Аз тарафи Русия забт шудани осиёи миёна

Аз тарафи Русия забт шудани осиёи миёна

Нақша:

  1. Сабабҳои ҳуҷуми Русия ба Осиёи Миёна.
  2. Ҳуҷуми қатъии қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна.
  3. Таъсисёбии генерал-губернатори Туркистон.

Ҳанӯз аз ибтидои асри ХУШ сар карда, подшоҳони рус мақсад доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароранд. Вале бо сабабҳои гуногун ҳар дафъа ҳуҷуми онҳо мавқуф гузошта мешуд. Ҳуҷуми қатъии қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна дар аввали солҳои 60- уми асри XIX огоз гардид, ки муаррих Намоз Ҳотамов сабабҳои онро чунин баён намудааст:

Якум, подшоҳони Русия дер боз, аниқтараш аз замони Пётри I, ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба зери итоати худ дароранд. Зеро, онҳо барои абарқудратии империяи Русия, аз ҷануб, ба воситаи баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд ба роҳи мунтазами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 1717 Пётри I ба муқобили хони Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбй, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то миёнаи асри XIX, асосан бо сабабҳои мураккабии муносибаташ дар Ғарб, имконияти гасби Осиёи Миёнаро надошт;

Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (19 феврали соли 1861) барои инкишофи муносибатҳои сармоядорӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан бофандагӣ таракқӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом – пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ИМА (солҳои 1861-1865) барои Русия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардад. Дар натиҷа қисме аз фабрикаҳои бофандагии Русия аз набудани пахта амалиёти худро боздоштанд. Чунончи, агар соли 1860 дар Русия шумораи фабрикаҳои амалкунандаи бофандагӣ 57 (бо 659 дасттоҳ) бошад, пас соли 1863 он то ба 35 (бо 338 дастгоҳ) кам шуд. Бинобар ҳамин ҳам ҳуку- матдорони Русия, то ин ки норозигии саноатчиёнашон ба вуҷуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд;

Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурӯшӣ зарур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар китъаи Европаи Ғарбӣ ба даст дароварда наметавонистанд. Аниқтараш маҳсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ, ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчй зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд;

Чаҳорум, маълум аст, ки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла барои бекор намудани беназоратии соҳилҳои шимолии бахри Сиёҳ) дипломатияи рус, ҳарчанд ҷонбозиҳо кард, вале қувваи Русия, ки дар Ғарб хеле заиф буд, он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надо- данд. Бинобар ин, ҳукуматдорони Русия бо тавсияи ҳарбиён мехостанд, ки ба Шарқ, ба сарҳади Ҳиндустон – мустамликаи Англия, қувваҳои зиёди ҳарбии худро ҷамъ намуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии иттиҳодияи зиддирусиягӣ, аниктараш сарвари он – Англияро ба- рои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонанд.

Панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия, ки аз шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим хело беобрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни синфи ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт, бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақаллан дар дохили мамлакати худ аз сари нав барқарор намояд. Маҳз ҳамин сабабҳо дар аввали солҳои 60-уми асри XIX ҳуҷуми васеи қӯшунҳои русро ба муқобили Осиёи Миёна тезонид.

  1. Зимистони соли 1839 Русия бо максади «танбеҳ» додани хонии Хева бар зидди он амалиёти ҳарбӣ сар кард. Ба қӯшуни 4 ҳазораи русхо генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский сарварй намуд, вале ин ҳуҷуми ҳарбӣ барор нагирифт. Сарбозони рус ба хунукии 30 дараҷаи биёбони Мангишлок тоб наоварда, ақибнишинӣ намуданд. 4 февраяи соли 1840 вақте сарбозони рус аз шаҳри Оренбург баромада қариб 650 км роҳро тай намуданд, фармон расид, ки ҳаракатро сӯи Хева қатъ намуда, ба қафо гарданд. Бо ҳамин иғвои ҳарбӣ, ки бо номи «ҳуҷуми хевагӣ» шӯҳрат дошт, зимистони соли 1840 барбод рафт.

Ҳукумати подшоҳӣ охири солҳои 40-ум ва аввали 50-уми ҳамон аср ҳуҷуми ҳарбиро ба муқобили Осиёи Миёна нисбатан аз доираи васеъ сар карданӣ шуд. Дар он вақт аскарони рус барои ҳуҷум ба ин кишвар асосан дар ду самт: ҷануб (аз Оренбург) ва ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) омодагӣ медиданд.

Аз самти Оренбург қӯшунҳои рус соли 1847 ба соҳилҳои баҳри Арал расида, дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (ҳозира қалъаи Арал)-ро бино карданд. Дар натиҷа самти ҳарбии Оренбург то соҳили баҳри Арал давом дода шуд. Соли 1852 дастаи 469 нафараи қӯшунҳои рус, бо ду тӯп, аз самти Оренбург, ба қалъаи Оқмачит (Қизилӯрдаи ҳозира), ки мулки хонигарии Қӯқанд буд, ҳуҷум карданд ва 72 нафарро талаф дода, қафо гаштанд. Соли 1853 генерал- губернатори Оренбург В.А.Перовский бо дастаи 2 ҳазорнафара, бо 12 тӯп ва 5 мортира (тӯпи кӯтоҳмил) ба муқобили Оқмаҷит бори дуюм ҳуҷум кард. Он лаҳза Оқмачитро, ки нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамагӣ 9127 нафар сарбозони қӯқандӣ муҳофизат мекарданд. Муҳосираи қалъа 22 рӯз давом кард. 28 июли соли 1853 қалъа аз тарафи қӯшунҳои рус забт карда шуд. Аз муҳофизони он танҳо 74 нафар зинда монданд, ки 35 нафари онҳо ҳам ярадор бу- данд.

Қалъаи Оқмачит баъди забти қушунҳои рус ба қалъаи ҳарбии Перовский табдил дода шуд. Ба ғайр аз ин онҳо бо зудӣ дар соҳилҳои дарёи Сир панҷ истеҳкоми нави ҳарбӣ бунёд карданд. Дар натиҷа хати ҳарбии дарёи Сир (ё худ Сирдарё) ба вуҷуд омад, ки он ҳамчун идомаи хати ҳарбии Оренбург ба ҳисоб мерафт. Аз тарафи хони Қӯқанд бошад, минбаъд борҳо кӯшиши баргардонидани ин истеҳком карда шуд, вале ҳамаи онҳо бебарор анҷомиданд.

Солҳои 1850-1854 қисми дигари қӯшунҳои рус аз ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) ҳаракат карда, водии Залийро гирифтанд ва соли 1854 ба шаҳри Верный (Алма-Атои ҳозира) асос гузоштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз Семипалатинск то ба Верный хати дигари нави ҳарбӣ ба вуҷуд омад.

Вале минбаъд, бо сабабҳои авҷ гирифтани «бӯҳрони Шарқ», ки боиси саршавии ҷанги Қрим гардид, амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Миё- на аз тарафи ҳарбиёни Русия дар ҳар ду самт ҳам мавқуф гузошта шуд.

Дар аввали солҳои 60-уми асри XIX қӯшунҳои Русия барои идо- маи амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Миёна аз сари нав омода гардиданд.

Моҳи майи соли 1864 аз тарафи Верёвкин Авлиё Ота, 12 июн қалъаи Туркистон, 21 сентябр аз тарафи Черняев Чимкент ишғол карда шуд. Ҳар ду гурӯҳи ҳарбӣ дар Чимкент амалан бо ҳам пайвастанд. Дар натиҷа соли 1864 барои фатҳи Тошкент, ки мулки хонига- рии Қӯқанд ба ҳисоб мерафт, қӯшунҳои зиёди подшоҳӣ ҷамъ шуданд.

Диққати Черняевро махсусан Тошкент ба худ ҷалб карда буд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳукумати марказии Русия ба вай ҳуқуқи забти Тошкентро надодаанд. Яъне онҳо умед мекарданд, ки ин шаҳр ихшёран ба ҳайати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи қӯшунҳои Бухоро забт намудани Тошкент ба вуҷуд ояд, он гоҳ ӯ ба сӯи ин шаҳр лашкар кашад. Ҳамон вақт амири Бухо- ро – Музаффархон на Тошкент, балки Қӯқандро таҳдид мекард. Ин воқеа барои Черняев кифоя буд, ки ихтиёран ба сӯи Тошкент ҳуҷум кунад. 1 октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии Черняев ба Тошкент ҳуҷум кард, вале он бебарор анҷомид. Ин бебарорӣ ҳукуматдорони подшоҳиро водор сохт, ки барои фатҳи Тошкент ҷидци- тар омода гарданд.

  1. апрели соли 1865 Черняев ба сӯи Тошкент бори дуюм ҳуҷум кард. У дар аввал дамбаи дарёи Чирчиқро вайрон карда, канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро беоб гузошт. Ҷангҳои шадид ба вуҷуд омаданд. Фақат шаби аз 14 ба 15 июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки ба шаҳр дарояд. Дар натиҷа ҷангҳои сахти кӯчагӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят, 17 июн ‘Тошкент аз тарафи Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шаҳр ва Черняев шартнома имзо гардид. Моҳи сентябр генерал-губернатори Оренбург ҳангоми дар Тошкент буданаш ин шаҳрро, бо мақсади аз нуфузи Қӯқанду Бухоро озод нигоҳ доштан, мулки мустақил эълон кард. Ва- ле он вақт ҷангҳои байни Бухорою Қӯқанд (яъне бо муқобилони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хӯҷанд ба сӯи шаҳри Қӯқанд ҳаракат кард. Инчунин ӯ аз сарварони қӯшунҳои рус талаб кард, ки Тошкентро ба ихтиёри ӯ супорида, худ аз шаҳр баромада раванд. Ҳукумати подшоҳӣ чунин таҳдиди Музаффархонро ба инобат нагирифта, моҳи октябри соли 1865 ба тарзи расмӣ ба ҳайати Русия дохил шудани Тошкентро эълон кард.

Дар охири январи соли 1866 як теъдоди нисбатан хурди қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев, ки иборат аз 14 ротаи пиёдагард ва 600 нафар казакҳои рус, бо 16 адад тӯпҳо буданд, ба Ҷиззах расиданд. Дар натиҷа дар Ҷиззах ва атрофи он муҳорибаи сахттарини байни ҳимоятгарони қалъа ва қӯшунҳои Черняев ба амал омад ва бо мағлу- бияти Черняев анҷом ёфт.

Баъди шикастхӯрӣ дар Ҷиззах Черняев аз Осиёи Миёна даъват карда шуд ва ба ҷояш генерал Д.И.Романовский таъин гардид.

  1. Аввали соли 1865 аз ҳисоби заминҳои хонигарии Қӯқанд ишғолкардаи қӯшунҳои рус вилояти Туркистон дар ҳайати генерал-губернатории Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъйин гардид. Ҳамон лаҳза генерал-губернаторӣ аз ду вилоят: Сирдарё – бо марказ дар Тошкент ва Ҳафтрӯд – бо марказ дар Верный иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот мулкҳои Хуҷанд, Нов, Уротеппа, Ҷиззах ва ғайра. ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил шуданд. Ҳудуди генерал-губернаторй ва миқдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишголи кӯшунҳои рус меафзуд.

Баробари бунёди генерал-губернаторӣ инчунин округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал- губернатори Туркистон генерал-адъютант, барон фон К.П.Кауфман таъин гардид. Подшоҳи Русия Александри II дар асоси «Ярлиқи зарин»-и худ ба Кауфман ҳуқуки васеъ дода буд, ки мувофиқи он ӯ му- стақилона бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсй, тиҷоратӣ, сарҳадӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартномаҳо ва ғайраҳоро ҳал менамуд. Яъне Кауфман, дар асоси ин ҳуҷҷат минбаъд имконият дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қӯқанд ва ғайра мустақилона ҷанг эълон кунад ва ё бо онҳо сулҳ имзо намояд.

Кауфман ба хубӣ эҳсос намуд, ки хони Қӯқанд Худоёрхон дигар мадори ҷанг карданро надорад, аммо амири Бухоро – Музаффархон бошад ҳанӯз ҳам тавоност. У боварии комил дошт, ки Бухорою Қӯканд дигар муташаккилона ба мукобили кӯшунҳои рус баромада наметавонанд. Зеро, бо ба ихтиёри Русия гузаштани Хуҷанду Уро- теппа ва Ҷиззах амиру хон аз роҳи муросалаи байниякдигарй маҳрум гардиданд. Аз ҳамин сабаб ҳам Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиқро имзо кард. Мувофиқи он аз ихтиёри хон ҳуқуқи мустақилӣ гирифта шуд ва тоҷирони рус акнун дар сарзамини хонигарӣ озодона амал карданро ба даст дароварданд. Яъне, мувофиқи ин шартнома хонигарии Қӯқанд тобеи Русия гардид.

2 май қӯшунҳои рус дохили шаҳри Самарқанд гардиданд. Имзои шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 идомаи ҷангро дар байни Русия ва Бухоро боз надошт.

Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онҳо 1500 нафарро талаф доданд.

Минбаъд амалиёгҳои асосии қувваҳои ҳарбии дар Осиёи Миёна доштаи Русия барои забти хонигарии Хева нигаронида шуда буданд.

Миёнаи моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳӣ аллакай дар қаламрави хонигарй амалиёти чангӣ мегузарониданд. 29 май барои шаҳри Хева ҷангҳои сахттарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева Саид Муҳаммад Раҳими II аз тарс гурехта, бо ишораи таслим аз Кауфман сулҳ талабид. 12 июн бо фармони Кауфман амалиёти ҷангй дар хоки Хева қатъ гардид. 12 августи ҳамон сол байни Русияю Хева шартно- ма имзо гардид, ки мувофиқи он Хева тобеи Русия гардида, бояд ба хазинаи подшоҳй 2 млн. 200 ҳазор сӯм товони ҷанг медод. Аз за- минхои хонигарй соҳилҳои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт.

19 февралР1 соли 1876 бо розигии подшоҳи Русия Александри II бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауфман хонигарии Қӯқанд барҳам дода шуд. Ба ҷои он, дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон, боз як вилояти нав – Фаргона ташкил ёфт. Губернатори ҳарбии вилоят генерал М.Д.Скобелев таъйин гардид.

Дар охири асри XIX масъалаи ҷиддие, ки миёни Русияю Англия бояд ҳалли худро меёфт, ин «масъалаи Помир» буд. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николаи II хатти сарҳадии империяи Руси- яро дар Бадахшон тасдиқ кард. Дар асоси ин шартнома дар Бадахшон сарҳади нуфузи байни Русияю Англия аз Заркӯл то канори шарқии Бадахшон дарёи Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он соҳили чапи дарё. пеш аз ҳама заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бу- хоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилҳои рости дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шугнон ва Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромад. Вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро, ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аз даст додааш (яъне заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшони (Помири) Шарқӣ бошад ба ҳайати вилояти Фарғонаи генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Он қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон ва- зифаи минтақаи озод ва бетарафро иҷро мекард, низ ба ҳисоби Афгонистон гузашт. Ҳамин тавр, «масъалаи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «ҳал» гардид.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.