Ватани Зардушт ва таълимоти динию ахлоқии ӯ

Ватани Зардушт ва таълимоти динию ахлоқии ӯ

Зардушт писари Поурушасп аз қабилаи Спитам буда, пеш аз хама аз «Готхо» номи ӯ ба мо маълум мегардад. Соли таваллуд ва xои аниқи зисти ӯро муайян кардан хеле душвор аст. Модом ки «Авесто» дар Ориёи Шарқї, яъне дар Осиёи Миёна дар сарзамини тољикон навишта шуда бошад, пас Зардушт низ дар хамин сарзамин ба дунё омадааст. Модараш Дуғдова аз Роғ буд, ки дар сарзамини Афғонистон воқеъ гардидааст. Ватани Зардушт Суғду Бохтар ба шумор меравад, ки тахминан дар охири асри VIIпеш аз мелод умр ба сар бурдааст.

Асосгузори таълимоти нав Зардушт кӯшиш мекард, ки идеологияи ягонаи љамъияти ғуломдориро бунёд созад ва бо ин рох қабилахои ориёиро бо хам муттахид намояд. Зардушт дар бораи худ дар Готхо хамчун Зоотар- яъне корманди дин, рухонимаълумот додааст. Тахминан дар синни 30-33 солагиӯ пайғамбар шуда, барои тарғибу ташвиқи яккахудоикӯшиш менамояд. Воқеаи пайғамбар гардидани Зардушт дар Готхо хеле хуб инъикос гардидааст. Як гуфтаи ӯ аз Ясно љолиби қайд аст: «то он даме, ки дар ман қувва ва имконият хаст, ман одамонро таълим медихам, ки ба сӯи хақиқат ва ростираванд». Лекин хақиқати холи зиндагипайғамбарро ба он хулоса овард, ки хамаи некихое, ки хаст, хилофи он бадихо вуљуд дорад.

Дар вақти яке аз ин мулоқотхо хамрохи Ахуро-Маздо (хурмузд) душмани ӯ Ангра Манну (Ахриман) пайдо мешавад.

Аз ин xо, мувофиқи таълимоти Готхо дар олам ду xавхари хамзод хурмузд ва Ахриман вуљуд дорад, ки хам дар аъмоли заминию хам осмонива масоили офариниши олам қудрати баробар доранд. хурмузд хама чизи хубу некро, Ахриман бошад хама чизи баду палидро офаридаанд.

Зухури пайғамбарии Зардушт аз рӯи сарчашмахои пахлавишабохате ба меъроxи пайғамбари мусулмонон хазрати Мухаммад дорад. Аз сарчашмахои дини мусулмониниз бармеояд, ки Расули Акрам ба олами улвирасида, хангоми сӯхбат бо хастиоллох 99 хазор калому хикмат ва асрори ғайб омӯхтааст. Ва xои шубхае нест, ки ба олами лохут расидани Зардушт ва «Авесто»-ву «Занд»-ро омӯхтани вай дар даврахои минбаъда ба дини мусулмонирох ёфта, оини ростиву накӯкориро дар китоби муқаддаси «Қуръон» тақвият бахшидааст.

Замоне, ки Зардушт зухур намуд ва даъвои пайғамбарикард, дар миёни қавму қабилахои сарзамини Бохтар парастиши оташ, буту санамхо, офтобу моху ситорахо ва хайвоноти мухталиф љой дошт. хадафи тарғиби яккахудоипеш аз хама муттахид сохтани қавму қабилахои ориёии шахрнишину муқимибуд, ки зинаи ибтидоии инкишофи xомеаро паси сар намуда, ба тарзи зиндагии нисбатан баландтар- чорводорию зироаткорї, косибию хунармандї, тиxорату муомилот рӯ меоварданд ва дехкадаву шахристонхо обод мекарданд. Аслан номи Ахуро-Маздо аз қисматхои «Ахура» сарвар ва «Маздо»-доно таркиб ёфта, маънои сарвари доноро ифода мекунад. Ангро-Майну бошад Ангро- бад ва Майну – андеша, яъне ба маънои бадандеш омадааст.

Дар оини зардушти макрӯх сохтани унсурхои муқаддас – оташ, об, хок ва хаво гунохи азим ба шумор мерафт. хатто ба об партофтан, дар оташ сӯзонидан ва ба хок супоридани xасади одамон манъ шуда буд. Фаро расидани марг ва бемориро одатан ба кирдори Ахриман нисбат медоданд ва намехостанд аз нафаси бади он аносири муқаддас олуда гардад. Парастиши оташ хамчун рамзи нур, равшанї, фурӯзон нигох доштани оташи дайру оташкадахо маълум гардид. Тадқиқотхои бостонию археологинишон медиханд, ки яке аз сабабхои оташпараст ва офтобпараст шудани ориёихо сардии замини ватани онхо буд. Офтоб ва оташро наxотбахши худ мехисобиданд.

Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишхои ахлоқиро дар либоси дин ба xилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарчашмаи зиндагива ашёи хамешагии хеш қарор дод. Ба қавли Фридрих Вилгелм Нитшеи олмони«Зардушт аз хама мутафаккирон ростгӯйтару ростандешатар буд». Мутафаккири бузурги хинду Робиндранат Такур дар ситоиши ин пайғамбари ростива адолат гуфтааст: «Зардушт дар таърихи башар нахустин касест, ки динро ба як шакли ахлоқидаровард Зардушт бузургтарин пайғамбарест, ки дар оғози таърихи башарият зухур намуд ва бо василаи фалсафаи худ башарро аз бори сангини маросим озод намуд».

Маздаясна (порсӣ: مزدیسنا ), Зардуштия ё Дини Зардоштӣ, дини халқҳои Эронзамин, ки бо номи асосгузораш Зардушт маъмул аст. Дар асрҳои VII-VI пеш аз мелод пайдо шуда, дар Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик интишор ёфтааст. Ин дин аз ваҳии пайғамбари Спитама Заратуштра (форси — زرتشت, юнони қадим — Ζωροάστρης), ки вай аз Худо Аҳура Маздо гирифта буд, сар шудааст. Таълимоти дини Зардуштия (“Маздоия”) дар китоби “Авесто” сабт шудааст.[1] Зардуштия дини догматикӣ бо илми илоҳиёти мутараққӣ мебошад. Зардуштиёни замони ҳозира нӯҳ мабдаи дин доранд.

Зартуштиён бар хилофи мусалмонҳову масеҳиён дар заминаи динпароканӣ фаъол нестанд. Ин ба он далел аст, ки зартуштиҳо равони ҳамаи пайравони динҳои дигарро барбодрафта ё наҷотхоҳ намедонанд. Онҳо бар ин боваранд, ки равони одамон пас аз маргашон на бар мабнои таъаллуқи динию мазҳабӣ, балки бар асоси андеша, гуфтор ва кирдорашон доварӣ мешавад. Бад-ин гуна, бино ба бовари зартуштиҳо, бовармандони динҳои дигар ҳам метавонанд зиндагии порсоёна дошта бошанду пас аз марг ба подафроҳ нарасанд (ҷазо набинанд).

add

Один комментарий

  1. Рахмат барои маълумот!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.