Оё Искандар ба Панчакент омада буд?

Тибқи ривояте Искандар  то болооби  Зарафшон қадам ниҳодааст,  ки ин дар номи  Искандаркул акс  ёфтааст.

Дар китоби  Бобоҷон Ғафуров  “Искандари  Мақидуни дар  Шарқ  ”  доир ба  “сахраи  Суғд”-ро ,  ки қалъаи куҳие  дар дасти суғдон буд, гирифтани Искандар чунин овварда мешавад: Искандар бо қушунаш ба “аз сахраи Суғд” баҳорон наздик шуд, дар кӯҳҳо барф хобида буд.  Шоҳ мехост  бо ҳамлае қалъаро фатҳ кунад.  Ӯ    300  нафар беҳтарин  ҷанговар дар шахбарой  ба таҷрибаро баргузид.  Аз ҷумлаи онон 30  кас ва ҷарӣ  афтодан,  мурдаи онҳоро ёфта натавонистанд.  Боқимондагон  ба қулаи кӯҳ  баромада  руймолчаафшонӣ карданд.  Суғдиён, ки  чунин  ранг гирифтани корро интизор набуданд,  нафаҳмиданд ки ин танҳо  яке дастаи  далерон буд ва  таслим шуданд.

Бисёр занону кудакон,  аз ҷумла  оилаи Оксиарт,  ки ба мудофиааи “сахра”  сарварӣ мекард,  низ ба  асорат  афтондан.  Искандар духтари  Оксиард –  Рухшонаи соҳибҷамолро баробари дидан ҳамзамон ошиқ шуд,  ва ба  зани хост.

“Сахраи Суғд”- ё “Сахраи Аримаз”-ро соҳиби намуда, Искандар барои фатҳи Қалъаи Исиёни  дигар “Сахраи Хариен ” бо сипоҳаш  ба Панҷакент шитофт. Ба  ҳамин тариқ, таърихнигори (Суғд, Аримаз,  Хориен, Сисиметр).

Аз руи харитаҳо айён мешавад, ки Искандар дар Уротеппа, Хуҷанд  будааст. Аммо ҷанги сахра ба он вомедорад,  ки Искандар Панҷакент низ буд барои дигар тадқиқ бояд кард, ки Ғафуров бевосита наменависад, ки Искандар ба Панҷакент қадам ниҳодааст. Дар ин ҷо  ба мавзеъ аст аз олами варзида Халиқ Мирзозода,  иқтибос оварем.

Ӯ  менависад:  Зограф оиди дар бораи Искандари Мақдуни вуҷуд доштан ривояте нақл мекунад мувофиқи он ривоят Искандар аз муқовимати аҳолии таҳҷой ба ғазаб  омада сипоҳиёнашро фармуд, ки пеши кулро банд кунанд. Чун сатҳи обӣ кул хеле баланд шуд,  пешаро кушоданд. Оби  ҷаъм шуда бо қувваи бузург ба поён ҷорӣ шуд ва водии Искандардарёро хароб карда.  Аҳоли маҷбур шуд, ки сар фарорад.

test

Добавить комментарий