украина ва Белорусияи ғарбӣ, дар бисёр қисматҳои Африка, Океания, Австралия ва ғайра паҳн гардидааст. Католитсизм аввалан ҳама таълимоти масеҳиятро қабул дошта манбаҳои асосии динии он ба мисли православӣ навиштаҷотҳо (китобҳои) ва ривоятҳои муқаддас, ҳарфҳо ва нишонаҳои сборҳои умумиҷаҳонӣ мардҳои порсою авлиё ташкил медиҳад. Баъдан хусусиятҳои хоси таълимоти худро низ дорад.

Аввалин фарқияти католикҳо аз православҳо ин фарқият дар таълимоти дар бораи филиоква (аз лотинии «ва аз писар ҳам» гуфтан аст) мебошад, ки мазмуни он чуни наст. Солҳои 325 ва 381 дар саборҳои умумиҷаҳонии 1ва 2 оиди рамзҳои эътиқод, дин қароре қабул карда шуда буд, ки ба ҷои боварӣ, қабул ва қонунӣ донистани Худои сегонагӣ(Падархудо, Писархудо ва Рӯҳи муқаддас) таълимоти дигарро, ки Руҳи муқаддас доштан хоси фақат Падархудост, таҳрир ёфта таълимотеро қабул карданд, ки мувофиқи он руҳи муқаддас дар Худо-Писар (яъне Исои Масеҳ) ҳам мавҷуд мебошад. Мақсад аз ин навоварӣ мустаҳкам кардани мавқеи Папаи Рим буд. Чунки Папаи Рим дар католитсизм ҷонишини Исо дар замин ҳисобида мешавад.

Фарқияти дигари католикҳо аз православҳо ин таълимот дар бораи корҳои азҳад зарур ва дар бораи «Хазинаҳои авлиёҳо», ки хизматҳои Исои Масеҳ, модари Худо ва авлиёҳоро махсусан қайд карда мешавад, католитсизм бар он ақидааст, ки гуё Папаи ҳамаи ин хизматҳоро дар ин дунё дар ихтиёр дора два истифода бурда метавонад. Фарқияти дигари католикҳо аз православҳо ин парастиши модархудо мебошад. Ҳатто соли 1950 католикҳо таълимоти он ки гуё ҷисми Майрам ба осмон бурда шудааст қабул карда, соли 1954 ҷашни «Маликаи Осмон» — ро ба хотири Майрам ҷорӣ намуд.

Протестантизм як шохаи таълимот буржуазии масеҳият буда, ҳамчун оппозитсияи таълимоти феодалии давра ташаккул ёфтааст. Асосгузори ин таълимот М. Лютер, Т. Мюнцер ва Ж. Калвин буданду буржазияи ҷамъиятиро дарк карданд. Ин таълимот асосан дар асри 18-20 ташаккул ёфтааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *