Давлати  Сосониён

 

Дар ибтидои асри Ш милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударозу пуртаҳлука ва низоъву хархашаҳои дохилӣ давлати машҳури Порт завол ёфт. Дар авали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар Форс) Ардашери 1 Бобакони Сосонй (бобои Ардашери Бобакон Сосон коҳили маъбади Анаҳит буд – номи сулола аз ҳамин ҷост) ҳокими тамоми минтақаҳои Форс гардид.

Ардашери 1 ба муқобили шоҳаншоҳи Ашкониён Артабони У (213-224) ҷангҳои қудратталабона бурд, ки солҳои 221-224 идома дошт. Ва ниҳоят соли 224 милодӣ байни аскарони Артабони У ва Ардашери 1 ҷангҳои хунине рух дод, ки дар он қувваҳои ҳарбии Портҳо шикаст хӯрда, Артабони V кушта шуд. Бо марги ӯ шоҳаншоҳии Ашкониён, ки дар таърих бо номҳои давлатӣ Порти бузург, Парфия ва шоҳаншоҳии Ашкониён машҳур аст, аз байн рафт ва дар харобаҳои он шоҳаншоҳии Сосониён ташкйл ёфт. Пойтахт – Тайсафун ҳам ба Ардашер таслим шуд. Ҳамин тавр, давлате таъсис ёфт, ки дар тамоми Эрон вусъат дошт ва аз ҷиҳати ҳарбй хеле пурқувват буд.

Ҳамзамон Ардашер қисмати шимолии Байнаннаҳрайн, Сурия, Арманистон, Сакистон (Сиистон) ва қисман Хуросонро тасхир карда, то соли 224 саросари сарзамини Эронро ба ҳайати шоҳаншоҳии навташкили Сосониён дохил намуд ва як қатор ислоҳотҳо ҳам гузаронид: молиявӣ, ҳарбӣ, ҳудудию идорй.

Дар аҳди ворисони Ардашери 1 Бобакони Сосонӣ Шопури 1 (241-272) ва Шопури П (309-379) давлати Сосониён хеле қувват гирифта, дар Шарқу Ғарб дар чандин муҳорибаҳо (аз ҷумла, аз болои императорони Рим) голиб омада, ҳудуди шоҳаншоҳиро хеле васеъ карданд. Баъди Шопури П шоҳаншоҳии Сосониёнро якчанд подшоҳони сустирода идора карданд. Масалан, муборизаҳо бо ҳайтолиён, ки тақрибан як аср давом кард, бо шикасти Сосониён ва бо марги шоҳаншоҳи ноӯҳдабг рс Пирӯз (459-484) анҷом ёфт. Сосониён хироҷгузори Ҳайтолиён гардиданд. Инчунин тамоми қисмати шарқии музофоти Мовароуннаҳр ба Ҳайтолиён гузашт.

Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт, «ҳатто дар айёми амонй касе набуд, ки ҷасурона ва нотарсона ба ҳайтолй нигарад ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза меомад. Ҳамин тавр, Эрони Сосонӣ, ки борҳо ба таги пои вай императорҳои магрури Рим . сар мондаанд, дар оҳирҳои асри V фақат. аз номи кӯчманчиёни. бадҳайбати Осиёи Миёна ба ларза меомаду боҷ медод.

Бояд гуфт, ки шоҳаншоҳии Сосониён фақат дар замони ҳукмронии Хусрави 1 Анӯшервон (531-579) ба авҷи иқтидори худ мерасад. Хусрави 1 ҳатто мулки Яманро дар нимҷазираи Арабистон тасхир намуда, ба туркҳо иттифоқи ҳарбию сиёсй баста, солҳои 563-567 давлати ҳайтолиёнро шикаст дода қисмати ҷанубии Варазруд, яъне Осиёи Миёнаи имрӯза, аз ҷумла Тоҷикистони ҷанубй, вйлояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистони ҷанубиро ба ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён ҳамроҳ менамояд.

Вале минбаъд низоъҳои сиёсй шоҳаншоҳи Сосониёнро суст намуд. Эрони сосониро бӯҳрони амиқи ҳокимият фаро гирифт. Солҳои 628-632, яъне дар муддати чор сол зиёда аз 11 нафар подшоҳ ба тахти шоҳаншоҳии Сосониён нишаст.

Ахиран Яздигурди Ш (632-651) кӯшиш намуд, ки нуфузи қуввахои марказгурезро суст карда, Эронро аз хавфи парокандашавй раҳо намояд. Вале чангҳои дурудароз бо румиҳо, туркҳо, хазарҳо бо арабҳои бадавй, низоъҳои сулолавӣ барои ҳокимият (тоҷу тахт), зулму ситами иҷтимой ва динӣ иқтидори мудофиавию сиёсӣ ва иқтисодии Эронро суст гардонида шоҳаншоҳии Сосониёнро ба ҳолати нестшавй оварда расониданд. Аз ин сабаб Эрониён ҳамлаҳои муташаккилонаи арабҳоро боздошта натавонистанд ва дар натиҷа шоҳаншоҳии Сосониён аз байн рафт.

Дар фарҷом мехостем, баъзе лаҳзаҳои ҷолиби диққати таърихи пурғановати Сосониёнро ёдовар шавем: аввалан, Сосониён сулолаи Эронии тоисломй буда, аз соли 224 то 651-уми милодӣ, яъне 427 сол дар Шарқи Наздику Миёна ҳукмронй кардаанд. Онҳо аз ҳавзаи таърихии Форс бархоста, худро вориси бевоситаи Ҳахоманишиён муаррифй намуда, ба ин васила пайванди ногустании Эрони қадимаро бо Эрони ибтидои асримиёнагӣ ба вучуд оварданд. Дар замони Сосониён ваҳдати сиёсии Эроншаҳр таъмин гардида, якчанд равандҳои ҷолибе зуҳур карданд, ки онҳо таърихи ин давраро хеле пурҷило менамоянд.

Якум аз асри Ш сар карда дар Эрон муносибатҳои феодалӣ тадриҷан ташаккул ёфтанд, ки ин дар навбати худ қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоии аҳолӣ, вазъи дин ва фарҳанг, инчунин муносибатҳои иқтисодии ҷомеаи Сосониро комилан тағйир дод;

Дуюм, дар фарқият аз замони Ашкониён (247 пеш аз милод- 224 милод) дар ин давра мақоми ҳокимияти марказии Сосониён дар Эрон

устувор гардида, қувваҳои хонадонҳои маҳаллӣ таъсири қувваҳои марказгурез ва истиқлолхоҳ хеле суст гардид;

Сеюм, нуфузи дини зардуштӣ дар ҷомеаи Сосонӣ баланд гардида, ба дарадаи дини расмии давлатии Эрон расида, мақоми рӯҳониёни зардуштӣ афзуд, ҳокимият дар ду поя-дин ва марказият асос гирифт. Бесабаб нест, ки ба асосгузори давлат Ардашери 1 Бобакон фармудаи «Тахт мояи меҳроб асту меҳроб пояи давлат»-ро нисбат медиҳанд.

Боз нуқгаи хеле ҷолиб он аст, ки раванди ташаккули халқи тоҷик дар ҳазораи авали қарни мо дар доираи давлати Сосониён сурат гарифтааст, ки он раванд дар замони Сомониён баГанҷом мерасад.

Зарурият ба ёдоварист, ки намояндагони зиёди Оли Сосон афроди хушмаълумоти бомаданият, дӯстдори илму фарҳанг буданд. Барои инкишофи ҳунармандии шаҳрӣ ва кишоварзӣ мусоидат намуда, ба ин тариқа, иқтисоди мамлакатро мустаҳкам мекарданд. Гули сари сабади дарбори шоҳони Сосонӣ шоирону олимон, ромишгарону рассомон буданд. Яке аз шахсони мӯътабари дарбори Сосониён ромишгари бузург Борбади Марвазй буд, ки 1400-солагии зодрӯзашро соли 1990 ботантана ҷашн гирифтем.

Дар замони Сосониён матнҳои китоби бузурги хираду вуҷудоти зардуштиён «Авасто» ҷамъ оварда шудаанд, ки пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек пайвандгари дӯстӣ ва сулҳу салоҳ буд. Дар замони Сосониён фароҳамоварӣ ва таргиби таърих, ҳамоса (достонҳои қаҳрамонй) маданияту адабиёт асотири ҳамаи халқҳои қадими эронинажод – форсу портҳо, суғдиён, бохтариён, тахористониён ва дигарҳо сурат гирифт.

Дар ин давра асоси ташаккули забони адабии имрӯза – форсии дарӣ ҷараён пайдо карда буд. Дар таркиби давлати Сосониён давраи аввали ташаккули халқи муосири тоҷик сурат мегирифт. Шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, Хуҷанду Марв, Балху Хирот ва бисёр дигар шаҳрҳо гаҳвораи ташаккули халқи тоҷик, маданият, забони форсии дарӣ макони давлатдории форсию тоҷикӣ ба шумор мерафтанд. Чунончи зикр шуд, бо суқути шоҳаншоҳии Сосониён ва бо тасхири шаҳри Марв дар соли 651 амалан амалиётҳои ҷангии арабҳо барои тасхири Варазрӯд шурӯъ шуд. Дар ин марҳила арабҳо зиёда аз ҳафт маротиба рӯди Ҷайҳунро убур карда, шаҳру вилоятҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳрро горат намуда, одамонро асир гирифта, ба Марв баргаштанд. Ҳамин тавре ки дар боло гуфтем, ҳуҷумҳои арабҳо дар Мовароуннаҳр бештар характери инкишофӣ (тохтутозҳои) номунтазам, стихиявй ва ғоратгарона дошт. Дар ин марҳила ҳадафи асосии арабҳо шинос шудан ба ин сарзамин буд.

Марҳилаи дуюми ҳуҷуми арабҳо дар Мовароуннаҳр аз соли 705 сар шуда, то соли 715 давом мекунад ва дар ин давра асосан ин сарзамин пурра забт карда мешавад. Соли 704 яке аз сарлашкарони шуҷоъ, серғайрат ва маккори араб Кутайба ибни Муслим (704-715) амйри Хуросон таъин мешавад. Соли 705 Қутайба вилояти Балхро забт кард ва вилояти Чагониён бе ҷанг таслим шуд. Бо ҳамин давраи дуюми забткориҳои арабҳо дар Мовароуннаҳр огоз ёфт.

Соли 706 Қутайба бо лашкари зиёд аз рӯди Ҷайҳун гузашта ба Бухоро ҳамла овард. Қутайба аввал шаҳри қадимаю ободи Мовароуннаҳр – Пайкандро ба муҳосира гирифт. Маъмулан ин шаҳрро шаҳри бозаргонон меномиданд. Дар вақти ҳамлаи арабҳо аксари мардони шаҳр дар кишварҳои хориҷӣ ба тиҷорат машгул буданд, аз ин сабаб дар шаҳр кувваи ҳарбӣ чандон зиёд набуд. Бо вуҷуди ин пайкандиҳо дар якҷоягй бо қувваҳои ҳарбии Сугд ва дигар вилоятҳо, ки ба ёрӣ омада буданд, ба муқобии арабҳо сахт ҷангида қаҳрамонй зоҳир намуданд. Муҳосираи Пайканд 50 рӯз давом кард. Қутайба бо душворӣ шаҳрро ба даст дароварда, аҳолии онро нобуд кард. Сипас дар шаҳр қувваи ҳарбӣ гузошта, ба тарафи Бухоро лашкар кашид. Вале ӯ панҷ фарсах, яъне 30 км дур нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба аз роҳ баргашт ва Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоман ба харобазор табдил дода, ҳамаи мардонро кушта занону кӯдаконро ба ғуломй дод.

Баъди фоҷиаи Пайканд ихшиди Суғди Самарқанд – Тархун, ҳокими Бухоро-Бухорхудот ва малики Шопурком иттиҳоди сиёсӣ ташкил карда, бо қувваи ҳарбии худ дар якҷоягӣ бо 40 ҳазор лашкари Ҳоқони Турк барои зарба задан ба арабҳо дар байни шаҳрҳои Торобу Ромитан ҷамъ мешаванд. Нерӯи иттифоқчиён қӯшуни арабҳоро ба муҳосира мегиранд. Аҳволи Қутайба хеле танг мешавад. Барои халосӣ Қутайба роҳи фиребро пеш мегирад. У пинҳонй ба назди Тархун, ки дар байни иттифоқчиён таъсири калон дошт ҷосус фиристода мегӯяд:

… «туркони ба ёрй омада мужи туро тасхир карданӣ ҳастанд, бинобар ин инҳо интизори баргаштани арабҳо ба Марв мебошанд.

Мо, арабҳо фасли гармо дар ин ҷо мемонем, акнун ҳаво ҳам хунук мешавад, вақти он расидааст, ки баргардем. Чун мо рафтем, туркон ин боғи ирами биҳиштосоро партофта ба Туркистон намераванд. Мероси ту аз даст рафтааст, вале ту аз ин хабар надорӣ».

Бо ин васила Қутайба ихшиди Сугдро аз туркон ва турконро аз ихшиди Суғд бадгумон карда, дар байни онҳо нифоқ андохта ҷони худро халос кард. Баъди ин иғвогарии маккорона ихшиди Суғд Тархун дар зери хавф монда, бо Қутайба ба иттифоқ омада, ба ӯ боигарии зиёде дода, аз майдони ҷанг баромада рафт. Ба ин васила Қутайба қувваи иттифоқчиёнро суст гардонида, аз болои ҳокимони мулк -давлатҳои Мовароуннаҳр паи ҳам галаба кард. Бухоро ҳам таслим шуд. Қутайба Бухорхудот-Туғшодаро волии Бухоро ва яке аз наздикони худро амири он таъин кард. Амир кори Бухорхудотро

назорат карда, аскарони дар Бухоро ҷойгирифтаро сарварӣ намуда, инчунин аз аҳолии маҳаллӣ андоз рӯёнда ба хазинаи Хилофати Араб бурда мерасонд. Бино ба ривояти Наршахй аҳолии Бухоро ними ҳавлӣ ва манзилашонро ба аскарон ва муҳоҷирони араб холӣ карда медоданд, оташкадаи зардуштиёнро, ки дар маркази шаҳри Бухоро қомат афрӯхта буд, ба масҷиди ҷомеаи мусулмонон табдил медиҳад.

Соли 710 Қутайба Шумону Аҳорун ва Нахшабу Кешро забт карда, барои ҳуҷум ба Сугди Самарқанд омодагии ҳарбй гирифт, вале фурсати муносибе барои тасхири Хоразм ба вуҷуд омад. Ҷангу ҷидоли шоҳ Чагон ва бародараш Хуршод ба Қутайба имконият дод, ки ба корҳои онҳо дахолат карда, Хоразмро (711) ба вилояти боҷдиҳандаи Хилофати Араб мубаддал намояд.

Ниҳоят, соли 712 Қутайба бо лашкари муттаҳидаи арабҳо, кӯшунҳои маликони Бухоро ва Хоразм ногаҳон ба Самарқанд ҳуҷум мекунад. Дар ин давра ихшид Тархун бо сабаби бо арабҳо дар иттифоқ буданаш аз тахт дур карда шуда, ба ҷои он Ғурак (709-738) ихшиди Сугд ва афшини Самарқанд шуда буд. Ғурак арбоби машҳури давлатӣ, сиёсатмадор ва ватанпарасти замони худ буд, ҳарчанд муборизаи ӯ баҳри ҳифозати Сугд характери умумихалқиро нагирифт, вале ӯ тавонист, ки дар лаҳзаҳои муайян ба муқобили Араб муташаккилона ҷангад. Ғурак дар маҳалли Робинҷон, ки байни Каттакӯргон ва Кармина ҷойгир аст, ҷанги пуршиддате бо арабҳо мекунад, вале бо сабаби кам будани қувваи ҳарбӣ ва ба ёрӣ наомадани иттифоқчиён (Ҳокимони Чоч, Фаргона ва дигарон) ба Самарқанд ақибнишинй менамояд.

Бояд гуфт, ки дар мубориза барои ишголи Самарқанд ҷанговарони бухорӣ ва хоразмӣ ҳамроҳи арабҳо меҷангиданд. Ин манзараи мудҳишро дида Ғурак дар ғазаб ба Қутайба хитоб мекунад: «Ту бо ман бо дасти бародарони ман ва аҳли хонадони ман ҷангида истодай. Канӣ арабҳоро танҳо ба муқобили ман гузор ва маро бевосита бо арабҳо рӯбарӯ намо». Ин хитоби Ғурак ҳангоми муҳорибаи шадид садо медиҳад. Сугдиён як моҳ шаҳрро қаҳрамонона мудофиа мекунанд. Онҳо аз шаҳр берун баромада, беамон ҷангида ба арабҳо талафоти калон мерасонанд, вале ахиран Самарқанд таслим мешавад.

Мувофиқи муоҳидаи сулҳ, ки байни Суғдиён ва Арабҳо баста шуд, ихшид Ғурак бояд ба арабҳо якбора ду ҳазор дирҳам, ҳар сол бошад дусад ҳазор дирҳам ва сӣ ҳазор гулом дода дар шаҳр ягон нафар сарбоз нигоҳ надорад. Ба ҷои оташкадаи зардуштӣ масҷиди ҷомеи мусулмонӣ бунёд намуда, бутҳоро ҳам ба арабҳо супорад. Ба ивази ҳамаи ин Қутайба Ғуракро ихпщци Самарканду Кеш ва Нахшаб таъин менамояд. Ғурак амалан васл, яъне тобеи арабҳо мешавад.

Дар солҳои 703-715 Қутайба водш! Чоч (пойтахташ шаҳри Бинокат), водии Уструшана, Хучанд, Канд ва Косонро забт менамояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.