Муборизаи Суғдиён, Фарғониҳо ва Туркон дар солҳои 720–722

 

Дар таълифоти таърихшиносӣ гоҳе ба иштироки Хитой дар муборизаи зидди арабҳо ишора карда мешавад. Ин тамоман дар заминаи ғалат ва иштибоҳ ба миён омадааст. Дар ҳақиқат, чунон ки сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, императорҳои Тан ҳокимони Осиёи Миёнаро ба муқобили арабҳо барангезонда, ба онҳо ташаккур изҳор мекарданд ва мансаб мебахшиданд. ҳукумати Хитой ин ҳокимонро ба муборизаи зидди арабҳо таҳрик намуда, дар оянда ба онҳо ёрӣ карданро ваъда дода ва дар сурати ба ҷо наовардани ӯҳдадориашон тобеияти худро нисбат ба Хитой эътироф кардани онҳоро талаб карда, аслан барои ёрӣ расондан ба мардуми Осиёи Миёна ангушти худро ҳам хам накарданд.

Чи навъе ки Л.Н.Гумилёв[2] қайд мекунад, ҳукумати Тан аз дигар қисматҳои сарҳади худ ягон дастаи аскарро гирифта, ба кӯмаки фарғониҳо ва суғдиҳо нафиристод. Чунон ки муҳаққиқ менависад: «Империягиҳо умедворӣ доштанд, ки ваҳшати ғоратгариҳои арабҳо ва тибатҳо аҳолии Осиёи Миёнаро ба оғӯши онҳо тела медиҳад ва ба онҳо фақат сурати ташкилӣ додан мемонаду халос» (ибораи «сурати ташкилӣ» мебоист ба нохунак гирифта мешуд) .[3]

Суғдиён аз кӯмаки хитоиҳо умеди худро канда, барои аз нав барқарор кардани иттифоқ бо фарғониён ва туркҳо ҳаракат намуданд. Соли 720 дар Суғд оташи муборизаҳои озодихоҳӣ дубора фурӯзон гардид.

Пеш аз ин чунин воқеаҳо ба амал омаданд:

Халифа Умар ибни Абдулазиз (717–719) ислоҳоти молиявие эълон кард, ки дар асоси он аз касони дини исломро қабул карда, ҳамчун мусулмонони

араб, на хироҷ ва на ҷизя ситонида намешуд. Ӯ аз тарафи арабҳо ба даст овардан, ё худ аниқтараш зер карда гирифтани заминҳоро низ манъ кард, зеро ин боиси ба хазинаи марказӣ хеле кам дохил шудани хироҷ мегардид. Аммо қоиммақомҳои Хуросон бо ҳар баҳона аз иҷрои ин амри халифа саркашӣ мекарданд. Дар навбати худ аъёну ашрофи маҳаллӣ, ки аксари онҳо худро мусулмон мегуфтанд, аслан намехостанд андоз ба арабҳо расад. Онҳо ҳам дар ғами афзудани сарвати худ буданд. Ба ин ҷиҳат дар байни аъёну ашрофи маҳаллӣ ва намояндагони идораи хилофат зиддият пайдо шуд. Мардум, ки аз зулму ситам ва қатлу ғорати арабҳо ба дод омада буд, тарафи аъёну ашрофи маҳаллиро гирифт. Овозае паҳн гардид, ки дар соли 100 ҳиҷрӣ, мутобиқи солҳои 718–719 милодӣ, ба қудрати арабҳо завол мерасад.[4]

Шояд ба муқобили арабҳо сар бардоштани Ғурак (маҳз дар ҳамин вақт, на пештар аз ин) баҳонае шуд, ки Диваштак бо таҳрики арабҳо худро подшоҳи Суғд ва ҳокими Самарқанд эълон кард.

ҳамон гурӯҳҳои ашрофи суғдӣ ҳам, ки пештар байни худ хусумат парварида, тамоюлоти гуногунро пеш гирифта буданд, якҷоя бар зидди арабҳо бархостанд. Туркҳо ҳам ба ёрӣ даъват шуданд.

Суғдиҳо дар аввали соли 720 шӯриш бардоштанд. Кӯмаки туркҳо низ дар сари вақт расид. Хоқони турк бо сардории Курсул қӯшун фиристод. Иттифоқчиён ба қувваҳои араб сахт зарба заданд. Дар кишвари суғдиён қариб ҳеч маҳалле ва ё ҳокиме намонда буд, ки ба муқобили истилогарон сар набардошта бошад. Фақат дар баъзе ҷоҳо гарнизони арабҳо боқӣ монда, он ҳам бо додани товон ва гарав гузоштани одамон мавҷудияти худро нигоҳ медошт. Инак, вақти ҳисоб расид. Мавқеъҳо иваз шуданд. Истилогарони афтодаҳол дар ин арасот аз қаҳру ғазаби бениҳояти халқ ба ларза даромаданд. Қоиммақоми Хуросон ҳарчанд саъй кард, ки шӯришро хобонад, аммо натавонист. Он гоҳ Саид ал-ҳарошӣ, ки дар пахш кардани шӯриши халқи Ироқ «шӯҳрат» ёфта буд, қоиммақоми Хуросон таъин гардид. Ӯ бо шӯришчиён гуфтушунид сар кард, фавран қисме аз аъёну ашроф нисбат ба шӯриш хиёнат намуд. Дар миёни ин хиёнаткорон подшоҳи Суғд — Ғурак ҳам буд, ки на фақат ба тарафи арабҳо гузашт, балки ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангиданро ҳам ба зимма гирифт.[5] Бо вуҷуди ин, аксари шӯришчиён қарор доданд, ки ба душман таслим нашуда, ба маҳалҳои аз тасарруфи арабҳо берунмонда паноҳ баранд.

Чунин маҳал Фарғона буд. Подшоҳи он Алутар, ки он вақт дубора тоҷу тахтро соҳиб гардида буд, ба суғдиён паноҳгоҳ ва ҳимоят ваъда дод. Қисми зиёди суғдиҳо ба ин ваъда бовар карда, роҳи Фарғонаро пеш гирифтанӣ шуданд. Онҳоро Қарзанҷ ном марди далер ва шуҷоъ сардорӣ мекард. Фарғона рафтан ба ӯ маъқул набуд. Ӯ нақшае пешниҳод кард, ки мувофиқи он ба қӯшу-ни пешоҳанги араб ҳамла намуда ва онро торумор карда, ба он сӯи Сирдарё, ба назди туркҳо рафтан лозим буд. Лекин тоҷирон ва деҳконони суғдӣ бо ин пешниҳоди ӯ розӣ нашуданд ва Фарғонаравиро исрор карданд. Вақте ки фав-ҷи шӯришгарон ба тарафи Фарғона равон шуд, Алутар аҳдшиканона бо араб-ҳо гуфтугузор сар карда, ваъда дод, ки шӯришиёнро ба дасти онҳо месупорад. Вале ба суғдиҳо хабар расонид, ки ваъдаи ба онҳо додаи ӯ пас аз 20 ё 40 рӯзи дар яке аз дараҳои Исфара пинҳон шудани онҳо қувват пайдо мекунад. Дар ҳамин вақт, ки ду тараф саргарми гуфтушунид буд, қӯшуни араб ба Хуҷанд, ба қароргоҳи муваққатии шӯришгарон расида омад. Маълум, ки дастнишондаи арабҳо — Алутар ёрӣ расонданро ба одамони фиребдодааш рад намуд.

Ба арабҳо ишғоли Хуҷанд (баҳорон ё тобистони с.722) ба осонӣ муяссар нагардид. Суғдиҳо то дами охирин истодагарӣ карданд. Онҳо дар назди дарвозаҳои шаҳр хандақ канда, болои онро пӯшониданд ва сипас, бардурӯғ рӯ ба гурез ниҳоданд, арабҳои фирефташуда онҳоро таъқиб намуданд ва даҳҳо нафарашон ба хандақ ғалтида, асири суғдиён гардиданд. Аммо вақте ки қувваҳои сершумори арабҳо расида, мошинҳои деворшикан ба кор сар карданд, вазъияти ба муҳосира афтодагон хеле бад шуд. Онҳо шартҳои арабҳоро дар бобати баргаштан ба Суғд, пардохтани хироҷ ва раҳо кардани асирони араб қабул намуданд. Суғдиёни шӯришгар ҳама беяроқ карда шуданд. Арабҳо якеро гунаҳгор хонда, тамоми онҳоро қир карданд. Сарбозони суғдӣ дар охирин лаҳзаи ҳаёти худ ҳам ҷасорати фавқулодда нишон медоданд. Табарӣ бо тааҷҷуб менависад, ки суғдиёни бесилоҳ калтак ба даст ҷангида, муқовимат мекарданд.[6] ҳамаи онҳо аз дами теғ гузаронида шуданд. Фақат 400 нафар тоҷирон зинда монданд, ки ҷони худро бо пулу моли бисёре аз арабҳо харида гирифтанд. Аҳолии Хуҷанд ҳам ба азият ва маҳрумиятҳо дучор гардид; саркардаи араб фармуд, ки заминдорони ин ҷо ба гардани худ мӯҳри сурбӣ овехта гарданд; касеро, ки андаке аз итоат сар мекашид, ба куштан медоданд.

Ба гурӯҳи дигари шӯришгарон Дивоштак сардорӣ мекард. Ӯ бо ҳамроҳони худ аз Панҷакент ба саргаҳи Зарафшон ҳаракат кард. Аз рӯи тахмини ба ҳақиқат наздики А.Ю.Якубовский, Дивоштак ният дошт одамони худро аз ағбаи Шаҳристон гузаронида, ба Хуҷанд ва Фарғона расонад.[7] Вале ин нияти ӯ амалӣ нагардид. Дар қарибиҳои қишлоқи Қум кӯшке ба номи Абгор (ё худ Абаргор) мавҷуд буд, ки онро ба кӯшки Кӯҳи Муғ як мешуморанд.[8] Қӯшуни араб дастаҳои чанде аз ҳокимони Осиёи Миёнаро ҳам дар бар гирифта буд. Кӯшишҳои Дивоштак дар бобати гирифтани пеши роҳи душман бо ҷанги танбатан натиҷае набахшид. Дере нагузашта захираи озуқа ва лавозимоти фидоиёни ба муҳосира афтодаи ӯ ба охир расид. Дивоштак маҷбур шуд, ки бо арабҳо гуфтушунид сар кунад. Арабҳо барои нигоҳ доштани ҳаёти сад нафар, аз ҷумла, худи Дивоштак замонат доданд. Аммо дар ин ҷо ҳам истилогарон макру фиреби ҳамешагии худро ба кор бурданд: Дивоштакро ваҳшиёна қатл карданд ва сари буридаи ӯро ба ҳукмрони Ироқ фиристоданд.[9]

Неҳзати зидди арабҳо бераҳмона пахш карда шуд. Бисёр деҳқонон ва ҳокимони маҳаллӣ нобуд гардида, молу мулки онҳо ба дасти саркардаҳои араб расид. Истисмори барзгарон қувват гирифт.

Баъзе ҳокимони мулкҳои Осиёи Миёна пас аз шикаст хӯрдани неҳзати зиддиарабии солҳои 720-722 ҳам муборизаро қатъ накарданд. Дар байни онҳо, ҳатто касоне ҳам буданд, ки дар вақтҳои пеш ба назди истилогарон сар хам мекарданд. Чунончи, дар соли 723 подшоҳи Фарғона — Алутар бар зидди арабҳо лашкар кашида, бо ҳамроҳии фарғониҳо ва чочиҳо онҳоро дар тамоми роҳи аз Хуҷанд то Самарқанд таъқиб намуд ва ба истилогарон зарбаи сахт ворид овард. Аҳолии Суғд аз сари нав шӯриш бардошт. Оташи мубориза гоҳо хомӯш мешуд ва гоҳо забона мезад. Амалиёти ҳарбӣ гоҳ ба фоидаи арабҳо ва гоҳ ба фоидаи муборизони роҳи озодӣ анҷом меёфт.[10]

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.