Ба давлатхои ҷудогона таксим шудани империяи Искандар

 

Давлати Селевкиён (солхои 312-256 п.м.). Искандар фарзанди баркамол надошт ва пеш аз вафоташ касеро вориси худ таъин накард. Дар ташкил кардани империя саҳми асосиро Искандар ва сарлашкарони у гузошта буданд. Бинобар ин, баьди марги Искандар дар байни сарлашкарони у барои соҳиби тахт шудан муборизаи шадид cap мешавад. Соли 323 п.м. сарлашкарон дар Бобул анчуман гузаронда, Пердикаи македониро сардори империя интихоб мекунанд. Бовучуди ин қарор мубориза байни сарлашкарон идома меёбад. Дар анҷумани дуюми сарлашкарон, ки соли 321п.м. дар Трапарадиз баргузор шуд, Антигон шохи тамоми Осиё, Селевк шохи Бобул, Филипп сатрапи Порт ва Стасанори кипрӣ сатрапи Бохтару Суғд таъин шуданд.

Соли 315 п.м. Антигон Селевкро аз хокимият барканор мекунад. Аммо соли 312 Селевк бо ёрии харбии шохи Миср Птоломей ба Бобул хучум карда, онро ишгол менамояд. Сатрапи Мод Никанор бо у чанг мекунад, вале шикаст мехурад. Баъди ин Селевк ба шарк лашкар кашида Гиркония, Порт, Бохтар ва Сугдро ишгол менамояд. Аммо хучуми у ба Хиндустон бемуваффакиятона ба анчом мерасад. Хамин тавр соли 312 давлати Селевкиён ташкил мешавад. Ба хайати он Бобул, як кисми Сурия, Эрон ва Осиёи Миена дохил мешуданд. Бо хамин калонтарин кисми империяи Искандар ба дасти Селевк гузашт.

Задухурди халкунанда байни сарлашкарони Искандар соли 301 дар назди Ипса дар Фригия ба амал омад. Дар он Селевк голиб баромада, Антигон шикаст хурд ва ба халокат расид. Баъди ин задухурд империяи Искандар ба се давлати мустакил таксим шуд: Македония ва Юнон, Мисри Птоломейхо ва давлати Селевкиён. Пойтахти Селевкиён аввал ш. Бобул, баъд ш. Селевкияи сохили Дачла ва дар охир Антиохия дар Оронти Сурияи лабибахрй буд. Баъди Селевки I (312-280 п.м.) писари у Антиохи I (280-260п.м.), ки модараш Апама – духтари Спитамени суғдӣ буд, ба тахт менишинад. Дар давраи хукмронии Антиохи II (260-246 п.м.) Селевкиён қисмати калони мулкхои шаркии худ – Порт, Бохтар, Сугд ва Эронро аз даст медиханд ва дар ин чо давлатхои мустакил ташкил шуданд.

Давлати Порт (256 п.м.-224 м.). Вилояти Порт (Парфия) дар ши- молу шарки Хуросон, дар байни Гиркония (Гургони асримиёнагӣ) ва Маргиён (Марв) чойгир буд. Пойтахти он шахри Нисо буд, ки харобахои он дар 18 км ш. Ашхобод чойгиранд. Ин вилоят бо номи Насай дар Авесто ёд шудааст. Он ба хайати давлатхои Мод, Хахоманишиён, Искандари Македонй ва Селевкиён дохил мешуд. Соли 256 п.м. сатрапи ин вилоят Андрагори юнонй аз итоати Селевкиён баромада, аз номи худ сиккахои нукрагин мебарорад. Такрибан соли 247 п.м. кабилахои парнхо ва дахихои Парфия бо сардории ба- родарон Аршак ва Тиридат бар зидди истилогарони юнонй шуриш бардошта, Андрагорро сарнагун карданд. Ба тахт бародари кало- ни Аршак нишаст. Дар таъриххои форсй-точикии асримиёнагӣ Ар- шакро Ашк ва ин сулоларо Ашкониён номидаанд. Сазовори ёдова- рист, ки портихо аввалин шуда кисми зиёди Эронзаминро аз асора- ти истилогарони юнонй озод намуданд.

Баъди марги Аршак бародараш Тиридат ба тахти шохӣ мени- шинад. У Гирконияро, ки вилояти бой буд, забт карда ба давла- ти худ хамрох мекунад ва аз неруи иқтисодӣ ва инсонии он барои мустахкам кардани артиш ва давлати худ истифода мебарад.

Соли 237 п.м. Селевки II ба Порт хучум мекунад. Тиридат муковимат нишон дода натавониста ба шимол, ба даштхои кабилахои бодиянишин апасиакхо (сакоихои назди об), ки дар сохилхои бахрхои Каспй ва Хоразм зиндагй мекарданд, кафо нишаст. У дар он чо бо ёрии апасиакхо ва хоразмиён лашкари худро зиёд ва мустахкам на- муда, ба Селевки II хучум кард ва уро шикает дода аз Парфия берун ронд. Ин галаба мавкеи сиёсии Парфияро мустахкам кард. Тиридат пойтахтро аз Нисо ба самти гарб ба шахри Гекатомпил (наздикии Астаробод дар шимолу-шарки Эрон) кучонд. Дар вилояти Апартике- на шахре бунёд кард бо номи Дара. Писари у шох Артабони I (солхои 211-196 п.м.) пойтахти Мидия ш. Хангматанаро (Хамадон) ишгол кард. Шохи Селевкиён Антиохи III ба изтироб афтода бо 100 хазор лашкар ба хучум мегузарад ва аввал Артабони I-ро аз Хангматана ва баъд аз пойтахташ ш. Гекатампил берун мекунад. Артабон бо бокимондаи лашкараш ба шимоли Парфия меравад ва мачбур ме- шавад хокимияти олии Селевкиёнро шиносад. Михрдоди I (Митри- дат) (солхои 171-138_п.м.) Марвро, ки тобеи давлати Юнонй-Бохтарӣ буд, забт мекунад. У ба самти гарб лашкар кашида вилоятхои Мод, Элам, Форс, Бобул ва Селевкияи сохили Дачларо ишгол менамояд. Баъдтар Порт кишвархои Сурия, Фаластин ва як кисми Кавказ ва Осиёи Хурдро низ забт менамояд ва ба яке аз давлатхои пуриктидори замони худ табдил меёбад. Пойтахти он аввал ба ш. Хангматана ва баъд ба ш. Ктесифон (Мадоин) мекучад.

Соли 140 п.м. шохи Селевкиён Деметрий П ба Порт хучум карда, якчанд галаба ба даст даровард. Аммо соли 139 п.м. дар мухорибаи халкунанда у шикасти сахт хурда, ба асорат афтод.

Бори сеюм шохи Селевкиён Антиохи VII соли 131 п.м. ба Порт хучум карда Бобул, Мод, Гиркония ва Портро ишгол менамояд ва зимистонро он чо мегузаронад. Портиҳо кисми асосии лашкари ху- дро нигох, дошта буданд ва дар даштхои шимоли кишварашон кувва чамъ карда, барои ба хучуми чавоби гузаштан фурсати муносибро интизор буданд. Зулму ситами сарбозони селевкй норозигии ахолии махалиро ба вучуд оварданд ва якбора дар чанд шахр шуриш cap зад. Шуришгарон кароргохои дастахои селевкиро мухосира карданд. Дар хамин вакт чанговарони порти ба ёрии онхо омада ба селевкиён хучум карданд ва онхоро шикаст доданд. Дар задухурди халкунанда Антиохи VII ба халокат расид.

Дар асри I п.м. Рум пуркувват гардида ба Осиё хучум менамояд. Портихо пеши рохи онхоро мегиранд. Соли 65 п.м. аввалин задухурд байни онхо ба амал меояд. Ин огози чанги дуру дароз дар байни ин ду давлати абаркудрати он замон буд. Дар яке аз ин чангхо, ки соли 53 п.м. ба амал омад, румихо маглуб шуда 20 хазор сарбозашонро талаф доданд ва сарлашкари онхо Публий Красс ба асирй афтод. Дар чанги соли 38 п.м. портихо шикаст хурда Сурия, Фаластин ва як кисми Осиёи Хурдро аз даст медиханд. Соли 36 п.м. румихо ба воситаи Арманистон ва Отарпатакон ба Мод хучум карданд, аммо комёб нашуданд.

Соли 20 п.м. байни Порт ва Рум шартномаи сулх баста шуда, дарёи Фурот сархади байни онхо мукаррар карда шуд.

Дар давоми асри I-II м. Рум чандин бор кушиш кард, ки ба Эронзамин зада дарояд, аммо портихо чун садди оханини рахна- нопазир ба ин монеъ шуданд ва нагузоштанд, ки пои ягон румӣ ба хоки мукаддаси Эронзамин гузошта шавад. Дар доирахои хукмрон байни куввахои ватанхох ва куввахои румигаро хамеша мубориза мерафт ва дар аксар маврид чонибдорони истиклолияти давлатӣ ва фарханги миллй голиб мебаромаданд.

Вазъи давлатдорӣ. Дар дарбори шахи Порт ду шуро амал ме- кард. Шурой якум аз хешовандони наздики шох ва шурои дуюм аз ашрофон ва мубадон иборат буданд. Сардори сарбозони шохӣ хазорпат дар идораи давлат накши муассир дошт. Дар вилоятхои гарбии давлати Порт муносибатхои гуломдорӣ бештар тараккӣ карда буданд, гарчанде ки дар истехсолоти чамъиятй мавкеи асосиро кишоварзон ва хунармандони озод ишгол мекарданд. Дар Эрон ва Осиёи Миёна сохти табакавй бештар инкишоф ёфта буд ва дар он истехсолкунандагони озод мавкеи асосиро ишгол мекарданд. Ҷамъият ба озодагон (ашрофон), чанговарон, кишоварзон ва хунармандон таксим шуда буд.

Забони расмии Порт забони порти буд, ки ба гурухи шимолй – гарбии забонхои эронй дохил мешавад. Дар харобахои Нисо бо- стоншиносон зиёда аз ду хазор хуччатхои портӣ, ки дар сафолпорахо бо ранги сиёх навишта шудаанд, ёфтанд. Сангнавиштахои авва- лин шох,они сосонй бо ду забон – пахдавй ва портӣ нигошта шуда­анд. Дар Бобул ва Сурия забони юнонй низ интишор ёфта буд, дар сиккахо навиштачот бо хамин забон буданд ва танхо дар асри I м. Чои онхоро навиштачоти портӣ мегиранд.

Шахрсозй ва маданиятк шахрй хеле инкишоф ёфта буд. Шахрхои Ктесифон, Нисо, Марв, Х,ангматана (Хамадон – Экбатана), Шуш (Суз), Селевкияи сохили Фурот, Дура-Европос марказхои мухими сиёсй, иктисодй ва фархангй буданд.

Савдои дохилй ва хоричв инкишоф ёфта буд. К^исми зиёди рохи абрешим аз дохили давлати Порт мегузашт ва зери назорати катыш онхо буд. Хар сол аз Хитой ба Порт аз 5 то 12 корвони савдогарон меомаданд. Тичорат ба воситаи дарёхо низ инкишоф ёфта буд. Хини хафорихо ашёхои ороишй ва маишии хоричй ба миадори зиёд ёфт шудаанд, ки шохиди ривоч доипани савдои байналмилалй мебошанд.

Сиккасозй ривоч ёфта буд. Тамоми 32 шохи портӣ ба мивдори зиёд аз нукра сикка мебароварданд. Дар руи онхо нимрухи шох ва дар пушташон шохи камондор дар тахт тасвир шудааст. Онхо дар сартосари кишвар гардиш доштанд.

Дини расмии Порт зардуштй буд. Дар ин бора далелхои зерин шаходат медаханд. Дар асри I п.м. бо дастури шох Валахш дар асо- си матнхои пароканда матни ягона в а тахриршудаи Авесто тар- тиб дода шуд. Аз ахбори Юстин бармеояд, ки портихо устухонхои мурдахояшонро бо расми зардуштй баъди аз гушт тоза кардан дар наусхо мегузоштаанд. Дар ш. Нисо ибодатгохи худой зардуштй Ми- тро амал мекард. Номи бисер шохони портӣ зардуштй буд. Онхо си- ёсати динпазироиро пеш гирифта ба пайравони динхои дигар низ озодии эъТикод дода буданд.

Дар давлати Порт маданият ва санъат тараккӣ карда буданд. Бо- стоншиносон дар харобахои шахрхои ин давра каср ва ибодатгоххои бохашамат, пайкарак ва пайкарахои биринчй, мармарй ва гилини худохо ва шохонро. ки бо сабки юнонй ва портӣ сохта шудаанд, ёфтаанд. Аз ш. Нисо чомхои мусаввари устухонй ёфтаанд, ки хеле санъаткорона сохта шудаанд.

Давлати Порт аз соли 247 п.м. то соли 224 м., яъне 471 сол вучуд дошт. Он дар баркароркунии истиклолияти сиёсй ва фархангй мид- лии мардумони эронинажод баъди истилои Искандари Македонй сахми калон гузоштааст. Баъди портихо дар Эрон Сосониён ба сари кудрат омаданд.

Давлати Юнонй-Бохтарӣ (256-141/128 п.м.). Мамлакати Бох­тар дар ду сохили болооб ва миёнаоби Амударё чойгир буда, худуди имрузаи шимоли Афгонистон, чануби Точикистон ва чануби Узбекистонро дар бар мегирифт. Пойтахти он ш. Бохтар (Балхи асримиёнагӣ) буд. Бохтар ба хайати империям Искандари Македонй ва баъди он ба хайати давлати Селевкиён дохил мешуд. Сатрапи Бох­тар Диодоти юнонинажод буд. Соли 256 п.м. у бар зидди хомиёни худ Селевкиён шуриш бардошта, Бохтарро давлати мустакил ва худашро шохи он эълон мекунад. Дар ин шуриш аъёну ашроф ва сипохиёни бохтарӣ низ иштирок карда буданд. Таърихнависони юнонй-румӣ ин давлатро Бохтар меномиданд. Номи Юнонй-Бохтариро ба он оли- мон дар асри XIX ба хотири юнонй будани сулолаи хукмрони он ва дар тамаддунаш зиёд будани омилхои юнонй, додаанд.

Соли 230 п.м. яке аз сарлашкарони Бохтар бо номи Евтидем ба мукобили Диодоти II шуриш бардошта, уро ба катл мерасонад ва худаш подшохи Бохтар мешавад. Соли 208 п.м. шохи селевкиён Антиохи III баъди гирифтани Порт ба Бохтар хучум мекунад. Дар бораи чангй Антиохи III бо Евтидем таърихнигори юнонй Поли­бий маълумоти муфассал додааст. Мувофики накли у Евтидем 10 х- чанговари савораи бохтариро барои пеши рохи лашкари Антиохи III -ро гирифтан дар лаби дарё чо мекунад. Аммо шабона Антиохи III бохтариёнро ба гафлат гузошта, лашкарашро аз дарё мегузаро- над. Субхидам саворагони бохтарӣ аз ин вокиф шуда, бо селевкиён ба чанг медароянд. Задухурди сахт ба амал меояд ва харду чониб та- лафоти калон медиханд. Бохтарихо мардонавор чангиданд, аммо аз сабаби нобаробар будани куввахо ва сари вакт ба ёрии онхо наома- дани Евтидем бо куввахои асосй мачбур мешаванд кафонишинй ку- нанд ва ба ш. Бохтар даромада, мавкеи мудофиавиро ишгол намоянд.

Антиохи III jrv сол ш. Бохтарро дар мухосира нигох дошт, аммо ишгол карда натавонист. У бехуда будани мухосираро фахмида, мачбур шуд бо Евтидем ба гуфтушунид дарояд. Яке аз шартхоиЕв- тидем барои бастани сулх чун шохи Бохтар бокй мондани у буд. У ба косидони Антиохи III ёдрас кард, ки дар сархади Бохтар кучманчиён карор доранд ва хар лахза метавонанд ба хучум гузаранд. Евтидем барои бастани сулх ба назди Антиохи III писараш Деметрийро, ки вориси тахт буд, мефиристад. Ба кавли Полибий Антиохи III Деме­трийро хуш пазируфт ва дарёфт, ки у хам ба сурат ва хам ба сират сазовори тахт асТ. У шартхои сулхро кабул кард ва ваъда дод, ки духтарашро ба Деметрий ба занй медихад. Антиохи III тухфаи фа- ровон ва филхои чангии Евтидемро гирифта, ба чониби Хиндустон равон шуд.

Дар давраи хукмронии Евтидем давлати Юнонй – Бохтарӣ дар холати густариш ва нашъунамо буд. Ба хайати он ба гайр аз худи Бохтар, Арея, Маргиён, Сугд ва шояд як кисми Фаргона низ дохил мешуданд. Евтидем ба шимоли Хнндустон лашкар кашида, як кисми онро ишгол менамояд. Забги Хдгадустонро писараш Деметрий давом медихад. Бехуда нест, ки Юстин Деметрийро «шохи хиндуён» но- мидааст. Деметрий як катор вилоятхои нав – Арахосия (Кандахор), Дрангиана (Сиистон) ва як кисми шимолу – гарби Х,индустонро то Синд забт намуда, ба Бохтар хамрох мекунад.

Дар вакти дар Х^ндустон будани Деметрий такрибан дар соли 170 п.м. яке аз сарлашкарон бо номи Евкратид шуриш бардошта, хокимиятро дар Бохтар ба дасти худ мегирад. Деметрий аз ин огох шуда, зуд ба Бохтар бармегардад, аммо дар задухурд бо Евкратид шикаст хурда, халок мегардад. Ба гуфти Помпей Трог дар ин вахт сугдихо, арахосиягихо ва баъзе халкхои дигар бар зидди Евкратид шуриш мебардоранд. Евкратид кушиш мекунад, ки ин вилоятхоро аз нав ба итоати худ дарорад, аммо ба ин муваффак, намешавад. Аз вазъияти барои Бохтар номусоид истифода бурда, шохи Порт Митри- дати I Маргиёнро ишгол менамояд. Барои чуброни ин талафотхоро баровардан Евкратид ба Хдондустон хучум карда, чандин вилоятхои онро забт мекунад. Соли 155 п.м. вакти аз Хдадустон баргаштани Евкратид писараш Х,елиокл хоинона уро ба катл расонда, часадашро ба куча мепартояд. Сабаби чунин рафтори гусгохона маълум нест. Х,елиокл охирин шохи давлати Юнонй – Бохтарӣ буд. Дар давраи хукмронии у Сугд, Арея, Дрангиана ва баъзе вилоятхои дигар аз хайати Бохтар баромада, пурра мустакил мешаванд.

Антимах ва Агафокл низ шохони мустакил буданд ва аз номи худ сикка мебароварданд, аммо дар кадом минтакаи Бохтар ва вилоятхои тобеи он шох будани онхо маълум нест. Аз руи як фарзия Антимах шохи Сугд буд.

Забони сокинони махаллй бохтарӣ ва забони исгилогарон юнонй буд. Забони давлатӣ, хуччатгузорй ва сиккахо низ юнонй буд.

Лашкар аз юнониён ва бохтариён иборат буд. Ба он савораго- ни ашрофзода, гардунасаворон, филхои чангй ва пиёдагардоии ка» монвар дохил мешуданд. Силохи чанговарон аз тиру камон, най- за, синон, шамшер, ханчар, сипар ва либосашон аз худ ва чавшан иборат буд. Сарлашкарон ва сипохиён дар давлат мавкеи мухимро ишгол мекарданд. Евтцдем ва Евкратид сарлашкар буданд ва бо рохи шуриш ба сари хокимият омаданд. Деметрий ва Евкратид дар сиккахо бо кулоххои чангй тасвир шудаанд.

Дар давраи юнонй-бохтарӣ дар сохти ичтимой ягон тагйироти чнддй ба амал намеояд. Кисми асосии истехсолкунандагош неъматхои моддиро мисли пештара кишоварзон ва хунармандони озод ташкил мекарданд. Руломдорӣ бештар хусусияти маишй – хоиаводагй дошт ва сахми гуломон дар истехсолоти чамъиятй хеле ночиз буд. Сокинони Бохтар бо кишоварзй машгул буда, галладона, аз чумла шолй, ангур ва мевачот парвариш мекарданд. Як кисми заминхо чарогох буданд, асппарварй хеле инкишоф ёфта буд. Замйнхои корамро ба воситаи чуй ва корезхо, осорашон то имруз бокй мондааст, обёрй мекарданд. Сугд дашту биёбон бештар дошт, аммо заминхои хосилхез низ зиёд буданд. Дар Маргаён ангурпарварй ва шаробкашй инкишоф ёфта буд.

Истехсоли канданихои фоиданок инкишоф ёфта буд. Диодор дар бораи истехсоли тилло ва хазинахои бои тилло ва нукраи Бохтар ха­бар додааст. Ашёхои тиллой ва нукрагини Хазинаи Амударёи дар ^убодиён ёфт шуда низ дар ин бора шаходат медиханд.

Шахрсозй низ дар ин давра тараккӣ карда буд. Юстин Диодо- тро «шохи хазор шахри Бохтар» номидааст. Калонтарин шахр пой- тахти он Бохтар буда 120 гектарро дар бар мегирифт ва аз калъа, бозорхо, маъбади оташ, маъбади Анохито ва гузару махаллахо ибо- рат буд. Мароканда (Самарканд) низ бинохои бошукух дошт. Шахрхо зиёд буданд ва дар ин бора харобахои Тахти Сангин, Кдлъаи Мир ва Кайкубодшох дар нохияи Кубодиён, Кухнакалъа дар Вахш, Сак- санохур дар нохияи Фархор, Шахринав, Душанбеи кадим шаходат медиханд. Номхои кадимаи ин шахрхо маълум нестанд. Дар натичаи хафриёт дар ин шахрхо осори меъмории бохашамат, хонахои истикоматй, пайкаракхои оинй, осори санъати тасвирй, зарфхои сафолй, махсулоти заргарй ва ашёхои дигар пайдо шуданд, ки дар бораи дарачаи баланди тараккиёти маданияти бохтарихо ва сугдихо шаходат медиханд.

Санъати амалй ва хунармандй низ инкишоф ёфта буд. Дар Калъаи Мир устохонаи охангудозй ва асбобсозй кушода шуд. Шу- мораи зиёди зерсутунхои сангин мунаккаш аз хунари сангтарошй ва меъморй гувохй медиханд. Пайконхои оханй, ханчар ва дигар аслихахои чангй ёфт шудаанд.

Маданияти ин замонаи Бохтарро дар илм «эллинй», яъне «юно­нй» меноманд. Онро истилогарони юнонй оварданд ва Он чун мада­нияти голибон ва сулолаи хукмрон хеле интишор ёфт, махсусан дар шахрхо. Аммо дар баробари он маданияти махаллй низ арзи вучуд дошт. Аз чониби дигар дар осори санъати тасвирии эллинии Бохтар сабк ва унсурхои махаллй баръало эхсос карда мешуданд.

Ткчорати байналмилалй ва дохилй инкишоф ёфта буд. Марка- зи асосии тичорат шахрхо буданд. Мусофирони хоричй бохтариён- ро «точирони бомахорат» номидаанд. Сайёхони хитой навиштаанд, ки дар ш. Бохтар бозори калон вучуд дошт.

Сиккасозй ва муомилоти пулй тараккӣ карда буд. Тамоми шохони юнонй-бохтарӣ мунтазам ва ба микдори зиёд аз номи худ сиккахои тиллой (статер), нукрагин (драхма – 4,2г; тетрадрахма – 16 – 17г; обол – 0,7г) ва мисин баровардаанд. Дар руи сиккахо ним- рухи шох ва дар пушти онхо худохои гуногуни юнонй – Зевс, Ап- палон, Гермес, Х,еракл, Диоскурхо ва гайра тасвир шуда буданд. Сиккахои юнонй-бохтарӣ дар Точикистон ба мивдори зиёд ёфт шу­даанд. Аз чумла, сиккахои мисини Диодот дар Дангара ва Тахти Сангин, тетрадрахмахои Евтидеми II ва Евкратид дар Дангара, драх- маи Евтидем дар Файзобод, тетрадрахмаи Антимах дар Панчакент ёфт шудаанд.

Давлати Юнонй-Бохтарӣ анкариб 120 сол вучуд дошт. Дар байни солхои 141-128 п.м. кдбилахои сахронишини эронй (юэчхо – кушониён) аз шимолу шарки Осиёи Миёна омада, Бохтарро ишгол намуда ба хукмронии юнониён дар ин минтака хотима бахшиданд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.