Давлати Кӯшониёни Бузург

 

Дар байни солҳои 141-128 то милод қабилаҳои кӯчманчии эронинажод, ки дар сарчашмаҳои хаттии Хитой ЮЕҶ номида шудаанд, ба Бохтар ҳуҷум карда онро ишғол мекунанд. Дар Бохтар ЮЕҶҳо ба панҷ қисм тақсим шуда, панҷ мулки мустақилро ташкил мекунанд. Хулоса, Осиёи Миёнаро дар охири асри П то милод қабилаҳои эронинасли сакой-массагетӣ, ки дар сарҳади шимолӣ ва шимолй-шарқии ин минтақа ва дуртар аз он дар ноҳияҳои дарунии Осиёи Марказй зиндагӣ мекарданд, забт карданд.

Номи яке аз шоҳони кӯшонй, ки дар марҳилаи ташаккулёбии ин давлат ҳукмронӣ кардааст, Ҳерай-Санаб ном доштааст. Дар сиккаҳое, ки бостоншиносон ёфтаанд нимрухи шоҳ тасвир карда шудааст. Симои шоҳ пурра ҳиндуаврупой аст ва ӯ рӯи калону барҷаста, чашмони калони бодомшакл, бинии баланди нӯгаш каме тез, мӯйлаби рост, мӯйсар ва дайҳим (пешонабанди тасмашакли шоҳй) дорад. Қиёфаи ӯ ба эрониёни шарқии саҳронишин мансуб аст. Сурати ин шоҳ мансубияти кӯшониёнро ба гурӯҳи халқҳои эронинасли сакой-массагетй бори дигар тасдиқ менамояд.

Зарурият ба ёдоварист, ки сарчашмаҳои хитоӣ 100 соли ҳукмронии кӯшониёнро дар Бохтар сарфи назар карда, яку якбора доир ба ташкилшавии давлати бузурги Кӯшониён маълумот додаанд. Дар солномаи хитой омадааст: «Пас аз гузаштани каме зиёдтар аз 100 сол шоҳи кӯшонй Куҷула Кадфиз чор шоҳи дигарро тобеъ карда, худро шоҳаншоҳ эълон кард, подшоҳии ӯ Кӯшон ном дошт».

Ин шоҳ тахминан дар охири асри 1 то милод – авали асри 1 милодӣ ҳукмронй кардааст. Ба ақидаи академик Бобоҷон Ғафуров «масъалаи хронологияи Кӯшон, ки олимон сад сол боз бо ҷӯшу хурӯш муҳокима мекунанд, ҳоло ҳам масъалаи дандоншикан аст», яъне то имрӯз муайян кардани солҳои ҳукмронии шоҳони Кӯшониён имконнопазир аст. Яке аз шоҳони Кӯшон, ки давлатро пурқувват кардааст Вима Кадфиз буд, ки қисми шимолу ғарбии Ҳиндустонро забт карда, Пешоварро пойтахти давлат гардонида мамлакатро ба сатрапияҳо тақсим намуд. Яке аз чорабиниҳои муҳими замони ҳукмронии Вима Кадфиз ислоҳоти пулӣ буд, ки дар натиҷаи он сиккаҳои тиллой ба муомилот бароварда

мешаванд. Воҳиди асосии пулҳои тиллоӣ динор буда, 8 грамм вазн дошт. Барориши сиккаҳои тиллоиро инкишофи иқтисодиёт, муносибатҳои молй-пулй, тиҷорати дохилй ва байналхалқй талаб мекард. Ин ислоҳот обрӯи сиёсӣ ва мавқеи Кӯшониёнро дар тиҷорати байналхалқӣ хеле мустаҳкам кард. Аз ҷониби дигар маҳз дар давраи хукмронии ин шох сиккаҳои кӯшонӣ ба худ пурра симои миллӣ гарифта, нақшу мусаввара ва навиштаҷоти онҳо шаклу хусусияти устувор пайдо мекуканд.

Канишка (тахминан солҳои 78-123 мнлодй хукмронй кардааст), яке аз подшоҳони машҳуру бузурги Кӯшониён ба шумор меравад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар баробари Бохтар қариб тамоми Осиёи Миёна (Суғд, Хоразм, Чоч) низ ба ҳайати давлати Кӯшониён дохил шуда буд. Дар ин бора бозёфти сиккаҳои ӯ дар минтақаҳои номбаршуда шаҳодат медиҳанд. Ба гайр аз ин Канишка дар Ҳиндустон минтақаҳои нав ба навро ба давлати Кӯшониён ҳамроҳ мекунад (Панҷоб, Кашмир, Синд, Устар-Прадеш ва гайра).

Инчунин Канишка ҳудуди давлати хешро аз ҳисоби Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ, вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон васеъ менамояд; ба қӯшунҳои Хитой ва давлати Порт якчанд ғалабаҳо ба даст давроварда, дини буддоиро қабул намуда, дар Осиёи Миёна иншоотҳои сершумори дини буддой – дайрҳо, маъбадҳо сохта, дини буддоиро дини давлатӣ ва забони бохтариро забони расмй эълон карда, барои равнаки ҳунармандӣ ва тиҷорат мусоидат намудааст.

Пойтахти аввалин давлати Кӯшон шаҳри Бохтар ва пасини он шаҳри Пешовари Ҳиндустон буд. Ниҳоят солҳои мавҷудияти давлати Кӯшон ба асрҳои 1 пеш аз милод – 1У милодӣ рост меояд. Таърихи мвҷудияти давлати Кӯшониёнро метавон ба се давра тақсим кард:

Аз байн рафтани давлати Юнону Бохтар ва дар он ҷо ба вуҷуд омадани як катор ҳокимигариҳо (охири асри П авали асри 1 милодй);

Давраи ташкилёбй ва шукуфоии шоҳаншоҳии Кӯшониён (аз аввалҳои солшумории мо то нимаи якуми асрк Ш милодй);

Сустшавӣ ва аз байн рафтани шоҳаншохии Кӯшониён (нимаи дуюми асри III охири асри IV).

Сабабҳои аз байн рафтани давлати Кӯшон дар пурзӯр гардидани кувваҳои марказгурез, муқобилияти сиёсию ҳарбии баъзе ҳокимон, гуногун будани ҳайати давлат, дигаргун гаштани ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷамъият аз сулолаҳои хиёниёну кидориён, шикаст хӯрдани Кӯшониён ва дар сиёсати таҷовузкоронаи Сосониён зоҳир мегардид.

Дар давраи Кӯшониён ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии халқҳои Осиёи Миёна хеле пеш рафта буд. Дар ин давра тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна барои зироаткорй истифода мешуданд. Дар водиҳо ба киштукор (киштукори обй) ва чорводорӣ машғул буданд. Алалхусус техникаи обёрӣ (ирригация) ниҳоят ривоҷ ёфта буд. Масалан, каналиқадимаи давраи Кӯшониён дар хоки Тоҷикистон, дар водии Вахш ёфт шуданд. Барои обёрй на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо, ки дар он давра, бешак, хеле бисёр буданд, истифода мешуданд.

Дар ин давра дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз ҳисоби канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, аз ҷумла мавзеи Ҳалқаҷари қарибии шаҳраки Уялй, аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба он ҷо фақат бо насос об мебароранд. Дар замони Кӯшониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои кӯҳӣ шодоб буданд. Дар ноҳияҳои доманаи кӯҳҳо ва дар кӯҳистон лалмикорй низ расм буд. Дар давраи Кӯшониён саросари водии Зарафшони боло то Мастчоҳи ҳозира аз худ шуда буд.

Ҳамин тавр, зироаткорӣ на танҳо дар водиҳо, балки дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳам паҳн гардида буд. Омочу оҳани ҷуфтгарй низ дар ҳамон айём пайдо шуда буд. Ҳаёти шаҳрҳо то андозае тағйир ёфта буд. Онҳо ҳар чӣ бештар ба марказҳои маъмурӣ, ҳунармандӣ ва савдо табдил меёфтанд (маданй ҳам).

Савдои дохилӣ ва байналхалқӣ ҳам дар замони Кӯшониён хеле ривоҷ ёфта буд. «Роҳи бузурги абрешим (ё шоҳивор) ба Хитой ва Ҳиндустон аз ҳудуди давлати Кӯшониён мегузашт. Савдогарони кӯшонй ба тамоми корҳои савдои дохилӣ ва берунӣ, яъне савдои байни мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб сарварӣ мекарданд. Кӯшониён барои ривоҷ додани савдо ба римиҳо пайравӣ карда ба истеҳсоли тангаҳои тиллоӣ гузаштанд, ки онҳо роли валютаи байналхалқиро мебозиданд.

Молҳои асосии савдо шоҳивор, мӯинаи назди Урал, оҳан, газвор, лоҷуварди Бадахшон, сангҳои қимматбаҳо, маснуоти гуногуни ҳунармандӣ, гуломон ва гайраҳо буданд. Тараққиёти зироатчигй, ривоҷёбии шаҳрҳо ва нашъунамои ҳунармандию тиҷорат шоҳиди барҷастаи комёбиҳои ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна мебошанд, ки ба равнақи маданият кӯмак мерасонданд.

Дар асрҳои якуми милод санъат хеле тараққӣ карда буд. Деворҳои бинои мӯҳташам нақшу нигор карда мешуданд. Дар пешгоҳи ин биноҳо ҳайкалҳои худоҳо ва қаҳрамонҳо гузошта мешуданд.

Халқҳои Осиёи Миёна дар ин давра бо забонҳои гуногун гап мезаданд, ки онҳо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешаванд. Хат дар вилоятҳои гуногун (дар ҷануби Тоҷикистон, Хоразм, ҷануби Туркманистон ва водии Зарафшон) гуногун буд. Дар ҷануби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намунаҳои хате ёфт шудаанд, ки бо алифбои юнонй асос ёфтааст. Қадимтарин ёдгориҳои хати сугдӣ низ маълуманд.

Дар Осиёи Миёна дар ин давра дини ягона набуд. Аз тарафи ҷануб, дар Ҳиндустон буддизм таъсир дошт. Аз Ғарб ба воситаи Эрон ба Осиёи Миёна таблиготчиёни дини насронӣ меомаданд. Қисми асосии аҳолй ба дини зардушт эътиқод дошт, оташ ва қувваҳои табиатро мепарастиданд

add

Один комментарий

  1. хочу узнать больше историю

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.